Убайди Зоконӣ

Гузаштагони Убайди Зоконӣ аз Арабистон ба Эрон кӯчида, дар Зокони Қазвин сукунат ихтиёр намуданд. Убайд соли 1270 дар хонадони вазири собиқ ба дунё омадааст. Ӯ таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш – Зокон гирифта, баъдан дар мадрасаҳои шаҳри Бағдод таҳсил намудааст. Вале бесомониҳои ҳаёти замони феодалӣ боиси дар муҳтоҷӣ зиндагӣ кардани Убайди Зоконӣ гаштаанд. Ин ҳақиқатро дар ашъори дорои мазмуни тарҷумаиҳолии ӯ дучор меоем:

Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест,

Ҷуз бодею пораи намад чизе нест.

Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо

В-аз ҳар чӣ хуранд, ҷуз лагад чизе нест...

Ӯ соли 1370 аз олам чашм пӯшидааст. Убайди Зоконӣ нависандаи шӯхтабъ аст. Ҳаҷв равияи хосси эҷодиёти ӯ шинохта шудааст. Асарҳои ӯ дар шакли назм ва наср таълиф шудаанд. Мероси адабии Зокониро «Наводир-ул-амсол», рисолаҳои «Ахлоқ-ул-ашроф», «Сад панд», «Даҳ фасл», «Дилкушо», «Ришнома», достонҳои «Ушшоқнома», «Мушу гурба», «Фолномаи буруҷ», «Фолномаи вуҳуш ва туюр», қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, тарҷеъбанд ва осори дар шаклҳои хурди манзум таълифнамудааш ташкил медиҳанд.

Мазмуни асосии эҷодиёти ӯ аз танқиди ақидаҳои куҳнашуда, афкори зиддихалқии замона, ҷаҳолатпарастӣ, кирдори ношоиставу баъзе урфу одатҳои мардум, эътирози зидди хонахаробии заҳматкашон аз ҷангҳои доимии дохилии ҷоҳталабон, тарғиби ақидаҳои ҳаётдӯстӣ, муҳаббати поки инсонӣ иборат аст. «Рисолаи дилкушо» асари мансур буда, ба забони форсӣ ва арабӣ таълиф ёфтааст. Он аз ҳикоятҳои хурд сурат гирифта, латифаҳои халқиро ба ёд меорад. Услуби нависанда, агарчи ҳазлу мутоиба аст, мазмуни ҷиддии танқидӣ дорад. Инро худи муаллиф ҳам ишора намудааст:

Ба мазоҳат нагуфтам ин гуфтор,

Ҳазл бигзору ҷид аз ӯ бардор!