Дар адабиёти ҷадидия анъанаи тазкиранависӣ давом ёфт. Аз ҷумла, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам дар «Тазкират-уш-шуаро» (1908) дар бораи 175 шоир, Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» (1905– 1907) роҷеъ ба 200 шоир1, Мирзо Салимбек дар иловаи «Туҳфатул-аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб»-и Возеҳ (1914) дар бораи 87 шоир мухтасаран маълумот додаанд, ки ба ин аз ҷумла шоирони ада биёти ҷадидия низ дохиланд. Махсусан, дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С.Айнӣ, ки соли 1926 дар Маскав ба табъ расид, роҷеъ ба адибони аҳди ҷадидия маълумоти амиқу муфассал дода шуда аст. Тазкираҳои номбурда барои омӯхтани адабиёти ин давра чун сарчашмаи муҳимми адабӣ хидмат мекунанд.
Адибони ин давраро аз рӯйи тарзи баён ва сухангустарӣ ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи аввал шоирон Нақибхони Туғрал (1865 – 1919), Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (1868 – 1917), Зуфархон Ҷавҳарӣ (1860 – 1945), Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ (1861 – 1910), Саййидаҳмади Васлӣ (1870 – 1925) дохи ланд, ки то охир ба сабку услуби эҷоди классикони адабиёти тоҷик, мисли Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил содиқ мондаанд. Ҳунари во лои нигорандагии онҳо аз тарафи тазкиранависони давр эътироф шудааст.
Шоирони номбурда аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузоштанд. Ашъори онҳо гувоҳ бар он аст, ки дар адабиёти давраи ҷадидия анъанаи назми классикии тоҷик мавқеи босазо дорад. Ин чанд байт гувоҳи истеъдоди волои Ҷавҳарӣ мебошад:
Ранге шикан аз чеҳра ба савдояшу зар гир,
Ашке бифишон дар ғамаш аз чашму гуҳар гир.
Оҳе, ки кашӣ, турраи шоми тараб ангор,
Гарде, ки кунад гул зи нафас, файзи саҳар гир...
Рашҳе,2 ки чакад аз қалами Ҷавҳарии мо,
Шаҳвораи гӯши худ аз он луълуи тар гир.
1. Таҳрири охири «Тазкори ашъор»-и манзум мухтасар буда, дар бораи 49 шо- ир маълумот медихад.
2. Рашҳ – он чи, ки аз нӯги қалам таровидааст, навишташуда.
Ба гурӯҳи дувум адибон Саййидаҳмадхоҷа Сиддиқии Аҷзӣ (1864 – 1927), Тошхоҷаи Асирӣ (1864 –1916), Садри Зиё (1867– 1932), Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877–1912), Садриддин Айнӣ (1878– 1954), Абдуррауфи Фитрат (1886–1938), Абдулвоҳиди Мунзим (1877–1934), Аҳмадҷони Ҳамдӣ (1875–1946), Мирзоҳайити Саҳбо (1850–1918), Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875–1919) ва дигар адибон дохиланд. Эҷодиёти онҳо дар марҳалаи оғози бедории андеша ва худогоҳии миллӣ ба вуҷуд омада, фарогири мавзуъ ва масъалаҳои доғи рӯз буд.
Адибони аҳди ҷадидия масъалаҳоеро, ки
адибони маорифпарвар ба миён гузошта бу
Мавзуъҳои
данд, боз ҳам ҷиддитар мавриди баррасӣ
адабиёт
қарор доданд. Сафар ба мамлакатҳои Шарқу Ғарб, таваҷҷуҳ ба манбаъҳои иттилоотӣ ва адабиёти илмию бадеии халқҳои дигар онҳоро водор мекард, ки худ ба омӯхтани забонҳои арабӣ, русӣ, туркӣ, ӯзбекӣ, озарӣ машғул шаванд ва аҳаммияти забономӯзиро дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии марду ми тоҷик нишон диҳанд. Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» аз тара фи Содиқхоҷаи Гулшанӣ басо хуб фаро гирифтани забони русиро чунин таъкид кардааст:
Бад-он поя донад забони расӣ,
Бад-он поя дониш ту худ кай расӣ?1
Аҷзии Самарқандӣ дар «Миръоти ибрат» (1913) ном аса раш ободии кишвар ва бомаърифат гардидани халқи тоҷикро ба омӯхтани забон, махсусан забони русӣ, вобаста мекунад. Ба қавли шоир омӯхтани илмҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои тиҷорат, тиб, ҳикмат, ихтирооти техникию иттилоотӣ ба туфайли омӯхтани за бони русӣ ба кас муяссар мешавад ва забондонӣ аз хуб донистани забони модарӣ сарчашма мегирад:
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, зарар чист?
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
1. Шояд, Садри Зиё ба сабаби коста нагардидани вазн вожаи «руси»-ро дар шакли «расӣ» овардааст.
Дар эҷодиёти намояндагони адабиёти ҷадидияи тоҷик мав зуи мактабу маориф мавқеи муҳим дошт. Аҷзии Самарқандӣ дар маҷмуаи «Ганҷинаи ҳикмат» ва достони «Миръоти ибрат» борҳо ин мавзуъро мавриди таъкид қарор додааст ва баъди са фар (солҳои 1901–1903) дар қаряи Ҳалвоӣ, ки дар даҳкилометрии шаҳри Самарқанд қарор дошт, худ мактаби нав мекушояд.
Шеър дар эҷодиёти шоирони аҳди ҷадидия аз ҷиҳати баён сода шуд. Шоирон дар баёни мавзуъҳои рӯзмарраи мактабу ма ориф, бедории миллӣ, ватандорӣ, муносибатҳои нави фарҳангиву иҷтимоӣ бештар аз забони содаву баёни шево истифода мекар данд. Дар ғазали зерини Аҳмадҷони Ҳамдӣ калимаҳои нави ба ҳаёти мардум воридгардида басо ҷолибу дилкаш истифода шу даанд:
Рӯйи чаманат хандазани Пориҷу Маскав,
Мӯйи фитанат таънадеҳи Ботуму Варшав.
Дар нозукӣ, ай рашки бутони загаронич1,
Дар чобукӣ, ай ғайрати хубони Фарансав...
Ай атри гул аз накҳати мӯйи ту парастуй2,
Аз тобиши мӯят гули атрӣ шуда фалшав3.
Чун нест ба мо дигар аз ин қофия, Ҳамдӣ,
Бояд ки заказ карда биёрем зи Маскав.
Дар адабиёти ҷадидия қариб ҳамаи шаклҳои шеъри тоҷикӣ (чун ғазал, қасида, қитъа, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, фард ва ғайра) истифода шудаанд. Дар баробари ин, дар ин давра кӯшиши қолабшиканӣ дар вазни шеър низ мушоҳида мешавад. Ин тағйироти мазмуниву шаклиро Садри Зиё бо истилоҳи шеъри нав ифода кардааст:
Аз он софтабъон, ки худ моҳиранд,
Валекин раҳи шеъри нав биспаранд.
Дар адабиёти ҷадидияи тоҷик дар баробари асарҳои манзум асарҳои мансур низ ба вуҷуд омаданд ва дар онҳо мавзуъҳои асо сии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Абдуррауфи Фитрат дар «Мунозара», «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Раҳбари наҷот», «Ойи ла ё худ вазоифи хонадорӣ» ва Сироҷи Ҳаким дар «Туҳафи аҳли Бухоро» – ном асарҳояшон ақидаҳои маорифпарварӣ ва равшан гароии хешро хеле хуб баён намудаанд.
1. Загаронич — русии «заграничный», яъне, хориҷӣ.
2. Парастуй — русии «простой», яъне, одӣ.
3. Фалшав — русии «фальшивый», яъне, сохта, маснуъ.
Падидаи дигар дар адабиёти ҷадидияи тоҷик мавқеъ пайдо кардани тарҷума ва ба дигар забон таълиф намудани асар ме бошад. Тарҷумаҳои қиссаи «Шинел»-и нависандаи рус Н. Го гол (мутарҷим Аҷзии Самарқандӣ) ва романи «Мусалмонони дорурроҳат»-и нависандаи тотор И. Гаспаринский (мутарҷим – А. Фитрат) бо равонии забону фасеҳии баён намунаи беҳтарини тарҷумаҳои бадеӣ ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, аксари адибони равияи ҷадидия ба забонҳои туркӣ, ӯзбекӣ, озарӣ асарҳо офаридаанд. Нахустин асарҳои саҳнавӣ низ дар адабиёти аҳди ҷадидия ба вуҷуд омаданд. Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ соли 1911 драмаи «Падаркуш»-ро ба забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ эҷод кард. Муин Шукруллозода соли 1914 бо ҳамкории Нусратуллоҳ ибни Қудратуллоҳ пиесаи «Тӯй»-ро навишт.
Намояндагони адабиёти ҷадидия дар давраи душвори сиёсӣ умр ба сар мебурданд. Доираи адабии Бухоро аз даҳаи дуюми асри ХХ бар асари воқеаҳои мудҳиши апрели соли 1917 ва марти соли 1918 рӯ ба таназзул ниҳод. Адибоне, чун Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайн, Зуфархон Ҷавҳарӣ ба вазъи ноороми шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд муросо карда натавониста, рӯ ба зодгоҳашон (деҳаи Зосуни қарияи Заҳматобод, Кангурт ва Ис таравшан) оварданд. Баъдтар С. Айнӣ, А. Фитрат, А. Ҳамдӣ, А. Мунзим ба хориҷи Бухоро – Самарқанд ва Тошканд паноҳ бур данд. Мирзо Ҳаити Саҳбо ва Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ аз тарафи амири Бухоро ба қатл расиданд.
Баъзе намояндагони адабиёти тоҷик ба дигар кишварҳои Шарқ ҳиҷрат намуда, ба доираҳои адабии он кишварҳо пайвас танд. Яке аз равшанфикрони тоҷик Ҳошим Шоиқ (1883 – 1954), ки таҳсилдидаи шаҳрҳои Анқараву Истанбули Туркия буд, соли 1921 аз Бухоро ба Афғонистон сафар карда, ба доираи адабии Кобул пайваст ва то соли 1954 дар рушду такомули ин доираи адабӣ саҳм гузошт. Ё худ Холмуҳаммади Хаста (1902–1972) солҳои 20-уми асри ХХ аз Бухоро аввал ба Афғонистон ва баъд ба Ҳиндустон сафар карда, ба доираҳои адабии Ҳайдаробод, Лоҳур, Пешовар пайваст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Дар бораи хусусият ва мавқеи адабиёти маорифпарварии тоҷик маълумот диҳед.
2. Адабиёти ҷадидияи тоҷик кадом солҳоро дар бар мегирад?
3. Ба гурӯҳи аввали адибони давраи ҷадидия киҳо шомиланд? Ба гурӯҳи дувум-чӣ?
4. Мавзуъҳои асосии адабиёти ҷадидияро номбар кунед.
5. Чаро Аҷзӣ хонандаро ба омӯхтани илмҳои табиӣ ва забонҳои ҷаҳон даъват кардааст?
6. Боз кадом хусусияти адабиёти ҷадидияро медонед?
7. Доираи адабии Бухоро кай рӯ ба таназзул овард ва тақдири минбаъ даи адибони ин доираи адабӣ чӣ шуд?
САВОЛҲОИ ТЕСТӢ
1. Ин порчаи шеърӣ ба қалами кадом шоир тааллуқ дорад?
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, зарар чист?
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
А) Садриддин Айнӣ;
Б) Абдулвоҳиди Мунзим;
В) Содиқхоҷаи Гулшанӣ;
Г) Аҷзии Самарқандӣ;
Ғ) Тошхоҷа Асирӣ.
2. Истилоҳи шеъри нав бори аввал дар кадом асар истифода шудааст?
А) Дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ;
Б) Дар «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё;
В) Дар «Ганҷинаи ҳикмат»-и Аҷзии Самарқандӣ;
Г) Дар «Раҳбари наҷот»-и Абдуррауфи Фитрат;
Ғ) Дар «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷи Ҳаким.