Қиссаи «Паррончакҳо»

Зиндагӣ ва фаъолияти донишҷӯёни мактабҳои олӣ мавриди тасвири нависандагоне чун Сорбон (ҳикояи «Панҷ сол»), А. Самад (қиссаи «Паррончакҳо») ва Б. Абдурраҳмон (романи «Дунёи сабзи ишқ») қарор гирифтаанд. «Паррончакҳо» нахустин қиссаи бадеист, ки шахсияти донишҷӯёнро дар ҷомеа ошкор месозад. Дар маркази қиссаи «Паррончакҳо» воқеаҳои рӯзгори нависанда, ки дар Донишгоҳи омӯзгории пойтахт аз сар гузарондааст, қарор гирифтаанд. А. Самад рӯзгори донишҷӯйии хешро ба зиндагии донишҷӯёни дигар умумият дода, як силсила образҳои хотирмон офаридааст.

Қисса аз 14 боб иборат буда, бо маъракаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар яке аз мактабҳои олии Душанбе оғоз мешавад ва дар он воқеаҳои яксолаи таҳсили донишҷӯён мавриди тасвир қарор мегиранд. Воқеаҳо дар асоси фаъолияти ду гурӯҳи донишҷӯён су рат меёбанд. Ба гурӯҳи аввал Наим, Насим, Раҳматшоҳ, Гулсоро дохил мешаванд, ки рафтору омоли ибратомӯз доранд. Ба гурӯҳи дувум Қайсу Раҳимбек, Паканаву Суҳроб ва Латофату Назокат шомиланд, ки баръакси гурӯҳи аввал амал мекунанд. Миёни ин ду гурӯҳ зиддият мавҷуд аст ва ин зиддият тамоми мундариҷаи асарро фаро гирифтааст.

Қаҳрамони марказии қисса Насим ном дорад. Вайро ҳамкурсон «писари раис» меноманд. Ҳол он ки ӯ ҷавонест, ки аз падару модар барвақт маҳрум монда, дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтааст. Насим бо хоксориву меҳнатдӯстӣ ва муомилаи хушу раф тори некаш дар байни ҳамсабақон эътибор дорад. Ӯ ҳақиқатҷӯ аст, дар синфхона аз ҳамсабақон қафо менишинад ва ҳеҷ гоҳ донотарошӣ намекунад. Вале ҳангоми дифоъ аз ҳамсабақон ва ҳаққу ҳуқуқи худ фаъол аст. Насим бо хоксорӣ, бамулоҳизагӣ ва ширинзабонӣ намунаи ибрати ҷавонони охири асри ХХ ва ибти дои асри XXI тоҷик мебошад.

Дар қисса ба донишҷӯйи дигаре шинос мешавем, ки Наим ном дорад. Наим донишҷӯйи фаъол ва ҳақталош аст, бинобар ин, на висанда ӯро ба сифати ноқил ва ровӣ1 истифода кардааст. Мавқеи Наим дар ҳаллу фасли масъалаҳои ахлоқи ҷавонон аз Насим кам нест. Бесабаб нест, ки ҳамаи задухӯрд ва низоъҳои қисса аз рӯйи мушоҳида ва дарку фаҳмиши ӯ ҳал мегарданд. Наиму Насим чун донишҷӯёни ҳалиму меҳрубон, меҳнатдӯсту бомаърифат, хок сору инсондӯст ба муқобили донишҷӯёни фориғбол, қаллобону муфтхӯрон ва мансабпарастон амал мекунанд.

Раҳматшоҳ низ ба Насиму Наим ҳамтақдир аст. Тафовути Раҳматшоҳ он аст, ки ӯ рӯзгордида буда, зану фарзанд дорад ва миёни донишҷӯёни дигар чун дӯсти калонсолу таҷрибадида эъти роф мешавад. Хонанда ба ин образ дертар шинос гардад ҳам, зуд ба он унс мегирад. Нависанда Раҳматшоҳро ба муқобили Қайсу Раҳимбек барин донишҷӯёни бадрафтор ва беандеша мегузорад. Раҳматшоҳ чандин маротиба ба ин ду ҳамдарси авбошу майзада ва нопокаш ба муноқиша медарояд. Дар ин ҳолатҳо суханҳои ӯ бо далелҳо ва муҳокимаҳои мантиқӣ тақвият меёбанд:

— Ошно, ба панҷаи ман нигар. – Раҳматшоҳ дасти росташро сӯйи Раҳимбек дароз кард. – Дидӣ, панҷ ангушт баробар нест... Масалан, раиси Шоҳназари моро аз деҳқон фарқ кардан мушкил. Дар ҷойҳои ношинос шофирашро раис гумон карда, аз ӯ боло мешинонанд. Лекин парво намекунад. Гавҳари одам аст раиси Шоҳназар. Бачаҳош ҳам, аҳли аёлаш ҳам доимо ҳамроҳи мардум кор мекунанд.

1. Ноқил ва ровӣ – дар асари бадеӣ образе, ки воқеаҳо аз забони ӯ нақл меёбанд.

– Бачаҳош кор мекунанд? – ҳайратомез пурсид Раҳимбек.

– Бале. Кор ҳеҷ каса намекушад.

– Эҳа, падарам раис бошаду дар зери офтоби сӯзон кор ку нам? Ин ҳеҷ ҷойи таъриф надорад. Раис беҳунар аст. Ҳм, як рӯз бошу хурӯс бош!

– Ана, дидӣ, ошно! – гӯё чизи аҷиберо кашф карда бошад, ба ваҷд омад Раҳматшоҳ. – Ту ҳам аз раиси мо фарқ доштаӣ. Ҳамаи мо, яке аз ҳисоби мардуму кисаи давлат дасткушод, дигаре мум сик, яке ба ҷое нарасида ҳавобаланд, дигаре соҳиби мансабу боз хоксор, яке доро, дигаре нодор... Ин чиз ҷойи баҳс надорад, ошно,– оромона ба суҳбат нуқта гузошт Раҳматшоҳ.

Мутолиаи қиссаи «Паррончакҳо» хонандаро бо чеҳраҳои соҳибэҳтироме, мисли Абдукаримамак, муаллим Ҳакимӣ, завҷаи Абдукаримамак, раиси Шоҳназар ошно месозад, ки ин гурӯҳ бо хислатҳои наҷиби инсонӣ, бо ахлоқи пок ва руҳи қавии худ ме тавонанд инсонҳои навро низ тарбият намоянд. Наим ду сол боз дар шаҳр дар хонаи амакаш Абдукарим зиндагӣ мекард. Дар ин хона барои ӯ тамоми шароит муҳайё буд. Завҷаи Абдукаримамак ба Наим дилсӯзу меҳрубон буд. Наим иқрор мешавад, ки дар деҳа ҳатто аз модараш чунин ғамхориро надидааст. Вақте ки Наим баъди донишҷӯ шудан дар хобгоҳ зиндагӣ кардан мехоҳад, ӯро аз нияташ гардонданӣ мешавад:

— Хонаи мо ба дилат зада бошад, ин гапи дигар.– Янгаам илтиҷоомез ба амакам нигарист, дар чашмони ӯ аллакай ашк ҳалқа зада буд.– О, ман туро аз ягон фарзандам кам намедонамку, – гуфт ӯ ва бо гӯшаи рӯймол оби чашмонашро поккунон ило ва кард: – Хобгоҳ барои бачаҳои бекасу роҳдур лозим. Ту хонаи алоҳида дорӣ, нону хӯрок доим муҳайё... Натарс, дигар намегузо рам ба ягон кор даст расонӣ...

Нависанда дар се варақи аввали боби VI образи завҷаи Каримамакро чунон воқеӣ ва ҳунармандона офаридааст, ки хонанда мафтуни табиати ҳалиму муносибати оқилонаи ин зани сабзинаи чилсола мегардад.

Дар «Паррончакхо» чун Қайс, Раҳимбек, Латофат, Назо кат, Пакана, Нурик, Сония, Ҳикмати ландаҳур як қатор симоҳои манфӣ фаъолият доранд, ки дар муҳити ҷомеаи солҳои 80-ум рӯзгор дошта, ба ҳаромиву ифлосӣ, разиливу нобакорӣ, қотиливу хиёнат даст мезананд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба тасвири симоҳои манфури духтарони айшу ишратпараст – Латофату Назокат ба мақсад мувофиқ аст. Дар тасвири нависанда ин духтарҳо ба донишҷӯ монанд нестанд ва моҳияти зиндагиро танҳо дар зару зевар, сару либос ва айшу ишрат медонанд. Латофат ба либос чунон рағбат дорад, ки «мабодо дар тани духтаре ҳамранги ли боси худашро бинад, бедимоғ, дилтанг, ҳатто хашмгин мешаваду дуюмбора он пироҳанро намепӯшад». Ӯ дар ҳама ҷо – ҳам дар хона, ҳам дар кӯча ва ҳам дар донишгоҳ танҳо аз дороию сар ват ҳарф мезанад ва аз туҳфаҳои пурқимати падари давлатманду ҳаводорони тамаъкораш курта-курта гӯшт мегирад. Латофат дар синфхона ангуштарини навашро ба дугонаҳояш чунин намоиш медиҳад:

– Додом туҳфа кард... Ҳоло бибию бобокалони ҳеҷ кас ин хе лашро надидааст. Нигинаш алмос, тилояш холис. – Ӯ чунон тез гап мезад, ки нафас дар гулӯяш мепечид. – Акнун шашта шуд. Дута дар ин ангуштам... Нархи ҳамаи инҳо, – вай панҷ ангушта ринашро нишон дод, – ба ин баробар намешавад... Як мошин... мошини одӣ ҳам не, як «Жигули» аст...

Табиист, ки чунин ҳарисӣ ва кӯтоҳандешӣ Латофату Назо катро бо роҳи номатлуб мебаранд ва онҳо дар худи соли аввали таҳсил ба бадбахтӣ гирифтор мешаванд. Нависанда ба муқобили ин навъи духтарон чеҳраи ибратангези Гулсороро офаридааст, ки ба пешрафти маънавиёти духтарони донишҷӯ мувофиқат ме кунад.

Забони «Паррончакҳо» равону пуробуранг буда, ба хо нанда ҳаловат мебахшад. Ҳам сухани нависанда ва ҳам нутқи персонажҳо бо зарофат омезиш ёфта, басо дилнишину хотир мон садо медиҳанд. Порчаҳои шеърӣ, суханҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасалҳо боиси такмили мундариҷаи асар гарди даанд. Махсусан, истифодаи бамавриди ҷузъиёти бадеӣ баёнро муъҷазу рехта намудааст: «Латофату Назокат аз ин хабар (хабари ба дарс наомадани устод) шодона қарсак заданд. Онҳо дарҳол сумкаҳоро ба китф ҳамоил карда, нӯг-нӯги по берун барома данд. Қайсу Раҳимбек дунболи онҳоро гирифтанд. Баъд носка шу сигареткашҳо пайи ҳам аз синф баромаданд. Танҳо Насим аз болои китоб сар намебардошт. Гулсоро рӯйи муқоваи дафтараш сурати кафтар мекашид. Ин шуғли доимии ӯст».

Агар ҷузъҳои «қарсак задан», «нӯг-нӯги по берун барома дан», «дунбол гирифтан» фориғболӣ ва кӯтоҳандешии Латофату Назокат ва Қайсу Раҳимбекро таъкид намоянд, пас, ҷузъҳои «аз болои китоб сар набардоштан» ва «дар муқоваи дафтар сурати кафтар кашидан» ба масъулиятшиносӣ, бекинагӣ ва инсондӯстии Насиму Гулсоро ишора доранд.

Ба ҳамин тариқ, повести «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад асари муҳим ва ҷолиб мебошад. Хонандаи имрӯз, махсусан ҷавонон, аз фаъолияту рафтори Насиму Наим ва Раҳматшоҳу Гулсоро ибрат мегирад, донишу маърифат меандӯзад ва аз амалҳои ношоями Қайсу Раҳимбек ва Латофату Назокат афсӯс хӯрда, нисбат ба ин тоифаи нангбори миллат ҳисси нафраташ афзун мешавад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1. Қиссаи «Паррончакҳо» ба рӯзгори кадом табақаи аҳолӣ бахшида шудааст?

2. Образҳои қисса ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?

3. Образҳои мусбат аз кадом ҷиҳат ибратангезанд?

4. Барои чӣ образҳои Латофату Назокат ва Қайсу Раҳимбекро манфӣ мегӯянд?

5. Қиссаро хонда, оид ба забони он маълумот диҳед.

6. «Паррончакҳо» барои ҷавонони имрӯз чӣ аҳаммият дорад?

САВОЛҲОИ ТЕСТӢ

1. Мақолаи публитсистии А. Самад – «Ҷони одам» ба кадом адиби маъруф бахшида шудааст?

А) Мирзо Турсунзода;

Б) Чингиз Айтматов;

В) Фазлиддин Муҳаммадиев;

Г) Ғойиб Сафарзода;

Ғ) Сайф Раҳимзод.

2. Қиссаи «Паррончакҳо»-ро кадом адиб иншо намудааст?

А) Абдулҳамид Самад;

Б) Ӯрун Кӯҳзод;

В) Бароти Абдурраҳмон;

Г) Сорбон;

Ғ) Низом Қосим.