Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр»

Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» соли 1978 эҷод гардидааст. Воқеа ва ҳодисаҳои қисса дар яке аз деҳоти кӯҳистони тоҷик дар солҳои шаст – ҳафтоди асри ХХ ба вуқуъ пайваста аст. Деҳае, ки он ҷо гурӯҳи мутахассисон ба кашидани хатти барқ машғуланд. Дар охири деҳа Сайрам ном зани ҷавон бо духтарчаи ҳашт-нуҳсолааш зиндагӣ дорад. Айёми таътили тобистона аст ва Робия ҳангоми дар саҳро будани модараш хонаро нигаҳбонӣ ме кунад...

Асар ба бобҳо ҷудо намешавад ва бо чунин сарахбор оғоз меёбад:

— Офтоб аз шаб метарсад!

— Барои чӣ, духтарам?

— Вақте ки шаб меояд, офтоб мегурезад...

— Офтоб аз торикӣ зӯртар аст.

— Барои чӣ, писарам?

— Офтоб, ки баромад, торикӣ ғайб мезанад...

Ин сарахбор гувоҳ бар он аст, ки дар бандубаст ва хатти сужети қисса фаъолияту андешаҳои кӯдак мавқеи асосӣ дорад. Дар ҳақиқат, тамоми мундариҷаи қисса ба Робия ва андешаву ҳаракатҳои ӯ вобаста аст.

Робия қаҳрамони асосӣ мебошад ва аз лаҳзаҳои аввал чун духтарчаи дилсоф, самимӣ ва орзупарвару ҳассос ба назар мерасад. Робия лухтаку ҳайкалчаҳои бисёре сохтааст ва ҳамеша бо бозичаҳояш машғули бозӣ ва «суҳбат» мебошад. Рӯзе Қодир ном симчӯббардор дар домани ӯ ҳайкалчаҳои бисёреро ме бинад ва байни Қодиру Робия чунин гуфтугӯ сурат мегирад:

— Охир, духтаракон аз лой одамча намесозанд!

— Барои чӣ?

— Ин кори мардҳо аст, писаракон...

— Не-е. Маро модарам сохтааст-ку?

— Ту падар надорӣ?

— Маро модарам сохтааст-ку?! Маро модарам сохтааст-ку?!

Дар ҳақиқат, пурсишҳои беҷойи Қодир Робияро озурда сохт, зеро ӯ падарро надида ва мактубҳои модарашро пинҳонӣ хонда, ба он падари фосиқ ғоибона нафрат пайдо карда буд. Аз муко ламаи боло ҷавоби асосноку сазовори Робияро эҳсос менамоем (панҷ бор ҷумлаи «Маро модарам сохтааст-ку?!»-ро такрор ме кунад).

Робия духтараки мушоҳидакор ва зирак аст. Ҳар як тағйироти олами атрофро зуд ба мушоҳида мегирад. Махсусан, хурдтарин ҳаракат, муносибат ва тағйири ҳолати руҳии модараш аз наза ри ӯ дур намемонад. Аз мушоҳидаҳои духтарак маълум мешавад, ки модараш ба Қодир меҳр пайдо кардааст. Робия, ки аз симчӯб худро ба замин партофтани Қодирро мебинад, вақти бозӣ яке аз зочаҳояшро «Қодир» ном ниҳода, онро ба болои «симчӯб» меба рорад. «Қодир» аз болои «симчӯб» афтида «мемурад». Робия бо овози баланд «Қодирой...» гӯён гиря мекунад. Модараш:

— Робия! Чӣ кор кардӣ?

— Ҳеҷ чӣ!

— Чаро мегирйӣ?

— Қодир мурд!

— Чӣ! Кӣ мурд?

Модарам давида назди ман омад. Ранг дар рӯяш намонда буд. Лабонаш пир-пир мепариданд. Дока аз сараш афтода буд. Занҷирчаҳои қасабаи гиребонаш ларзида, ҷиринг-ҷиринг садо мебароварданд.

— Чӣ гуфтӣ?

— Ҳеҷ чӣ не, симчӯббозӣ карда истодаем.

Модарам, гӯё зонувонаш шикаста бошанд, якбора ба замин нишаст...

— Об биёр!–гуфт ӯ оҳиста.

Робия дили поку беғаш дорад. Ба касе, ки меҳр дошта бо шад, ӯро самимона дӯст медорад. Вале ба шахси бад муросо кар да наметавонад. Духтарак модарашро ба дунё монанд мекунад: «Медонам, дунё мисли модари ман аст – сафеду покизаву зебо ва шармгин...» Аз нигоҳи Қодир дилаш равшан мешавад: «Қодир.. рӯяшро ба тарафи мо гардонду хандид, хандаи ӯ софу покиза буд ва чароғ барин дилро равшан мекард». Вале чашмони Бекмурод, ки одами бад аст, дар назараш чунин метобад: «Ман ҳам ба чаш ми ӯ нигоҳ кардам: чашмонаш тутаи дудагирифтаи печка барин буданд – сиёҳ, чуқур, холӣ».

Робия образи пурқуввати бадеист, аз бригадир Валихӯҷа ва Козим барин мардони нохалаф, ки шомгоҳон чун кӯршабпараки болшикаста ба ҳар баҳона ба хонаи онҳо меоянд, хавф дорад. Би нобар ин, орзу мекунад, ки ӯ ва модараш монанди Қодир мутта кое1 дошта бошанд. Духтарак ба воситаи бозичаҳояш модарашро бо Қодир «тӯй» мекунад.

Образи модар низ ҷолиби диққат аст. Симои ҳақиқии модар ҳангоми бемории фарзанд бармало намоён мешавад. Робия ҳангоми дар беморхона афтидан ҳолати руҳии модарашро чунин мушоҳида намудааст: «Бо алам мегиристу печутоб мехӯрд, гӯё чашму дасти ман не, даруни ӯ месӯхт.

– Духтаракам, барои ту зиндагӣ мекунам,– пичиррос мезанад ӯ, – намемонам, ки дигар дар мӯят хор часпад, духтаракам».

Сайрам зани покдоман ва баору номус аст. Вай ризқу рӯзии худ ва фарзандашро бо меҳнати ҳалол ба даст меорад ва ба шах сони маккору дурӯя нафрат дорад. Рӯзе бригадир Валихӯҷа ба ивази пулу чиз ӯро барои вақтхушии меҳмонони ба колхоз ома да истифода карданӣ мешавад. Сайрам ба ин марди берӯ чунин ҷавоби сазовор медиҳад: «Ана, модари бачаҳоятонро баред, тару тоза, соягӣ, ман рӯзи дароз дар таги офтоб будам».

Дар ҳалли зиддиятҳои қисса як қатор образҳои дигар, аз ҷумла Қодир, Бекмурод, падари Робия, Валихоҷа, низ саҳм доранд.

Дар байни образҳои мардон образи Қодир хо тирмону омӯзанда аст. Қодир ҷавони меҳнатӣ, ҳақталош ва собитқадам буда, ба наздикӣ аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавоб шудааст. Таваҷҷуҳи Қодири муҷаррадро дар деҳа зани ҷавон Сайрам ва духтарчаи зираку мушоҳидакори ӯ ба худ ҷалб ме намояд. Ин муносибати самимӣ оҳиста-оҳиста ба ишқи ҳақиқӣ табдил меёбад.

Қодир дар ҳифзи шарафу номуси ин оилаи бемардина талош меварзад ва ҳатто барои даҳони бефаровезаш ба Бегмурод, ки аз ӯ калонсол буд, даст ба гиребон мешавад. Қодир барои Сайрам ва духтари ӯ нур ва рӯшноӣ меорад. Ва ин нури чароғи барқӣ рамзи бахту саодати онҳо низ буд. Робия дар равшании чароғи барқӣ тамоми нону кулчаҳои танӯрро аз назар гузаронида чунин андеша меронад: «Шодӣ мекунам, ки офтобаки болои танӯри мо фурӯзон мемонад, дигар нисфи шаб касе ба тирезаи мо нохун на мезанад, ҳамсоя ҷорӯби оташгирифтаро ба ҳавлии мо намепар тояд. Ман акнун ҳам модар дорам, ҳам... Қодир. Ва мо танӯри баланде дорем».

1. Муттако — такягоҳ.

Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» аз ҷиҳати забон ва услуби нигориш марғуб ва таъсирбахш аст. Забони асар образнок ва ран гину гуворост. Махсусан, таркибҳои маҷозӣ тасвирро пурҷозиба кардаанд. Робия шодию сурурашро аз чароғи барқӣ чунин ифода мекунад: «Дар хандаи ман модарам механдад, сафедорҳои назди танӯр низ ҷӯгивор зару зевару тангаҳои сару синаву пеши бара шонро ларзонда механданд. Офтобаки болои танӯр низ механдад. Ман ба ситораҳои рахшони сари танӯр – ба чашмони модарам менигараму медавам, рӯямро ба домани пургули куртаи чакани ӯ мемолам ва пойҳояшро оғӯш мекунам».

Дар порчаи боло маъниҳои аслӣ ва маҷозии таркибҳо якди гарро пурра кардаанд. Агар хандаҳои Робия ва модари ӯ ба маъ нои аслӣ омада бошанд, пас хандаҳои сафедорҳои назди танӯр ва офтобаки болои танӯр маънои маҷозӣ доранд. Такрори пай дарпайи калимаи хандидан болидаруҳӣ ва ниҳояти шодиву хур сандии персонажҳои асарро равшану возеҳ баён менамояд. Ба ҳаракатҳои лӯлизанҳо ташбеҳ кардани ҷунбиши баргҳои сафедо рон ва ба офтоб монанд кардани чароғи барқӣ низ дилкашу табиӣ ба назар мерасад. Инчунин, аз матни боло маънои аслии таркиби ситораҳои сари танӯр, ки номи қиссаро фаро гирифтааст, маълум мешавад. Робия чашмони модарашро, ки гоҳи нонпазӣ дар пеши танӯр медурахшиданд, ба ситораҳо монанд кардааст.

Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» намунаи барҷастаи услуби баёни Сайф Рахимзод мебошад. Дар тасвирҳои қисса ҳар кали ма ва ҳар таркиб ҷилои махсус пайдо мекунад ва ҳама якҷо ола ми афсонавии кӯдаконро пеши рӯ меоранд. Бекмурод мебинад, ки Робия ҳангоми арусакбозӣ «Қодир» ва «модараш»-ро «пеши тахт» мемонад ва ба духтарак таҳдид мекунад, ки ин сирро фош мекунад. Робия чунин андеша мекунад: «Наход бигӯяд! Шояд нагӯяд. Ё касал шаваду то аз хонаи мо рафтани симчӯббардорон сиҳат нашавад! Касали сабукак. Зуком. Ё чашмаш дард кунад. Чӣ чашмони хунуку нигоҳи сарде дорад ӯ... Агар гунг шавад-чӣ? Не, ин афсона аст, банохост одам гунг намешавад-ку. Ҳама дардҳо ҳасту забондард нест. Афсӯс, бисёр мехоҳам, ки ӯ забондард ша вад».

Ҷумлаҳои кӯтоҳ (ҳатто ҷумлаҳои ду ё яккалимагӣ: касали са букак; зуком) ва пурмаъно, муҳокимаҳои ҷаззоб ва мафҳумҳои наву тоза (забондард) баёнгари сабки фардии эҷоди ин нависан даи борикбин мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр» кай навишта шудааст ва чӣ хел оғоз меёбад?

2. Образҳои асарро номбар кунед.

3. Оид ба қаҳрамони асосии асар Робия чӣ медонед?

4. Сайрам ва Қодир чӣ гуна образанд?

5. Оё дар асар образҳои манфӣ низ ҳастанд?

6. Образнокии забони асарро бо мисолҳо нишон диҳед.

7. Дар қисса кадом ҷиҳатҳои сабки эҷодии нависандаро мушоҳида кардед?

САВОЛИ ТЕСТӢ

1. Қиссаи «Ситораҳои сари танӯр»-ро кадом нависанда иншо карда аст?

А) Саттор Турсун;

Б) Сорбон;

В) Ӯрун Кӯҳзод;

Г) Сайф Раҳимзод;

Ғ) Фазлиддин Муҳаммадиев.