Насри ривоятӣ

Наср каломи ғайриманзум буда, як навъи асари адабӣ-ҳунарӣ ба шумор меравад. Ин навъи асари адабии бевазну қофия аз ҷониби шахсони таълимгирифта ва соҳиби завқу дониш гуфта мешавад. Шахсе, ки худ асари мансур меофарад, нависанда ва эҷодкор аст. Ҳамин гуна як ҷо бо қаламкашони асарҳои манзум ва саҳнавӣ ганҷинаи бузурги маънавӣ ва донишро ба вуҷуд меоранд, ки адабиёти бадеӣ эҷод мешавад. Дар байни мардум нақл, қисса, афсона, латифа, тарона ва ғайра аз замонҳои қадим мавҷуданд, ки онҳоро шахсони соҳибзавқ, яъне ровиёну ноқилон гуфтаанд ва боз дар тули асрҳо бо сухану фикру хоҳиши мардум сайқал ёфтаанд. Ин хазинаи бузурги маданиро эҷодиёти шифоҳии даҳонии мардум (фолклор) меноманд. Адабиёти бадеӣ дар асоси фолклор ба вуҷуд омадааст ва ҳамеша аз ин хазинаи маънавӣ истифода менамояд.

Қадимтарин осори манзум, ки ба забони порсии дарӣ ба вуҷуд омада буд, ба асри VIII тааллуқ дорад. Дар ин давра дар корномаҳои ҳокимону паҳлавонони афсонавӣ ва воқеаҳои таърихию саргузаштии ниёгони қавмҳои эронинажод шоҳномаҳо ва достонҳои қаҳрамонӣ таълиф шуда буданд. Беҳтарин намунаи насри порсии дарӣ, ки аз асри Х то рӯзгори мо боқӣ мондааст, муқаддимаи «Шоҳномаи Абумансурӣ» аст, ки соли 958 бо супориши сипаҳсолори Хуросон – Абумансур Муҳаммад Абдурраззоқ мураттаб гардида буд.

Яке аз навъҳои адабиёти шифоҳӣ насри ривоятӣ мебошад, ки китобҳои «Доробнома», «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Тӯтинома» ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Хусусияти ин навъи наср дар он аст, ки мусаннифони он барои ба як тарзи мураттаб ба хонанда пешниҳод намудани маҷмуи ҳикояҳо ривоят ё ҳикояеро интихоб карда, ҳикояҳои дигарро ба воситае ба ҳикояи васила мепайванданд. Ҳадафи асосӣ дар ин маврид ҳамон ҳикояҳои дохилӣ буда, ҳикояи васила чун воситаи ёрирасон хидмат мекунад. Ҳар як асари ривоятӣ вазифаи муайяни ғоявиро адо менамуд. Мусаннифону ровиёни ин гуна асарҳо мекӯшиданд, ки ба воситаи ҳикояҳои овардаашон беҳтарин хислатҳои инсониро тарғиб намуда, рафтору кирдори одамони зиштро фош кунанд. Дар бештари асарҳои ривоятӣ сухан аз рафтору кирдор ва амалиёти подшоҳону вазирон меравад.

Мазмуни баъзе ҳикояҳои асарҳои ривоятӣ ба он далолат мекунад, ки шоҳон қудрату тавоноии давлатро дар адлу инсоф донанд, ба қадри ходимони илму маърифат бирасанд, шахсони оқилу доно ва поксириштро ба мансабҳои давлатӣ ҷалб намоянд, дар ҳалли муҳимтарин корҳои давлатӣ бо аҳли илму маърифат машварат кунанд, дар атрофи худ мардуми бахилу кӯтоҳандешро роҳ надиҳанд ва ғайра.

Ҳикояҳои «Разми Бӯрондухт бо Искандар», «Хиёнати аъробӣ» ва «Калимоти кохи Афредун», ки аз асарҳои «Доробнома», «Ҳазору як шаб» ва «Синдбоднома» оварда мешаванд, намунаи беҳтарини насри ривоятиянд.