Низомии Арузии Самарқандӣ Аҳмад ном дошта, падару бобояш Умар ва Алӣ будаанд. Тахаллусаш «Низомӣ». Лақабаш «Арузӣ» будааст. Самарқанд зодгоҳи ӯст. Аз рӯйи анъанаи роиҷи замон нисбаи ӯ Самарқандӣ шудааст. Тахмин меравад, ки шояд солҳои 475-80 ҳиҷрӣ (1086-91 мелодӣ) ба дунё омада бошад.
Аҳмад ҷавони бисёр хушсалиқа, донишомӯз, хушзеҳне буд. Аз ин хотир, ба бисёре аз илмҳои фарогири ҳамон замон чун ҳисоб, ҳандаса, риёзӣ, нуҷум, кимиё, адаб ворид шуда буд. Ҳамон соле, ки Умари Хайём ба маркази илмию адабии Хуросон, яъне ба Балх омад (соли 506 ҳиҷрӣ – 1113 милодӣ), Низомӣ худро ба дидори Хайём расонид. Он вақтҳо Хайём на чун шоир, балки чун ситорашинос, риёзидон, ҳаким маъруфият дошт.
Айёми ҷавонии Низомии Арузии Самарқандӣ ба як давраи пурфоҷиаи таърихии ҳаёти сиёсии Мовароуннаҳру Хуросон рост омад. Давлати абарқудрати Ғазнавиён ба сабаби истиқлолхоҳии шоҳону амиронаш ба парокандагӣ рӯ ниҳода буд. Туркҳои салҷуқӣ бо сарварии Султон Санҷар аз ҳокимияти Ғазнавиён саркашӣ карда, дар Марв маркази маъмурии худро бунёд карданд ва барои ба сари хоҷаҳои собиқашон – Ғазнавиён теғ кашидан омода шудан гирифтанд. Сарварони қабилаҳои парокандаи тоҷикони воҳаи Ғӯр (сарзамини кӯҳистони Бомиён ва водии Ҳарирӯд) дар Шимол то Каписову сарҳади Бадахшон ба зери ливои Қутбуддин Маҳмуди Ғӯрӣ иттифоқ оростанд ва талабу фармонҳои султон Масъуди Ғазнавиро напазируфтанд. Дар Самарқанду Бухоро қарлуқҳои биёбонгарди кӯчии Қарахонӣ сар дароварданду даъвои ҳокимият карданд.
Дар ҳамин вазъияти парешонии мулку диёр Низомии Арузии Самарқандӣ рӯзгори бисёр сахте дошт.
Дар ҳаёти баъдии Низомии Арузӣ фурупошии давлати Ғазнавиён ва дар охирҳои асри XI ба сари қудрат омадани ҳокимияти тоҷикони Ғӯр нақши муассире бозид. Низомии Арузӣ ба дабирии дарбори Ғӯриён меояд ва “Бандаи мухлис…чиҳилу панҷ сол то ба хидмати ин хонадон мавсум шуд”. Ва дар ҳамин ҷо тули 10 соли охири зиндагонӣ китобчаи ёддоштмонанде ба унвони “Чаҳор мақола” аз нӯги қалами ӯ рӯйи коғаз омад. Дар мақолаи якуми китоб сухан аз боби ҳунару истеъдоди дабирӣ (котибӣ) меравад, мақолаи дуюм ба масъалаи шеъру шоирӣ бахшида шудааст, илми нуҷум ва дониши омӯхтаи мунаҷҷим дар он илм мақолаи сеюми китобча аст. Мақолаи чаҳорум “Дар илми тиб ва ҳидояти табиб” ном дорад.
Ҳамаи ҳикоёт ва ривоёт аз рӯзгори онҳоест, ки дар унвони мақола ишора шудааст. Инак, яке аз он ҳикояҳо аз рӯзгори шоири шинохташудаи маддоҳи дарбори Ғазнавиён – Масъуди Саъди Салмон:
Ҳикояи рӯзгори Масъуди Саъди Салмон аз китоби «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ
“Дар шуҳури санаи иснайни ва сабъина ва хамсамиа (572 ҳиҷрӣ, 1178 милодӣ) соҳибғаразе қисса ба султон Иброҳим бардошт, ки писари ӯ – Сайфуддавла амир Маҳмуд нияти он дорад, ки ба ҷониби Ироқ биравад ба хидмати Маликшоҳ. Султонро ғайрат кард ва чунон сохт, ки ӯро ногоҳ бигирифту бибаст ва ба ҳисор фиристод. Ва надимони ӯро банд карду ба ҳисорҳо фиристод. Аз ҷумла, яке Масъуди Саъди Салмон буд ва ӯро ба Ваҷиристон, ба қалъаи Ной фиристоданд.
Аз қалъаи Ной ду байте ба султон фиристод (Масъуди Саъди Салмон фармояд):
Дар банди ту, ай шоҳ Маликшаҳ, бояд,
То банди ту пойи тоҷдоре сояд.
Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд,
Гар заҳр шавад, мулки туро нагзояд.
Ин дубайтӣ (рубоӣ-У.Т.) Алии Хос бари султон бурд, бад-ӯ ҳеч асаре накард. Ва арбоби хираду асҳоби инсоф донанд, ки ҳабсиёти Масъуд дар улув ба чӣ дараҷа расидаасту дар фасоҳат ба чӣ поя бувад. Вақт бошад, ки ман ашъори ӯ ҳамехонам, мӯй бар андоми ман бар пой хезад ва ҷои он бувад, ки об аз чашми ман биравад. Ҷумлаи ин ашъор бар он подшоҳ хонданд ва ӯ бишнид, ки бар ҳеч мавзеъ ӯ гарм нашуд ва аз дунё бирафту он озодмардро дар зиндон бигзошт.
Муддати ҳабси ӯ, ба сабаби қурбати Сайфуддавла, дувоздаҳ сол буд. Ва дар рӯзгори султон Масъуди Иброҳим, ба сабаби қурбати ӯ Абунасри Порсиро ҳашт сол буд. Ва чандон қасоиди ғурару (баргузидаву) нафоиси дурар (дурҳо), ки аз табъи ваққоди (расои ) ӯ зода, албатта, ҳеҷ масмуъ наяфтод (мақбул нашуд).
Баъд аз ҳашт сол сиқатулмулк Тоҳир Алии Мушкон ӯро берун овард. Ва ҷумла он озодмард дар давлати эшон ҳама умр дар ҳабс ба сар бурд ва ин бадномӣ дар он хонадони бузург бимонд. Ва мани банда ин ҷо мутаваққифам (истодаам), ки ин ҳолро бар чӣ ҳамл кунам: бар саботи (устувории) раъй, ё бар баддилӣ. Дар ҷумла ситуда нест ва надидам ҳеч хирадманд, ки он давлатро бар ин ҳазму эҳтиёт маҳмидат (ситоиш) кард. Ва аз султони олам ғиёсуддунё ваддин Муҳаммад ибни Маликшоҳ ба дари Ҳамадон дар воқеаи амир Шиҳобуддин Қутулмуш Алпғозӣ, ки домоди ӯ буд, ба хоҳарӣ, тайяба Аллоҳу турбатаҳумо ва рафаъа филҷинони рутбатаҳумо (Худо хоки он дуро покиза гардонад ва дар биҳишт дараҷаи ононро баланд кунад) шунидам, ки хасм дар ҳабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду ҳол берун нест: ё муслиҳ (хайрхоҳ) аст, ё муфсид (бадкор). Агар муслиҳ аст, дар ҳабс доштан зулм аст ва агар муфсид аст, муфсидро зинда нигоҳ доштан ҳам зулм аст.
Дар ҷумла бар Масъуд ба сар омад ва он бадномӣ то домани қиёмат бимонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Низомии Арузии Самарқандӣ кист: шоир, нависанда, олим?
2. Сабаби оворагардиҳои Низомӣ дар овони ҷавонӣ чӣ буд?
3. Низомии Арузӣ аз хидматаш дар дарбори Ғуриҳо қаноатманд
буд? Чаро?
4. Мундариҷаи «Чаҳор мақола»-ро номбар кунед.
5. Сабаби зиндонӣ шудани Масъуди Саъди Салмонро Низомии
Арӯзӣ дар чӣ мебинад?
6. Хулосаи Низомии Арузиро аз рӯйи фармудаи худи ӯ: «Хасм
дар ҳабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду ҳол берун
нест: ё муслиҳ (хайрхоҳ), ё муфсид (бадкор). Агар муслиҳ аст,
дар ҳабс доштан зулм аст, агар муфсид аст, муфсидро зинда
нигоҳ доштан ҳам зулм аст» (аз рӯйи ин хулоса баҳси синфӣ
созмон диҳед).