Дар боби ҳунар

Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,

Ганҷи зар пеши ҳунар чизе нест.

Чун кунӣ дар ҳунаромӯзӣ рӯй,

1 Эшон – онҳо, онон

2 Руқъа – навишта, коғазе, ки дар он ҳукми ҷазо навишта шудааст.

Аввал аз хони адаб рӯзӣ ҷӯй.

Ҷӯй адибе ба қироат комил,

Лафзаш аз ҳусни адо роҳати дил.

Ҳар сабақро, ки ниҳӣ пеши назар,

То надонӣ, зи сари он магузар.

Умр кам, фазлу адаб бисёр аст,

Касби он кун, ки туро ночор аст.

ДАР БОБИ ДОНИШ

Бикун коре, ки суде дорад, охир,

Ба сар борони ҷуде1 дорад, охир.

Нахуст аз касби дониш баҳравар шав,

Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав.

Бувад маълуми ҳар озоду банда,

Ки нодон мурдаву доност зинда.

Валекин по ба дониш неҳ дар ин роҳ,

Ки илм омад фаровон, умр кӯтоҳ.

Наёбад ҳеҷ кас умри дубора,

Ба илме рав, к - азонат нест чора.

Чу касби илм кардӣ, дар амал кӯш,

Ки илми беамал заҳрест бенӯш.

ПАРҲЕЗ АЗ ОДАМОНИ ПАСТТИНАТ

Ба дандон рахна2 дар фӯлод кардан,

Ба нохун роҳ дар хоро буридан.

Фурӯ рафтан ба оташдон нагунсор,

Ба пилки дида оташпора чидан.

Ба фарқи сар ниҳодан сад шутур бор,

Зи Машриқ ҷониби Мағриб давидан,

Басе бар Ҷомӣ осонтар намояд,

Ки бори миннати дунон3 кашидан.

1 Ҷуд, суд – манфиат, фоида

2 Рахна – сӯрох, равзана

3 Дунон – одами паст, сифла, нокас

ДУ РУКНИ ҶАВОНМАРДӢ

Ҷавонмардӣ ду чиз аст, эй ҷавонмард,

Ба сӯям гӯш кун, то гӯямат рост.

Яке он, к - з рафиқон даргузорӣ1,

Агар ҳар лаҳза бинӣ сад каму кост.

Дуюм он, к - аз ту н - ояд ҳеҷ гоҳе,

Чунон коре, ки бояд узрашон хост.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Адиб ҳунарро беҳтар медонад ё зарро?

2. Омӯхтани ҳунар ба инсон чӣ манфиат меорад?

3. Шоир дар интихоби устод чӣ тавсия медиҳад?

4. Умри инсон оё ба омӯхтани ҳамаи илмҳо кифоят мекунад?

Бинобар ин, дар навбати аввал кадом илмҳоро аз бар кардан лозим аст?

5. Шоир иҷрои кадом корҳои вазнинро аз миннати нокасу одамони паст авлотар медонад?

6. Адиб кадом хислатҳои ҳамидаи инсонро нишони ҷавонмардӣ мешуморад?