Саҳаргоҳон, ки оҳам шуъла бар афлок мерезад,
Кавокибро чу авроқи хазон бар хок мерезад.
Дар он гулшан, ки ҳар хасро гулистонест дар доман,
Маро гулчини қисмат дар гиребон чок мерезад.
Зи махмурӣ гарам дар печутобу соқии маҷлис
Шароби тарбият дар соғари имсок мерезад.
Фалак ҳаққи касе бар зимаи худ кай нигаҳ дорад,
Гар аз ман гул ситонад, бар сарам хошок мерезад.
Миёни оташу гӯгирд суҳбат дарнамегирад,
Зи бас дар синаҳо афсурдагӣ афлок мерезад.
Аз он дарёзамирон чун садаф пайваста хомӯшанд,
Ки бикшоянд агар лаб, гавҳари идрок мерезад.
Магар аз ғорати гулзор меоӣ, ки гулгунат
Баҳор аз ҷилва мепошад, гул аз фитрок мерезад.
Фасоди фитнаангезон бар ишон мешавад роҷеъ,
Кунад гар бод гарде бар сари худ, хок мерезад.
Ҳасад чун муми оташдида бигдозад ҳарифонро,
Ба ҳар ҷо шамъи назме Нозими ғамнок мерезад.
ИМШАБ
Маҷлис ороста чун базми баҳор аст имшаб,
Ҳамчу соғар гули айшам ба канор аст имшаб.
Мечакад шабнами рангини нишот аз гули шамъ,
Боли парвона кафи дасти нигор аст имшаб.
Баски олам шуда рангин зи фурӯғи майи ноб,
Гули маҳтоб ба ранги гули нор аст имшаб.
Фитна дар синаи ғам чун накунад бар сар хок?
Айшро ҳалқаи ин базм ҳисор аст имшаб.
Дару девор ба ҳусни тараб оростаанд,
Чашм бар ҳар чӣ кушоӣ, рухи ёр аст имшаб.
Лашкари нашъа чу мавҷ аз пайи ҳам меоянд,
Бода сармасти шабехуни хумор аст имшаб.
Шамъи маҷлис шуда хуршеди саодат, Нозим,
Ку ҳумое, ки на парвонашиор аст имшаб.
БОЗ ИД ОМАД, КИ ОЛАМРО ПАРИПАЙКАР КУНАД
Боз ид омад, ки оламро парипайкар кунад,
Доғи дил чун чашми нозолуд шӯхӣ сар кунад.
Ҳар даҳонеро чу гул гар сад забон бошад кам аст,
То муборакбоди ин моҳи баландахтар кунад.
Ишқ мебозад ба рӯи боданӯшон андалеб,
Шоҳиди гул беҳ, ки фикри ошиқи дигар кунад.
Ҷавҳарат дар ошиқӣ рӯзе шавад зоҳир, ки дӯст
Устухони синаатро дастаи ханҷар кунад.
Аз сафои вақт, гӯйӣ, ғӯта дар гавҳар зада,
Гар кафи хоки мусибатдидае бар сар кунад.
Аз насими бод рӯҳи зиндагонӣ тоза шуд,
Хизр меояд, ки тавфи чашмаи соғар кунад.
Нест Нозимро назар бар соғари эҳсони кас,
Ин қадар тавфиқ мехоҳад, ки чашме тар кунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Ғазалҳоро ифоданок ва бурро хонед.
2. Ба кадом мавзуъ бахшида шудани ғазалҳоро муайян кунед.
3. Байтҳои алоҳидаи ҳасбиҳолиро аз ғазалҳо пайдо карда, бо
ёрии муаллим шарҳ диҳед.
4. Ғазали «Боз ид омад, ки оламро парипайкар кунад»-ро аз ёд
кунед.