Туғрал эътиқодманди анъанаҳои ғании шеъри классикии тоҷик, махсусан жанри ғазал мебошад. Шоир ғазалиёти Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Бедил, Нозим ва Шоҳин барин суханварони бузургро мавриди баҳрабардорӣ ва пайравӣ қарор додааст. Махсусан, тарзи ифода ва услуби нигориши Мирзо Абдулқодири Бедил ба Туғрал басо писанд афтодааст. Ӯ эътиқоду самимияти худро ба ин суханвари воломақом чунин баён намудааст:
Баланд аст аз фалак маъвои Бедил,
Набошад ҳеч касро ҷойи Бедил.
Намоям тӯтиёи дидаи хеш,
Агар ёбам ғубори пойи Бедил.
Надидам аз сухангӯёни олам
Касеро дар ҷаҳон ҳамтои Бедил...
Ба рифъат бартар аст аз кӯҳ, Туғрал,
Ҷаноби ҳазрати Мирзои Бедил.
Шоир дар васфи пири руҳонии худ ифодаҳои сода, вазни сабук (рукнҳои маъруфи баҳри ҳазаҷ: мафоӣлун / мафоӣлун / фаӯлун), қофияи солим (калимаҳои ҷойи, пойи, ҳамтои, Мир зои...) ва радифи мувофиқро (такрори калимаи Бедил) интихоб намудааст, аз санъатҳои бадеӣ чун муболиға, тавсиф, маҷоз ва ташбеҳ мӯшикофона истифода кардааст ва ба ин восита дараҷаи баланди муҳаббату садоқати шогирдонаашро самимона иброз доштааст.
Умуман, Нақибхони Туғрал ба мутафаккирони бузурги гу зашта садоқату самимияти зиёд дошта ва дар «Қасидаи бузургон» – ном асараш баҳри офаридани симои ҳақиқии қисме аз суханва рони адабиёти классикии тоҷик кӯшиш намудааст:
Унсурию Асҷадию Фаррухӣ:
Нағмаи ҳар се ҳама аз як садост.
Хоҷа Ҷамол аст агар муддаӣ,
Даъвии ӯ дур аз ин муддаост.
Ӯ кию бо Саъдӣ муқобил шудан?
Бин, ки тафовут зи куҷо то куҷост!
Нағмасаро Булҳасани Рӯдакӣ,
Гунбази чарх аз суханаш пурсадост...
Мавзуи марказии ғазал дар адабиёти классикии тоҷик ишқ аст. Туғрал ҳам ин мавзуъро асоси ашъори лирикии худ қарор додааст ва кулли масъалаҳои фалсафиву ахлоқӣ, фарҳангиву иҷтимоиро ба мавзуи ишқу муҳаббат вобаста кардааст. Бино бар ин, вожаи ишқ ва муродифҳои он дар ғазалиёти шоир бо тамоми тобишҳои маъноӣ ба ҷилва омадаанд. Туғрал, одатан, як мисраъро аз ашъори Бедил чун тазмин1 интихоб намуда, дар партави он тасвиргарӣ ва суханварӣ мекунад. Аз ҷумла, «Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул» – мисраи Бедил боиси эҷоди ғазали дилошӯбе гардидааст, ки матлааш ин аст:
Эй зи субҳи оразат шарманда дар гулзор гул,
Пеши рухсорат бувад имрӯз ҷойи хор гул.
Дар ғазал аз аввал то охир чеҳраи маҳбуба васф мешавад ва ин тавсиф ба воситаи ташбеҳкунандаи гул сурат мегирад. Дар тасвири шоир гул бо ин ҳама рангу бӯй ва зебоиву раъноӣ наз ди орази маҳбуба дар хиҷолат аст, зеро аз он рӯзе, ки маҳбуба чеҳраашро намоён кардааст, бозори гул касод шудааст:
1. Тазмин – мисраъ ё байти шоиреро гирифта, дар ҳамон мазмун ва шакл шеър эҷод кардан.
Кас намебинад кунун дар чорсӯйи эътибор
Ҷуз ҳадиси1 он гули рӯйи ту дар бозор гул.
Гар зи миръоти2 рухат аксе фитад ногаҳ дар об,
Сарв ҷойи барг орад бар лаби ҷӯ бор гул.
Дар ин ғазал калимаву таркибҳои ҳамнисбати ораз, гул, гул зор, баҳор, гулшан, гулистон, сарв, ҷамоли ёр, дили ошиқ хонан даро ба маърифати олами зебоӣ ҳидоят менамояд.
Дар ғазалҳои давраи аввал Туғрал ба тавсифҳои ҷилодор ва баёни рангоранги шоирони пешин таваҷҷуҳ мекунад. Дар ба робари ин, истифодаи моҳиронаи воситаҳои тасвир аз равонии табъи шоир гувоҳӣ медиҳад. Дар васфи ҳусну ҷамоли маҳбуба санъатҳои тавсиф, муболиға, тафсир ва ташхис мусоидат наму даанд:
Яди байзо3 агар аз остини худ бурун орад,
Ҷаҳонро нур афзояд, шавад шаб дур аз кӯяш.
Чаман аз эътидоли қоматаш мегуфт бо наргис:
Саропо дида шав в-он гаҳ назар кун қадди дилҷӯяш!
Асири як нигоҳаш гаштам, аз ишқаш чӣ мепурсӣ,
Сукуни сабру тоқатро рабуда чашми ҷодуяш.
Тавсифҳои қадди дилҷӯ, чашми ҷоду, зулфи суманбӯ, тоқи абру хонандаро водор мекунад, ки ба ҳусни худододи дилбар зи ёда мутаваҷҷеҳ шавад. Махсусан, муболиға сафедию сеҳрнокии дасти маҳбубаро хеле ҷолиб ифода намудааст. Дасти ӯ агар аз остин бурун ояд, ҷаҳонро нур медиҳад. Чунин тасвирҳо ба хонан да завқ бахшида, ҳиссиёти зебоипарастии ӯро афзун мегардонад.
Қаҳрамони лирикии ғазалҳои Туғрал худро подшоҳи ошиқон медонад ва чун симоҳои ҷовидонии адабиёт аз ишқ ёдгор гузош танро орзу дорад. Дар ин ҳолат шоир аз санъати талмеҳ бамав рид истифода кардааст:
1. Ҳадис – гуфтугӯ, тавсиф.
2. Миръот – ойина.
3. Яди байзо – киноя аз дасти сафеди ёр.
Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан,
Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор.
Умуман, дар ашъори лирикии Туғрал таъбирҳои дарди ишқ, китоби ишқ, дардманди ишқ, дарси ишқ фаровон истифода шу даанд ва ҳар кадом дар баёни ақидаҳои шоир саҳм доранд. Дар ашъори ғиноии шоир дигар мавзуъҳо, аз ҷумла мавзуи шикоят аз муҳити носозгор низ мушоҳида мешавад. Замона, ба қавли шоир, сифлапарвар аст ва ба қадри аҳли донишу фарҳанг намерасад. Дар ин ҳолат Туғрал ба мавқеъ ва манзалати худ ишора карда, ба тафохури шоирона мепардозад:
Маро хонанд халлоқулмаонӣ1,
Набудам қабл аз ин, аммо кунунам...
Агар бо фазл гаштӣ рутба ҳосил,
Дар оғӯши қамар будӣ сукунам.
Валекин чарх бошад сифлапарвар,
Асири қайди ин гардуни дунам.
Лирикаи Туғрал моҳияти некбинона дорад. Шоир инсон ро ба бедории шуур, адолат ва ҳақталошӣ водор мекунад ва андешаҳояшро бо далелҳои мантиқӣ тақвият медиҳад. Инсон бояд ба ҳама душвориҳои зиндагӣ омода бошад ва «киштии мақсуд»-ро бофаросат ба соҳил расонда тавонад:
Ҳеч мумкин нест дар гирдоби ин амвоҷи ғам
Киштии мақсудро бе нохудо2 рафтан дар об.
Шоир ба воситаи рамзу киноя (амвоҷи ғам киноя аз нобасомониҳои рӯзгор, нохудо киноя аз одамон, киштии мақсуд киноя аз марому мақсад) моҳияти зиндагии бошууронаро нишон медиҳад.
Умуман, забони ашъори Туғрал моломоли санъатҳои дил нишини бадеӣ, забони содаву равон, вазну қофияи солим ва оҳанги дилкашу гӯшнавоз мебошад ва гоҳо услуби баёни лирикаи шифоҳиро ба хотир меорад:
Аз рухат ойина то лаззати дидор гирифт
В-аз нигоҳи дигарон ҷониби худ ор гирифт,
1. Халлоқулмаонӣ – офарандаи маъниҳо.
2. Нохудо – ронандаи киштӣ.
Хоки раҳ аз қадамат рутбаи гулзор гирифт,
Аз ту гулҳои чаман зинати дастор гирифт,
Ман чӣ гуфтам, ки дили нозукат озор гирифт,
Хотират аз мани бечора ба як бор гирифт?!
Дар ин порча низ маҳбуба васф мегардад. Зебоии рухи маҳбуба ба ойина лаззат мебахшад, ба дараҷае ки минбаъд аз нигоҳи дигарон ор мекунад. Ёр сар то по латофат аст, ба ҳадде ки хоки роҳ аз қадамаш ба гулзор табдил меёбад. Возеҳии фикрро байти тарҷеъ1, ки дар шакли пурсиш истифода шудааст, боз ҳам меафзояд.
Устод Айнӣ гуфтааст: «Истеъдоди Туғрал бисёр комил ва хаёлаш мустаиди2 болоравӣ буд». Дар ҳақиқат, шеърҳое, ки ба ҳунари шоирӣ ва услуби хосси эҷодии Туғрал ишора мекунанд, бисёранд. Як қатор порчаҳои шеърии шоир маънои баланди ҷамъбасткунанда доранд:
Ҳеч нахле нест андар боғи имкон бесамар,
Шуҳрати Рустам намояд зинда руҳи Сомро!
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Мавқеи ғазалро дар эҷодиёти шоир муайян кунед.
2. Чаро Туғрал Бедилро ба дараҷаи аъло васф менамояд?
3. Тазмини Туғралро ба мисраи Бедил («Ҳайф бошад ҷуз дили ошиқ ба дасти ёр гул») шарҳ диҳед.
4. Чанд байти ҳикматноки шоирро азёд кунед.
САВОЛИ ТЕСТӢ
1. Дар байти зерини Нақибхони Туғрал кадом санъати бадеӣ истифо да шудааст?
Шуҳраи офоқ шуд аз ишқи Ширин Кӯҳкан,
Номи Маҷнун аст аз савдои Лайлӣ ёдгор.
А) ташбеҳ;
Б) такрор;
В) тавсиф;
Г) талмеҳ;
Ғ) ташхис.
1. Байти тарҷеъ — байте, ки дар охири ҳар банд айнан такрор мешавад.
2. Мустаид — омода будан, тайёр будан.