Ҷавонмардӣ

Рӯди кӯҳистони мо аз тангно

Бо талотумҳо ба дарё мерасад.

Шуҳрату овозаи имрӯзи мо

Аз замин то арши аъло мерасад.

Бо тамоми дӯстони дӯстхоҳ

Меҳри мо бо роҳи дилҳо мерасад.

Шеваи мо, лаҳни меҳрангези мо

Баҳри ҳар миллат пазиро мерасад.

Пахтаи моро агар бофӣ матоъ,

Баҳри халқи рӯйи дунё мерасад.

Шеъри моро гар бихонад солиён

Халқи олам, бемуҳобо мерасад.

Хони тоҷикӣ чу қурси офтоб

Баҳри ин дунёи паҳно мерасад.

Дилфарохему дилу оғӯши мо

Баҳри оғӯши ҷаҳонҳо мерасад.

Хони мо ороста аз нақди ҷон,

Ҳар ҷавонмардист, аз мо мерасад!

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Ҳадафи шоирро шарҳ диҳед.

2. Бори ғоявии шеърро кадом унсури шеърӣ бештар кашидааст?

3. Шеърро аз бар намоед.

4. Кадом санъатҳои бадеӣ дар шеър истифода шудаанд?