Шаҳри азизам

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,

Наравад ишқи ту дур аз сари ман.

Ман зи айёми ҷавонӣ ба барат

Ёфтам нашъунамо чун писарат.

Сайр кардам ба гулу гулзорат,

Лолаҳо чидаам аз куҳсорат.

Дасту рӯ шуста ба оби дарё,

Тохтам шодикунон бар саҳро.

Ҳар замон боди сабо бегила,

Менамуд аз сару рӯям сила.

Ту ба оғӯши худат чандин сол

Парвариш кардӣ маро ҳамчу ниҳол.

Пас дари илм ба ман бикшодӣ,

Ақлу идроку заковат додӣ.

Чу ба ҳуснат ту диламро бурдӣ,

Меҳр бастам ба ту ман аз хурдӣ.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,

Ҳар нафас ёди ту болу пари ман.

Буд гарчанд табиат ба пинак,

Лек зад барги сафедор чапак.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,

Шафақи толеи ман, ахтари ман.

Субҳ чун пардаи шаб боло кард,

Чеҳраи софи туро зебо кард.

Буд ҳангоми гули шафтолу,

Беқарор ин дили ман чун моку.

Рафтам он рӯз ба сад завқу виқор

Бори аввал ба сари меҳнату кор.

Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман,

Гулшани тозаи номовари ман.

* * *

Дар шаби равшани айёми баҳор

Буд чашмам ба раҳи ҷонон чор.

Зери по пур зи алафҳои кабуд,

Оби анҳор ҳамехонд суруд...

Гар расад шарфаи пое аз роҳ,

Менамудам ба ҳамон сӯй нигоҳ.

Дил ба сад кӯчаву чашмам як сӯ

Дар раҳаш буду бинам аз паҳлу,

Омадаст... аз ҳаяҷон сурх шудам,

Аҷабо, ман ба чӣ ҳолат будам!

Зеб дода ба қадду андомаш

Куртаи ранги гули бодомаш.

Аввалин дафъа дар он шаб ба ҳаёт

Бӯса кардам зи лаби ҳамчу набот.

* * *

Ту маро мебарӣ бо роҳи сафед,

Бесабаб не, ҳама дунё баумед.

Баски додӣ ту ба ман авҷу камол

Ҳам гули бахту ҳаме истиқбол.

Ман аз они туву ту з-они манӣ,

Ҳадя бар роҳи ту ин ҷони манӣ!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Шеърро қисм-қисм ҷудо намуда, ифоданок қироат намоед.

2. Мазмуни ҳар қисмро алоҳида маънидод кунед.

3. Шоир дар ин шеър ба чӣ даъват кардааст?

4. Байти

«Ман аз они туву ту з-они манӣ,

Ҳадя бар роҳи ту ин ҷони манӣ!» чӣ маънӣ дорад?

5. Дар шеър кадом мисраъ такрор шудааст?

6. Дар ин мисраъ шоир шаҳрашро ба чӣ ташбеҳ кардааст?

7. Боз кадом санъатҳои бадеӣ дар шеър истифода шудаанд?

8. Мазмуни яклухти шеърро ба шакли нақл ба дафтар нависед.

Ҳурмати мӯйи сафедаш

Ба нураш гарчи ин хуршеди Ховар

Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,

Намегардад валекин он баробар

Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар!

Фақат модар ба ҳар гармову сармо

Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо

Накарда мижжа таҳ, биншаста шабҳо,

Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.

Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,

Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.

Агар хоре халад бар пойи фарзанд,

Дили модар шавад ғамгин муқаррар...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Шеърро ба тарзи мушоира ба навбат қироат намоед.

2. Дар банди аввали шеър қудрати модар чӣ тавр тавсиф шудааст?

3. Дар банди дуюм шоир фарзандро ба чӣ ташбеҳ кардааст?

4. Дар банди сеюм модар фарзандро чӣ хондааст?

5. Шеърро аз бар кунед.