Абдурраҳмони Ҷомӣ 7-уми ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Ҳангоме ки Ҷомӣ 11-сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меояд. То ин дам Абдурраҳмони Ҷомӣ дар назди падараш – Низомуддин Аҳмад саводи комил бароварда, инчунин забони арабиро то андозае азхуд карда буд. Баъд аз ин Абдурраҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи «Низомия» таҳсили илмро давом медиҳад. Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро, ақли расо ва одати аҷибе дошт. Ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари кунҷковӣ нигоҳ мекард. Фаъолияти эҷодии Ҷомӣ барвақт сар шуда буд. Аз овони ҷавонӣ ӯ на танҳо дар ватани худаш, балки дар бисёр мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна эҳтиром пайдо мекунад.
Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар Ҳирот фавтидааст. Аз ӯ асарҳои бисёри манзуму мансур мерос мондаанд. Таърихнависони Шарқ ва Осиёи Миёна асарҳои ӯро аз 34 то 99-то шумурдаанд. Калонтарин асарҳои ӯ «Баҳористон», китоби «Ҳафт авранг», ки аз ҳафт достони манзум иборат аст ва «Девони Ҷомӣ» – маҷмуаи ғазалиёт мебошанд.