Ҳикояи «Моҳихор»

Моҳихоре бар лаби обе ватан карда буд ва ба сайди моҳиён рӯз мегузаронд. Чун солҳо сипарӣ шуданду заъфи пирӣ бар ӯ роҳ ёфт, аз шикори моҳиён дур шудан намехост. Як рӯз моҳихор гӯшае нишаста, ғусса меӯрду мегуфт:

Дареғи қофилаи умр, к-ончунон рафтанд,

Ки гардашон ба ҳавои диёри мо нарасид.

Афсӯс, ки дар ҷавонӣ чизеро барои рӯзгои пирӣ захира накардаму ҳоло қудрату тавоноии сайди як моҳӣ ҳам надорам.

Бинобар ин, тасмим гирифт ҳиллае андешаду раҳи осонтаре барои пайдо кардани ғизо кашф кунад.

Ин буд, ки наздики дарёча рафту дар канори харчанге нишаст ва қиёфаи нороҳатӣ ба худ гирифту ба нолаву зорӣ оғоз намуд, ки:

– Ин чӣ балое буд, ки сари пирӣ бар ман нозил шуд. Ман пир шудам, аммо ин моҳиҳо чӣ гуноҳе кардаанд, ки ба дасти золиме биафтанд.

Дар ин рӯзгор ҳеч кас ба ҳеч кас раҳм намекунад.

Харчангро раҳм омаду гуфт:

– Бало ба дур бошад, ту чаро ин қадар нороҳатӣ?

Моҳихор гуфт:

– Дӯстам, ту медонӣ, ки ман солҳост ҳар рӯз дар ин дарёча як моҳӣ сайд мекунам ва ба зиёда аз он чашм надорам. Аммо имрӯз ду сайёдро дидам, ки тӯрҳои моҳигирии бузурге доштанду аз он ҷо мегузаштанд, гуфтанд: - Ҳоло дар фалон дарёча моҳӣ бештар аст, вақте ки тамоми моҳиҳои он дарёчаро сайд кардем, ба ин ҷо биёем ва ду-се рӯзе тамоми моҳиҳои ин ҷоро сайд мекунем.

Барои ин нороҳатам, ки ба зудӣ тамоми ин моҳиҳо сайд мешаванд ва ман берӯзӣ мемонам. Аз тарафи дигар, дилам барои моҳиҳо ҳам месӯзад.

Ҳарчанг ин хабарро ба моҳиҳо расонд ва онҳо ҳам сахт тарсиданд ва назди харчанг ҷамъ шуда, гуфтанд:

– Бале, моҳихор рост мегӯяд, агарчи ӯ душмани мо буд, аммо танҳо рӯзе як моҳӣ сайд мекард, вале агар сайёд биёяд, ҳамаи моро сайд мекунад ва мо аз байн меравем.

Моҳиҳо аз харчанг хоҳиш карданд, ки аз моҳихор бипурс: Оё роҳи халосиро ӯ медонад?

Харчанг гуфт: – Агарчи бо душман наметавон машварат кард, аммо моҳихор пир аст ва таҷрибаи бештаре дораду ақлаш низ зиёдтар аст.

Бо маслиҳати харчанг моҳиҳо ба моҳихор гуфтанд:

– Эй мурғи доно, дуруст аст, ки вақте балои сахту душмани бузурге меояд, мо бояд душманиҳои андакро фаромӯш кунем. Ҳамеша зиндагии ту ба вуҷуди мо вабаста буд. Ҳоло зиндагии мо ба ақлу ҳуши ту вобаста аст. Роҳи наҷотро ба мо нишон бидеҳ.

Моҳихор гуфт: – Албатта, зӯри мо ба сайёдҳо намерасад, танҳо роҳи наҷот ин аст, ки ба дарёчаи пушт биравем. Он дарёча амиқтар аст ва ҳеҷ сайёде наметавонад моҳиҳоро шикор кунад ва он қадар зулол аст, ки ҳар пире дар он ҷо ҷавон мешавад.

– Моҳиҳо гуфтанд: – Дарёчаи мо ба дарёчаи пушт роҳе надорад ва мо чӣ гуна ба он ҷо меравем? Оё мешавад, ки ту моро ба он ҷо бирасонӣ?

Моҳихор гуфт: – Вақт кам мондааст ва ман ҳар дафъа ду-сетои шуморо бурда метавонаму бас.

Пас аз илтимоси моҳиҳо қарор бар ин шуд, ки рӯзе ду бор моҳихор чанд моҳиро ба дарёчаи пушт бибарад.

Онҳо зарфе аз пӯсти ҳиндувона дуруст карданд ва онро бо алафе аз дарё бастанд. Ҳар рӯз субҳу аср чанд моҳӣ даруни он медаромаду моҳихор алафро бо дандонҳояш мегирифту онҳоро ба пушти теппа мебурд. Онҳоро дар он ҷо мехӯрду устухонҳояшонро дар ҳамон ҷо мерехт. Зарфро боз холӣ карда, ба назди моҳиҳо меомад. Моҳиҳо, ки аз макри моҳихор огоҳ набуданд, ҳар дафъа худашон довталаб мешуданд, ки даруни зарф дароянд.

Чандин рӯз моҳихор бо ин фиреб шиками худро сер мекард ва дар дили худ моҳиҳоро ба тамасхур мегирифт.

Рӯзе харчанг гуфт:

– Ман мехоҳам ба он дарёчаи нав биравам ва хабари саломатии моҳиҳоро барои дӯстонам биёварам. Моҳихор барои он ки моҳиҳо шубҳа накунанд, розӣ шуд ва ба харчанг гуфт:

– Бар пушти ман савор шав, то туро ба дарёча бибарам.

Фаврӣ харчангро бар пушти худ савор карда, ба самти биёбон роҳ пеш гирифт. Мехост харчангро дар маҳалле биандозад, ки дигар ӯ натавонад баргардад. Аммо харчанг вақте аз болои теппа мегузашт, устухонҳои моҳиҳоро дид ва аз макру ҳилаи моҳихор огоҳ шуду фаҳмид, ки ҷони худи ӯ ҳам дар хатар аст ва қарор дод, ки ба моҳихор ҳамла кунад:

Чу хасм қасди ту кард, аз барои дафъи зарар

Ба ҷидду ҷаҳд бикӯш, ар ба ақл машҳурӣ,

Ки гар мурод ба даст оядат, ба ком расӣ,

В-агар ба ҳам нарасад, он замон ту маъзурӣ.

Харчанг гардани моҳихорро фишор овард ва ӯро ба замин афтонида кушт. Харчанг ба самти дарёча равон шуда, ба назди моҳиҳо омад ва ҳодисаро нақл кард. Аз ҷумла, харчанг гуфт:

– Моҳихор шунида буд, ки макру ҳила беш аз зӯру бозу қудрат дорад, аммо намедонист, ки ҳамеша хиёнат бо дӯстон ба қимати ҷони ҳиллагар тамом мешавад.

Моҳиҳо ҳам аз ин достон ибрат гирифтанд ва бо худ аҳд карданд, ки дигар ҳеч хабареро аз самти душман бовар накунанд ва аз душмани худ машварат нахоҳанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Моҳихор аз чӣ афсӯс мехӯрд?

2. Моҳихор ба харчанг кадом макрро нақл кард?

3. Моҳиён чӣ тадбире андешиданд?

4. Моҳихор кадом ҳиларо пеш гирифт?

5. Харчанг аз моҳихор чӣ тавр қисос ситонид?

6. Аз ин ҳикоя чӣ хулоса баровардед?