Шеъри Шамсуддини Табрезӣ гирифт
Мисру Шому Басраву Бағдодро.
Шамси Табрезӣ
Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Хатибии Балхӣ машҳур ба “Мавлавӣ Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ» ё «Муллои Рум» яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халқи тоҷик ба шумор меравад, ки соли 1207 дар Балх таваллуд шудааст. Падараш Баҳоуддини Валад аз фақеҳони машҳури замон буд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои маъмули давр машғул шуд. Баъди вафоти падар муддате дар хидмати Саййид Бурҳонуддини Тирмизӣ, ки аз шогирдони падараш буд, шогирдӣ кард. Дар Қуния бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо карда, ӯро устоди маънавии хеш хонд ва девони ашъори худро «Девони Шамси Табрезӣ» номид. Дар Қуния соли 1273 аз олам гузаштааст. Ашъори Ҷалолуддини Балхӣ аз ду қисм иборат аст. Яке манзумаи машҳури ӯст, ки аз машҳуртарин китобҳои забони тоҷикӣ-форсӣ буда, онро «Маснавии маънавӣ» ном ниҳодааст. Ин «Маснавӣ» аз шаш дафтар иборат буда, 25 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисми дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳад, ки аз сад ҳазор байт иборат буда, дар давоми умри худ сурудааст. Дар бештари ғазалҳо номи Шамси Табрезӣ омадааст ва аз ин ҷиҳат ба «Куллиёти Шамси Табрезӣ» ё «Куллиёти Шамс» ва «Девони кабир» машҳур аст.
Ҷалолуддини Балхӣ дар эҷодиёти худ одамонро ба некӣ ва накукорӣ даъват карда, асоси бадиро дар ҳирсу тамаъ мебинад. Вай зулму золимӣ, хислатҳои бади одамиро сахт маҳкум намуда, ба воситаи масалу ҳикояҳои зиёде адолат, саховатмандӣ, кордӯстӣ, хислатҳои писандидаи одамиро васф менамояд.
Осори Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, чандин шарҳи «Маснавии маънавӣ» ба вуҷуд омадааст. Ҳоло чанд қисса аз «Маснавии маънавӣ»-ро пешкаши шумо – хонандагон менамоем, ки ҳама саршори панду ахлоқ мебошанд.
Ҳикояи «Бозаргон ва тӯтӣ»
Як ҳикоят бишнав, ай зеборафиқ,
То бидонӣ шарти ин баҳри амиқ.
Буд бозаргоне, ӯро тӯтие,
Дар қафас маҳбус зебо тӯтие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Сӯйи Ҳиндустон шудан оғоз кард.
Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд1
Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам, гӯй зуд!»
Ҳар яке аз вай муроде хост кард,
Ҷумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тӯтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон,
К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Гуфташ он тӯтӣ, ки он ҷо тӯтиён
Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён,
К-он фалон тӯтӣ, ки муштоқи шумост,
Аз қазои осмон дар ҳабси мост.
Бар шумо кард ӯ салому дод хост
В-аз шумо чорай раҳу иршод хост.
Гуфт: «Мешояд, ки ман дар иштиёқ
Ҷон диҳам ин ҷо, бимирам дар фироқ?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,
Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дӯстон?
Ман дар ин ҳабсу шумо дар бӯстон?
Ёд оред, ай меҳон, з-ин мурғи зор
Як сабуҳе дар миёни марғзор!»
1 Ҷуд – ҷавонмардӣ, саховат
Қиссаи тӯтии ҷон з-ин сон бувад
Ку касе, к-ӯ маҳрами мурғон бувад?
ДИДАНИ ХОҶА ДАР ДАШТ ТӮТИЁНРО ВА ПАЙҒОМ РАСОНИДАН
Бозмегардем аз ин, ай дӯстон,
Сӯйи мурғу тоҷиру Ҳиндустон.
Марди бозаргон пазируфт он паём,
К-ӯ расонад сӯйи ҷинс аз вай салом.
Чунки то ақсои Ҳиндустон расид,
Дар биёбон тӯтие чанде бидид.
Маркаб истониду пас овоз дод,
Он салому он амонат боз дод.
Тӯтие з-он тӯтиён ларзиду пас
Уфтоду мурду бигсасташ нафас.
Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар,
Гуфт: «Рафтам дар ҳалоки ҷонвар.
Ин магар хеш аст бо он тӯтияк,
Ин магар ду ҷисм буду руҳ як?
Ин чаро кардам, чаро додам паём?!
Сӯхтам бечораро з-ин гуфти хом».
Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст
В-он чи биҷҳад аз забон, чун оташ аст.
Сангу оҳанро мазан бар ҳам гизоф1
Гаҳ зи рӯйи нақлу гаҳ аз рӯйи лоф.
З-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор
Дар миёни пунба чун бошад шарор2?
Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд
В-аз суханҳо оламеро сӯхтанд.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.
БОЗ ГУФТАНИ БОЗАРГОН БО ТӮТӢ ОН ЧИ ДАР ҲИНДУСТОН ДИДА БУД
Кард бозаргон тиҷоратро тамом,
Боз омад сӯйи манзил шодком.
1 Гизоф – беҳуда.
2 Шарор – шарора.
Ҳар ғуломеро биёвард армуғон,
Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон.
Гуфт тӯтӣ: «Армуғони банда ку?
Он чи дидӣ в-он чи гуфтӣ, бозгӯ!»
Гуфт: «Не, ман худ пушаймонам аз он,
Дасти худ хоёну ангуштон газон,
Ки чаро пайғоми хоме аз гизоф
Бурдам аз бедонишию аз нашоф».
Гуфт: – Ай хоҷа, пушаймонӣ зи чист?!
Чист ин, ки хашму ғамро муқтазист1?»
Гуфт: «Гуфтам он шикоятҳои ту
Бо гурӯҳи тӯтиён ҳамтои ту.
Он яке тӯтӣ зи дардат бӯй бурд,
Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд.
Ман пушаймон гаштам, ин гуфтам чӣ буд,
Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»
Нуктае, к-он ҷаст ногоҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.
ШУНИДАНИ ТӮТӢ ҲАРАКАТИ ОН ТӮТИРО ВА МУРДАН ВА НАВҲАИ ХОҶА БАР Ӯ
Чун шунид он мурғ, к-он тӯтӣ чӣ кард,
Ҳам биларзиду фитоду гашт сард.
Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин,
Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.
Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,
Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.
Гуфт: «Ай тӯтии хуби хушҳанин,
Ин чӣ будат, ин чаро гаштӣ чунин?
Ай дареғо, мурғи хушовози ман,
Ай дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман!
Ай дареғо, мурғи хушалҳони ман,
Роҳи руҳу равзаи ризвони ман!...
Ай дареғо, нури зулматсӯзи ман,
Ай дареғо, субҳи рӯзафрӯзи ман!
1 Муқтазӣ – сабаб, боис
Ай дареғо, мурғи хушпарвози ман,
З-интиҳо даррида то оғози ман!...
Ай дареғо, ашки ман дарё будӣ,
То нисори дилбари зебо будӣ!
Тӯтии ман, мурғи зираксори ман,
Тарҷумони фикрати асрори ман.
Ҳар чӣ рӯзӣ доду нодод омадам,
Ӯ зи аввал гуфт, то ёд омадам!»
Тӯтие, к-ояд зи ваҳй овози ӯ,
Пеш аз оғози вуҷуд оғози ӯ,
Андаруни туст он тӯтӣ ниҳон,
Акси ӯро дида ту бар ину он.
Мебарад шодитро, ту шод аз ӯ,
Мепазирӣ зулмро чун дод аз ӯ,
Ай ки ҷон аз баҳри тан месӯхтӣ,
Сӯхтӣ ҷонрову тан афрӯхтӣ.
Сӯхтам ман, сӯхта хоҳад касе,
То зи ман оташ занад андар хасе,
Сӯхта чун қобили оташ бувад?
Сӯхта бистон, ки оташкуш бувад,
Ай дареғо, ай дареғо, ай дареғ,
К- ончунон моҳе ниҳон шуд зери меғ!
Чун занам дам, к-оташи дил тез шуд,
Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.
Он ки ӯ ҳушёр, худ тунд асту маст,
Чун бувад, чун ӯ қадаҳ гирад ба даст?
Шери масте, к-аз сифат берун бувад,
Аз басити1марғзор афзун бувад.
Қофия андешаму дилдори ман
Гӯядам, мандеш ҷуз дидори ман.
Хуш нишин, ай қофияандеши ман,
Қофияй давлат туӣ дар пеши ман.
Ҳарф чӣ-бвад, то ту андешӣ аз он?
Савт чӣ-бвад, хори девори разон.
Ҳарфу савту гуфтро барҳам занам,
1Басит – васеъ, паҳновар
То ки бе ин ҳар се бо ту дам занам...»
Бас дароз аст ин ҳадиси хоҷа, гӯ,
То чӣ шуд аҳволи он марди наку...
Ин сухан поён надорад, ай аму1,
Қиссаи тӯтию хоҷа бозгӯ.
БЕРУН АНДОХТАНИ МАРДИ ТОҶИР ТӮТИРО АЗ ҚАФАС ВА ПАРИДАНИ ОН
Баъд аз онаш аз қафас берун фиканд,
Тӯтияк паррид то шохи баланд.
Тӯтии мурда чунон парвоз кард,
К-офтоб аз чарх туркитоз кард.
Хоҷа ҳайрон гашт андар кори мурғ,
Бехабар ногаҳ бидид асрори мурғ.
Рӯй боло карду гуфт: Ай андалеб!
Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.
Ӯ чӣ кард он ҷо, ки ту омӯхтӣ,
Чашми мо аз макри худ бардӯхтӣ?
Сохтӣ макрею моро сӯхтӣ,
Сӯхтӣ морову худ афрӯхтӣ.
Гуфт тӯтӣ, к-«Ӯ ба феълаш панд дод,
Ки раҳо кун лутфи овозу видод.
З-он ки овозат туро дар банд кард,
Хеш ӯ мурда пайи ин панд кард»,
Яъне, ай мутриб, шуда бо ому хос,
Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.
Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,
Ғунча бошӣ, кӯдаконат баркананд.
Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,
Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.
Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,
Сад қазои2 бад суйӣ ӯ рӯ ниҳод.
Чашмҳову хашмҳову рашкҳо
Бар сараш борад чу об аз машкҳо.
Душманон ӯро зи ғайрат медаранд,
1 Аму – шакли тағйирёфтаи ам, бародари падар, амак.
2 Қазо – тақдир, сарнавишт.
Дӯстҳо ҳам рӯзгораш мебаранд.
Он ки ғофил буд аз кишти баҳор,
Ӯ чӣ донад қимати ин рӯзгор?
Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,
К-ӯ ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.
То паноҳе ёбӣ он гаҳ, чӣ паноҳ,
Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.
Нӯҳу Мӯсоро1 на дарё ёр шуд,
Не бар аъдошон ба кин қаҳҳор шуд.
Оташ Иброҳимро2на қалъа буд,
То баровард аз дили Намруд3дуд.
Кӯҳ Яҳёро4 на сӯйи хеш хонд,
Қосидонашро ба захми санг ронд.
Гуфт: «Ай Яҳё, биё, дар ман гурез,
То паноҳат бошам аз шамшери тез».
ВИДОЪ КАРДАНИ ТӮТӢ ХОҶАРО ВА ПАРИДАН
Як-ду пандаш дод тӯтӣ бенифоқ,
Баъд аз он гуфташ: - «Салому алфироқ.
Алвидоъ, ай хоҷа, кардӣ марҳамат,
Кардӣ озодам зи қайду мазлимат5 .
Алвидоъ, ай хоҷа, рафтам то ватан,
Ҳам шавӣ озод рӯзе ҳамчу ман».
Хоҷа гуфташ: «Фӣ амониллаҳ» 6бирав,
Мар маро акнун намудӣ роҳи нав».
Хоҷа бо худ гуфт: «Ин панди ман аст,
Роҳи ӯ гирам, ки ин раҳ равшан аст,
Ҷони ман камтар зи тӯтӣ кай бувад?
Ҷон чунин бояд, ки некупай бувад».
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Қиссаи он марди бозаргонро, ки барои тиҷорат ба Ҳиндустон мерафт, бодиққат хонда, мазмунашро нақл кунед.
1 Нӯҳ, Мӯсо – номи пайғамбарон.
2 Иброҳим – номи пайғамбар.
3 Намруд – шоҳе бутпараст дар замони Иброҳим.
4 Яҳё – номи пайғамбар.
5 Қайду мазлимат – банду мазлумӣ.
6 «Фӣ амониллаҳ» – дар амони Худо.
2. Тӯтии маҳбуси бозаргон пеш аз сафари соҳибаш ба Ҳиндустон аз ӯ чӣ хоҳиш кард?
3. Вақте ки бозаргон ба Ҳиндустон расиду тӯтиёни зиёдеро дид, пайғоми тӯтии худро ба онҳо гуфт ё не?
4. Баъди бозгаштани бозаргон ба ватани худ ва бозгуфтани ҳолати яке аз тӯтиёни Ҳиндустон ба тӯтии бозаргон чӣ ҳодиса рӯй дод?
5. Маънии байти:
«Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон»-ро гӯед.
6. Бигӯед, ки афтодан ва мурдани тӯтии Ҳиндустон ва ҳолати тӯтии маҳбуси бозаргон ба ҳам чӣ муносибат доранд?
7. Чунин тарзи ифодаро дар адабиёт чӣ мегӯянд?