Зиндагинома

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,

Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

Нақибхони Туғрал аз авлоди хоҷа Аҳрори Валӣ1 буда, яке аз шоирони боистеъдод ва рангинхаёли охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ ба шумор меравад. Нақибхон соли 1865 дар деҳаи Зосуни тумани Фалғар (ноҳияи Айнӣ) дар хонаводаи шахси давлатманду бомаърифат ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва наврасии шоир дар зодгоҳаш гузашта, хатту саводи ибтидоиро аз муаллимони маҳаллӣ омӯхтааст.

Нақибхони Туғрал баъд дар мадрасаи Тилокории Самарқанд ва як муддат дар шаҳри Бухоро дониши худро такмил медиҳад ва аз илмҳои ҳисобу ҳандаса, тиб, фиқҳ, таърих, сарфу наҳви забони арабӣ бархурдор мегардад. Дар ҳамин муддат ба омӯхтани забо ни русӣ машғул мешавад.

Туғрал ба шоирони намоён ва шахсони бомаърифату ҳунарманди замонаш, аз ҷумла ба Шамсиддин Шоҳин (1859 – 1894) ва Гулшании Бухороӣ (1861–1910), дӯстӣ ва ҳамкорӣ дошта аст ва Шоҳинро ҳамчун устод эҳтиром мекардааст.

Баъди такмили илм ба зодгоҳаш бармегардад. Ба гуфтаи устод Айнӣ, Туғрал «дар охирҳои ҳол обу ҳавои тозаи кӯҳистонро аз зиндагонии шаъшаадори пурташвиши шаҳрҳо тарҷеҳ2 карда». Аммо шоир алоқаашро бо ҳаммаслакони шаҳриаш қатъ намеку над. Дар маснавии нотамоми «Лайлӣ ва Маҷнун» ба васфи устод ва мавлои1 худ Шамсиддини Шоҳин боби махсус ҷудо намудааст, ки чунин оғоз меёбад:

1. Хоҷа Аҳрори Валӣ (1404 –1490) – намояндаи машҳури силсилаи нақшбандия.

2. Тарҷеҳ – бартарӣ, афзалӣ, беҳтар шумурдан.

Он к-ӯ ба камол шамси дин аст,

Бо хотами илм ӯ нигин аст.

Ништарзане дар раги маонӣ,

Ғаввоси ями2 гуҳарфишонӣ.

Ганҷури дури ҳадиси рангин,

Дар авҷи ғазалсароӣ шоҳин...

Туғрал дар деҳаи Зосун як муддат ба деҳқониву чорводорӣ машғул мешавад ва баробари барқарор шудани Ҳукумати Шуравӣ дар водии Зарафшон ба хидмати ҳукумати нав мепардо зад. Шоир дар миёни муаллимону талабагони мактабҳои навташ кили шуравӣ суханрониҳо карда, онҳоро ба омӯхтан ва андӯхтани илму дониш ҳидоят менамояд.

Шоир солҳои 1918–1919 аскарони сурхро ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ мекунад. Яке аз муҳорибаҳои аскарони сурх барои ишғоли деҳаи Вешаб бебарор анҷом меёбад ва Туғрал ба туҳмат гирифтор шуда, 28-уми июни соли 1919 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Фалғар ба қатл расонда мешавад.

Ба ин марги нобаҳангом шоирону эътиқодмандони Туғрал қитъаву марсияҳо сурудаанд. Аз ҷумла, Файёзи Хуҷандӣ фармудааст:

Дуболо шуд зи саҳбои шаҳидон

Ба базми ҷовидонӣ кайфи Туғрал.

Хирад фармуд бо Файёз: Баргӯ

Ба таърихи вафоташ: «Ҳайфи Туғрал».

Таркиби «Ҳайфи Туғрал» аз рӯйи ҳисоби абҷад ба соли 1337-и ҳиҷрӣ (1919 мелодӣ) баробар аст.

Аз Нақибхони Туғрал осори зиёди гуно

гунжанру гуногунмавзуъ мерос мондааст. Де

Мероси

вони Туғрали Аҳрорӣ соли 1916 дар матбааи

адабӣ

Когони Бухоро нашр гардидааст. Он 303 ғазал, 9 мухаммас, 3 мусаддас, 8 қасида, як мустазод, як тарҷеъбанд ва чанд маснавиро (чун «Соқинома» ва «Наврӯзнома») дар ҳаҷми 7386 мисраъ фаро гирифтааст. Ҳамчунин, аз Туғрал як қатор асарҳои дигар низ дастрас шудаанд, ки дар қолабҳои маснавӣ, қасида, ғазал, мусаммат, рубоӣ ва фард эҷод гардидаанд. Аз ҷумла, дар пайравии «Лайливу Маҷнун»-и Шоҳин достони «Лай ливу Маҷнун» офаридааст, ки он нотамом буда, 219 байтро дар бар мегирад. Асари Туғрал дар адабиёти классикии тоҷик охирин намунаи «Лайливу Маҷнун» мебошад. «Лайливу Маҷнун»-и Туғрал чун дигар достонҳои ҳамном дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф ва мақсур суруда шудааст:

1. Мавло – соҳиб, молик, сарвар.

2. Ям – баҳр.

Қуфли дари назм боз кардам,

Зеру бами шавқ соз кардам.

– –V / V – V – / V– –

Адиб дар охирҳои умр дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ «Боғистон» – ном асари манзуму мансури фалсафию ахлоқӣ низ на виштааст. Вале ин асар ва як қатор шеърҳое, ки дар поёни умри Туғрал эҷод гардидаанд, то ҳол дастрас нестанд. Шоир дар эҷодиёташ ак саран «Туғрал» ва баъзан «Нақиб» ва «Туғрали Аҳрорӣ» тахаллус карда, дар сухангустарӣ маҳорат нишон додааст:

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,

Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

Дар эҷодиёти Туғрал жанри ғазал мавқеи муайян дорад. Дар байни дигар шаклҳои шеърӣ мухаммасҳои шоир қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Дар ашъори шоир ҳар ду навъи мухаммас – ҳам му хаммаси таълифӣ ва ҳам мухаммаси тазминӣ мушоҳида мешавад. Аз мухаммасҳои Туғрал ба ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Шоҳин, Гулшании Бухороӣ, Нозими Ҳиротӣ маълум мешавад, ки ҳунари мухаммасбандии шоир ба дараҷаи баланд расида будааст. Мисраъҳои Туғрал ба мисраъҳои шоирони пешин аз ҷиҳати маз муну муҳтаво ва услуби баён мувофиқати комил доранд. Мисол аз матлаи мухаммаси Туғрал бар ғазали Камол:

Чанд теғи зулмро аз куштанам хунин кунӣ?

Дам барои қатлам оиву даме тамкин кунӣ.

Аз чӣ мурғи дил ба доми турраи мушкин кунӣ?

«То кай, эй дилбар, дилам бе муҷибе ғамгин кунӣ?

Гиряҳои талхи ман биниву лаб ширин кунӣ!»

Беилтифотиҳои маҳбуба ва номуродиҳои ошиқ ба воситаи таносуби калом ва саволу хитобаҳо хеле хуб ифода ёфтааст. Се мисраи аввал мазмуни байти Камолро басо мувофиқ тақвият медиҳад.

Туғрал рубоӣ, дубайтӣ ва мустазод низ эҷод кардааст. Рубоӣ ва дубайтиҳои шоир мазмунан баланд ва дилкашу хушоҳанг мебошанд. Шоир дар чаҳор мисраъ хонандагонро ба таърихи илму фарҳанги халқи худ шинос намуда, дар онҳо эҳсоси ифтихор аз тамаддуни бой ва масъулияти ватандорӣ мепарварад:

Баҳ-баҳ, ки рабеъу иди Наврӯз омад,

Наврӯз шуду ба халқ нав рӯз омад.

Тифлони дабистон ҳама гаштанд озод,

Озодии наврӯз зи Наврӯз омад.

Дар ин рубоӣ Соли нави халқи тоҷик тавассути такрор ва таҷнис барин воситаҳои тасвир (Наврӯз, наврӯз ва нав рӯз) басо ҷолиб ва хотирмон васф гардидааст. Аз мундариҷаи он бармеояд, ки ҷашни Наврӯз аз давраҳои қадим ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса хонандагони мактаб (тифлони дабистон), озодӣ ва шодиву хурсандӣ меорад ва дар замони мо ин дастоварди фарҳангии ни ёгон мақоми байналмилалӣ касб карда, дар тамоми мамлакатҳои мутамаддин ҷашн гирифта мешавад.

Умуман, дар ҳар як шакли шеърӣ Туғрал маҳорати баланд нишон дода, хусусияти жанрии шеърҳоро ба эътибор гирифта аст. Чӣ навъе ки аз муфрадоти Туғрал бармеояд, шоир метаво над дар як байт як мавзуи мукаммалро ба хонанда пешкаш на мояд:

То кушодам чашму дидам орази некӯйи ту,

Риштаи уммед бастам бар сари ҳар мӯйи ту.

Дар ин байт муҳаббату садоқати ошиқ ба маъшуқа басо сода, самимӣ ва дилкаш баён гардидааст. Ба сари ҳар мӯйи ёр риштаи умед бастани ошиқ нишонаест аз ишқи поку беолоиши фарзанди инсон.

Туғрал ба наср низ майл доштааст. Вале насри ӯ ҳанӯз даст раси хонанда нагардидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Нақибхони Туғрал кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?

2. Шоир дар куҷо таҳсил ва кадом илмҳоро аз худ кардааст?

3. Дар бораи муносибати Туғрал бо Шамсуддин Шоҳин маълумот диҳед.

4. Чаро Туғрал ба қатл мерасад?

5. Девони Туғрал кадом асарҳои ӯро фаро гирифтааст?

6. Кадом офаридаҳои адиб аз девони ӯ берун мондаанд?

7. Тахаллусҳои адибро ном баред.