Шавкати Бухороӣ

Муҳаммад Исҳоқ мулаққаб ба Шавкати Бухороӣ аз шоирони маъруфи тоҷик буда, дар Бухоро дар асри XVII ба дунё омадааст. Ӯ байни солҳои 1695-1699 дар Исфаҳон вафот кардааст. Шавкат баъди таҳсили илм дар Бухоро касби падараш – саррофиро давом дода, ҳамчун шоир низ дар андак муддат шуҳрат пайдо кардааст. Баъдтар тарки ватан карда ба Эрону Ҳиндустон ҳиҷрат намудааст.

Шавкати Бухороӣ соҳибдевон буда, дар сабки ҳиндӣ шеър мегуфт. Аз ӯ ба мо девони ашъоре ба мерос монда, ки қасида, ғазал, қитъа ва рубоиёти фаровоне дорад. Ашъори ӯ бештар дар мавзӯи носозиҳову беадолатиҳои замон, бефаҳмию ҷоҳилӣ, нотавонбиниву ҳасудӣ, макру тазвири баъзе риёкорони дин, сабру қаноат, саховат, ахлоқи ҳамида, дӯстиву рафоқат, беозорӣ, ишқу хирад ва хушиҳои зиндагӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин бо тахаллуси Нозук низ шеър эҷод кардааст.