Дӯсте ба даст ор

Ду дӯст бо ҳам агар якдиланд дар ҳама ҳол,

Ҳазор таънаи душман ба ними ҷав нахаранд.

В-ар иттифоқ намоянду азми ҷазм кунанд,

Сазад, ки пардаи афлокиён зи ҳам бидаранд.

Мисоли ин бинамоям туро зи муҳраи нард,

Ягон-ягон ба сӯи хона роҳ менабаранд.

Вале ду муҳра чу ҳампушти якдигар гарданд,

Дигар тапончаи душман ба ҳеҷ рӯ нах (в) аранд.

Бикӯш, Ибни Ямин, дӯсте ба даст овар,

Ки душманон сӯйи як тан ба сад кажӣ нигаранд.

ПАНДНОМА

(порча аз манзума)

Нахуст он ки то рӯзу шабро мадор

Бувад аз ҳаводис3, шигифтӣ мадор.

Дигар он ки зинда мадон хешро,

Чу марҳам наёбӣ дили хешро.

Дигар он ки ҳақ гӯйӣ бо ҳар касе,

В-агарчи ба талхӣ гирояд4 басе.

1 Ниюшидан – шунидан.

2 Раоёти халқ – дар нигоҳ доштани халқ.

3 Ҳаводис – ҳодисаҳо.

4 Гирояд – қабул кунад.

Дигар он ки риндони кеҳтарнавоз1

Беҳ аз порсоёни2 бо кибру ноз,

Дигар он ки гар кеҳтаре меҳ3 шавад,

Зи ҳамтои худ4 дар ҳунар беҳ шавад.

Дигар он ки мағруртар5 он кас аст,

Ки дод аз пайи нася нақде зи даст.

Дигар он ки гар мард доно бувад

Ба майдони дониш тавоно бувад.

Дигар гар нахоҳӣ ту, эй номҷӯй,

Ки бад гӯядат кас, бади кас магӯй.

Дигар он ки саргашта монӣ ҳаме,

Ки нокардаро карда донӣ ҳаме.

Дигар он ки чун пардаи кас дарӣ,

Кунад бо ту гетӣ6 ҳамон доварӣ.

Дигар он ки бе бим7 бошад касе,

Ки озори мардум наҷӯяд басе.

Дигар он ки қадри бузургон бидон,

Сухан пеши эшон ба андоза рон...

Кунун, эй хирадманди бисёрҳуш,

Суханҳои ҳикмат расидат ба гӯш.

Гарат ҳаст шоистаю дилпазир,

Аз ин достон як ба як ёд гир.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шеъри «Дӯсте ба даст ор»–ро ифоданок хонед.

2. Мазмуни ҳар байтро дар алоҳидагӣ шарҳ диҳед.

3. Қувваи дӯстӣ дар чист?

4. Пораи манзумаро бурро хонед ва ҳар байтро маънидод

кунед.

1 Кеҳтар – кӯчак, хурд, бечора, риндони кеҳтарнавоз – озодандешони бечоранавоз.

2 Порсоён – диндорон, порсоёни бо кибру ноз – диндорони боғуруру ноз- парвард.

3 Меҳ – бузург.

4 Ҳамтои худ – монанди худ.

5 Мағрур – худписанд.

6 Гетӣ–дунё.

7 Бим – тарс.