Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонҳои ту ман ҳам қаҳрамон.
(Ҳ. Юсуфӣ)
Ҳабиб Юсуфӣ дар адабиёти тоҷик чун шоири навовар ва ҷанговар маълуму машҳур аст ва зиндагии кӯтоҳ насибаш гашта, ҳамагӣ 29 сол умр дидааст. Адабиётшинос ва мутарҷими варзида Раҳим Ҳошим аз хулқу атвор ва масъулият шиносиву донишмандии ҳамсоя ва рафиқи даврони бачагиаш Ҳ. Юсуфӣ самимона ва бомуҳаббат ёдовар мешавад: “Бисёр ҷиҳатҳои истеъдоди навшукуфтаи ин ҷавони ҳалим, хушрафтор, пурдон ва ҳушманд, бо тамоми маънои мусбати шарқиаш боодоб ва эҳтиромкорро ҳанӯз пурра дарк накарда, аз вай ҷудо шудам.” Чунин хислатҳои ҳамидаи шоири оянда, пеш аз ҳама, дар оила ташаккул ёфтааст. Шоир соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат ва донишманд – ҳоҷӣ Юсуф ба дунё омадааст. Модараш ҳам зани босаводи мак табхон будааст. Ҳабиб солҳои 1925–1935 аввал дар мактаби миё на ва баъд дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд таҳсил меку над. Соли 1940 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм менамояд ва ба Сталинобод ба шуъбаи тоҷикистонии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба кор меояд. Баробари оғози Ҷанги бузурги ватанӣ шоир тамо ми фаъолияташро ба ҳимояи Ватан равона кард ва дар рӯзи авва ли ҷанг «Аз ҳавою обу замин» ном шеър навишта ватандоронро бар зидди душман даъват намуд:
Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар,
Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар!
Ҳабиб Юсуфӣ моҳи марти соли 1942 ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил гардид ва дар Пенза Омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда, бо рутбаи лейтенантӣ командири батареяи миномётҳо таъ ин шуд. Шоири ҷанговар дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод кардани Соҳили Балтик ва Лаҳистон1 иштирок дошт ва барои шуҷоату мардонагӣ бо ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шуд.
Шоир дар майдони ҷанг ҳам шеър менавиштааст ва нақшаҳои эҷодии бисёр доштааст. Мутаассифона, ба Ватан баргаштан ба Ҳабиб Юсуфӣ муяссар нагардид ва ӯ 22-юми феврали соли 1945, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз анҷоми ҷанг, ҳангоми озод намудани деҳаи Вешкуви назди Варшава ба ҳалокат расид.
Шеърҳои навмашқонаи Ҳабиб Юсуфӣ аз
синни 17-солагӣ ба майдон омада, нахустин намунаҳои эҷодиёташ соли 1936 ба табъ расидаанд. «Таронаи Ватан» (1939) ягона маҷ муаест, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расида аст. Баъдҳо, «Маҷмуаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) ном маҷмуаи шоир дар ду китоб чоп шудаанд. Маҷмуаи «Сатрҳои нотамом» 85 шеъри гуно гунжанр, 77 рубоӣ, ду достон2 ва як қатор тарҷумаҳои Ҳ. Юсуфи ро фаро гирифтааст.
Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудаанд. Махсусан, осори дар майдони ҷанг навиштаи шоир то ҳол маъ лум нест. Охирин шеъре, ки то ҳол ба дасти мо расидааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дорад ва соли 1943 ҳангоми мудофиаи Ле нинград эҷод гардидааст. Дар ин шеър орзую умеди шоир ифода ёфтааст:
Ман ҳам аз ҷон азиз медорам
Офтобу баҳору бодаю ёр,
Бешазору ҳавои хушфорам,
Шеъри ҷанговару садои тор!
Бузург аст орзу, умеди ман,
Гирам аз душманон қасоси мулк.
Пас зи ҷанговари замонашумул
Бинависам ба тоҷикӣ роман.
1. Лаҳистон – Полша.
2. Достони “Оби ҳаёт” ҳамроҳи С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ навишта шудааст.
Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои зиёди илмӣ низ навиштааст. Мақолаҳои «Пушкин ва Байрон» (1937), «Подшоҳи идрок ва озодӣ» (1939), «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо» (1940), «Барои поэзияи муносиби давр» (1940), «Баҳр дар пи ёла» (1940), «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ» (1941), «Шоири гениалии рус» (1941) ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва нақди адабии давр бахшида шудаанд.
Як қисмати муҳимми эҷодиёти Ҳабиб Юсуфиро тарҷумаи бадеӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти тарҷумонии адиб баробари фаъолияти шоирияш ҳангоми донишҷӯйӣ оғоз гардида буд ва ӯ бори аввал «Бандии Кавказ» ном достони шоири бузурги рус А. Пушкинро тарҷума кардааст. Шоир ҳамчунин ба тарҷумаи осори М. Лермонтов, Н. Некрасов, А. Крилов, Т. Шевченко, В. Маяковский, Д. Бедний шуғл варзида, сатҳи тарҷумаи бадеиро дар адабиёти тоҷик баланд бардоштааст.
Тарҷумаҳои Ҳабиб Юсуфӣ нисбат ба ашъори шоир аз ҷиҳати ҳаҷм ду-се баробар зиёд мебошанд. Матни асарҳои тарҷумашуда ба нусхаи асл мувофиқати комил дорад. Дар айни ҳол ҳангоми тарҷума хусусияти назми тоҷик ҷиддан ба эътибор гирифта ме шавад.
Ҳабиб Юсуфӣ аз тарҷумаи таҳтуллафзӣ ё калима ба калима парҳез кардааст. Ӯ калима ва таркибҳое ёфтааст, ки дар ифодаи маъно ва хусусияти услубии матни асл саҳми муносиб доранд.
Ҳамин тариқ, Ҳабиб Юсуфӣ умри зиёд надид, вале аз худ ме роси гаронбаҳои адабӣ, тарҷумавӣ ва илмӣ ба ёдгор гузошт, ки ба воситаи он зиндаву ҷовид гардид.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Шоир кай ба майдони ҷанг рафт ва ба кадом рутбаи ҳарбӣ соҳиб шуд?
2. Ӯ дар дил чӣ орзу дошт ва чаро орзуҳояш амалӣ нашуданд?
3. Маҷмуаҳои Ҳабиб Юсуфиро номбар кунед.
4. Дар бораи охирин шеъри ба мо расидаи Ҳабиб Юсуфӣ чӣ медонед?
5. Оё Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои илмӣ низ дорад? Онҳоро номбар кунед.
6. Дар бораи мавқеи тарҷума дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ маълумот диҳед.