Таълифи китобҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бу хоро» ва «Тахти вожгун» зиёда аз 15 сол давом мекунад. «Дух тари оташ» воқеаҳои ибтидои асри ХХ то инқилоби Бухороро фаро мегирад. «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» ба воқеаҳои солҳои 1920–1922 марбут мебошанд. Дар асарҳои се гона зиёда аз 300 персонаж фаъолият доранд.
«Духтари оташ» дорои сужети мураккаб ва мавзуъҳои гуногун мебошад. Нависанда солҳои зиёд воқеаҳои таърихии Бухорои ибтидои асри ХХ ва тақдири таърихии занони тоҷикро дар ин давра меомӯзад.
Дар ин миён саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ном зани му боризу далер таваҷҷуҳи ӯро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ин зани 76-солаи бухороӣ дар хурдӣ ҳамроҳи модаркалонаш – Дилором каниз дар ҳавлии Қароқулибой хидмат мекардааст. Баъди вафоти модаркалон рӯзгори фоҷианокеро аз сар гузаронида, баҳри зин дагии арзандаи занони тоҷик талош мекунад. Саргузашти Сало мат Ҷаҳонгирова ба нависанда барои навиштани асари «Духтари оташ» роҳ мекушояд.
Аз ин рӯ, дар «Духтари оташ» як қисм образҳо шахсҳои таъ рихианд ва баъзан, бо номҳои худашон дар асар ширкат доранд. Аз ҷумла, прототипи образи Фирӯза Саломат Ҷаҳонгирова буда, Дилором-каниз бо номи худаш ширкат дорад.
Романи «Духтари оташ» аз се қисм иборат аст. Қисми «Дило ром-каниз» аз ҳафт боб ташкил ёфта, рӯзгори Дилором-каниз ва на бераи ӯ – Фирӯзаро дар гузари Абдуллохоҷаи Бухоро дар бар меги рад. Ин қисм саргузашти Дилором-кампири навадсола, ба мактаби Оймуллои Танбӯр даромадани Фирӯза ва моҷарои тӯйи Ғаниҷонбойбачаро фаро гирифта, бо марги Дилором-каниз анҷом меёбад.
Қисми дуюм «Дарбадарӣ» ном дошта, аз 16 боб ташкил ёф тааст ва тақдири Фирӯзаро баъди марги модаркалонаш фаро мегирад. Дар ин бахш воқеа миёни образҳои мусбат ва манфӣ торафт шиддат меёбад ва Фирӯза бо ёрии хешовандон ва эътиқодмандонаш Ҳайдарқул, Асо ва Аҳмадҷони машкоб аз дасти Ғаниҷонбой ҷон ба саломат мебарад.
Қисми «Дӯст ва душман» аз 14 боб иборат буда, фаъолияти Фирӯза ва ҳаммаслаконашро то инқилоби Бухоро фаро мегирад. Барҳам хӯрдани ҳукумати амирӣ барои Фирӯза ва дигар заноне, ки дар ҳарамсаройи амир хидмат мекарданд, ҳодисаи фараҳбахш буд.
Умуман, дар романи «Духтари оташ» 130 персонаж мушоҳида мешавад ва ба воситаи амалиёт ва бархӯрди онҳо масъалаҳои бис ёре мавриди тасвир қарор мегиранд. Образҳои Дилором-каниз, Фирӯза, Аҳмадҷони машкоб, Оймуллои Танбӯр, Шамсия, Асо, Ҳайдарқул, Истад (мусбат), Ғаниҷон-бойбача, Абдурраҳмонбек, Мағфират, Қароқулибой, Нусратулло (манфӣ) ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳм гирифтаанд.
Дар байни мавзуъҳои гуногуни «Духтари оташ» мавзуи зан мавқеи марказӣ дорад.
Образи занон
Ҷалол Икромӣ дар тасвири образи занон роҳу усулҳои ба худ хосро истифода карда аст. Нависанда зиндагии камбағалона ва ҳаёти ногувори табақаҳои поёни занони тоҷикро тасвир карда, пеш аз ҳама, масъалаҳои шаъну эътибори инсонӣ, иззати нафс, сарбаландӣ ва шарафу номусро ба миён мегузорад.
Дилором-каниз як умр хидмати боёну мансабдоронро ба ҷо овардааст. Ӯ бо азобу кулфат даврони ҷавонӣ ва миёнсолиро аз сар гузаронд ва шоҳиди беадолатию нобаробариҳои зиёде гар дид. Хислати Дилором-каниз дар ҷараёни зиндагӣ такмил меёбад ва рафта-рафта ба дараҷае мерасад, ки назди қувваи иродаи вай ҳама забардастон ва шахсони мағруру худписанд оҷиз мемонанд. Кампир намегузорад, ки касе ӯро таҳқир кунад, обрӯю эътибо рашро паст занад ва ягона набераашро ранҷонад. Дилором-каниз ба оқсақол1, ки ӯро ноқисулақл меномад, чунин ҷавоб медиҳад:
– Ту, оқсақол, ҳанӯз бо собуни ман ҷомашӯйӣ накардаӣ! – гуфт вай таҳдидомезона. – Ноқисулақл бошам ҳам, ҷавоби садта ту барин буғузаъламҳоро гуфта метавонам. Беҳтар, ки машмаша накарда, аз атрофи сари дегат бохабар шав!
Суханҳои нишонраси вай ҳар гуна рақиби тундмизоҷро ҳам мағлуб менамояд. Бойдухтари даҳанкалону ҳавобаланд Мағфират рӯзи тӯяш Фирӯзаро меранҷонад ва ба ғазаби Дилором-каниз гирифтор мешавад. Ба суханҳои кампир: «шӯхиатонро ба тайи чимилчиқ2 ҷамъ карда монед, пошшохон3!» ё «бисёр телба4 наша вед, пошшохон, ба сӯзу гудоз вақт меёбед» Мағфират ҷавоб ёфта наметавонад. Дилором-каниз дар айни ҳол зани ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ такягоҳ ва саробони наберааш Фирӯза, Оймуллои Танбӯр, Аҳмадҷони машкоб, Асо мебошад. Ба Ҳайдарқул, ки қасоси зану фарзандашро аз Ғаниҷонбой гирифтан мехост, маслиҳатҳои фои даовар медиҳад.
1. Оқсақол – сардори маҳалла, шахси боэътибор.
2. Чимилчиқ – чодар, чодари арусӣ.
3. Пошшохон – шоҳдухтар, духтари баландмартаба.
4. Телба – саросема шудан, шитоб кардан.
Агар образи Дилором-каниз танҳо дар «Духтари оташ» ба назар расад, пас образи Фирӯза дар «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» низ давом мекунад. Вале хислату шахсияти ин образ дар китоби аввали сегона инкишоф ва такмил меёбад. Баъд аз вафоти Дилором-каниз Фирӯзаи 12-соларо Оймуллои Танбӯр ба тарбияи худ мегирад. Ин зани бомаърифат ва меҳрубон ба Фирӯза савод меомӯзад ва ӯро бо пастиву баландиҳои зиндагӣ ошно месозад.
Фирӯза як муддат дар ҳавлии Ғаниҷонбой дар қатори кани зони ӯ ҷой гирифт. Меҳнати вазнин ва муносибати дағалона дар ин даргоҳ боиси обутоб ёфтани характери Фирӯза гардид ва дар ниҳоди ӯ ҳисси кӯшишу талошро бедор кард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин даргоҳ, аз ин варта наҷот ёбам».
Хислатҳои сарбаландӣ, кордонӣ ва ҳақталошиҳои Фирӯза аз модаркалонаш ба мерос мондааст. Ӯ дар охири асар чун зани собитқадам ва дорои иззати нафси баланд ба назар мерасад. Су ханони зерини Фирӯза симои ҳақиқии ӯро равшану возеҳ нишон медиҳанд: «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гӯед, ки, – гуфт бо ово зи баланд Фирӯза, – мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг на метарсем. Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ дар дарбори шумо беҳтар аст! Сӯзаду хокистар шавад хонумонатон, ки хонумони моро сӯхтед».
Дар романи «Духтари оташ» ҳар як образ, хоҳ асосӣ бошад ва хоҳ ёрирасон, симои хосси худро дорад. Махсусан, образҳои Ой муллои танбӯр ва Шамсия ҷолиби диққатанд. Оймуллои танбӯр дар таълиму тарбияи Фирӯза ва Шамсия саҳм дорад ва шогирдон ро чун фарзанд азиз медорад. Ин ҳолатро, алалхусус, аз тасвири лаҳзаи хатхонии Оймулло бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Шамсия, духтари Абдурраҳмонбеки миршаб, чун нишонаи эъти роз ба қувваҳои бадӣ худкушӣ мекунад ва пеш аз марг як порча хатти видоӣ менависад. Падар баъди ба хок супоридани духта раш Оймуллои танбӯрро барои хондани хатти Шамсияи марҳум даъват мекунад.
Оймулло ҳангоми хондани мактуб чандин маротиба модар вор мегиряд. Аз ҷумла, баъди хондани байти зерин:
Ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам,
Ба тоқате, ки надорам, кадом бор кашам?
Оймулло боз ба зӯрӣ гиряашро фурӯ бурду гуфт:
– Саъдихонам, шеърдонам, шоираи ширинкаломам!
Мактуби видоии Шамсия басо пурсӯз ва ҷонгудоз буда, дар айни ҳол муносибати самимонаи устоду шогирдро ба таври возеҳ ошкор месозад. Шамсияи ноком дар охири мактуб аз падар хоҳиш мекунад: «Шумо агар арвоҳи маро шод кардан хоҳед, Оймуллои азизамро муҳтарам шуморед».
Дар асар нақши мардон низ назаррас аст. Образҳои мусбат Ҳайдарқул, Асо, Аҳмадҷони машкоб, Ашрафҷон, Истад мардони оқил, росткор, поктинат ва адолатхоҳ мебошанд ва дар ҷараёни зиндагӣ ботинан комилтар мегарданд. Ҳайдарқул дар аввал танҳо баҳри қасосгирӣ аз Ғаниҷонбой ва Саиди маст бархоста буд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ мекунам: ниқор! Аз душманонам ниқори духтари нокомам, ниқори зани кулфат задаам ва ниқори худамро мегирам». Вале баъдтар маҳдудии мақсади худро дарк намуда, баҳри озодӣ ва хушбахтии тамоми ҳамватанон талош меварзад.
Образҳои манфӣ низ боварибахш ва табиӣ ба тасвир ома даанд. Нависанда гоҳо персонажҳои манфиро ба андеша во дор намуда, ҷаҳони ботинии онҳоро равшану возеҳ мекушояд. Масалан, дараҷаи баланди беномусӣ, гарданшахӣ ва ҷоҳилии Абдурраҳмонбеки миршаб аз андешаи зерини ӯ маълум мешавад: «Миршаб... хатро... ба кисабағалаш андохт ва... аз хаёлаш мегу заронид, ки ба ҳамаи ин ҳодиса ва фоҷиа, пеш аз ҳама, мактаб ва босаводӣ гунаҳгор аст, агар Шамсия босавод намешуд, агар шеърдону китобхон намебуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин роҳ қадам намегу зошт».
Ҳамин тариқ, образҳои «Духтари оташ» дар баробари таъси ри бадеӣ доштан хонандаро водор мекунанд, ки ба ҷомеа ва ода мон муносибати оқилона дошта бошад ва аз ҳар рӯйдоди зиндагӣ панде гирад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Чаро зиндагии Саломат Ҷаҳонгироваи 76-сола таваҷҷуҳи Ҷалол Икромиро ҷалб намуд?
2. Кадом образҳои «Духтари оташ» дар дигар романҳои сегона низ ширкат меварзанд?
3. Дар бораи фаслҳои роман маълумот диҳед.
4. Чаро образи Дилором-канизро бозёфти адабии Ҷ. Икромӣ меноманд?
5. Дар бораи образи Фирӯза чӣ медонед?
6. Боз кадом образҳои занҳо дар хотиратон нақш бастаанд?
7. Образҳои мусбати мардҳо кадомҳоянд?
8. Образҳои манфии мардҳоро ном баред.
САВОЛҲОИ ТЕСТӢ
1. Кадом образ, аз занони «Духтари оташ», чун нишони эътироз худкушӣ мекунад?
А) Оймуллои танбӯр:
Б) Шамсия;
В) Фирӯза;
Г) Мағфират;
Ғ) Савсан.
2. Ҷ. Икромӣ барои эҷод кардани кадом асараш сазовори Ҷоизаи ада бии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ гардид?
А) барои қиссаи "Ҷавоби Муҳаббат"
Б) барои романи "Ман гунаҳгорам"
В) барои романи "Зоғҳои бадмур"
Г) барои романи "Духтари оташ"
Ғ) барои романи "Хатлон"