Назарияи адабиёт. Романтизм

Романтизм ва реализм чун истилоҳҳои адабӣ нимаи аввали асри Х1Х дар Аврупо пайдо шудаанд. Вале тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ диққати мутафаккирони ҷаҳонро аз давраҳои қадим ба худ ҷалб намудаанд.

Романтизм (фаронсавӣ – роман) чунин методи эҷоди баде ист, ки мувофиқи он ҳаёти воқеӣ дар асар, ба таъбири файласуфи олмонӣ В. Шеллинг (1775–1854), «на чунонки ҳаст, балки чунонки мебояд» тасвир мешавад.

Тасвирҳои романтикӣ дар осори адибони классикии тоҷику форс ба воситаи ифодаи ғояҳои халқпарварона, шоҳи одилу афсонавӣ, асотир, ҳаёти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Баёни рамзиву тамсилӣ ва муболиғаомез чун усули истифодаи асарҳои романтикӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳам мавқеи муносиб дорад.

Дар достонҳои Низомӣ («Искандарнома»), Амир Хус рав («Ойинаи Искандарӣ»), Ҷомӣ («Хирадномаи Искандарӣ») образҳои подшоҳони одилу некукирдор ва халқпарвару хирад манд офарида шудаанд. Дар охири ин асарҳо мамлакати обод ва мардумони озод ба тасвир омадааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ то ҳол чунин мамлакати идеалӣ вуҷуд надорад.

Дар образҳои Лайлӣ ва Маҷнун ахлоқи неку сидқу сафои қаҳрамонон ба таври романтикӣ тасвир ёфтааст. Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ чунин лаҳзаҳои хаёлие, ки ба хо нанда таъсири амиқ мерасонанд, бисёранд. Маҷнуни шӯридадил, баъди он ки ҳама кӯшишҳои ӯ дар роҳи васли ёр бенатиҷа анҷом меёбад, рӯ ба саҳро меорад. Ӯ дар роҳ бо парандаҳо сухан гуф та, гавазну оҳувонро ба ивази аспу дигар дороияш аз банд озод мекунад. Дар ин тасвирҳо симои Маҷнун чун ошиқи содиқу ин сони комил бо тамоми барҷастагӣ намоён мешавад. Барои ӯ озо дии тамоми мавҷудоти зинда муқаддас аст. Маҷнун ба сайёде, ки оҳувонро дар банд карда буд, мегӯяд:

...Беҷон чӣ кунӣ рамидаеро?

Ҷонест ҳар офаридаеро!..

Дил чун диҳадат, ки барситезӣ,

Хуни ду-се бегунаҳ бирезӣ?

Он кас, ки на одамист, гург аст,

Оҳукушӣ оҳуе1 бузург аст...

Гардан назанаш, ки бевафо нест,

Дар гардани ӯ расан2 раво нест...

Маҷнун дар симои оҳу Лайлиро пеши назар меорад ва ин офа ридаи зебои табиатро чун маҳбубааш самимона васф менамояд. Ғайр аз ин, тамоми воситаҳои тасвир барои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва маҳкуми беадолативу беинсофӣ равона гардидааст. Дар ҳар як байт зиндагӣ ба марг муқобил гузошта шудааст. Сайёҳи бераҳм ба гурги даранда ташбеҳ шудааст. Саволҳои пайдарпай, ташбеҳу истиора, таҷнису тавсиф барин санъатҳои бадеӣ ба хонанда дар маърифати зиндагӣ таъсири амиқ мерасонад.

Ҷанбаи романтикии достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ дар боби «Унси Маҷнун бо вуҳуш ва сибоъ»3 басо амиқ ба на зар мерасад. Ҷавҳари баёнро дар ин боб тасвирҳои тамсилӣ ва ташхисӣ ташкил медиҳанд. Маҷнун баъди зиёрати гӯри падар боз рӯ ба саҳро мениҳад ва бо ваҳшиён ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ бо ваҳшиён ошноӣ пайдо мекунад. Чун Сулаймон4 ҳамаи дарандаго ну парандаҳо фармонбардораш шуда, хислати дарандагиашонро фаромӯш мекунанд:

Шоҳеш ба ғояте расида,

К-аз хӯйи дадон дадӣ бурида.

Афтода зи меш5 гургро зӯр,

Бардошта шер панҷа аз гӯр.

Саг бо харгӯш сулҳ карда,

Оҳубара шири шер хӯрда...

Аз хобгаҳаш гаҳе, ки хуфтӣ,

Рӯбоҳ ба дум замин бируфтӣ...

Мусофирон барои Маҷнун хӯрокӣ меоварданд ва ӯ онро бо дӯстонаш қисмат мекард:

1. Оҳу – айб, нуқсон, хато.

2. Расан – таноб, ресмон.

3. Сибоъ – ҳайвони даранда, дад.

4. Сулаймон – шоҳ ва пайғамбар дар аҳди қадим, ки тамоми дарандагону па рандагон мутеи ӯ будаанд.

5. Меш – гӯсфанд.

Як зарра аз он навола кардӣ,

Боқӣ ба дадон ҳавола кардӣ.

Маҷнун ба оҳуи майдаяке таваҷҷуҳи бештар дошт ва онро на возиш мекарду аз чашмонаш мебӯсид ва дар ин ҳолат аз чашми Лайлӣ ёд меовард. Низомӣ таъкид мекунад, ки хислатҳои неку амалҳои муносиби Маҷнун боиси ба вуҷуд омадани ҷомеаи на мунавии ваҳшиён гардид. Аҳаммияти маърифатии ин тасвири романтикӣ ҳам дар ҳамин аст.

Тасвирҳои романтикӣ хонандаро ба шавқу завқ оварда, диққати ӯро ба мундариҷаи асар бештар ҷалб мекунад. Бинобар ин, гоҳо адибон асарҳояшонро бо манзараҳои табиат ва дигар тасвирҳои ҷолиби романтикӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, боби аввали романи «Дохунда»-и С. Айнӣ – «Дараи ниҳон» бисёр муассир аст. Дар ин боб манзараи табиии яке аз дараҳои кӯҳистони Ҳисори Шодмон, ки ишқи Ёдгору Гулнор аз он сар чашма мегирад, тасвир ёфтааст. Махсусан, тасвири чашмаҳои кӯҳии Дараи ниҳон дар фасли баҳор назаррабо ва мафтункунанда мебошад. Нависанда шаффофии ҷӯйчаҳоро ба ойина ва софии оби ҷӯйчаҳоро ба алмоспора монанд мекунад ва сабаби ин софко риро муболиғаомез «аз санг гузаронида» меномад: «Оби ин ҷӯйҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бо шанд, монанди алмоспора беғубор менамояд... Канор ва замини ин ҷӯйча аз сангпораҳо бино ёфтааст, ки ба сабаби шустушӯйи ҳамешагии об монанди ойина шаффоф шудааст».

Тасвирҳои бадеӣ ба хонанда завқи бадеӣ ва лаззати эстетикӣ бахшида, ӯро ба дарки амиқи фалсафаи зиндагӣ раҳнамун месозанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Оид ба тасвирҳои романтикӣ ва реалистӣ маълумот диҳед.

2. Романтизм чун методи адабӣ кай пайдо шудааст?

3. Дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ кадом лаҳзаҳои хаёлӣ тасвир ёфтаанд?

4. Мавқеи тасвирҳои тамсилиро дар боби «Унси Маҷнун бо вуҳуш ва сибоъ» нишон диҳед.

5. Чаро Маҷнун ба оҳуи майдаяке таваҷҷуҳи бештар дошт?

6. Барои чӣ устод Айнӣ романи «Дохунда»-ро бо тасвири чашмаҳои кӯҳистон оғоз кардааст?