Саттор Турсун

Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Посурхи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1965 ба шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шомил гардида, соли 1970 онро хатм намудааст. Ҳикояҳои нахустинаш ҳанӯз дар айёми донишҷӯияш манзури хонандагон гардида буд. Саттор Турсун яке аз нависандагони боистеъдоди тоҷик аст. Ҳикояҳои дилчасп, повесту романҳои пурмазмуни аз ҳаёти воқеии мардуму рӯзгор бархурдори ӯ кайҳо боз таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб намудааст.

Дар зер порчаҳо аз ду ҳикояи хурди пандомези адиб тариқи намуна пешкаш мегардад.

Фарзанд

Писарбачаи дувоздаҳсолаву марди чилсола дар боғи истироҳати шаҳр, дар зери як соябони нақшини монанд ба қорчи бузурге рӯ ба рӯ нишаста, яхмос мехӯрданд. Охири баҳорон буд.

Боғи сарсабз лабрези анвори офтоб, лабрези гуфтугузор ва ханда гардида буд.

Кӯдакони масрур аз дасти падару модар ё бародару хоҳари худ гирифта, сайру гашт мекарданд, ба чархофалак савор мешуданд, меҷаҳиданду мепариданд.

Баъзе аз онҳо, чун писарбачаи дувоздаҳсолаву марди чилсола, дар зери соябонҳои дигар нишаста, яхмос мехӯрданд; шоду беғам буданд.

Хуллас, боғи истироҳат дар он гашти рӯз як қасри сурурро мемонд. Қасре, ки буттаҳои хушгул дорад, фаввораву дарахтони раъно ва осмони тозаву офтоби тобон дорад.

Аммо дар чунин рӯзи пок писарбачаи дувоздаҳсола ва марди чилсола гӯё ба ҳам бегона буданд; пойбанди хаёл ва ҳар кадоме ба таври худ танҳо. Тамоман танҳо буданд. Сари ҳар ду низ андак хам, онҳо ба якдигар сухане нагуфта, аз ду зарфаки поядори филизӣ ва сард, ки дар рӯйи мизи гирда меистод, яхмоси сард мехӯрданд.

Писарбача ангуштони дароз-дарози базеб дошт, сиёҳҷурда ва ситорагарм буд. Мӯйсараш ғулӣ бо чашмони калон-калони мешӣ ва андак мағмуми ӯ мижаҳои зичаш соя меандохтанд. Кас ба як дидан пай мебурд, ки ин бачаи дар назар ҳассос эҳтимол фарзанди ҳамин мард аст, ки ҳоло бо вай рӯ ба рӯ нишаста, аҳён-аҳён, гӯё қадре тарсида, ба сӯяш чашм медавонад. Вале чунин менамояд, ки писарбача инро ҳис намекунад, ё ҳис кунад ҳам, эътибор намедиҳад. Бале, падару писар буданд онҳо. Ҳафтае як маротиба вомехӯрданд. Дар пеши боғ ё қади кӯча, дар назди корхонаи мард, дар мактаби писарбача...

Имрӯз шояд бори сиюм ё чилум буд, ки онҳо бо якдигар вомехӯрданд.

Мард ба ин вохӯриҳо қариб ҳамеша сархам ва дар қайди андеша меомад. Писарбача низ. Ва онҳо қариб ҳамеша аз якдигар ғамгин ҷудо мешуданд. Писарбача яхмосашро то охир хӯрда, беихтиёр ба нуқтае чашм дӯхт.

Мард ҳам чумчаро даруни зарф гузошта, мулоим сар бардошт. Нигоҳаш чеҳраи ботаровати писарбачаро навозиш мекард. Сухане гуфтан мехосту наметавонист, истиҳола мекард. Изтироби дилаш шадид мешуд.

– Мехезем? – ниҳоят пурсид ӯ.

– Ихтиёр... – ҳамчунин нигоҳашро гурезонда, гуфт писарбача.

Мард боз ба сукут рафт. Писарбача низ хомӯш буд. Ба гӯш бештар хандаи кӯдакон мерасид. Насими серуни баҳорон мевазид.

– Ту барои чӣ ин қадар озурда менамоӣ? – пас аз муддате як оҳ кашида, ба меҳр пурсид мард. Овозаш меларзид.

– Ман озурда не, – гуфт дар ҷавоб писарбача. Овози вай ҳам каме меларзид.

– Хонданат чӣ хел? – боз пурсид мард.

– Нағз, – гуфт писарбача.

– Модарат чӣ?

– Нағз.

– Ягон чиз мехоҳӣ?

– Чӣ, ягон чиз?

– Масалан, китоб, либос, пойафзор ё боз ягон муҳимми дигар.

– Не, ҳама чиз дорам.

– Саломатиат дуруст?

– Бад не.

– Пас, барои чӣ ин тавр ғамгин менамоӣ?

– Ман ғамгин нестам. Лекин...

– Чӣ лекин?

– Ҳеҷ, – гуфт писарбача ва нигоҳашро ба зарфаки сарди филизӣ дӯхта, аз нав хомӯш шуд.

– Мехезем? – пурсид мард.

– Хайр, – гуфта писарбача аз ҷой бархест.

Мард бар фарқи сари ӯ даст ба навозиш бурда, чун гунаҳкор бе ҷуръат табассум кард.

– Боадаб шав, писарам. Ба кору бори модарат мадад расон, хуб?

Писарбача ҳамоно хомӯш буд. Танҳо китф барҳам кашид. Онҳо аз боғи истироҳат берун шуда, ба хиёбони марказии шаҳр дохил гардиданд. Бешитоб қадам монда, гоҳо дар байни худ як ё ду калима радду бадал мекарданд.

Ниҳоят, онҳо дар пеши иморати баланде қарор гирифтанд.

– Меравӣ? – пурсид мард, дар ҳолате ки аз қомати химчаи писарбача чашм канда наметавонист.

– Ҳа, меравам.

– Таъйини маро фаромӯш накун: боадаб шав, то метавонӣ, бештар китоб хон.

– Ман инро фаромӯш намекунам, – сухани ӯро бурид писарбача, – лекин...

– Чӣ "лекин?" – ба ҳаяҷон омад мард.

– Хонданам нағз. Ба кору бори модарам ҳам мадад мерасонам. Лекин баъзан...

Дили мард сахт ва ноором метапид.

– Баъзан хаёл мекунам, ки барои чӣ дар хона нестед. – Баъзан мехоҳам ҳамроҳ сари дастархон шинем, телевизор бинем, кӯча бароем.

Писарбачаи дувоздаҳсола инро гуфту дар чашмони зебояш ашк ҳалқа зада, суханаш нотамом тозон ба сӯйи дарвозаи иморати баланд рафт.

Марди чилсола дар хиёбони калон ва серодами шаҳр танҳо монд. Ва чун ҳайратзада фурсате беҳаракат истода, аламнок аз дил гузаронд, ки писараш, писараки ҳар дафъа ғамгинаш, ҳоло асрори аз ҳам ҷудо шудани ӯ ва модари худро аз куҷо медонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Нависанда падару писарро дар кадом ҳолату руҳия тасвир намудааст?

2. Чаро онҳо ба ҳамдигар ба мисли бегона муносибат мекарданд?

3. Писар аз чӣ сабаб ба чунин тарзи зиндагии падару модар норозӣ буд?

4. Шумо ба чунин равиши зиндагии волидайн чӣ гуна баҳо медиҳед?

5. Оё дар мушоҳидаи шумо чунин оилаҳо ҳастанд?

6. Ҳикояро бодиққат хонда, бо роҳбарии устод бо ҳамсинфонатон мубоҳиса ташкил диҳед.