Абдурраҳмони Ҷомӣ аз бузургтарин адибону андешамандони форс-тоҷик буда, соли 1414 дар деҳаи Харҷурди Ҷоми Хуросон таваллуд ёфтааст. Падараш яке аз олимони номдори Исфаҳон буд, ки баъдан ба шаҳри Ҳирот кӯчида меояд. Ҷомӣ аввал дар назди падар таълим мегирад. Баъд аз он таҳсилро дар мадрасаҳои Ҳироту Самарқанд давом медиҳад. Ҷомӣ бештар ба фанҳои забону адабиёт, таърих ва фалсафаи Шарқ шуғл ва шавқи беандоза дошт. Ҷомӣ беш аз чил асар таълиф намудааст. Шуҳрати Ҷомӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш дар Хуросону Вароруд паҳн гардида буд ва аҳли адабу фарҳанги он замон нисбати ӯ эҳтироми беандоза доштанд.
Машҳуртарин асарҳои Ҷомӣ “Ҳафт авранг,” “Баҳористон” ва девони ғазалиёти ӯ мебошанд. Ғайр аз ин, Ҷомӣ дар бораи забон, назарияи адабиёт, мусиқӣ ва дигар соҳаҳои илму фан як қатор асарҳои муҳим таълиф намудааст, ки дар хазинаи фарҳангии мардуми мо саҳми босазое дорад. Соли 2014 600-солагии ин адиби мумтоз бошукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва хиёбонҳову гулгаштҳо ба номи ин суханвари бузург гузошта шудааст.
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст.