Ба ҳар куҷо-т равам, дил диёри ман гӯяд

Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,

Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

Ватан, чу нағмасарой аст дил зи ишқи ту,

Туро хазинаи илҳоми хештан гӯяд.

Ба ин таронаву ин рангу бӯ, ки ҳастӣ ту,

Сазад, саросари саҳни туро чаман гӯяд.

Дар оғуши ту ҳазорон диёру шаҳр бувад,

Ба ҳар куҷо-т равам, дил диёри ман гӯяд.

Ҳазор як сифататро адо нахоҳад кард,

Ҳазор шоир, агар асрҳо сухан гӯяд.

Тамоми ҳастии худро фидо кунад ба ту халқ,

На сар, на қалб, на дида, на ҷон, на тан гӯяд.

Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш

Туро замини ману такягоҳи ман гӯяд.

Хушам, чу ишқи ту Ширин шудастам, ар халқам

Маро дар ишқи ту Фарҳоди Кӯҳкан гӯяд.

Бигираму бигузорам, Ватан: «Қалам бигзор,

Бигир теғу ба фарқи аду бизан» – гӯяд.

Соли 1938.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Шеъри боло дар кадом навъи адабӣ эҷод шудааст?

2. «Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд» – гуфтани шоир аз чӣ шаҳодат медиҳад?

3. Чаро шоир Ватанро хазинаи илҳоми дили худ номидааст?

4. Ҳар гӯшаву канори ватанро диёри худ номидани шоир чӣ

маъно дорад?

5. Аз байти:

«Ту з-он қавӣ, ки ба ҳар ҷой халқи заҳматкаш

Туро замини ману такягоҳи ман гӯяд» хулоса бароред.

6. Шоир ишқи Ватан ва ишқи худро ба кӣ ташбеҳ додааст?