«То ҷавонӣ, коре бикун»

Марде нодону гумроҳ дар роҳи мардум хор кишт мекард, яъне бо мардум некӣ намекард. Ӯ доим мояи озору азоби роҳгузарон мешуд. Мардум назди қозӣ аз ӯ шикоят карданд. Қозӣ ба он мард дастур дод, ки хорҳоро аз реша барканад ва барои мардум мушкил эҷод накунад. Аммо он марди нодон ҳама вақт корро ба фардо ҳавола мекард ва аз иҷрои супориш танбалӣ мекард:

Чун ба ҷид ҳоким бад-ӯ гуфт: Ин бикан,

Гуфт: – Оре, барканам рӯзеш ман.

Муддате фардову фардо ваъда дод,

Шуд дарахти хори ӯ муҳкамниҳод.

Натиҷаи ин амали носавоб ин буд, ки он мард рӯз ба рӯз пир мешуд ва хорҳои коштаи ӯ устувортару бештар мешуданд. Мард камқуввату хирачашм мешуд, ки дигар аз уҳдаи иҷрои амри қозӣ баромада натавонист. Ин ҳамин маъниро дорад, ки инсон набояд кори имрӯзаро ба фардо гузорад ва аз тарафи дигар:

Ту, ки мегӯйӣ, ки фардо, ин бидон,

Ки ба ҳар рӯзе, ки меояд замон,

Он дарахти бад ҷавонтар мешавад,

В-ин кананда пиру музтар мешавад.

Ин ҳамин маъниро дорад, ки сифатҳои разила дар ботини инсон мисли хор ҳастанд, ки агар онҳоро рафъ накунӣ, рӯз ба рӯз афзоиш мекунанд. Тадриҷан баркандани он душвору мушкил мешавад, зеро инсоне, ки онро дар ботини худ нигоҳ медорад, ӯ низ рӯз то рӯз тағйир меёбад, калонсол мешавад. Чун хислатҳои бади хормонанди ӯ мисли одати ҳамарӯзаашон решаҳои худро мустаҳкам мекунанд, бояд онҳоро ҳатто ба рӯзи дигар намонд. Баробари мушоҳида шудан, дидану пай бурдан аз мавҷудияти онҳо, ҳатман сари вақт онҳоро решакан бояд кард. Агар ғафлат карда шавад, дигар нест кардани онҳо даст намедиҳад. Ин ҳамин маъниро ҳам дорад, ки кори имрӯзаро ба фардо набояд гузошт, зеро фардо боз кори худро дорад. Шарҳи худи шоир, ки пас аз ҳикояҳои рамзӣ оварда мешавад, хеле ҷолиб аст. Чунончи, шоир ҳикояи болоро чунин шарҳ медиҳад:

Хорбун дон ҳар яке хӯйи бадат,

Борҳо дар пой хор охир задат.

Борҳо дар хӯйи худ хаста шудӣ,

Ҳис надорӣ, сахт беҳис омадӣ.

Ё табар баргиру мардона бизан,

Ту Аливор ин дари Хайбар бикан.

Ё ба гулбун васл кун ин хорро,

Васл кун бо нор нури ёрро.

То ки нури ӯ кушад нори туро,

Васли ӯ гулшан кунад хори туро.

Ҳину ҳин, эй роҳрав, бегоҳ шуд,

Офтоби умр сӯйи чоҳ шуд.

Ин ду рӯзакро, ки зӯрат ҳаст, зуд

Пирафшонӣ бикун аз роҳи ҷуд.

Ҳин, магӯ фардо, ки фардоҳо гузашт,

То ба куллӣ нагзарад айёми кашт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Корномаи марди гумроҳро шарҳ диҳед.

2. Он мард чаро супориши қозиро иҷро намекард?

3. Мурод аз хор киштан чист?

4. Пораҳои шеъриро аз ёд кунед.