Мурод ва номуродӣ

Дертар Вирканро мастии ҷавонӣ ва ғурури паҳлавонӣ ба васвасаи зӯрозмойӣ бо паҳлавони Суғд андохт. Ба ин вайро ёру ҷӯраҳояш ҳам якзайл тарғиб мекарданд: «Ту бо ин китфу ёл, бо ин зӯри паҳлавонӣ, ки дорӣ, ғолиб мебароӣ. Нахустпаҳлавонӣ ҳаққи туст». Ҳатто мегуфтанд, ки агар вай аз хариди лавозимоти набард – сипар, кулоҳу ҷавшан андеша дошта бошад, онҳо тайёранд ин чизҳоро худашон шарикона барояш бихаранд. Виркан ҷазм кард.

Расми суғдиён буд, ки ҳар сол рӯзи якуми моҳи Навсард, ки сари соли суғдӣ Наврӯз буд ва оғози тобистон ҳисоб меёфт, нахустпаҳлавони Суғд муқаррар мегардид, бо ин тариқ, ки он рӯз барои паҳлавон суфраи таому шароб густарда мешуд, ҳар ки аз он таому шароб хӯраду нӯшад, бо ҳамин худро рақиби паҳлавон эълон карда, ӯро ба майдони мубориза мехонд. Агар дар майдон бар вай ғолиб ояд, худаш паҳлавони якуми Суғд мешуд. Мағлуб ба дасти ғолиб кушта мегардид.

Боре Виркан аз бозори Самарқанд ба Ревдод баргашта, уштурони аз бори ангишт холишударо дар дашт раҳо карду ба хонаашон омада, падарашро дар боғчаашон машғули токбурӣ ёфт. Дуяшон дар лаби ҷӯй барои дамгирӣ нишастанд.

Виркан гуфт:

– Падар, Наврӯз наздик аст.

– Наздик, - тасдиқ кард пирамард ва пурсид:

– Чаро ту ёди Наврӯз кардӣ?

– Ман бо Ёдхишетак набард кардан мехоҳам. Ёдхишетак номи паҳлавони Суғд буд. Ревахшиён ҳайрон шуд, бо диққат ба писараш нигаристу гуфт:

– Туро чӣ шуд? Магар дар кони ангишт бо шимну(иблис) дучор шудӣ ва ӯ туро гумроҳ кард?

– Не, падар, шимнуро ман надидам. Даме ки ин хаёл дар ман пайдо шуд, дилам бо худоёни бузургамон Зарвон, Бағ, Митра буд, ин хаёлро ба дили ман онҳо андохтанд.

– Охир ба Ёдхишетак агар даст наёбӣ, кушта хоҳӣ шуд! Чӣ, магар аз ҷонат сер шудӣ?

– Хоҳу нохоҳ рӯзе ҷон маро тарк мекунад, пас, чӣ фарқ дорад, ки андак пештар ё андак дертар? Аммо, агар худоён маро мададгор шаванду бар паҳлавони Суғд даст ёбам, ҳаройина сарфарозӣ ёфтаам.

– Ба занат гуфтӣ?

– Ҳанӯз не. Вай, албатта, розӣ намешавад, мешӯрад. Келинат даст задани маро ба ҳеҷ як коре, ки андак хатаре дар вай бошад, намехоҳад.

– Зеро ҳар хатаре, ки ба сари ту ояд, ба сари вай ва фарзанди ояндаи шумоён ҳам омадааст.

– Агар ту маро манъ накунӣ, ман ба Наниманча мегӯям, ки падарам ин корро раво донист ва иҷозатам дод. Ревахшиён ба сукут рафт ва сипас гуфт:

– Ман туро аз оқибати ин кор огоҳ кардам. Ту кӯдак нестӣ, марди рашид (далер) ва хушмандӣ, худат хуб бияндеш. Аммо, агар ба набарди Ёдхишетак ҷазм кунӣ, аввал ба вағн (парастишгоҳ) бирав, назр бикун, аз мағупат (муғи калон) дуо бигир.

Худи Ревахшиён, бе он ки аввал ба парастишгоҳ бираваду аз пешвоёни мазҳаб дуо бигирад, ба ҳеҷ кори муҳим ибтидо намекард, марди солеҳ ва тақводоре буд. Дар ризояти ӯ ба набарди писараш бо паҳлавони Суғд низ сухани Виркан, ки гуфт, ин хаёлро худоён ба дили вай андохтаанд, бетаъсир набуд.

Дар ду хонаи айвон дар миёна Виркан бо занаш ва модарарусаш мезистанд. Ревахшиён рахти пирии худро ба қазноқ кашида буд, қазноқро аз лақулуқ холӣ ва андова карда буданд. Бо пайдо шудани ду зан рӯзгори хона, зисту зиндагӣ дар вай низом гирифт. Даруну берун доим рӯфтаву чида, хонаҳо озода, ҳар рӯз дар сари вақт оташдон гарм ва дег ҷӯшон, пӯшокҳо покиза. Ин ҳама аз кӯшишу ғайрати кадбонуи ҷавон ва модари ӯ буд. Аҳли хонавода бо ҳам меҳрубон буданд. Наниманча зани маҳбуба буд ва худаш ҳам шавҳарашро аз ҷон дӯсттар медошт. Гӯё саодат бо саломат ҳамъинон буд. Фақат як чиз ҳамчун пораи абре дар рӯзи равшани офтобӣ соягустари хотир шуда буд: тарси муҳтоҷӣ. Аз ду уштур яке барои тӯйи арусӣ ба фурӯш рафт ва нисфи пасандози ангиштфурӯшӣ ҳам харҷ шуд (нисфи дигари онро Виркан ба рӯзи мабодо нигоҳ медошт). Ҳосили ним ҷуфт замин ва ҳамин миқдор боғ то нимаи зимистон ҳам намерасид. Ангишткашӣ бо як уштур суди казоӣ надошт. Виркан ин шуғлро тарк кард; шикор ҳам камтар (зеро ба ҷойи падари пиргашта хоҳу нохоҳ дар замину боғ кор кардан лозим буд) ва аммо хароҷоти оила бештар шуда буд. Дасти беамони муҳтоҷӣ, нодорӣ дари ин хонаро мекӯфт.

Мақсади ниҳонии Виркан аз набарди паҳлавони Суғд рафъи ҳамин муҳтоҷӣ буд. Зафар бар Ёдхишетак ӯро паҳлавони лашкари подшоҳ хоҳад кард ва ин мансаб ба вай ном, иззат, дороӣ хоҳад овард.

Виркан ба Наниманча, ки нияти пурхатари шавҳарашро ҳеҷ намеписандид, ба таври нимҳазлу нимҷиддӣ манзараи ҳаёти бо ҷоҳу ҷалолеро тасвир мекард:

– Ту ҳариру дебо хоҳӣ пӯшид, барракабоб бо шароби ноб хоҳӣ хӯрд. Ба меҳмонӣ равӣ, ба ҷашнҳо ё ба дарбори подшоҳ равӣ, ё ки ба гармоба равӣ, дар тахти равон хоҳӣ рафт, бо ғуломону канизон хоҳӣ рафт. Дар кӯчаҳо мардумон тахти равони туро аз дур дида, хоҳанд гуфт: «Ана Наниманчабону, зани нахустпаҳлавони Суғд, ба дарбор ё ба ҷашн, ё ба гармоба равон аст».

Не, Наниманча ба ин афсонаву афсун фирефта намешуд.

– Магӯ, Виркан! - ҷавоб медод ӯ. - Ман хоҳони ҳариру дебо нестам, кабобу шароб ҳам дар гӯр шавад; ман бо ту ба нони ҷавину оби ҷӯш серам. Зорӣ мекунам, азизам, аз ин хаёлоти хом даргузар ва худатро, маро, фарзанди ояндаамонро дар хатар наандоз.

Виркан аз изҳори нияти худ ба занаш пушаймон шуд.

«Чаро гуфтам? – надомат мекард ӯ. – Гуфтан лозим набуд. Зан аз чор девори ҳавлӣ берунро намебинад, аз кори дунё бехабар аст, дили мардро намедонад. Лекин ман, – мегуфт ӯ ба худ, – ман мардам, набояд бо гапи зан аз нияте, ки худоён ба дилам андохтанд, баргардам».

Боре вай ба Самарқанд рафта, аз он ҷо бо сипар, ҷавшан ва кулоҳи мисин баргашт. Маълум шуд, ки уштурро фурӯхта, ба пули он пасандози ангиштфурӯширо зам карда, ин анҷомро харидааст.

Наниманча аз зорию илтиҷои беҳудааш маъюс шуд, гирист. Аммо акнун ӯро ба ҷуз тан ба қазо додану дуои ҷони шавҳарашро кардан ва ҳаросону ларзон оқибати корро нигарон шудан чора набуд.

Ризояти падар ҳосил шуда буд, акнун Виркани зардуштимазҳаб бузғолаеро барои назр кашола карда, пайи ривояти худоён ба оташкадаи Самарқанд рафт.

Чун аз дарвозаи баландтоқ вориди саҳни васеи парастишгоҳ шуд, дид, ки мағупати сафедриши мӯйдароз ва сарупобараҳна пеши оташхонаи тиллокорӣ дар айвони дарози мунаққаш ва мусаввар, ки бар ҳашт сутуни кандакории нафис қарор гирифта буд, нишастааст. Вай донандаи китоби муқаддаси «Авасто» ва нигоҳдорандаи оташи абадӣ буд. Ба эътиқоди зардуштиёни оташпарасти Суғд он оташро ҳазор сол пеш писари Сиёвуш барафрӯхта будааст, онҳо дар қатори худоёни бисёр Сиёвушро ҳам мепарастиданд ва рӯзи марги ӯро, ки дар моҳи ҳафтуми суғдӣ воқеъ шуда будааст, мотам гирифта, сиёҳ пӯшида, побараҳнаву гирён ва синазанон мегаштанд.

Мағупат нишаста буду китоби дуоҳои зардуштӣ «Офарингор»-и дар варақҳои чарми ҳайвонот навишташударо мехонд. Виркан бузғоларо ба муғбачаи хидматгор супурд ва мӯкияшро кашида побараҳна ба айвон баромаду аввал сӯйи оташхона саҷда кард ва сипас назди мағупат зону зада, дасти ӯро гирифта, бӯсиду гуфт:

– Эй донои доноён, донандаи ошкору ниҳон, воқифи асрори замину осмон, барои ман аз худоён неру бихоҳ, ки нияти набард кардан дорам.

Мағупат пурсид:

– Ту кистӣ?

– Виркан, писари Ревахшиёни Ревдодӣ.

– Магар туро душмане пеш омадааст?

– Не, бо Ёдхишетак – паҳлавони Суғд набард мекунам. Мағупат чашмони хираи мижгонрехтаашро калонтар кушода, ба андоми гӯянда нигарист, лекин дар вай чандон нишони паҳлавонӣ надид: на китфу бозуи сутург, на синаи чун сипар дамида, на гардани ғафси пуррагупай. Виркан ҷавонмарде қадаш аз миёна болотар, шонафарохи миёнборик ва хушпайкар буд. Фақат дастҳояш, панҷаҳои дурушти шахшӯлаш, ки ҳоло ба рӯйи зонувони ӯ ёзида буданд, аз нерумандии ӯ хабаре медод; чунин менамуд, ки он панҷаҳо ниҳоят сахтчанголанд ва ҳар чиро қапанд, чун анбури оҳанин меқапанд.

Ва инчунин нигоҳи ҷасуронаи чашмони калони мешии ӯ як навъ гувоҳи шуҷоати ниҳонияш буд.

– Агар ба Ёдхишетак даст ёбам, ба вағн ду сар гӯсфанд бахшиш меорам, – гуфт боз Виркан.

Мағупат бо овози хиррӣ дуое аз дуоҳои зардуштиро хонда, ба ҷавонпаҳлавони номҷӯй дар набарди хатарноки ӯ зафар талабид.

– Эй подшоҳи худоён, Зарвон, аё Митра, аё Бағ, шумоёнро мепарастам; бандаи худатон Виркани Ревахшиёнро мададгор бошед, бар неруи тану ҷонаш бияфзоед ва дар разму набардҳо забардасташ кунед...

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Ҳаваси нахустпаҳлавонии Суғд шудан дар дили Виркан чӣ

гуна пайдо шуд?

2. Ревахшиён ба Виркан чӣ маслиҳат дод?

3. Наниманча ба азму нияти Виркан чӣ ҷавоб дод?

4. Ҷашни Наврӯз ва разми нахустпаҳлавонҳоро тавсиф намоед.

5. Виркан аз кӣ дуо гирифт?

Дар Суғд ҳеҷ яке аз маросимҳои бисёри суғдиён бо чунин фарохӣ, шукӯҳ ва хуррамии тамоми халқ ҷашн гирифта намешуд, чунон ки Наврӯз гирифта мешуд. Марду занҳо, бачаҳо либосҳои рангоранги идона пӯшида, ба сайри саҳроҳо, боғу Бустонҳо мебаромаданд ва ба шарафи вуруди тобистони файзбор таронаҳо мехонданд, бозиҳои гуногун барпо менамуданд. Меҳмондориҳо, зиёфатҳои ҳамдигарӣ авҷ мегирифтанд.

Ин ҷашн аз ҳама бошукӯҳтару хуррамтар дар сайргоҳи беруни шаҳр баргузор мешуд: дар он ҷо созанда ва сарояндагон, гӯяндагон, раққосон, шуъбадабозон издиҳоми халқро дилхуш мекарданд. Ҷавонон гӯштингирӣ, чавгонбозӣ мекарданд, пойга метохтанд.

Дар сояи садаи калон, рӯйи тахтасуфаи баланд барои нахустпаҳлавони Суғд хони алвон густурда, дар лаълии биринҷӣ нон, гӯшти пухта, кӯзаи шароб гузошта шуда буд. Дар сари хон касе набуд, худи паҳлавон дар як канори сайргоҳ бо саворони ишхид (лақаби подшоҳони суғд) саргарми чавгонбозӣ буд.

Саворе ҷомаи абрешимини сабзу гулобӣ дар бар ва камарбанди нуқра дар камар, аспи саманди қашқаашро тунд ронда омаду дар пеши тахтасуфа пиёда шуд. Аспро набаст, ҷилавашро раҳо кард: ҷонварро ба набаста истодан дар наздикии соҳибаш аз аввал одат кунонда буд.

Аҳли ҷашн Виркани Ревдодиро, ки дар маъракаҳо як бору ду бор дида буданд, шинохтанд ва зуд бар вай гирд омаданд, зеро пай бурда буданд, ки пиёда шудани ӯ дар наздики хони зиёфати паҳлавони Суғд бесабаб нест. Виркан даст дар сина ниҳода, ба гирду пеш сӯйи марду занҳо салом кард ва ба болои тахтасуфа баромада нишасту аввал аз кӯза ба ҷоми калони сафолин шаробро пур рехта, покиза дам кашид ва сипас нон ва гӯштро бо луқмаҳои калон-калон хӯрдан гирифт. Табъаш чоқ, чеҳрааш хандон буд. Аз издиҳоми мардумон ғалоғула, нидоҳои таҳсину тасанно баланд шуданд:

– Офарин, Виркани далер!

– Ҳамоварди Ёдхишетак танҳо туӣ...

– Ту ӯро мағлуб мекунӣ!...

– Худоён паҳлавонии Суғдро ба ту фармудаанд!...

Инак, дар майдони машқи сарбозон Ёдхишетакпаҳлавони паҳлавонон ва Виркани ҷӯяндаи ин номи фохира аз ду ҷониб баромаданду шутурмурғвор ҷаҳида-ҷаҳида, дастҳояшонро чун боли уқоб афшонда-афшонда ба истиқболи якдигар равон шуданд.

Дар миёнҷои майдон ба якдигар расида, ду даст ба ду даст гирифтанду як-як китф ба китф расонда, вохӯрӣ карданд. Ҳар ду то миён луч, мӯйи сари ҳар ду то буни гардан фуромада ва бо чанбараки нафиси симин баста. Ёдхишетак бузургпайкар, сари синаву китфони тавонояш пурмӯй, қадаш аз ҳариф ним сар баландтар.

Виркан нисбат ба ӯ борик, мушакҳои бозувонаш ва ду паҳлуяш арғамчинвор печида ва ҷаста.

Дар гирдогирди майдон тамошобинон мардумони шаҳр, сарбозон, аъёну ашроф, дарбориёни ишхид ҳалқа задаанд. Дар ҷойи баланд ишхиди зарринкулоҳу камар, риши кӯтоҳу сиёҳи наълшаклаш ба гирди чеҳрааш аз чакка нимҳалқазада, дар иҳотаи дарбориёни худ бар тахт нишаста буд. Офтоби пагоҳонӣ тобон, карнайҳо, таблу нағораҳо пурсадо.

Паҳлавонон гарми гӯштингирӣ. Гоҳ аз дӯшу миёни якдигар гирифта фурсате оромона алвонҷ мехӯранд ва гоҳе тундутез гардида, ҳамдигарро бардошта заданӣ мешаванд. Зӯр ба тарафи Ёдхишетак буд. Вай ҳарифро бо вазни филонаи худ пахш карданӣ мешуд ё ки сабук ба дӯш, ба паҳлу, ба болои сар мебардошту меандохт, лекин Виркани чобук ҳар бор ба по меафтод ва намеғалтид, балки худи паҳлавонро зер карданӣ мешуд. Вай ҳам се бор поҳои Ёдхишетакро аз замин канда, бо тамоми қувваташ ӯро чаппагардон карданӣ шуд, лекин поҳои оҳанини Ёдхишетак ҳеҷ хам намешуданд ва ҳар бор сутун шуда соҳибашонро аз ғалтидан нигоҳ медоштанд, устувор ва қавӣ буданд.

Ҳар дам ҳаёҳу ва ғулғулаи тамошобинон бонги таблу карнайҳоро пахш мекард.

Паҳлавонон қариб ду соат гӯштӣ гирифтанд, аммо зафар ба ҳеҷ тараф даст надод.

Он гоҳ ишхид амр кард, ки бас кунанд ва баъд аз пешин савора гӯштӣ гиранд.

Аммо гӯштингирии савора ҳам, бо вуҷуде ки хеле тул кашид, натиҷа надод, саворон якдигарро аз зин канда наметавонистанд. Ишхид дилтанг шуда, маъракаро барбаст ва фармуд, ки паҳлавонон рӯзи дигар бо найза набард кунанд.

Дар бозгашт ба шаҳр Ёдхишетак дар ақиби ишхид бо ҳамроҳии саворони вай мерафт. Ишхид дар нисфи роҳ ӯро ба назди худ хонд. Ёдхишетак шитобон рафта дар наздики вай аз асп фуромаданӣ шуд (дар пешгоҳи подшоҳ, савора ҳозир шудан мамнуъ буд), лекин ишхид ишора кард иҷозат дод, ки савора ояд. Паҳлавон чанде дар паҳлуи вай асп ронд. Ишхид пурсид:

– Ҳарифатро чӣ гуна ёфтӣ?

– Ҳарифи шоистаест, шоҳам, – ҷавоб дод Ёдхишетак. – Ба неру шерро монад, ба тезчангӣ палангро ва ба чобукӣ гурбаро.

– Ту аз ӯ бим дорӣ?

– Не, шоҳам, ғуломи шоҳам умедвор аст, ки бо мадади Худо ва меҳрубонии шоҳи бузург фардо бар вай зафар ёбад.

– Аммо чунин умедро ӯ ҳам дорад.

– Оре, лекин ғуломи шоҳам гумон намекунад, ки умеди Виркан бо дилпурӣ бошад.

– Пас, ту бо дили пур умедворӣ?

– Охир, ғуломи шоҳам бо мадади худоён ва меҳрубонии шоҳи бузург дар се соли гузашта се навбат бар рақибон зафар ёфт, пас, чаро бо дилпурӣ умедвор набошад, ки ин навбат ҳам худоён ва шоҳи бузург ба вай меҳрубон ва мададгор хоҳанд буд?

– Мо хоҳони зафари туем, аммо... ҳайф аст, ки ҷавонпаҳлавоне чун Виркан кушта гардад.

– Савганд ба Заврони бузург, ки инро ғуломи шоҳам низ намехоҳад ва агар шоҳи бузург нафармояд, ғуломи шоҳам ӯро намекушад, аммо ғуломи шоҳам чӣ кунад, ки ин расмро пешиниён ниҳодаанд...

Оре, паҳлавони номдори найзаву шамшеру каманду камон Ёдхишетак аз зафар ёфтани худ дар набарди фардо дилаш пур буд.

Пас, Виркан чӣ?

Виркан дар шубҳа афтода буд.

Ёдхишетак аз гумони ӯ пурзӯртар, пурҳунартар баромад.

Дар гӯштии савора Виркан қариб буд, ки мағлуб шавад.

Дар хонаашон вай парешонхотир менамуд, камгап буд. Ревахшиён, ки дар маърака ҳозир ва гӯштингирии писарашро бо дили тапон назора карда буд, ба андешаи Виркан пай бурд ва гуфт:

– Бешак, Ёдхишетак аз ту пурзӯртар аст, аммо назар ба ту зудтар монда мешавад. Ту аз вай ҷавонтар ва чобуктарӣ, ҳам пурбардошттар; ба гумон, агар ту тавонӣ, ки набардро кашол дода, ӯро монда кунӣ, шояд ғолиб бароӣ.

Аммо ин маслиҳатҳои падар хотири Вирканро осуда накард. Вай шабҳангом боз ба зиёрати оташкада рафта, аз мағупат дуову фотиҳа гирифт.

Пагоҳӣ роҳи аз шаҳр то майдони машқи сарбоз беш аз пеш пуртараддуд буд. Тӯда-тӯда пиёдаҳо, аспакиҳо, харакиҳо ба он сӯ мешитофтанд. Ишхид бо мушояати (ҳамроҳии) дарбориён ва чокаронаш низ дар он ҷо ҳозир гашт.

Ёдхишетак савори аспи гарданфарози йурғаи ҷиран, Виркан савори саманди қашқаи худ ба майдон даромаданд. Ҳар ду бо ҷиҳозу аслиҳаи ҷанговарон: найза, зиреҳ, сипар, кулаҳхӯди мисини рӯпӯшакдор муҷаҳҳазу мусаллаҳ.

Гулбонги дуҳулу наъраи карнайҳо оғози набардро эълон кард.

Паҳлавонон аз ду ҷониби майдон сари аспони шиҳакаши беқарорро ба чорхези пурҳайбате андохта, найзаҳоро ба пеш рост карда, ба муқобили якдигар тохтанд.

Пайконҳои пӯлодини найзаҳо яке ба сипари Ёдхишетак ва аз они ӯ ба зиреҳи Виркан дар ғояти тундӣ кӯфта шуданд, аммо нахалиданд, ғеҷиданд, аспони ҷангӣ ба ҳам бархӯрда шиҳаи пурғулғулае кашида, ду пойи пеш барафроштанд, гузаштанд, рафтанд.

Издиҳоми халқ аз ҳаяҷон дам ба дарун кашида, садое намебаровард. Имрӯз ин набард бояд бо ҳалоки яке аз паҳлавонон анҷомад.

Ҳамлаҳо, мусодамаҳои шадиду қаттол дувоздаҳ карат такрор шуданд. Найзаи ҳамлаовар гоҳ бо зарби чобуконаи найзаи муқобил гардонда мешуд, гоҳ ба сипару зиреҳ ё кӯҳаи зин бармехӯрд, гоҳе ҳариф дар лаҳзаи хатар зуд ба ин ё он паҳлу хамида, пайкони ҷоншикорро чапғалат медод.

Дар карати сездаҳум найзаи Виркан аз зарби гарони силоҳи рақиб шикаст, Ёдхишетак ҳамон лаҳза бо тамоми қувваташ ба зери шиками зиреҳпӯши Виркан найза зад, ӯро аз болои зин чаппагардон карда партофт.

Ғиреве аз издиҳоми халқ бархост. Фарёди ҷонхароши марде баланд гардид: – Вой писарам! Ҷавонмарг шудӣ! Э вой, хок бар сарам!

Ревахшиён ду дасти мусибат ба сар мезаду менолид.

Виркани латхӯрдаву дар замин ёзида ҳаракати бархостан кард, лекин Ёдхишетаки савор найзаашро ба синаи ӯ фишурда, ӯро ҷунбидан, нафас рост кардан намемонд.

Ғолиб дар ҳамин ҳолат сӯйи ишхид таъзим кард.

Ишхид бояд ба вай бо ишора иҷозати куштан диҳад ва он гоҳ паҳлавон найзаашро ба гулуи мағлуб халонда, ӯро хоҳад кушт.

Аммо ишхид диранг мекард, тааммул мекард, – шояд дилаш ба Виркан месӯхт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Либос ва лавозимоти ҷангии Вирканро тавсиф намоед.

2. Ёдхишетак аз Виркан чӣ бартарӣ дошт?

3. Разми Виркан ва Ёдхишетакро батафсил нақл кунед.

4. Ишхид дар размгоҳ чӣ саҳме дошт ва нисбат ба Виркан чӣ

назар дошт?

Дар ҳамин лаҳза як марди фарбеҳҷуссаи паҳнриши ҷомадароз аз байни издиҳом пеш баромада, сӯйи ишхид таъзим кард ва бо овози баланд гуфт:

– Зиндагонии подшоҳи бузург дароз бод, ман хуни Вирканро харидам!

Гӯянда бозаргони машҳури бухороӣ Нуфарн буд, ки бо кори бозаргонии худ ба Самарқанд омада буд. Маънии хитоби Нуфарн ин буд, ки: агар Ёдхишетак розӣ шавад, ман Вирканро аз вай ба ғуломӣ мехарам. Мағлуби набард асири ғолиб ҳисоб меёбад, ғолиб ӯро одатан мекушад, аммо агар подшоҳ иҷозаташ диҳаду харидор пайдо шавад, метавонад накушаду фурӯшад.

Агарчи Виркан мағлуб шуд, Нуфарн паҳлавонию диловарии ӯро дар майдон дид ва тан дод. Ба бозаргони давлатманде чун ӯ барои муҳофизати корвонҳояш дар роҳҳои пурхатари машриқу мағриб ҳамин гуна чокари далер даркор буд.

Виркан ба Ёдхишетак хитоб мекард, ки:

– Бикуш маро! Ба фурӯхтан розӣ нестам, зудтар бикуш! Ёдхишетаки зотан нармгуфтор ва хушмуомила ба вай ҷавоб медод, ки:

– Худат медонӣ, додар, ризояти асирро намепурсанд. Баъд, ишхид ишора кард, ки туро фурӯшам. Хайрият, аз рехтани хуни ту халос шудам. Ту зинда мемонӣ, Виркани далер.

Вай баҳои Вирканро чаҳорсад дирам кард. Мардумон ҳайрон монданд: охир, ин баҳои як нафар ғуломи одист, Ёдхишетак метавонист асири паҳлавонашро ақаллан ду баробар зиёд баҳо кунад.

– Паҳлавони Суғд монанди кӯдак сода аст, – мегуфтанд мардумон.

Асп, сипар, ҷавшану кулоҳи Виркан ҳам аз они Ёдхишетак шуданд. Бозаргон аспро аз вай ҳамчунин ба чорсад дирам харид.

Никоҳи Виркану Наниманча бекор шуд, зеро дар муоҳидаи издивоҷ, ки ба расми суғдиён шавҳар ва зан дар пеши қозӣ мебастанд, гуфта шуда буд, ки агар яке аз тарафайн ба асорат ё ғуломӣ афтад, тарафи дигар аз қайди никоҳ озод шумурда мешавад.

Бозаргон ғуломи зархаридашро бо ҳамроҳии падари дилрешу дилафгори вай ба манзили худ – ба меҳмонхонаи ошнои самарқандияш бурд.

Бо падару писар гуфтори нарм дошт, меҳрубонвор муомила мекард.

Ревахшиён аз вай иҷозат хост, ки Виркан ба Ревдод рафта, бо занаш хайрбод кунад.

– Албатта, – гуфт бозаргон. – Худам ҳам дар ин фикр будам. Падаратро гуселон, Виркан, то фардо ба ту рухсат, фардо ба ҳамин ҷо биё, пасфардо сафар мекунем.

Вақте ки падару писар ба Ревдод расиданд, посе аз шаб гузашта буд.

Он шаб ҳавлии онҳо мотамсаро гардид.

Пагоҳӣ Ревахшиён, Наниманча ва модараш Вирканро то сари роҳи Самарқанд гусел карданд. Монанди азодорон навҳа мекарданд, айнан монанди азодороне, ки ҷигарбандашонро ба роҳи охир гусел мекунанд.

Дар кӯчаҳои деҳа ба онҳо як тӯда мардон, занон ва бачагон ҳамроҳ шуданд. Аксари онҳо низ мегиристанд. Виркан чеҳрааш тирагун буд, хомӯшона қадам мезад.

Падараш, занаш, модарарусаш ӯро охирин бор оғӯш карданд, фиғон карданд, видоъ гуфтанд, ашки ҳасрат рехтанд. Чун вай ба роҳи калон афтод, Наниманча худро ба замин партофт, дар хок ҷӯлид, ду даст аз қафои шавҳараш ёзонда, фарёд зад:

– Виркан! Бидон, ки шавҳари аввалу охирам туӣ!.. Аввалу охир!... Аввалу охир!!!...

Баъди ду рӯз бозаргони бухороӣ Виркани нокому номуродро ба ватани худ гирифта бурд.

Дар ин ҷо вай Вирканро саиси калонсари саисони худ таъйин кард.

Наниманчаи мусибатзада, азбаски дигар зани Виркан ва келини Ревахшиён ҳисоб намеёфт, гирёну нолон, дар қадаш кӯдаки ҳафтмоҳа, бо модараш ба кулбаи пешинаашон кӯчиданд.

Ревахшиён дар хона танҳо монд. Акнун вай, агар тавонад, мебоист ба бекасӣ одат мекард.

Рӯзе чанд гузашт, як бегоҳ дар ҳавлии холимондаи Ревахшиён нохост Ёдхишетак пайдо гардид. Ревахшиён дар зери толори баланди ток рӯйи суфа бедор хобида буд. Вай ба саломи паҳлавон алек нагирифт, аз бистараш, ки намади куҳнае буду бас, зеро пирамарди ғамзадаи дилафгор ба ҷогаҳ андохтан ҳам ҳавсалааш намонда буд, барнахост ва меҳмонашро ба нишастан таклиф ҳам накард. Паҳлавон ба лаби суфа нишаста, гуфт:

– Аз ман ранҷиданат беҷост. Гуноҳи ман чист?... Чаро ту шукр намекунӣ, ки ба ҳар ҳол писарат зинда монд?... Ноумед нашав, шояд вай рӯзе ба ту баргардад... Инак, ман ба ту баҳои ӯро овардам, ин чорсад дирамро бигир. – Гӯянда ҳамёни пурро ба пеши Ревахшиён афканд. Паҳлавон марде бошараф ва покният буд.

– Намехоҳам, бубар! – ба паҳлу хобида бо алам гуфт Ревахшиён.

– Ба захми дилам намак мапош! Ман фарзандфурӯш нестам!

– Ман бо писарат на бо ихтиёри худам набард кардам, на бо ихтиёри худам фурӯхтамаш, аз ман маранҷ, падар. Пул аз они туст. Ёдхишетак инро гуфта бархост ва тез-тез қадам монда, сӯйи дари берун равон шуд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Виркан ба кадом мурод бо нахустпаҳлавони Суғд набард намуд?

2. Калимаҳои «шимну», «вағн» ва «мағупат»-ро маънидод намоед ва гӯед, ки Виркан пеш аз набард аз кӣ дуо гирифт?

3. Манзараи Наврӯз ва ба набарди паҳлавонон баромадани суғдиёнро тасвир намоед.

4. Чаро Виркан ғуломи Нуфарн гардид?