«Баҳориёт»

Мехоҳам аз вуҳуш1 замоне сухан кунам,

Дафъи малол2 то шавад аз табъи мардумон,

Рӯзе мани ғариб дар айёми навбаҳор

Аз кунҷи хона ҷониби саҳро шудам равон.

Дидам, нишаста бар дари сӯрох мушаке,

Мекард худ ба худ сифати хешро баён:

1 Вуҳуш – ҷамъи «ваҳшӣ», ҳайвонҳои ваҳшӣ.

2 Малол – ғам.

МУШ

«Дорам даруни хона зи анвои1 хурданӣ,

Аз арзану ҷувориву мошу биринҷу нон.

Баққол кардааст муҳайё барои ман

Имрӯз ҳар матоъ, ки чидаст дар дукон.

Ҳар кас ки ёфтаст таваллуд ба соли муш,

Гардад чу ман баҳушу адофаҳму нуктадон.

Гоҳе ки аз ғазаб ба замин рахнаҳо кунам,

Аз ҷони санг наъра барояд, ки ал-амон!

Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,

Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон?!»

РАСИДАНИ ГУРБА ДАР БАРОБАРИ МУШ

Дар васфи хеш буд, ки ногоҳ гурбае

Худро расонд ҳамчу балоҳои осмон.

Зад силие, ки дар таҳи пояш фитод муш,

Гуфто: «Туӣ, ки омада даҳ пушт паҳлавон?

Ай беадаб, ту шарм надорӣ зи рӯйи ман?

Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.

Обои2 олии ту бувад кӯршабпарак,

Абнои3 софили4 ту ҳам аз ҷинси сифлагон.

Пур кардаӣ зи хок, ба ҳар хона рафтаӣ,

Ай хонаҳои халқ зи дасти ту хокдон!

Дандонзанист кори ту, ҳар ҷо ки донаест,

Ҳастӣ ҳамеша душмани анбори мардумон.

Бар ман бибину нек тамошо бикун маро,

Яъне, зи шер сурати ман медиҳад нишон.

Паррандае, ки бигзарад аз пеши чашми ман,

Ӯро ба чанги хеш дарорам ҳамон замон...

Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,

Ҷоям ҳамеша ҳаст ба паҳлуи меҳмон!»

1 Анво – (ҷамъи навъ) навъҳо.

2 Обо – (ҷамъи аб) падарон, бобоён.

3 Абно – (ҷамъи ибн) писарон, авлод.

4 Софил – паст, бадкирдор.

РАСИДАНИ САГ

Ногаҳ зи гурба ин суханонро шунид саг,

Фарёд карду гуфт, ки – «Ай ҳамдами занон!

Монанди дуд дидадароист кори ту,

Аз дар бурун кунанд, дароӣ зи тобадон1,

Дар хонае, ки як нафасе нест хӯрданӣ,

Бар бомҳо баромада, гардӣ фиғонкунон.

Тифлону ақрабои ту, ай дузди косалес,

Омӯхтанд дарбадариро зи модарон.

Гоҳе ки нони сӯхтае баҳри ман диҳанд,

Аз пеши ман гирифта, гурезӣ ба нардбон.

Аз хонае, ки парчаи ноне ба ман расад,

Шаб то ба рӯз бар дари ӯям нигоҳбон.

Бар ҳар даре, ки мераваму ҳалқа мезанам,

Он хона эҳтиёҷ надорад ба посбон.

Бо он ки ҳаст мартабаи олие маро,

Дорам мани шикаста қаноат ба устухон!»

РАСИДАНИ ГӮСФАНД

Бар гӯсфанд чун хабари устухон расид,

Афтод оташе аҷаб ӯро ба мағзи ҷон.

Он дам лабу даҳон зи чаро сохтан бибаст,

Худро ба як-ду хез расонид дар миён.

Гуфт: – «Ай палиди шумнафас, ҳадди худ шинос,

Бар устухони ман марасон ин ҳама забон!

Кори ту хунхурист ба саллоҳхонаҳо,

Ин ҷо шудӣ гурехта аз дасти сагкушон.

Пайваста кори ту ҷадалу ҷанг бо гадост,

Бар остон ту нолакунон, ӯ асозанон.

Бедории шаби ту бувад то дами саҳар,

Созад маҳалли файз туро хоб саргарон.

Ҳар рӯз вақти субҳ шубон мебарад маро

Гоҳе ба сӯйи дашт, гаҳе сӯйи бӯстон...

Қассобро зи хуни манаш теғ сурхрӯст,

Бошад канорааш чу хиёбони арғавон.

Симинбарон кабоби дилу гурдаи мананд,

Пайваста аст равғани ман шаъни дегдон!»

1 Тобадон – равзан ворид шудани рӯшноӣ

РАСИДАНИ ГУРГ

Чун ин мубоҳиса ба биёбон фасона шуд,

Худро расонд гург бад-эшон давон-давон.

Бар гӯсфанд гуфт: – «Дилу гурдаи ту чист?

Чун аст, рӯдаҳои ту резам ба як замон?!

Гоҳе ба зери пушта ниҳон гардӣ аз гала,

Созад ба соҳиби ту маро куштанӣ шубон.

Доим даҳон ба равғани ту чарб мекунам,

Худ гӯ, ба пеши ҷанги ҳарифон туро чӣ шон?

Аҳволи ман чу шамъ ба ҳар базм равшан аст,

Дар пеши халқ нест маро ҳоҷати баён.

Дар хоби хеш ҳар кӣ бибинад шабе маро,

Гардад зи юмни1 ман ҳамаи рӯз шодмон.

Гови замин чу дар назарам ҷилвагар шавад,

Созам ба як ишора ҷудо рони ӯ зи рон!»

РАСИДАНИ ГОВ

Дар гӯши гов бод расонид ин хабар,

Фарёд карду гуфт: – «Чӣ гуфтӣ? Бигӯ ҳамон!

Ҳар ҷо ки дидаӣ ту маро, гаштаӣ душох,

Бовар намекунӣ, бикун имрӯз имтиҳон.

Гургӣ, валек қатраи борон надидаӣ,

Нашнидааст гӯши ту овозаи сагон.

Гаҳ сулҳ мекунӣ ту ба чӯпону гоҳ ҷанг,

Гургоштист2 кори ту пайваста бо шубон.

Шаб то ба рӯз дӯхтаам чашм бар замин,

Аз ман нагашта ҳеҷ кас озурда дар ҷаҳон.

Гоҳе ба гирди хирмани деҳқон шавам ба чарх,

Гоҳе ба халқ шир диҳам ҳамчу модарон.

Аҷдоди ман ба Одаму Ҳавво баробар аст,

Яъне, марост гови замин аз бародарон!»

РАСИДАНИ УШТУР

Уштур шуниду гуфт, ки: – «Гӯсолаӣ ҳанӯз,

Берун накардаӣ сари худро зи коҳдон.

Обои ту ба ҳеч қаторе набудаанд,

Овардаӣ ба зӯр ту худро дар ин миён.

Як раҳ ба пушту паҳлуи худ ҳам нигоҳ кун,

1 Юмн – бахт, бахосиятӣ.

2 Гургоштӣ – сулҳи зоҳирӣ, рӯякӣ.

Аз хотири ту рафта магар чӯби говрон?

Бар гарданат зананд чу дузд айрии душох1,

Аз коҳдон баранд суйи дашт каш-кашон...

Пайваста хор мехураму бор мекашам,

Ҳаргиз нагашта хотирам аз сорбон2 гарон.

Ҳар ҷо ки будаам, ба ду зону нишастаам,

Дар бар кашида ҷомаи малла чу суфиён!»

РАСИДАНИ САНГПУШТ

Овози гирудори шутур чун баланд шуд,

Дарҳол сангпушт биёмад тапон-тапон.

Дар пушт чор оина, дар пеши рӯ сипар,

Бар даст санг, барзада доман чу ҷумриён3.

Аз санг рафта-рафта чу оташ забона зад,

Оғози гуфтугӯй бигуфт: – «Ай сабукъинон4!

Кунҷора дидаӣ магар имшаб ба хоби хеш?

Ё гов гаштаӣ ба хаёли ҷувозрон?

Дар умри хеш мисли ту луъбат надидаам,

Кӯтоҳақлу пойдарозу шикамкалон.

Дар зери бор нолакунон хоб меравӣ,

Хезӣ зи ҷой ҳамчу заифони погарон5.

Дандони ту саросар агар бишканам, равост,

Ҳаргиз туро касе назада санг бар даҳон.

Маълум шуд, ба даҳр6 шутурдил7 ту будаӣ,

Бошад ҳамеша чашми ту бар дасти сорбон.

Аз фоқа8 рӯзу шаб ба шикам санг бастаам,

Донанд халқ, дар бағалам ҳаст тоҳи9 нон.

Дар гӯшае нишастааму хок мехурам,

Бигзаштаам ба чилланишинӣ зи зоҳидон10.

1 Айрии душох – юғ.

2 Сорбон – сарвари корвони шутурҳо.

3 Ҷумриён – мардуми содаи авом.

4 Сабукъинон – кӯтоҳфикр.

5 Заифони погарон – занони ҳомила.

6 Даҳр – дунё.

7 Шутурдил – кинаҷӯ, бадхоҳ.

8 Фоқа – камбағалӣ.

9 Тоҳ – як дона, якто.

10 Зоҳидон – парҳезкорон, порсоён.

Рӯзе, ки офтоб ба гармӣ шавад алам,

Он рӯз эҳтиёҷ надорам ба соябон!»

РАСИДАНИ ХОРПУШТ

Бар гӯши хорпушт чу ин моҷаро расид,

Ҳар мӯй гашт бар тани ӯ неши1 хунфишон.

Чун мӯр нарм-нарм қадамро ба раҳ ниҳод,

Паҳлуи сангпушт нишасту бигуфт: – «Ҳон!

Бар гирди хеш маъракае ҷамъ кардаӣ,

Дорӣ ба пушт сандалие ҳамчу қиссахон.

Уъҷубавор2 дар таҳи сандуқ ҷо шавӣ,

Айёри косапушт туро аз мусоҳибон3.

Саҳроиён зи косаи чӯбини ту ба танг,

Исқотиёну4 косагарон аз ту дар фиғон.

Ҳаргиз надидаам ба барат ҷомаи дуруст,

Домони ту ҳамону гиребони ту ҳамон.

Аз дидани ту суҳбати ин қавм шуд хунук,

Ай баднамой, хезу бирав зуд аз миён!

Ман умри худ ба хоркашӣ сарф кардаам,

З-он ваҷҳ5 гармрӯй намоям ба мардумон.

Пероҳане ба сӯзани худ бахя6 кардаам,

Дорам ба дӯш ҷомаи шодӣ чу ҳоҷиён.

Бошад ҳамеша дар шаби маҳтоб хоби ман,

Болину бистарам ҳама хорест парниён!»

РАСИДАНИ РӮБОҲ

Оҳанги хорпушт чу рӯбоҳ гӯш кард,

Аз шиддате ки дошт, равон гашт думзанон.

Фарёд карду гуфт: – «Маро дур дидаӣ?

Имрӯз ҳамчу хор баровардаӣ забон.

Дорӣ ба худ ғурур чу пирони хоркаш,

Оташ занам, ки дуд барояд туро зи ҷон!

Аз ҷунбиши ту дар ҳаракат буттаҳои хор,

Пайваста хурду резаи ман аз ту дар гумон.

Гар бинии ту канда, ба дастат диҳам, равост,

1 Неш – озор, заҳр.

2 Уъҷубавор - ҳайратовар.

3 Мусоҳибон – ҳамсуҳбатон.

4 Исқот – партофтан, афкандан.

5 Ваҷҳ – сабаб, ҷиҳат.

6 Бахя – чок, кӯк, дарз.

То пеши халқ сар набарорӣ ба ину он.

Ман муддатест, хона дар ин дашт кардаам,

Накшодаам ба ҳеч кас аз хеш достон.

Паҳлу ба офтоб занад пӯстини ман,

Доранд орзуи маро пир то ҷавон.

Шабҳои дай1 ба воситаи пӯст мекашам

То субҳ ҳамчу мағз дар оғӯш дилбарон.

Оре, Худойрост ба ҳар пӯст дӯсте,

Ҳаст ин масал чу ганҷ дар айём шойгон.

Гоҳе ки рӯбарӯй шавад душмане маро,

Ёбам зи рӯйи ақли худ аз дасти вай амон2!»

РАСИДАНИ ХАРГӮШ

Харгӯш сар ба хоби фароғат ниҳода буд,

Бедор гашту гуфт ба рӯбоҳ он замон:

«Як зарра ақлу ҳуш агар доштӣ ба сар,

Ҳаргиз зи хона по наниҳодӣ бар остон.

Шабҳо равӣ чу дузд ба сӯйи маҳаллаҳо,

Чашмони худ чароғ кунӣ баҳри мокиён.

Бисёр зинда-зинда туро пӯст кандаанд,

Афкандаанд мурдаи ту паҳлуи сагон.

Бар ҳар каси фақир муяссар намешавам,

Ҷон медиҳанд дар талабам мардуми калон.

Моланд агар ба пайкари3 худ равғани маро,

Бе шакку шубҳа, дафъ кунад дарди устухон.

Гоҳе ки ман ба одамиён ром мешавам,

Пайваста умри хеш кунам сарфи он макон!»

РАСИДАНИ МАЙМУН

Харгӯш чун ҳикояи худро тамом кард,

Маймун шуниду паҳлуяш омад нафасзанон.

Гуфт: – «Ай дарозгӯш, чаро лоф мезанӣ?

З-одамгарӣ на ҳаст туро ному на нишон!

Чун муши думбурида намоӣ ба чашми ман,

Ё баччаи бузе, ки бувад ҳар тараф давон.

Зин доштӣ ба пушт, туро мешудам савор,

Ҳастӣ ба пеши ман ту ҳам аз ҷумлаи харон.

1 Дай – зимистон.

2 Амон – наҷот.

3 Пайкар – тан, бадан.

Бикшо зи хоб чашму сари худ баланд кун,

Дар дасту пои ман назари хешро бимон.

Яъне, ки нест сурати ман кам зи одамӣ,

Аммо кашидаам қадами худ аз он миён.

Нашъунамои ман шуда дар кӯҳсори Ҳинд,

Асли ман аз Фарангу1 маро ном кордон.

Ҳар ҷо ки бешаест, дар ӯ сайр мекунам,

Ҳастам ба гирду гӯшаи ӯ ҳамчу боғбон.

Аз меваҳо ба паҳлуи худ паҳн кардаам,

Гоҳе зи туршу гоҳ зи ширину нордон!»

РАСИДАНИ ОҲУ

Оҳу расиду гашт ба ӯ рӯ ба рӯву гуфт:

«Кам дидаем одами думдор дар ҷаҳон.

Одам касе ба сурати одам намерасад,

Бе мағз эътибор куҷо дорад устухон?

Гоҳе зи сӯйи шаҳр туро уфтад гузар,

Гардӣ ту пойкор2 ба арбоби лӯлиён.

Дар пеши халқ масхарагӣ пеша мекунӣ,

Тифлон ба кӯчаҳо зи қафои ту кафзанон3.

Гаҳ найнавозу гоҳ шубонӣ, гаҳе гадо,

Гоҳе асобадаст шавӣ аз ясовулон4.

Дар даҳр агарчи сурати ман нест одамӣ,

Лекин марост сурати неку чу дилбарон.

Чашмам бувад зи ғамзаи Лайлӣ барандатар,

Девонаи мананд чу Маҷнун паривашон.

Гардад зи бӯйи мушк муаттар димоғҳо,

Бар ҳар тараф, ки рӯй ниҳам ҳамчу навхатон.

Гоҳе ки ҳамчу бод шавам дар давандагӣ,

Барқи ситезакор наёбад зи ман нишон!»

РАСИДАНИ ПАЛАНГ

З-ин гуфтугӯ паланг даромад ба ҷастухез,

Худро расонд дар паси оҳу ҳамон замон.

Гуфт: – «Ай гурезпой, зи чангам куҷо равӣ?

Бо ман масоз ҷилвагарӣ ҳамчу духтарон!

1 Фаранг – Фарангистон; мансуб ба Фаранг, Аврупо.

2 Пойкор – хидматгор.

3 Кафзанон – дастзанон.

4 Ясовул – саворе, ки дар рикоби амирон ва сардорон меравад; хидматгори дарбор.

Нофи туро ба коми ҳарифон буридаанд,

Бошанд хонаводаи ман аз ту комрон1.

Гар бар сари ту сояи калхот2уфтад,

Дар зери пой хоб равӣ ҳамчу мокиён.

Яъне, ки ман ба хуни ту имрӯз ташнаам,

Аз роҳи ташнагӣ ба лаби ман расида ҷон.

Аз қаҳр агар ба хок занам чанги хешро,

Чангу ғубор тира кунад рӯйи осмон.

Аз силиям кабуд бувад рӯйи фили чарх,

Акси думи ман аст, ки гӯянд Каҳкашон!»

РАСИДАНИ ФИЛ

Ошуфта гашт филу равон шуд суйи паланг,

Дандон ба якдигар зада ҳамчун муборизон.

Дум хода карда омаду хобонд гӯшро,

Хартум3 бар замин заду гуфт: - «Ай алочапон!

Аз нохуни паланг чӣ нуқсон ба пойи фил?

Тоҷи хурӯсро чӣ ғам аз нӯли мокиён?

Тундӣ макун, ки чарми ту бисёр дидаам

Чун тахтапӯст дар таҳи пойи қаландарон.

Гӯӣ, ки ҳеч кас набувад дар баробарам,

Дар ҳар канор ҳаст маро чун ту чокарон4.

Дар рӯзи ҷанг зери алам по сутун кунам,

Бошам бар остони дари фатҳ5 пуштбон...

Чун теғи обдор саропой ҷавҳарам,

Дандони ман равост, ки созанд зарнишон.

Дар пушти ман ниҳанд агар кӯҳи Қофро6,

Монанди барги коҳ наёяд маро гарон.

Хартуми ман чу гурз бувад вақти гирудор,

Ҳар мӯйи ман ба тундию тезӣ бувад синон7.

Умрам ҳазор сол бувад дар миёни халқ,

Кам нест зиндагониям аз умри ҷовидон.

1 Комрон – хушбахт.

2 Калхот – навъе аз парандагони дарранда, чӯҷагирак.

3 Хартум – бинии фил, ки дарозу овезон аст.

4 Чокарон – хидматгорон.

5 Фатҳ – ғалаба, пирӯзӣ.

6 Кӯҳи Қоф – номи кӯҳи баланди афсонавист, ки гӯё гирди оламро гирифтааст.

7 Синон – найза.

Бузругтаре1 зи ман набувад дар миёни қавм,

Имрӯз зиндафил маро гуфта метавон!»

РАСИДАНИ КАРК

Карк2 ин сухан зи фил шуниду қадам ниҳод,

Сар то ба пой чину гиреҳ карда абрувон.

Дар пушту паҳлуяш халае зад ба шоху гуфт:

- «Ай тангчашм, ҳарф магӯ ин ҳама калон!

Аз филмоти ҳодиса ғофил нишастаӣ,

Дорӣ ту эътимод3 ба умри сабукъинон.

Хартум нест он ки ба ӯ фахр мекунӣ,

Андохта ба биният айём ресмон...

Хат мекашӣ ба бинии худ кӯчаҳои шаҳр,

Аз пушту паҳлуи ту ғуломон саводхон...

Рӯзи масоф синаи худ мекунам сипар,

Гарданд рӯбарӯй зи пуштам диловарон.

Хоҳам, ки ҳамла дар сафи пиру ҷавон кунам,

Дар дил маро на бим зи тиру на аз камон.

Хосияти аҷиб ба шохам навиштаанд.

Ҳар кас нигоҳ дошт, гурезанд ҷинниён!»

РАСИДАНИ ШЕР

Шер аз камин баромаду омад, ба карк гуфт:

– «Ай шохношикаста4, бикаш пой аз миён!

Бо ҳар кӣ монда шох ба шох истодаӣ,

Азбаски дар канори биёбон шудӣ калон.

Ай сахтрӯйи сустқадам, чобукӣ макун,

Ҳастӣ ту пеш як қадам аз гови подабон.

Тифлонат аз забони ту парҳез мекунанд,

Бошӣ ту дар миёнаи ин қавм бадзабон...

Аҷдоди ман ба шери Худо даст додаанд,

Аз чанги ман вагарна кӣ меёфтӣ амон?

Ҳаргиз шикории дигареро нахӯрдаам,

Як раҳ ба хуни мурда наёлудаам даҳон.

Дар бешае, ки мераваму мекунам қарор,

Берун зи қаҳтсол шаванд аҳли он макон.

1 Бузругтар – бузургтар.

2 Карк – ҳайвонест аз оилаи ширхӯрҳо, ки дар назди бинӣ 1-2 шох дорад.

3 Эътимод – бовар.

4 Шохношикаста – худсар, мағрур, саркаш.

Бо ҳар кӣ бингарам, ҷигараш об мешавад,

Аз мӯр камтаранд ба чашмам баҳодурон!»

РАСИДАНИ МӮРЧА

Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар,

Омад ба шеру гуфт, ки - «Ай Рустами замон!

Аз иттифоқи мӯрчагон ғофилӣ магар,

В-арна, чаро ҳақир шумориву нотавон?

Хӯроки аҳли байти ман аст аз нитоҷи1 ту,

Доим пур аст хонаам аз шербаччагон.

Тифлони ширмасти ман имрӯз шергир,

Хешони нотавони мананд аз ту комрон.

Мӯре шунидаӣ, ки Сулаймони вақтро

Бар аҳди худ ба рони малах карда меҳмон?

Ин рутба2 шуд муяссари ӯ аз шикастагӣ3,

В-арна, чӣ ҳадди мӯрчаву лашкари гарон?»

Чун аз забони мӯрча ин ҳарф шуд баланд,

Таслим карда-карда расиданд ваҳшиён...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Мазмуни «Баҳориёт»-ро мухтасар нақл кунед.

2. Дар симои ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ киҳо дар назар дошта шудаанд?

3. Мунозараи мӯрча ва шерро шарҳ диҳед.

4. Аз гуфтаҳои мӯрча чӣ хулоса бармеояд?

5. «Расидани мӯрча»-ро аз бар кунед.