Султон Санҷар ва пиразан

(аз «Махзан-ул-асрор»)

Пиразанеро ситаме даргирифт,

Даст заду домани Санҷар1 гирифт.

К: «Эй малик, озарми2 ту кам дидаам,

В-аз ту ҳамасола ситам дидаам.

Шаҳнаи3 маст омада дар кӯйи ман,

Зад лагаде чанд фарорӯи ман.

Бегунаҳ аз хона ба рӯям кашид,

Мӯйкашон бар сари кӯям кашид.

Дар ситамободи забонам ниҳод,

Муҳри ситам бар дари хонам ниҳод.

Гуфт: «Фалон нимшаб, эй кӯзпушт,

Бар сари кӯи ту фалонро кӣ кушт?!»

Хонаи ман ҷуст, ки хунӣ куҷост,

Эй шаҳ, аз ин беш забунӣ куҷост?

Шаҳна бувад маст, ки он хун кунад,

Арбада4 бар пиразане чун кунад?

1 Санҷар – номи шоҳ.

2 Озарми ту кам дидаам – меҳрубонии ту кам дидаам.

3 Шаҳна – кутвол, нигаҳбони шаҳр.

4 Арбада – ҷангҷӯй.

Ратлзанон1 дахли2 вилоят баранд,

Пиразанонро ба ҷиноят баранд.

Он ки дар ин зулм назар доштаст,

Ситри ману адли ту бардоштаст.

Кӯфта шуд синаи маҷрӯҳи ман,

Ҳеҷ намонд аз ману аз руҳи ман.

Гар надиҳӣ доди ман, эй шаҳриёр,

Бо ту равад рӯзи шумор ин шумор.

Доварию дод намебинамат,

В-аз ситам озод намебинамат.

Аз маликон қуввату ёрӣ расад,

Аз ту ба мо бин, ки чӣ хорӣ расад!

Моли ятимон ситудан кор нест,

Бигзор, к-ин одати аҳрор3 нест.

Бар палаи пиразанон раҳ мазан,

Шарм бидор аз палаи пиразан4.

Бандаиву даъвии шоҳӣ кунӣ,

Шоҳ наӣ, чунки табоҳӣ кунӣ.

Шоҳ, ки тартиби вилоят кунад,

Ҳукми раият ба риоят кунад.

То ҳама сар бар хати фармон ниҳанд,

Дӯстияш дар дилу дар ҷон ниҳанд.

Оламеро зеру забар кардаӣ,

То туйӣ, охир чӣ ҳунар кардаӣ?

Давлати туркон, ки баландӣ гирифт,

Мамлакат аз дод писандӣ гирифт.

Чунки ту бедодгарӣ парварӣ,

Турк найӣ, ҳиндуи ғоратгарӣ!

Маскани шаҳрӣ зи ту вайрона шуд,

Хирмани деҳқон зи ту бедона шуд.

З-омадани марг шуморе бикун,

Мерасадат даст, ҳисоре бикун.

Адли ту қандили шабафрӯзи туст,

1 Ратлзанон – шаробнӯшон, яъне мастшуда.

2 Дахл – даромад

3 Аҳрор – озодагон.

4 Палаи пиразан – аз дастдарозӣ кардан ба молу мулки пиразан шарм дор.

Муниси фардои ту имрӯзи туст.

Пиразанонро ба сухан шод дор,

В-ин сухан аз пиразане ёд дор:

Даст бидор аз сари бечорагон,

То нахӯрӣ ёсиҷи1 ғамхорагон.

Чанд занӣ тир ба ҳар гӯшае,

Ғофилӣ аз тӯшаи бетӯшае?!

Фатҳи ҷаҳонро ту калид омадӣ,

Н-аз пайи бедод падид омадӣ.

Расми заифон ба ту нозиш бувад,

Расми ту бояд, ки навозиш бувад.

Гӯш ба дарюзаи анфос2 дор,

Гӯшанишине ду-серо пос дор.

Шоҳ, к-иқлими Хуросон гирифт,

Кард зиён, к-ин сухан осон гирифт.

Дод дар ин давр барандохтаст,

Дар пари Симурғ3 ватан сохтаст.

Шарм дар ин торами азрақ4 намонд,

Об дар ин хоки муаллақ намонд.

Хез, Низомӣ, зи ҳад афзун гирӣ,

Бар дили хунобшуда хун гирӣ.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Ҳикоятро бурро хонед ва мазмунашро нақл кунед.

2. Мувофиқи суханони пиразан Санҷар чӣ хел шоҳ будааст?

3. Золимии шоҳро баён карда метавонед?

4. Пиразан шоҳро чӣ насиҳат мскунад?

5. Чор байти аввалро аз ёд кунед.

1 Ёсиҷ – тири пайкондор.

2 Анфос – ҷамъи нафс, яъне нафаре , шахсе.

3 Симурғ – мурғи афсонавӣ

4 Торами азрақ – хонаи кабудранг, киноя аз дунё

ТЕСТҲО

1. «Хамса»– ро кӣ навишта ва маънояш чист?

А. Фаррухӣ, маънояш – «достон»

Б. асари Низомист ва маънояш – «панҷ достон»

В. Айнӣ, маънояш – қисса

2. Подшоҳи золим ба халқ чӣ гуна зулм мекард?

А. ба зери пойи уштурон мепартофт

Б. ба зиндон меандохт

В. ба сагони хунхор медод.

3. Надими шоҳ ба кадом тадбир худро аз чанголи сагон халос кард?

А. аз дарбори шоҳ гурехт

Б. бо сагбонон рафиқу мунис шуд

В. ба сагон пинҳонӣ таом дода, онҳоро ба худ ром кард

4. Барои чӣ Низомӣ номи ҳикояи худро «Хайр ва Шар» номидааст?

А. Мехост хислатҳои манфури инсониро дар симои Шар инъикос намояд

Б. Мехост хислатҳои хуҷастаи инсониро дар симои Хайр таҷассум

намояд

В. Насли одамиро панд дода, ба некӣ ва накукорӣ ҳидоят менамояд

5. Агар Шумо ба ҷойи Шар мебудед, чӣ кор мекардед?

А. Тӯшаҳоямонро якҷоя мехӯрдем

Б. Биёбони беобу гиёҳро пешакӣ ба Хайр мефаҳмондам

В. Ба Хайр кордор нашуда, гузашта мерафтам

6. Бо вуҷуди ҳамин қадар бадкирдориҳо Хайр Шарро чаро аз ҷазо озод кард?

А. Чунки Хайр ба подшоҳӣ расида буд

Б. Чунки номи ӯ Хайр аст

В. Чунки ӯ дар ҳаёташ ба касе бадӣ накардааст

7. Чаро пиразан ба Султон Санҷар эътироз намуд?

А. Зеро ситамдида буд

Б. Чунки посбонони шаҳр ӯро туҳмат карда буданд

В. Аз камбағалӣ шикоят намуд

8. Пиразан кадом норасоиҳои подшоҳро ошкоро гуфт?

А. бепарвоии шоҳро нисбат ба халқ

Б. давлатро идора карда натавонистану онро ба тартибу низом наовардани шоҳ

В. мардумро туҳмат карданашро

9. Пиразан ба шоҳ чӣ гуна панд медиҳад?

А. пиронро шод кардану маслиҳати онҳоро пазируфтан, ба ҳоли бечорагон раҳм ва заифонро навозиш кардан

Б. ба айшу ишрат бештар шуғл варзидан

В. ба ҷаҳонгирӣ ҷадал намудан