Таҷнис

«Таҷнис» калимаи арабист, маънои луғавияш «ҳамҷинс кардан» мебошад. Дар илми бадеи классикӣ яке аз санъатҳои маънавӣ ва лафзиро гӯянд. Шарти асосии ин санъат он аст, ки шоир ё нависанда дар осори худ калимаҳоеро ба кор мебарад, ки аз ҷиҳати шаклу талаффуз монанд ё яксонанд, аммо аз ҷиҳати маъно гуногун.

1 Нитоҷ – насл, зот.

2 Рутба – мартаба, унвон, мақом.

3 Шикастагӣ – ба маънии хоксорӣ, фурӯтанӣ.

Мисол:

Тори зулфатро ҷудо машшота1 гар аз шона кард,

Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард.

Хусрав

Чӣ тавре ки мебинед, дар байти боло калимаи «шона» ба ду маъно омадааст. Дар мисраи аввал «шона» ба маънои асбоби зинати мӯй, аммо дар мисраи дуюм ба маънои китф истифода шудааст. Дар илми забоншиносӣ таҷнисро «омоним» мегӯянд.

Таҷнис аз ҷумлаи санъатҳои бадеист, ки ҳам ба гурӯҳи санъатҳои маънавӣ ва ҳам ба гурӯҳи санъатҳои лафзӣ дохил мешавад. Агар дар миёни рукнҳои таҷнис, яъне калимаҳои ҳамҷинс муносибати маъноӣ мушоҳида шавад, онро таҷниси маънавӣ меноманд.

Мисол:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Дар таҷниси лафзӣ фақат муносибати лафзии рукнҳои таҷнис, яъне калимаҳои таҷнис мешаванду бас.

1 Машшота – зани махсуси мӯйбоф ва ородиҳандаи духтарону наварусон.