Донӣ, ки чист давлат? – Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ расидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.
Хоҳам шудан ба бӯстон чун ғунча бо дили танг
В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан.
Гаҳ чун насим бо гул рози нуҳуфта2 гуфтан,
Гаҳ сирри ишқбозӣ аз булбулон шунидан...
Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил,
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.
Гӯйӣ бирафт Ҳофиз аз ёди шоҳ Яҳё,
Ё раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан3!
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Ғазалро ифоданок хонед.
2. Ба фикри шоир давлат чист?
1 Ахтар – ситора.
2 Нуҳуфта – пинҳон, пӯшида.
3 Дарвеш парваридан – ба бечорагон мададгор будан.
3. Шоир дар бораи дӯстони ҷонӣ чӣ андеша дорад?
4. Ғазалро аз ёд кунед.