Судхӯр аз пули худ нон шиканад гар, ба масал
Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.
(Айнӣ)
Устод Айнӣ солҳои сиюми асри ХХ асарҳоеро таълиф карда аст, ки аксари онҳо, аз қабили «Мактаби куҳна» (1935), «Аҳмади девбанд» (1936), «Марги судхӯр» (1939) ва «Ятим» (1940) барои наврасон пешбинӣ шудаанд.
Дар қиссаи «Марги судхӯр» падидаи манфии судхӯрӣ1, ки дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ тамоми ҷомеаи Бухороро фаро гирифта буд, ҳаҷв шудааст.
Садриддин Айнӣ аз нахустин қадамҳои эҷодӣ ба офаридани симоҳои хасису пулпараст таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нависанда дар асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» судхӯриро чун ҳодисаи номатлуби ҷомеаи инсонӣ накуҳиш кардааст. Дар қиссаи «Марги судхӯр» қуллаи баландта рини фаъолияти ҳаҷвнигории Айнӣ зоҳир гардидааст.
Дар маркази қиссаи «Марги судхӯр» ҳаёт ва фаъолияти мумсики гузаро2 Қориисмат меистад. Нависанда ба воситаи мушоҳидаҳои зираконаи талабаи мадраса муносибату муо милаи Қориисматро бо қиморбозон, дукондорон, кӯкнориён, са ройбонон, соҳибони бонкҳо ва дигар табақаҳои Бухорои амирӣ нишон медиҳад.
Талабаи мадрасаро, ки дар ҷустуҷӯйи ҳуҷра буд, рафиқаш чунин маслиҳат медиҳад: «Қорӣ-ишкамба» ном як кас ҳаст, ки чанд дар ҳуҷраи зархарид дорад, агар аз вай пурсӣ, шояд яке аз ҳуҷраҳояшро ба ту орият3 диҳад». Аз ин гуфтор таваҷҷуҳи тала баи мадраса бештар ба калимаи «Қорӣ-ишкамба» ҷалб мегардад ва ӯ дар ҷустуҷӯйи соҳиби ин лақаб мешавад. Дар ҳақиқат, симои ин одам бо маънои лақабаш пурра мувофиқат мекард. Бинобар ин, мардуми шӯхтабъи Бухоро номи ӯро, ки Қориисмат буд, ба лақабаш иваз карда буданд:
«Ӯ як одами миёнақади фарбеҳи шикамкалони гарданкӯтоҳ буда, ғафсии гардан ва пуррагии сару рӯяш ҳам аз ғафсии шика маш қариб фарқ надошт, агар риши калони ғулии монанди алафи гандадарав ба ҳам печидаашро, ки тамоми рӯяшро фурӯ гирифта буд, тарошида мепартофтанд, сару тани ин одам дар як ҷо ба ши камбаи холӣ карданашудаи шутур монандӣ пайдо мекард, ғояташ ин ки ин аз вай калонтар буд, монанди ҷуссаи шутури ба дарди хо риш гирифтор гардидаи мӯяш рехтагӣ сурхчатоб менамуд».
1. Суд – фоида, манфиат; судхӯрӣ – манфиатпарастӣ.
2. Гузаро – касе ё чизе, ки дар ягон сифат аз ҳад гузашта бошад.
3. Орият – чизеро ба касе барои истифодаи муваққатӣ додан.
Қувваи тасвири ҳаҷвро ба алафи гандадарав ташбеҳ додани риши ғулӣ ва ба шикамбаи холӣ карданашудаи шутур монанд кардани сару тани Қориисмат меафзояд. Хонанда аз тасвирҳои баъди ба ҳам комилан мувофиқ будани зоҳиру ботин ва сурату сирати образи асосиро бармало эҳсос мекунад. Қорӣ-ишкамба дар бозор ба анвои хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва ширавориҳои аз пеши роҳаш баромада беихтиёр даст мезанад ва шиками чун ҷуссаи шу тур бузургашро пур мекунад. Ягон сокини бозор гоҳи хӯрокхӯрӣ аз иштиҳои қозгир ва чашми зоғмонанди ӯ эмин намемонад. «Дар вақти гузаштанам аз пеши дукони сандуқфурӯш, – мегӯяд тала баи мадраса, – дидам, ки соҳиби дукон... чӯти ҳисобро монанди деворча рост гузошта ва дар паси вай кадом як чизи хӯрданиро монда мехӯрд. Аммо чашми тезбини зоғмонанди Қорӣ-ишкамба он чизи хӯрданиро дида ба он ҷо нишастааст, ки фавран ба як паҳлу ёзида ва дасти худро ба паси чӯт ёзонда, дар хӯрдани он чизи «пинҳонкардашуда» ба соҳиби дукон шарик шуд».
Ҳамин тариқ, дар назди дуконҳои чинифурӯшӣ ва атторӣ чашмгуруснагӣ, дар назди тоқифурӯш ва сартарошхона хасисӣ, ҳангоми вохӯрӣ бо бойбача хислати мумсикии Қорӣ-ишкамба кушода мешавад. Ин бандаи пул аз хурдтарин шароити маблағҷамъкунӣ истифода мекунад. Ҳатто камтарин имконияти сарфакориро, бигузор бо маҳрумиятҳои зиёд бошад ҳам, аз даст намедиҳад. Дар ҳавлии Қорӣ-ишкамба дар як шабонарӯз танҳо як дона гӯгирд истифода мешуд.
Қорӣ-ишкамба роҳҳои гуногун ва баъзан нафратовари пулғундориро истифода карда, маблағи бисёр захира намуд. Маблағҳои Қорӣ ҳама дар бонкҳои Бухоро буданд ва рӯз ба рӯз афзоиш меёфтанд. Соли 1915 ба дараҷаи баланд расидани маблағҳои Қорӣ басо образнок тасвир ёфтааст. «Дар соли дувуми ҷанг... маблағҳояш ҳам аз ду миллион зиёдтар шуда, монанди ма гасони гӯштхӯр бачагони бешумор мезоиданд».
С. Айнӣ дар баробари тасвири роҳҳои бойшавии Қорӣ-ишкамба, боиси бадбахтиҳои гӯшношуниди ӯ гардидани сарвати беҳисобашро нишон медиҳад. Дар ин лаҳзаҳо хусусияти ҳаҷвии образ боз ҳам афзуда, руҳи миллии он пурқувваттар мешавад. Аз ҷумла, вазъият, ҳаракат ва нолаҳои Қорӣ ҳангоми аввалин бор аз даст додани як миқдори ками пулаш симои манфур ва ночизи ӯро пеши назар ҷилвагар месозад: «Қорӣ-ишкамба дар ҳолате ки сал лаи калонаш каловавор ба гарданаш фуромадагӣ буд, монанди навҳагарон ба ҳар тараф хам хӯрда, торҳои риши худро бо ангуш тонаш канда, «вой хонем сӯхт, вой ҷонам ба лаб омад, вой ҷонаки азизам аз даст рафт!» – гӯён фарёд мекашид; гоҳо ба нохунҳои худ рӯяшро харошида хуншор мекард; гоҳо гиря гулӯгираш гардида, бе он ки чӣ гуфтанаш маълум шавад, монанди саге, ки ба обмӯрии боғ дармонда, ба паси худ аз боғбон зарбаҳои ҷонкоҳ мехӯрда бошад, нула мекашид».
Дар шароити пурошӯби Бухорои ибтидои асри ХХ чу нин ҳодисаҳои ҷонкоҳ дар ҳаёти Қорӣ-ишкамба чанд бор рӯй медиҳанд ва, ниҳоят, ин бандаи пул қурбони сарватҳои худ мегар дад. Ӯ ҳангоми намози пешин аз касе хабари аз тарафи болшеви кон мусодира кардани пулҳои ҳамаи бонкҳои Бухороро шунида «Оҳ, пулакам!» – гӯён аз олам мегузарад.
Дар қиссаи «Марги судхӯр» арбоб Рӯзӣ, арбоб Ҳамид ва Мирзохоҷа барин образҳои дигари манфӣ низ ба назар ме расанд. Онҳо ҳокимони деҳот мебошанд ва дар судхӯрию фиребгарӣ аз Қорӣ-ишкамба монданӣ надоранд. Бинобар ин, нависанда Қорӣ-ишкамбаро рӯбоҳи шаҳрӣ ва судхӯрони деҳотро гургони саҳроӣ гуфтааст. Аз ин лиҳоз, тасвири симои Мирзохоҷа ном судхӯри шаклану мазмунан ҳампояи Қорӣ-ишкамба ҷолиби диққат аст. Нависанда ҳангоми пешвозгирии Қориисмат сурати Мирзохоҷаро чунин ба қалам додааст: «Лекин давидани ноиб аз давидани сангпушт ҳеҷ фарқ надошт, чунки ӯ ҳам монанди Қорӣ-ишкамба шикамкалон ва фарбеҳ буда, гӯшти зери зақан ва пушти сари ӯ дамида баромада, гарданашро бо шикам ва тахтапушташ ҳамрӯй карда буд. Фарқе, ки ӯ аз Қорӣ-ишкамба дошт, ҳамин буд, ки сараш хурд, ришаш кам ва поҳояш аз поҳои ӯ кӯтоҳ буда, аз фарбеҳӣ ё аз варам монанди зерсутун ғафс ме намуданд. Ба ин шаклу шамоил намуди зоҳирии ноиб ба ҷуволи пури гандум монанд буд, ки даҳони вайро як қабза карда бо даҳонбанд баста бошанд».
Дар қиссаи «Марги судхӯр» ҳамчунин образҳои мусбати та лабаи мадраса, тарҷумон, Муҳсин, Ҳамроҳрафиқ, Шодмон, Ту рамурод амал мекунанд ва дар баёни мундариҷаву ҷараёни инки шофи сужети асар саҳми муносиб доранд. Асар аз забони талабаи мадраса, ки прототипи ӯ худи муаллиф аст, нақл меёбад. Бино бар ин, талабаи мадраса чун шахси масъул, дурандеш, зариф ва кунҷков ба назар мерасад.
Симои дигаре, ки боиси такони ҷиддии ҳолатҳои руҳии Қорӣ-ишкамба гардидааст, тарҷумон аст. Маҳз тавассути тарҷумон калимаи «болшевик» дар дили Қорӣ-ишкамба тарсу ҳарос ҷой карда, оқибат сабаби ҳалокати ӯ мешавад. Хабари тарҷумон дар бораи тағйири ҳукумати Русия воситае гардидааст, ки нависанда изтиробу ҳаяҷони қалбии ӯро бо тамоми нозукӣ ба тасвир гирад. Ҳамаи образҳои дигари мусбату манфӣ боиси такмили паҳлуҳои гуногуни хислати Қорӣ-ишкамба гардидаанд.
Меҳнати бисёрсолаи нависанда боиси он шуд, ки «Мар ги судхӯр» аҳаммияти умумиҷаҳонӣ пайдо намояд. Дар адабиётшиносӣ образи Қорӣ-ишкамба ба беҳтарин образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ, чун Шейлоки нависандаи англис Шекспир, Гобсе ки нависандаи фаронсавӣ Балзак, Плюшкини нависандаи рус Н. Гогол, Иудушка Головлёви нависандаи рус С. Шедрин, Ҳоҷиоғои нависандаи эронӣ Содиқ Ҳидоят дар як саф гузошта шудааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Асарҳои бачагонаи С. Айниро номбар кунед.
2. Ғайр аз «Марги судхӯр» боз дар кадом асарҳои нависанда тасвирҳои ҳаҷвӣ мушоҳида мешаванд?
3. Чаро Қориисматро Қорӣ-ишкамба лақаб додаанд?
4. Оё қиёфаи образи асосӣ ба хислату характери ӯ мувофиқат мекунад? 5. Боз чанд образи дигари қиссаро ном баред.
6. Қорӣ-ишкамба ба кадом образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ қиёс шудааст?
САВОЛИ ТЕСТӢ
1. Қориисмат образи асосии кадом асари устод Айнӣ мебошад?
А) «Одина»;
Б) «Дохунда»;
В) «Ғуломон»;
Г) «Марги судхӯр»;
Ғ) «Ёддоштҳо».