Дар байни осори бадеии Кароматуллоҳи Мирзо романи «Дар орзуи падар» мақоми бо сазо дорад. Ин асар аввал чун қисса эҷод гардида, баъди таҳриру такмил то ба шакли ро мани сегона мерасад. Мавзуи асар зиндагии иҷтимоӣ, расму ру сум ва анъанаҳои хосси мардуми тоҷик ва масъалаҳои асосии он моҷарои хонадорӣ ва тақдири фарзанд дар хонадон мебошад. На висанда дар ин асар воқеаҳои 20-25 соли охири садаи ХХ-ро ба риштаи тасвир кашидааст.
Сужети роман аз шиносшавии Нозимии рӯзноманигор ва на висанда дар мактаби деҳа бо толибаи синфи болоӣ – Мушарраф оғоз меёбад. Мушарраф, ки мақолаҳои пурмуҳтаво ва ҷолиби Нозимиро дар рӯзномаҳо ҳамвора мутолиа мекард, аз вохӯрии аввал ба ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд: «Назари Мушарраф аз Нозимӣ, ки мӯйсари андаке расидааш болои гиребони кастюмаш хамида буд, канда набуд… Чанд чашми дигар пайдо карда, ба вай нигоҳ кардан мехост, аз тамошои ӯ гӯё серӣ надошт».
Ин духтари зебои деҳотӣ, ҳанӯз бехабар аз гармиву сардӣ ва пастиву баландии зиндагӣ, дар як дидан ба доми ишқи Нозимии зебову хушсухан гирифтор гардида, баъди хатми мактаб ба ӯ хо надор мешавад.
Симои Нозимӣ дар аввали роман хеле фаъол ба мушоҳида ме расад. Пешаи ӯ аслан омӯзгорист, вале баъди гузаштан ба кори рӯзноманигорӣ мақому манзалат ва обрӯю нуфузи вай дучанд меафзояд, ба дараҷае ки сармуҳаррири рӯзнома – Мавлонзода, нависанда – Қутосӣ, муаллими фанни адабиёти мактаб – Содиқӣ ҳамвора ӯро ситоиш мекунанд.
Рафти минбаъдаи сужети асар торафт мураккаб мешавад. Аз як тараф, таърифу тавсифи аз ҳад зиёд ва, аз тарафи дигар, нотавонбинӣ ва хусумати Шафеӣ барин ҳамкорони собиқадори ҳилагару маккор ин ҷавони бетаҷрибаро, ки акнун оила бунёд карда, соҳиби ду фарзанди дӯстрӯ – Меҳрубон ва Мижгон гардида буд, аз роҳи рост ва дурусти зиндагӣ бароварда, ба гирдоби фало кат ҳавола мекунад. Нозимии камандеша худро «алломаи даврон ва ягонаи замон» пиндошта, бо ғурур ба майнӯшӣ ва айшу ишрат мепардозад, ба Шаҳноза ном духтари танноз ишқварзӣ карда, хо надомод мешавад ва ин ҳавову ҳаваси ноҷо боиси бадбахтиҳои ӯ ва аҳли оилааш мегардад.
Минбаъд дар асар ду хатти сужет давом мекунад: аз як тараф, аз вазифа ва хонаву дар маҳрум гардидану оворагардӣ кардани Нозимӣ ва, аз тарафи дигар, моҷарои зиндагии Мушарраф ва фарзандонаш баъди аз Нозимӣ ҷудо шуда ба хонаи падар бар гаштан ва ба дигар кас ба шавҳар баромадан. Чизе, ки ин ду хат ти сужети романро ба ҳам пайванд медиҳад, муҳаббату садоқати фарзандӣ ва фаъолияти ҷоннисоронаи Меҳрубон ба падари ноқобилу майзадааш Нозимӣ мебошад, ки ба маъниву моҳияти аслии асар ишора дорад.
Дар асар як зумра симоҳои мусбат чун Мушарраф, писари ӯ Меҳрубон, Шафақ Шариф, Муҳаммадӣ-паҳлавон, Мавлонзода, Содиқӣ, модари Мушарраф, симоҳои манфӣ чун Нозимӣ, Шафеӣ, Абдушукур, Шаҳноза, Шоҳназар, Александр ва симоҳои мураккаб мисли эшони Неъматуллохон ва Саидҷаъфар амал мекунанд. Ин образҳо бо рафтору гаштор, муносибату муо мила ва диду андешаҳои худ дар ифодаи мазмуни ғоявӣ, муҳтаво ва ҷанбаи ахлоқиву иҷтимоии асар саҳми муносиб доранд.
Қаҳрамони марказии «Дар орзуи падар» Меҳрубон хеле му ассир ва хотирмон тасвир ёфтааст. Меҳрубон ҳанӯз аз оғози ро ман ба падараш – Нозимӣ меҳр баста, зиндагии худро бе ӯ тасав вур карда наметавонад. Писарак бо тамоми ҳастӣ баҳри аз вартаи ҳалокат раҳондани падар талош меварзад ва, ҳангоме ки ҳама хешу табор аз Нозимӣ рӯ мегардонанд, ӯ падарро ҳамроҳӣ ва дастгирӣ мекунад. Вақте ки падар ӯро барои 200 сӯм қарз пурси дан ба хонаи Карими магазинчӣ фиристодан мехоҳад, Меҳрубон хоҳиши падарро рад карда наметавонад: «Вай тасаввур карда на метавонист, ки дари ҳавлии амаки Каримро мекушояд, «пул пур сида омадам» мегӯяд. Вале гапи падарро ҳам гардондан мушкил, зориву илтиҷо дорад. Ҳатто мегирист ӯ. Ба сари Меҳрубон рӯзи сахте омада. Падар фарзандашро ба дами марг тела диҳад ҳам, вай бояд рӯ натобад. Ҳа, ҳамин тавр. Вагарна барои чӣ писарро номбардори падар гӯянд?»
Нависанда сабабҳои воқеии муносибати самимонаи пада ру писарро ба тасвир гирифта, ба анъанаи неки ниёгон иртибот доштани ин вобастагӣ ва пайвастагиро таъкид мекунад. Нози миро шуҳратталабӣ, булҳавасӣ, ғурури ноҷо, камандеша будан ва қобилияти ба ҷомеа муносибат карда натавонистан аз зинда гии осудаҳолона ва самимона ба ҳолати пасттарини мавҷудият расонда буд. Тамоми фаъолияти минбаъдаи ӯ аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ берун аст. Бо вуҷуди ин, ӯ мавриди раҳму шафқат ва дилсӯзии хонанда қарор мегирад, зеро дар тарбияи фарзандо наш Меҳрубону Мижгон саҳми муносиб гузоштааст ва ба онҳо, махсусан ба Меҳрубон, чун вориси худ, аз ҷону дил муҳаббат ме парварад. Муносибати самимонаи Нозимӣ ба Меҳрубон дар та моми хатти сужети асар мушоҳида гардида, дар охир чунин хуло са мешавад: « – Ту, бачам, гӯш кун. Гӯш кун, ки ман чӣ мегӯям. Очата суроғ кун. Вай Муҳаммадӣ-паҳлавон гуфт, ки боз рӯзаш сиёҳ шудааст, рӯз надид. Рав, саробони очаат шав, рав, Мижгон ро ёб, шавҳар кардааст, вайро таги бол кун. Вай духтаракам, ман вайро дӯст медорам. Ту, бачам, додоятро фаромӯш накун, аз хо тир набарор, – падар канда-канда, базӯр-базӯр ҳарф мезад, васият мекард».
Мушарраф низ чун образи асосӣ дар асар мавқеи ҳалкунанда дорад. Ӯ чун яке аз хонандагони фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангии мактаб ширкат варзида, маҳбуби аҳли деҳ гардидааст. Вале, дар зиндагии оилавӣ муваффақ намешавад. Сабабаш, чунонки ба бархе аз ҷавондухтарони бетаҷрибаи тоҷик хос аст, кӯтоҳандешӣ, гаправӣ ва рашки ноҷо мебошад. Ҳамин бадрашкӣ буд, ки гуноҳи шавҳарашро, ки ба доми Шаҳнозаи тан ноз гирифтор шуда буд, бахшида натавонист ва ҳамин ба зиндагӣ муносибати саҳлангорона доштан буд, ки ба «насиҳатҳои» Шафеӣ барин иғвогарону кӯрдилон дода шуда, оқибат ба душвориҳои зиёди зиндагии нофарҷом рӯ ба рӯ гардид.
Тасвири нобасомониҳои образҳои асосӣ боз ба як масъа лаи муҳимми дигари ҳаёти оилавӣ ишора мекунад. Дар урфият мегӯянд: «Бахт бахти хонадории аввал аст». Муҳтавои ин ҳикмати халқиро, ки дорои ҷанбаи пурқуввати миллӣ мебошад, моҷарои зиндагӣ ва садамаҳои образҳои асосии асар Нозимӣ, Мушарраф ва Меҳрубон басо равшану возеҳ собит менамояд.
Умуман, романи сеҷилдаи «Дар орзуи падар» фарогири муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии давр буда, дар насри имрӯзаи тоҷик мавқеи босазо дорад ва аз комёбиҳои адабӣ-эстетикии нависандаи он дарак медиҳад. Нависанда, махсусан, дар симои Меҳрубон образи типие офаридааст, ки барои ҳар як наврас ва ҷавони имрӯза намунаи ибрат аст. Забони асар низ равон, шево ва ҷолиб буда, ба мақолу зарбулмасал ва дигар воситаҳои тасви ри бадеӣ ороиш ёфтааст. Кароматуллоҳи Мирзо барои романи «Дар орзуи падар» ва қиссаи «Дарди ишқ» соли 1992 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Романи «Дар орзуи падар» ба кадом мавзуъ бахшида шудааст?
2. Шиносшавии Нозимии рӯзноманигор бо Мушарраф дар куҷо ба амал омадааст? Чӣ тавр?
3. Симои Нозимӣ дар аввали роман чӣ гуна аст? Дар байн ва охири роман-чӣ?
4. Сабаби асосии ба майнӯшӣ дода шудани Нозимӣ дар чист?
5. Барои чӣ симои Мушарраф мусбат аст?
6. Дар бобати симои Меҳрубон андешаатонро хаттӣ баён кунед.
7. Боз кадом образҳои асарро медонед?
8. Оид ба аҳаммияти асар фикратонро изҳор намоед.