Зиндагинома

Раҳим Ҷалил 3-юми июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи косиб – мӯзадӯз ба дунё омадааст. Падари Раҳим шеърдӯст ва модари ӯ мухлиси китобҳои саргузаштӣ бу данд. Бинобар ин, адиби оянда аз хурдӣ ба шунидан ва хондани ғазалҳои Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ҷангномаҳою саёҳатномаҳо шавқу ҳавас пайдо намуд.

Раҳим маълумоти ибтидоиро дар мадраса гирифтааст. Баъ ди инқилоби Октябр таҳсилро дар мактаби нав давом дода, соли 1927 онро ба итмом мерасонад. Баъдтар мактаби яксолаи муал лимтайёркунии шаҳри Хуҷандро ба поён расонда, то соли 1931 ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Дар солҳои муаллимӣ ба омӯхтани асарҳои адибони тоҷик ва рус, аз ҷумла С. Айнӣ, А. Ло ҳутӣ, А. П. Чехов, М. Горкий ҷиддан машғул гардида, бо таъсири онҳо аввалин шеъру ҳикояҳояшро иншо мекунад.

Раҳим Ҷалил ба рӯзноманигорӣ рағбат дошт ва аз соли 1931 сар карда, беш аз бист сол дар рӯзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Шарқи сурх» адои вазифа намудааст. Аз соли 1952 то охирин рӯзҳои ҳаёт котиби масъули шуъбаи хуҷандии Иттифоқи нави сандагони Тоҷикистон буд.

Раҳим Ҷалил соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид ва соли 1970 ба Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ме бошад.

Раҳим Ҷалил ба зумраи адибоне дохил мешавад, ки фаъолияти эҷодиашонро аз ибтидои солҳои 30-юми садаи ХХ оғоз намудаанд.

Адиб аввал ба эҷоди шеър майл доштааст. Маҷмуаи нахустини адиб – «Мавҷҳои музаффарият» (1933) мебо шад, ки шеърҳои солҳои 1931–1933 иншокардаашро фаро гириф тааст.

Раҳим Ҷалил, асосан, бо эҷоди ҳикоя ба адабиёти шуравии тоҷик дохил шудааст. Дар давраи аввали эҷодиёташ ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ бештар маъруфият пайдо кардаанд. Маҷмуаи дуву ми адиб бо номи «Орзу» соли 1934 ба табъ мерасад, ки дар он беҳтарин ҳикояҳои ҳаҷвии муаллиф, чун «Марги Хушомадхӯҷа», «Хар ва сабукрав», «Гурба ва рашк», «Хоҷаи борон», «Хонаи нав» ва ғайра гирд омаданд.

Баъдҳо дар маҷмуаҳои «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1939), «Ҳисса аз қисса» (1941), «Ҳикояҳои замони ҷанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Ҳикояҳо» (1954), «Баҳор» (1960), «Ҳамида» (1961), «Ши касти тилисмот» (1964), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Бозгашт аз биҳишт» (1976), «Баъди борон» (1978) шеъру ҳикоя ва очеркҳои адиб дар мавзуъҳои гуногуни рӯзгори одамони даврони шуравӣ дастраси хонанда гардиданд.

Нависанда дар ҳикояҳои ҳаҷвӣ аз адабиёти шифоҳӣ ва таъбирҳои халқӣ бамаврид истифода намуда, падидаҳои номатлу би ҷомеаро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Дар ҳикояи «Мар ги Хушомадхӯҷа» Хайруллохӯҷа хушомадгӯ ва тамаллуқкори гузаро мебошад. Бинобар ин, мардум ӯро «Хушомадхӯҷа» лақаб додаанд. Агар раиси корхона Сангини сатанг сулфа кунад, Хушомадхӯҷа «Лаббай, чӣ мефармоед?» гуфта таъзим мекунад. Ӯ тез ба бозор давида, барои Сангини сатанг сигор меоварад ва гӯгирд гиронда, ба нӯли хӯҷаин медорад. Ба хонаи хӯҷаин майдачуйдаҳои рӯзгорро мекашонад. Дар атрофи Сангини сатанг пар вонавор чарх мезанад.

Ин чоплусӣ ва лаганбардориҳо оқибат боиси марги Хушомадхӯҷа мегарданд. Ӯ гоҳи ба хонаи хӯҷаин керосин овардан аз саросемагӣ меафтад ва либосҳояш ба сӯзишворӣ олуда мегар данд. Ба ҳавлӣ даромада мебинад, ки хӯҷаин омодаи сигоркашӣ аст. Сигори сардорро гиронданӣ шуда гӯгирд мезанад, ки худ оташ гирифта месӯзад.

Ё худ дар ҳикояи «Васвасабону» симои зане, ки «аз охури ба ланд ем хӯрда одат кардааст» ва ба ӯ танҳо «пӯшоки нав ба наву рангбаранг, ҷоҳу ҷалоли ба чор кас маъқул мешудагӣ» даркор аст, тасвир гардидааст. Мунисабону зани зебову соҳибҷамол аст, вале ботини нопок ва нафси қонеънашаванда дорад. Ин хислатҳои бад ӯро хандаовар ва нафратовар намудааст. Нави санда таваҷҷуҳи хонандаро ба оила ва тарбияи фарзандон ҷалб карда, таъкид менамояд, ки сарчашмаи хислатҳои манфии Му нисабону тарбияи нодурусти оилавӣ аст. Истифодаи санъатҳои саҷъу тазод ва таркибҳои рехта боиси возеҳии тасвир гардидааст: «Онҳо вайро, ки фарзанди ягонаашон аст, рӯзе чанд бор гули са бади хона, ӯро шамъу худро парвона, нури дидаю тоҷи сари па дар, сафедию сиёҳии чашми модар меномиданду тайёр буданд, ки ҳар вақт хӯрокашро хӯронида либосашро пӯшонида монанд».

Дар баробари ин, Раҳим Ҷалил ба навиштани асарҳои калонҳаҷм машғул мешавад. Дар охири солҳои сиюм нависан да дар заминаи воқеаҳои самти шимоли Тоҷикистон ба эҷоди романе пардохт, ки қисми аввали он соли 1941 бо номи «Гулрӯ» ба нашр расид. Баъд аз Ҷанги бузурги ватанӣ адиб қисми дуву ми романро ба анҷом расонд ва ҳар ду қисм соли 1949 бо номи «Одамони ҷовид» дастраси хонанда гардид. Ин асар аз ду қисм ва 30 боб иборат буда, ба мавзуи ҷангҳои дохилӣ баҳри барқарор намудани сохти шуравӣ дар минтақаи шимоли Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд (солҳои 1916 – 1927) бахшида шудааст. Образҳои асосии асар Пӯлод Қодиров ва Гулрӯ Рустамова ҳамчун инсонҳои дӯстдоштанӣ миёни хонандагон шуҳрат доранд. Пӯлод ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ бачаи ҳушёр, дидадаро ва раҳмдилу адолатхоҳ буд ва ин хислатҳо дар баробари омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ такмил меёбанд. Пӯлод фарзанди халқ аст ва нависанда ӯро дар маркази ҳодисаҳои роман мегузорад. Ба қавли мардум, Пӯлод бо марг му бориза бурда, бар он ғолиб меояд. Садоқат ба халқ, дилбастагӣ ба кор ва муносибати оқилонаву хайрхоҳона ба оила Пӯлодро азизу маҳбуби сокинони деҳоти Тагоб, Басманда, Қистакӯз, Масчоҳ ва дигар туманҳои Хуҷанд гардондааст. «Такягоҳи мо, ҷавон бошӣ ҳам, падари мо ҳастӣ», – мегӯяд ба ӯ мӯйсафеде.

Образи Гулрӯ боз ҳам диққатҷалбкунандатар аст. Нависанда дар аввали роман таваҷҷуҳи хонандаро ба ҳусну ҷамоли Гулрӯ ҷалб менамояд: «Чашмони сиёҳ, мижгони дарозу болобардоштаи ӯ соҳибҷамолони қишлоқро ба ҳасад меоварад... Вақте ки ӯ ме хандид, дандонҳои майдаю зичи марворидвор дурахшонаш гӯё рӯяшро равшан менамуданд». Симои зоҳирии қаҳрамон хонанда ро водор мекунад, ки ба тақдири ояндаи ӯ бетараф набошад. Ин образ ҳамеша дар ҳаракат аст ва аз духтари одии қишлоқ то ба раиси артели бофандагӣ, мураббии садҳо занони тоҷик инкишоф меёбад. Гулрӯ дар ишқу муҳаббат ҳам собитқадам аст. Ӯ Пӯлодро бо тамоми ҳастияш дӯст медорад ва дар оянда ҳамсафари ҳаётӣ, дилсӯз ва маслиҳатгари Пӯлод мешавад. Дар роман муҳаббати гарму ҷӯшони зану шавҳар – Пӯлод ва Гулрӯ самимӣ ва воқеӣ тас вир ёфтааст. Романи «Одамони ҷовид»-ро метавон саҳифаи тозае дар таърихи адабиёти солҳои 30-юми тоҷик номид.

Р. Ҷалил солҳои 70-ум асари ёддоштие таҳти унвони «Маъвои дил» эҷод мекунад, ки он аз ду қисм иборат буда, қисми аввал соли 1970 ва қисми дувум соли 1982 ба табъ расидаанд. Нависанда аз ҳаёту фаъолияти одамони шинохтаи вилояти Суғд ва пойтахти он – шаҳри Хуҷанд, иштирокчиёни ҷангҳои дохилӣ ва барпокунан дагони сохти нав, қаҳрамонони меҳнат, олимон ва санъаткорони машҳур, ҳофизону мутрибон, ходимони давлатӣ ҳикоят мекунад. Дар маҷмуъ, «Маъвои дил» моҳияти таърихиву кишваршиносӣ пайдо кардааст ва барои наслҳои минбаъда метавонад ҳамчун шиносномаи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд хидмат намояд.

Р. Ҷалил дар боби адабиёти бачаҳо низ ҳикояҳо дорад, ки онҳоро аз маҷмуаҳои «Кабӯтар» (1963) ва «Табиби ман» (1973) мутолиа кардан мумкин аст. Дар ҳикояҳои бачагонаи Р. Ҷалил, чун дар тамоми эҷодиёти ӯ, тасвирҳои мутоибаомез мавқеъ до ранд. Ин ҷиҳатҳо ҳикояҳои барои бачаҳо навиштаи адиб, аз ҷумла «Зангӯла», «Қумрӣ ва мусича», «Сочҳо» ва «Ҳикояи Бобобарот»ро хонданбоб ва писандида кардаанд.

Р. Ҷалил дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ низ комёбиҳо дорад. Ав валин пиесаи адиб бо унвони «Саодат» (1932) дар саҳнаи театрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Соли 1940 мазҳакаи «Зани 96-ум»-ро эҷод мекунад, ки санъатшиносон онро аввалин кӯшиш дар эҷоди мазҳакаи мусиқии тоҷикӣ номидаанд. Пиесаҳои «Муҳаббат» (1932), «Санавбар» (1938), «Ду вохӯрӣ» (1943), «Дар ди шоир» (1963, дар бораи Камоли Хуҷандӣ), «Бедорӣ» (1975) на мунаи беҳтарини асарҳои саҳнавии нависанда мебошанд.

Раҳим Ҷалил аз солҳои 30-юм сар карда ҳикояҳои алоҳидаи М. Горкий, А. Чехов, пиесаҳои «Раъду барқ»-и Н. Островский ва «Афсонаи ишқ»-и Нозим Ҳикмат, асарҳои Ғафур Ғулом, Ҷ. Мамадқулизода ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума карда аст. Ҳамчунин, як қатор асарҳои нависанда, аз ҷумла «Одамо ни ҷовид», «Шӯроб», «Маъвои дил», «Духтари мармарин» ба забонҳои русӣ, олмонӣ, лаҳистонӣ, чехӣ ва ғайра тарҷума шуда анд.

Ҳамин тариқ, Р. Ҷалил ҳамчун адиби соҳибистеъдод ба ҳамаи навъҳои адабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст ва, бешубҳа, ӯ дар таъ рихи адабиёти садаи ХХ тоҷик мавқеи муносиб дорад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Рӯзгори Раҳим Ҷалилро шарҳ диҳед.

2. Фаъолияти адабии Раҳим Ҷалил кай оғоз ёфтааст?

3. Солҳои аввал адиб бо кадом навъи адабӣ асар эҷод мекард?

4. Дар бораи ҳикояҳои ҳаҷвии нависанда маълумот диҳед. «Марги

Хушомадхоҷа»-ро хонед.

5. Раҳим Ҷалил кадом асарҳои калонҳаҷмро офаридааст?

6. Оид ба романи «Одамони ҷовид» чӣ медонед?

7. Асарҳои саҳнавии нависандаро номбар кунед.

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

1. Хайруллохӯҷа образи кадом ҳикояи ҳаҷвии Раҳим Ҷалил мебошад?

А) «Хар ва сабукрав»;

Б) «Васвасабону»;

В) «Гурба ва рашк»;

Г) «Марги Хушомадхоҷа»;

Ғ) «Хоҷаи борон».

2. Кадом маҷмуаҳои Раҳим Ҷалил ҳикояҳои барои бачаҳо на виштаи ӯро дар бар мегиранд?

А) «Хар ва сабукрав»;

Б) «Ҳикояҳо», «Баҳор»;

В) «Кабӯтар», «Табиби ман»;

Г) «Ҳамида», «Шикасти тилисмот»;

Ғ) «Илҳом», «Духтари мармарин».