Мавҷи бародарӣ

Ба дида нақши рӯйи ту, ба гӯш гуфтугӯйи ту,

Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯйи ту,

Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯйи ту,

Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯйи ту,

Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Замини Украинаро зи сару бар қадам задам,

Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам,

1 Зикр – ёд кардан, ба забон овардан, гуфта, қайд.

2 Савт – садо, овоз.

Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,

Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту,

Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Замони кӯдакии ман ту аз ҳама калон будӣ,

Миёни аҳли деҳи мо ҷавони паҳлавон будӣ,

Чанори соябон будӣ, мадори хонадон будӣ,

Вале зи хоксориат ба чашм ноаён будӣ,

Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Бигӯ, канӣ мазори ту, мазори хоксори ту?

Ба вақти захми охирин кӣ буд дар канори ту?

Даме фитодӣ бар замин кӣ буд такядори ту?

Кӣ буд дар нигоҳи ту, ба чашми интизори ту?

Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Ба вақти ҷустуҷӯйи ман ба сӯйи ман, ба рӯйи ман

Кушода буд ҳар даре, ба ҳар даре – бародаре,

Агар туро наёфтам, биёфтам дар ин макон

Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон,

Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

Ба ҳар диле, ки во шавад, маро ба сина ҷо шавад,

Ба ҳар нигоҳи беғаше, ки нури дидаҳо шавад,

Ба хандаҳои ғамбарор, чу мавҷҳои беқарор,

Нигоҳи туст ошкор, ҳаёти туст пойдор,

Бародарам, бародари ба ҷону дил баробарам!

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Шеърро бурро ва ифоданок хонед.

2. Гӯед, ки шоир бародарашро дар куҷоҳо ҷустааст?

3. Ҷустуҷӯйҳо дар хоки Украина ба шоир чӣ натиҷаҳо додаанд?

4. Шоир дар байти

Агар туро наёфтам, биёфтам дар ин макон,

Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон

чиро дар назар дорад?

5. Шеърро аз ёд кунед.