Ҳикоятҳо аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

ВОХӮРӢ БО НАВОӢ ВА ЗИЁРАТИ ҶОМӢ

Шайх Баҳлул мегуфтанд, ки Мавлоно Наҳвии Ҳиротӣ, ки аз шоирони машҳури Хуросон буд, мардуми Нимрӯз, яъне Сиистон ва обу ҳавои онро ҳаҷв карда буд ва баъзе абёти он қасидаи ҳаҷвия ин аст:

Саргаштатар зи ахтарам1 аз гардиши фалак,

Толеъ намекунад мададу бахт-ҳеч як.

Афтодаам ба хиттаи2 вайронае, ки ҳаст,

Бодаш – самуми3 оташеву хоки ӯ – намак.

Ҳар сӯ ба рӯз пай барияш дузд дар камин4,

Бар қасди ҷон нишаста чун бемории лакак5...

1 Ахтар – ситора, кавкаб, наҷм.

2 Хитта – хок, замин, мамлакат, вилоят.

3 Самум – боди бисёр гарм ва зарарнок, ки бештар дар биёбонҳои рег- зори беобу алаф воқеъ мешавад.

4 Камин – ҷойи пинҳон шудан ба мақсади ҳуҷум ба душман ва ё шикор, шинак, камингоҳ.

5 Лакак – ноумед.

Қозии Сиистонро писаре буд зариф ва хуштабъ ва ӯ қасидаи мазкури Мавлоно Наҳвиро ҷавоб гуфта буд ва як байти он қасидаи ҷавобӣ ин аст:

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад1 аз даҳони саг.

Вақте қасида ба Мир Алишер расид, гуфт, ки писари қозии Сиистон фозили комил будааст, аҷаб аст, ки то ҳол бо вай маърифате надорем.

Чун ин меҳрубонии Мирро баъзе дӯстдорони ӯ ба вай расониданд, ба нияти ба ҳузури Мир Алишер расидан, аз Сиистон ба Ҳирот омад.

Вақте ки Қозизода ба суҳбати Мир Алишер расид, баъд аз пурсупос Мир ба ӯ гуфт:

– Шумо қасидаи Мавлоно Наҳвиро ҷавоб гуфтаед, худ гӯед, ки Шумо беҳтар гуфтаед ё Мавлоно Наҳвӣ?

– Ман беҳтар гуфтам, – гуфт Қозизода дар ҷавоб.

Мир Алишер ин ҷавобро шунида дар андеша афтод, ки: «Ин маврид мавриди шикасти нафс ва хоксорӣ буд, бояд ӯ мегуфт, ки «Мавлоно Наҳвӣ беҳтар гуфтаанд». Аз Қозизода, ки ба хуштабъӣ ва толибилмӣ2 машҳур аст, ин гуна худситоӣ ва худписандӣ бисёр аҷиб аст!»

Мир бо ин мулоҳиза боз аз вай пурсиданд:

– Бо кадом далел Шумо беҳтар гуфтаед?

– Мавлоно Наҳвӣ, – гуфт Қозизода дар ҷавоб, – ҳар чизе дар ҳаққи сиистониёни мо гуфтаанд, ҳамагӣ рост ва ҳақиқат аст ва ҳар чизе, ки ман дар мадҳи3 он сарзамин гуфтаам, тамоман дурӯғ аст.Чун гузаштагон гуфтаанд, ки «дурӯғтарини шеър беҳтарини вай аст», шеъри ман, ки дурӯғтар аст, беҳтар аст.

Мирро ин ҷавоби Қозизода бисёр хуш омад ва ӯ дар хуштабъӣ ва ҳозирҷавобӣ аз он дараҷае, ки шунида буд, ба назар беҳтар ва болотар ҷилва кард ва ба ӯ аз ҳад зиёд инъом ва илтифот намуд.

1 Менашавад – намешавад

2 Толибилмӣ – толиби илм (ҷӯянда, орзуманд).

3 Мадҳ – ситоиш, таъриф, тавсиф.

Мир Алишер ҳамон рӯз ба мулозамати1 Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ расид ва дар вақти суҳбат таассуротеро, ки аз суҳбати Қозизода гирифта буд, ба Мав лоно ҳикоят кард.

Ҷомиро аз ин ҳикоят ҳаваси суҳбати Қозизода пайдо шуд ва ба Алишер гуфт: "Мо агар манзили Қозизодаро медонистем, ба мулозиматашон мерасидем".

Вақте ки Мир Алишер ба хонаи худ бозгашта омад, ба мулозимони худ фармуд, ки Қозизодаро ёфта бинанд ва ӯро бо ин илтифоти2 Мавлоно Ҷомӣ табрик намоянд ва ба ӯ гӯянд, ки зудтар ба хидмати ҳазрати Мавлоно равад.

Вақте ки Қозизода аз меҳрубонии Ҷомӣ хабардор шуд, зуд ба хонаи ӯ рафт, то ки ӯро зиёрат кунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шиносоии Мир Алишерро бо писари Қозизодаи Сиистонӣ батафсил нақл кунед.

2. Чаро ҷавоби Қозизода ба Мир Алишер хуш омад?

3. Тафсилоти воқеаро Мир Алишер ба кӣ гуфт?

4. Барои чӣ Ҷомӣ иштиёқманди дидани Қозизода шуд?