Ҳикоя ва қиссаҳо

Дар эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев

ҳикоя мавқеи хос дорад. Бо кӯшиши ин нависанда ҳикояи тоҷик дар адабиёти солҳои шаст бо равиши тоза инкишоф ёфта, ба зинаи нави сифатӣ ноил гардид. Ҳикояҳои аввалини ӯ – «Мактуби дӯст» (1958), «Арзамас» (1960), «Роҳ» (1962) дар хусуси ахлоқи инсон ва мақоми ӯ дар зиндагӣ баҳс мекунанд. Нависанда на ба зоҳири воқеа, балки ба мазмуни ботинии он бештар таваҷҷуҳ мекунад ва рӯзгори одамони муосирро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Қаҳрамони асосии ҳикояи «Савдои умр» Зуҳрои ҷасур ва маҳкамирода аст, ба сабаби он ки домодшаванда ҳамроҳаш ба муассисаи ақди никоҳ рафтан нахостааст, тӯйро вайрон меку над. Зуҳро гаштаю баргашта андеша мекунад, ки оё Муродро дар ҳақиқат дӯст медорад ва оё бо Мурод дар оянда хушбахт мешавад? Танҳо вақте ки Мурод хатои худро эътироф мекунад, Зуҳро ба ӯ хонадор мешавад. Муаллиф дар ин ҳикоя масъалаи муҳаббат ва оиларо тамоман ба тарзи нав ба миён мегузорад. Зуҳро тоҷикдухтарест, ки барои хушбахтии худ талош меварзад ва оқибат ба мақсад мерасад. Муаллиф зисту зиндагии қаҳрамони асарро воқеъбинона ва муфассал тасвир намуда, хонандаро ба андеша водор кардааст. Ҳикоя охири солҳои панҷоҳум навишта шудааст, вале талоши Зуҳро баҳри зиндагии поку беолоиш ва ар зишманд ҳоло ҳам намунаи ибрати ҷавонон мебошад. Ҳикояҳои аввалини Ф. Муҳаммадиев гувоҳ бар онанд, ки ӯ пас аз Ҳаким Карим ва Пӯлод Толис ба таҳқиқи бадеии рӯйдодҳои зиндагӣ ҷиддан камар бастааст.

Мавзуи марказии эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад. Солҳои 1967–1973 силсилаи ҳикояҳои нави санда бо номҳои «Даъво», «Суди рафиқон», «Рӯзи дафни усто Оқил», «Сози Мунаввар», «Хиёбони Нодир», «Шаби севум» ба вуҷуд омаданд. Нависанда инсонро яктарафа ва ба як ранг тасвир намекунад. Дар тасвири ӯ, бо вуҷуди ҷиҳатҳои номуносиб дош тан, образ куллан манфӣ нест. Нависанда рафтори ношоистаи персонажҳоро, чун бахилии Муҳаммадмурод («Даъво»), рашки беҷои Ашраф («Савдои умр»), касби худро ба мерос нагузошта ни усто Оқил («Рӯзи дафни усто Оқил»), ҳунармандона маҳкум мекунад.

Усто Оқил устои гулдаст буд, аксари иморатҳои зебои деҳа маҳсули ҳунари ӯ буданд ва ба қавли Абдуррауфамак: «Ин хел устои ҳунарманд дар сад сол ё як бор ба дунё меояд, ё не». Лекин анъанаи неки мардумро вайрон намуда, умраш аз шаст гузашту ягон шогирд тайёр накард ва оқибат вафот карду ҳунарашро бо худ ба гӯр бурд. Бинобар ин, эътиқоди мардум аз ӯ канд ва дар ҷанозааш ҳамагӣ бист кас ҳузур доштанду халос.

Ҳар як лаҳзаи тасвир – ҳам дар рӯзи ҷанозаи усто Оқил бе ист боридани борон, ҳам ҳангоми ба мазор бурдан аз ночорӣ ба замин гузоштани тобут ва ҳам дар вақташ канда нашудани қабр гувоҳ бар он аст, ки ин одам бадбахт аст. Махсусан, тасвири охи рин лаҳзаи видоъ хеле хаёлангез ва омӯзанда аст.

Мувофиқи анъана баъди ба хок супурдани марҳум яке аз ҳозирон «фалонӣ чӣ хел одам буд?» гӯён савол медиҳад ва дига рон «одами хуб буд, Худо раҳмат кунад, ҷояш ҷаннат шавад» гӯён ба тарафи хона роҳакӣ мешаванд. Усто Оқил ҳатто аз ҳамин дуои вопасини ҳамдеҳагон маҳрум монд: «Пас аз он ки ҳама даст ба рӯй кашиданд, пойкор1 аз ҷояш нимхез шуда савол дод:

— Усто Оқил чӣ хел одам буданд?

1. Пойкор – пешхидмат, ходими гузар ё деҳа барои даъват кардани мардум ба тӯй, азо ва ғайра.

Абдуррауфамак метавонист худаш ҷавоб диҳад, вале бисёр мехост, ки маҳз дигарон ҷавоб диҳанд.

Дақиқае бо хомӯшӣ гузашт. Онҳое, ки ба пайроҳа наздиктар меистоданд, чизе нагуфта ба роҳ даромаданд.

— Устои нағз буданд Оқиламак, – гуфт ҷавоне, ки дар паси Абдуррауфамак меистод.

— Борон рафта ба устухонам расид, – гуфт яки дигар зери лаб ғурғуркунон.

— Ҳа, усто буд, – тасдиқ намуд севумӣ.

Дигар касе чизе нагуфт. Ҳама пасу дунбол ба пайраҳа фуро мадан гирифтанд.

Хулоса, Фазлиддин Муҳаммадиев дар ҳикояҳояш мавзуъҳои рӯзмарраро бо шаклу услуби ба худ хос ба тасвир гирифта, бо ҳамин таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои муҳимми ҷомеаи кунунӣ ҷалб менамояд.

Дар офаридани симо ва чеҳраи инсон жанри повест ё қисса имконияти бештар дорад. Ин аст, ки нависанда аз оғози солҳои 60-ум ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм мепардо зад ва қиссаҳои «Тири хокхӯрда», «Одамони куҳна», «Зайнаббибӣ», «Дар он дунё», «Шоҳии япон» ва «Варта»-ро эҷод мекунад.

Қиссаи «Одамони куҳна» ба мавзуи муҳимми рӯз – маънавиёти баланди падарон, пай ванди наслҳо ва талош ба муқобили муфтхӯрию ҳаромкорӣ бахшида шудааст. Су жети ин асар аз воқеаҳои муқаррарии зиндагӣ фароҳам омада, до рои моҳияти иҷтимоию ахлоқӣ мебошад. Хонанда баробари ама лиёти образҳои асар ба андеша фурӯ рафта, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷуҳ пайдо мекунад. Оҳанги ҳазлу мутоиба аз унвони асар сар шуда, тамоми мундариҷаи онро диққатҷалбкунанда ва шавқангез гардондааст. Воқеан, худи «Одамони куҳна» номгузорӣ шудани асар мароқангез аст. Оё одам ҳам куҳна мешавад? Дар ин ном мақсадҳои ғоявии нависанда ҷой гирифтааст.

Дар қиссаи «Одамони куҳна» иштироккунандагони асар, чи Зиёбобо ва Аҳрорамаку Иқболхола ва чи Оишахону Юсуф Са фозода ва Заррина, ба таври мутоибаомез ба тасвир омадаанд. Мутоибаҳое, ки нависанда дар мавриди Аҳрорамаку Зиёбо бо бо лабханди нозук истифода мекунад, маънои меҳрубониву дӯстдориро доранд. Яъне, адиб ин пирони рӯзгордидаро навозиш мекунад.

Мутоиба ва мазҳака дар «Одамони куҳна» ҷанбаи лирикӣ пайдо карда, баёнгари ҳиссиёти нозук, меҳру муҳаббат, мамну ният ва шодмонии муаллиф мебошад. Ин навъи асар дар насри давраи нави тоҷик аз Ф. Муҳаммадиев оғоз ёфтааст.

Образҳои марказии «Одамони куҳна» мӯйсафедони ҳафтодсола ва ҳаштодсолаанд. Ин пирамардҳо бо рафтору гуфтор ва ор зую омолашон шахсони аҷибанд. Дар ин асар чанд моҳи рӯзгори онҳо мавриди баҳси бадеӣ қарор ёфтааст. Аммо ҳангоми тас вир маънӣ амиқтар меравад, то он ҷое ки хонанда тамоми умри онҳоро ба мушоҳида мегирад. Дар эҷоди ин чеҳраҳо хислату ода ти калонсолон ба назар гирифта шудааст. Яъне, ин қабил одамон ба ҳама чиз кор доранд. Ҳар касбу шуғл барояшон муҳим аст, зеро онҳо ба чашмони пиронаи хеш пасту баландиҳои зиндагиро хубтару беҳтар дида метавонанд.

Зиёбобои 80-сола барои дар нисфи боғаш сохтани биноҳои истиқоматӣ розӣ буд. Аммо вақте фаҳмид, ки дар ин ҷо нияти сохтани нуқтаи пивофурӯшӣ доранд, ба он қатъиян муқобил ба ромад ва ба Комитети Марказии ҳизб арзнома навишт. Дар арз нома, аз ҷумла омадааст: «Чӣ мешуд, ки арақфурӯшия манъ ку нед. Радио ҳар рӯз зиёни арақа гуфта медиҳад. Лекин магазинҳо аз арақ, аз вино пур. Ба шишаҳои хушрӯйи арақ равған, ҳар хел шарбатҳо, ҳар хел дорувор андохта фурӯшанд, намешавад? Ба ҷойи ин бӯчка-бӯчка пива мефурӯшанд, ба ғайр аз ин регистрану1 ошхонаҳо ҳам бисёр арақ мефурӯшанд...

Одамҳоя боз нағзтар тарбия карданӣ бошед, корам боз пеш рав шавад гӯед, ҳама додар, бародар барин аз як гиребон сар бар доранд гӯед, арақа манъ кунетон».

Далелҳои арзнома зоҳиран содалавҳона намоянд ҳам, аммо ҳаётианд. Зиёбобо мувофиқи тасаввуроти худ зарар ва оқибатҳои бади машруботро иброз дошта, тадбирҳои мубори заи зидди майнӯширо пешниҳод мекунад. Ба пиндошти Зиёбо бо, истеъмоли машрубот аз рӯйи шариат гуноҳ буда, зуҳуроти зараровари ҷамъият мебошад. Бинобар ин, муассисаҳои салоҳиятноки давлатӣ бояд истеъмоли машруботро қатъиян манъ намоянд.

1. Ресторан гуфтан мехоҳад.

Ҳамин тариқ, Ф. Муҳаммадиев ба воситаи амалиёти Зиёбобо ва Аҳрорамак таваҷҷуҳи хонандаро ба камбудиҳои ҷомеа ҷалб намудааст. Фаъолияти ин мӯйсафедон фалсафаи амиқи ҳаётӣ до рад. Масалан, як рукни фалсафаи Аҳрорамак ин аст: «Дӯст бошед, таъриф накунед, таъриф одаму оламро вайрон мекунад». Зиёбобо ва Аҳрорамак пиронсоланд, аммо андешаҳояшон, хулосаҳояшон, фаҳмишу даркашон оид ба тақдири инсону ҷомеа нав мебошанд.

Дар қиссаи «Одамони куҳна» дар паҳлуи мӯйсафедон ҷавононе, чун Юсуф Сафозода ва Оишахон низ фаъолият доранд ва муно сибати онҳо ба насли калонсол боадабона ва эҳтиромкорона су рат мегирад. Муносибат ва ахлоқи ҳамидаи образҳои қисса барои насли имрӯзи ҷомеаи мо намунаи ибрат аст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Чанд ҳикояи Ф. Муҳаммадиевро номбар кунед.

2. Мавзуи асосии ҳикояҳои нависанда аз чӣ иборат аст?

3. Дар ҳикояи «Рӯзи дафни усто Оқил» кадом масъала ба миён гузошта шудааст?

4. Қиссаҳои Ф. Муҳаммадиевро ном баред.

5. Чаро нависанда асарашро «Одамони куҳна» номгузорӣ кардааст? 6. Қиссаи «Одамони куҳна»-ро мутолиа кунед.