Хонандаи арҷманд! Ҳар давру замон талаботи иҷтимоӣ ва ниёзҳои маънавии худро дорад. Даврони истиқлол аз насли навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсоси қавии хештаншиносӣ, ифти хори миллӣ ва зиракиву маърифатнокиро тақозо дорад. Китоби дарсии адабиёти тоҷик (давраи нав) бо назардошти ҳамин тала боти фарҳангии давр таълиф гардидааст.
Бар асари воқеаҳои сиёсии садаи ХХ дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии халқи тоҷик дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Адабиёти тоҷик маҷрои суннатии худро тағйир дода, мавқеи синфӣ ва мафкуравӣ касб намуд. Табиист, ки ин ҳолат ба ҷанбаи ҳунарии адабиёти мазкур бетаъсир намонд. Бо вуҷуди ин, адибо ни тоҷик дар таъмини ғизои маънавӣ ва такмили сатҳи маърифат нокии наслҳои гуногуни халқи худ кӯшишҳои бобарору судманд анҷом додаанд.
Адабиёти тоҷик дар давраи нав ба се марҳала – адабиёти аҳди ҷадидия, адабиёти даврони шуравӣ ва адабиёти айёми истиқлол ҷудо мешавад ва ҳар марҳала дорои хусусият ва сифатҳои ба худ хос мебошад. Муаллифон кӯшидаанд, ки моҳияти таърихию фарҳангии ҳар марҳала ва паҳлуҳои таълимию эстетикии осори адибони шинохташудаи тоҷикро мавриди баррасии амиқ қарор диҳанд, аз асарҳои барҷастаи адибони асил мисолҳои фаровон оварда, калимаву таркибҳои эзоҳталабро шарҳ диҳанд, то ки омӯзгорону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ имконияти ҳарчи бештар омӯхтан, андеша кардан ва баҳра бардоштан аз ка ломи бадеъро дошта бошанд. Мавзуъҳои назарӣ дар ҷараёни таъ лими таърихи адабиёт шогирдонро бо асосҳои илмии мафҳумҳои адабӣ мусаллаҳ сохта, имкон медиҳанд, ки онҳо моҳияти адабиё ти бадеиро ҳамчун навъи ҳунар боз ҳам амиқтару равшантар дарк намоянд.
Китоби дарсӣ ба барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои V – XI (Душанбе, 2007) комилан мувофиқат дорад ва ҳар дарс бо қисми саволу супоришҳо ва баъзан бо саволҳои тестӣ анҷом меёбад.
Умед аст, ки китоби дарсии мавриди истифода ба шароити ку нунии таълиму тарбияи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти уму мии Тоҷикистон созгор меафтад ва фикру мулоҳизаҳои танқидии омӯзгорону мутахассисон ҳангоми такмили ояндаи китоб бо ка моли эҳтиром пазируфта мешаванд.