Шунав панду дониш ба он ёр кун,
Чу донистӣ, он гаҳ ба он кор кун.
Зи гӯш ар наяфтад ба дил нури ҳуш,
Чи сӯрохи гӯшу чи сӯрохи муш.
Ба дониш, ки бо он куниш ёр нест,
Ба ҷуз нохирадмандро кор нест.
Чу бояд бузургит пиронасар,
Ба чашми бузургӣ ба пирон нигар.
Ҳаме кун ба пирони бекас касӣ,
К - аз ин шева донам ба пирӣ расӣ.
Ба хурдон ба чашми ҳақорат мабин,
Басо хурди садри бузургинишин.
1 Даргузоштан – бахшидан
Бувад қимати гавҳар аз обу ранг,
Чӣ ғам з - он ки хурд аст нисбат ба санг?!
Насиҳатгарӣ бар дили дӯстон,
Бувад чун дами субҳ бар бӯстон.
Ба боғ ар набошад сабо баҳрадеҳ,
Зи дил ғунчаро кай кушояд гиреҳ?
Ба дарвеши муҳтоҷ бахшиш намой,
Фурӯбаста кораш ба бахшиш кушой.
Бувад ӯ чу лабташна кишту ту меғ,
Чаро дорӣ аз кишт борон дареғ?
Зи нодон, ки асрордони сухан,
Набошад, бигардон инони сухан.
Тавозӯъ кун онро, ки донишвар аст,
Ба дониш зи ту қадри ӯ бартар аст.
Бувад дониш об, ӯ замини баланд,
Зи оби равон кай шавад баҳраманд?!
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Шоир дар хусуси бодиққатӣ ва хотираи қавӣ доштани хонанда чӣ маслиҳат медиҳад?
2. Адиб дар бобати ҳурмату эҳтироми пирону дармондагон чӣ ақида дорад?
3. Ба кӯдаконе, ки аз Шумо хурданд, чӣ гуна муомила кардан лозим?
4. Ҷомӣ ба дарвешону муҳтоҷон ва дармондагон ёрӣ расондану бахшиш карданро бо кадом калимаҳо ифода намудааст?
5. Шоир арзиши баланд доштани донишмандонро дар кадом сатрҳо тасвир кардааст?