Отаҷон Пайрав Сулаймонӣ адиби навовар ва бомаҳорати нимаи аввали садаи ХХ ба шумор меравад. Ӯ 15-уми апрели соли 1899 дар кӯчаи Ҳавзи Рашиди шаҳри Бухоро, дар оилаи Абдукаримҷон ном савдогари машҳур ба дунё омадааст. Навзодро ба хотири бобояш Сулаймон ном мегузоранд. Бинобар ин, ӯро Отаҷон низ меномиданд.
Отаҷон дар синни 5-солагӣ ба мактаб меравад. Аз соли 1911 то соли 1914 дар мадрасаи ибтидоии форсии шаҳри Марв ба омӯзиш машғул мешавад. Ӯ солҳои 1914–1916 дар назди муалли мони хусусӣ забони русӣ меомӯзад ва солҳои 1916 – 1918 дар мак таби русии Когон таҳсил менамояд. Дар ҳамин солҳо забонҳои ӯзбекӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ ва тоториро низ аз худ карда буд.
Баъди воқеаи Колесов Пайрав дар муддати якуним сол аз таъқиби амир дар хона пинҳон мешавад. Дар ин муддат ба омӯхтани мероси бойи адибони классикии тоҷику форс, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Низомӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз ҷиддан машғул шуда, худ ба шеърнависӣ мепардозад.
Пайрав соли 1920 шоҳиди инқилоби Бухоро гардида, соли 1921 ҳамроҳи тағояш – Ҳошим Шоиқ1 ба Афғонистон сафар на муд. Солҳои 1923–1924 шоир дар Машҳад буд ва баъд ба Бухоро баргашта, ба кори эҷодӣ машғул гардид. Соли 1930 ба Сталин обод омада, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба кор даромад. Шоир соли 1931 ба Самарқанд рахти сафар баст ва дар ҳамон ҷо 9-уми июни соли 1933 ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ҷасади шоири ҷавонмаргро дар мазори Шоҳи Зинда ба хок супурданд. Марсияи устод Айнӣ дар вафоти Пайрав ҷонгудоз ва дардовар аст:
1 Ҳошим Шоиқ (1883–1954) – шоири хуштабъ ва бофазли замони худ буд.
Пайрав, ки яке шоири шуроии мо буд,
Сад ҳайф, ки дар айни ҷавонӣ зи ҷаҳон рафт.
Дар даҳр баҳор асту хазон аст, валекин
Афсӯс тавон хӯрд бар он гул, ки ҷавон рафт.
Аз маҳфили аҳбоб дар ин мотами ҷонсӯз,
То абри сияҳ дудсифат оҳу фиғон рафт...
Сад Пайрави комил ивази он бирасонем,
Як Пайрави наврустаи мо гар зи миён рафт.
Фаъолияти эҷодии Пайрав кам давом карда бошад ҳам, аз шоир мероси гаронбаҳо ба ёдгор мондааст. Яке аз аввалин шеърҳои шоир бо номи «Бародари ҷонӣ» соли 1916 эҷод гардида ба духтури чех Йозеф Аул (1894–1956) бахшида шу дааст. Аз мақтаи ин ғазал бармеояд, ки шоир тахаллуси худро ҳанӯз айёми ҷавонӣ интихоб намудааст:
Гӯ, ки Пайрави бедил, монда пойи ӯ дар гил,
Мисли мурғи нимбисмил монда дар қафас нолон.
Дар давраи зиндагии шоир ду маҷмуааш бо номҳои «Шуку фаи адабиёт» (1931), «Шеърҳо» (1932) ва достони «Тахти хунин» (1931) ба табъ расидаанд. Баъди вафоти Пайрав маҷмуаҳои ӯ бо номҳои «Қадам ба панҷсолаи дувум» (1934), «Маҷмуаи шеърҳо» (1934, 1941, 1949), «Ба зарбдор» (1936), «Асарҳои мунтахаб» (1954), «Маҷмуаи осор» (1959), Девон (1971) чоп гардидаанд. Соли 2006 Куллиёти Пайрав (тартибдиҳанда Хуршеда Отахонова) ба табъ расид, ки эҷодиёти адибро ба таври мукаммал фаро гирифтааст. Дар Куллиёт 122 шеър, 3 достон, намунаҳои наср (ҳикояи «Гулан дом», порча аз «Ишқи духтари Чингиз»), номаҳо ва тарҷумаҳои адиб ҷойгир шудаанд.
Ашъори Пайрав Сулаймониро ба ду давра ҷудо кардан мумкин аст. Давраи аввал шеърҳои шоирро то соли 1924 дар бар мегирад.
Ашъори ин давраи суханвар ба жанрҳои сун натии ғазал, қасида, мустазод ва қитъа тааллуқ дошта, асосан, ба мавзуи ишқ бахшида шудаанд. Шоири ошиқ дар шеърҳои «Бок нест», «То кай», «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон», «Чӣ шуд, ки?..», «Фироқнома» моҷарои ишқи инсониро табиӣ ва дилкаш ифода на мудааст. Дар шеъри «Фироқнома» ҳусну ҷамоли маҳбубаи сарба ланд ва ҳолати ногувори ошиқи хастадил бо тамоми рангомезӣ тасвир ёфтааст. Забони ширадор, вазну қофияи солим, санъатҳои ташбеҳу истиора, талмеҳу муболиға ва тавсиф ба матн қувваи ба ланди ифоданокӣ ато намудаанд:
Оҳу фиғон кашидаму гуфтам, ки дӯстон,
Ҳастам асири духтари Чингизи хунхор.1
Фарёд аз он ду наргиси ҷодуи дилфиреб,
Эй вой аз он карашмаи чашмони пурхумор!
Абрӯйи теғдораш бар қалб ҷойгир,
Мижгони обдораш бар сина ҷойдор.
Пайрав чашмони ёрашро ба ду наргиси ҷодуи дилфиреб мо нанд мекунад, абрӯйи дилдорро теғдору мижгони ӯро обдор ме номад ва хеле муболиғаомез қувваи сеҳрноки нигоҳи маҳбубаро васф менамояд. Дар тасвири шоир нигоҳи ҳазор ғизоли зебо чашм қувваи як нигоҳи сеҳрангези маҳбубаро надорад. Чунин тавсифҳои дилнишину мафтункунанда дар дигар шеърҳои давраи аввали эҷодиёти шоир низ фаровон мушоҳида мешаванд.
Давраи дуюми эҷодиёти Пайрав ба солҳои 1925 ва баъдӣ тааллуқ дорад. Дар ин давра дар мавзуъ, мундариҷа ва услуби баёни ашъори шоир тағйироти куллӣ рух медиҳад. Дар шеърҳои лирикӣ, чунонки аз шеъри «Интихоби маъшуқ» (1925) бармеояд, қаҳрамони лирикӣ болидахотиру қаноатманд аст:
Шӯхам ба қасди қатли асирон итоб кард,
Қурбони ӯ шавам, ки маро интихоб кард.
Дар ашъори ин давраи Пайрав вобаста ба талаботи замон мавзуъҳои танқиди замони амирӣ, озодии занон, байналхалқӣ, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа, табиати пурсахои Ватан мавқеъ пайдо мекунанд. Шоир дар баробари жанрҳои суннатӣ аз шаклҳои нави шеърӣ истифода менамояд ва дар таълифи чанд достон низ муваффақ мешавад.
Шеърҳои «Шукуфаи ирфон ё худ озодии занони Шарқ», «Ба шарафи қиёми занони Шарқ», «Асира ё худ исён» ба занон ва мавқеи иҷтимоии онҳо бахшида шудаанд. Шеъри «Асира ё худ исён» аз нуҳ банди чаҳормисраӣ иборат буда, дар он тарзи қофияи аз назми русӣ омада (абба, аабб) истифода шудааст. Дар ин шеър як лавҳаи фоҷиавии занону духтарони тоҷик дар даврони амирӣ ба воситаи оҳангу задаҳои мантиқӣ, равонию возеҳии таркибҳои забонӣ, нидоҳои хитобию саволӣ ва пасту баланд шудани овоз манзури хонанда мегардад:
1. Духтари Чингиз – ишора ба Нина ном тотордухтар аст, ки шоир ба ӯ ошиқ буд.
Соате баъд Асира чашм кушуд,
Ашк мерехт, зулфро меканд;
Чеҳраашро ба хок мемолид,
Бо садои гирифта менолид:
– К-эй само!
Эй асоси бедодӣ!
Эй шаҳаншоҳи
тахти ҷаллодӣ...
Ку даҳо?!
Ку ҳимоя?!
Ку имдод?!
Ку тараҳҳум?
Хароб шав!
Барбод!
Чунин навпардозӣ ва тозакориҳо дар дигар навъҳои ашъори шоир ҳам бармало ба назар мерасад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Пайрав Сулаймонӣ кай, дар куҷо ва дар чӣ гуна муҳити хонаводагӣ ба дунё омадааст?
2. Пайрав дар кадом мактабҳо таҳсил намуд ва чанд забонро медонист?
3. Оид ба ҳаёти минбаъдаи шоир чӣ медонед?
4. Марсияи устод Айниро ба марги Пайрав аз ёд кунед.
5. Чанде аз маҷмуаи ашъори адибро, ки ба табъ расидаанд, номбар кунед.
6. Чаро ашъори Пайрав ба ду давра ҷудо мешавад?
7. Шеърҳои ба жанрҳои суннатӣ навиштаи шоирро ном баред.
8. Дар шеъри «Асира ё худ исён» чӣ навигарӣ мушоҳида мешавад?