Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира н. Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Соли 1958 мактаби миёнаи деҳаи Роҳатӣ ва соли 1963 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченкоро (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) бомуваффақият ба итмом расондааст.
Фаъолияти меҳнатии Кароматуллоҳи Мирзо аз вазифаи му аллими фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи деҳаи Оқчакмани ноҳияи Ленин оғоз меёбад. Баъдҳо чун ходими ада бии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фаъолият намудааст. Чанд муддат дар вазифаҳои мудири шуъбаи адабиёти бачаҳо ва наврасони нашриёти «Маориф», сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» кор кардааст.
Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотиву таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст ва аз соли 2007 то соли 2015 вазифаи сармуҳарририи ҳафтаномаи «Ада биёт ва санъат», маҷаллаи «Памир» (Помир) ва баъд вазифаи ди ректори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба ҷо овардааст. Алҳол машғули кори эҷодист.
Кароматуллоҳи Мирзо аз ибтидои солҳои 60-уми садаи ХХ ба таълифи осори бадеӣ мепардозад. Нахустин ҳикояи нависанда – «Айб аз худатон, додар» соли 1965 ба табъ расида, аввалин китобаш – «Ситораи умед» соли 1980 тавассути нашриё ти «Ирфон» чоп мешавад. Маҷмуаҳои ҳикоя, очерк ва қиссаҳои адиб «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди Муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Диле, ки саршори меҳр аст» (2011), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Зиндагӣ ҳам нафасе» (2014), «Деҳаро хоб мебинам» (2014), «Савори аспи сафед» (2021) пай дарпай ба табъ мерасанд. Романҳои «Дар орзуи падар» (романи сегона – 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Моҷарои зиндагӣ» (2017) «Ишқи Сархӯр» (2020) низ аз лиҳози мундариҷа ва забону услуби нигориш дар насри давраи нави тоҷик мавқеи шоиста дошта, дар тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва эстетикии насли наврас саҳми муно сиб мегиранд.
Қиссаҳои «Шабе дар Кабудҷар» ва «Дарди ишқ» таҳти унвони «Муки любви» соли 1989 ба забони русӣ чоп гардидаанд. «Дар ор зуи падар» соли 2002 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамин роман ба забони узбекӣ бо номи «Ота орзусӣ» ба нашр расиданд. Асарҳои алоҳидаи ӯ ба як қатор забонҳои дунё, аз ҷумла ба забонҳои англисӣ, чехӣ, туркманӣ, ҳиндӣ тарҷума ва чоп гардидаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо аз нависандагони сермаҳсул ва серхо нанда аст. Аз рӯйи ҳикоя ва қиссаву романҳояш филмҳо ба навор гирифта шудааст. Дар замони шуравӣ киностудияи «Тоҷикфилм» аз рӯйи қиссаи «Дарди ишқ» филми ҳамноме ба навор гирифт. Дар заминаи романи сегонаи «Дар орзуи падар» иборат аз 23 қисмат филми бисёрсериягӣ таҳия гардидааст, ки дар Эрону Афғонистон низ маъруфият дорад. Вобаста ба мавзуи романи «Марги бегуноҳ» ва қиссаи «Нишони зиндагӣ» низ силсилафилмҳо пешкаши тамо шобинон гардидааст. К. Мирзо як қатор мақолаҳои публитсистӣ низ таълиф намудааст, ки бо сарлавҳаҳои умумии «Рӯйдодҳои зиндагӣ» ва «Ёдномаҳо» дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо дар асарҳои хурду калони худ лаҳзаҳои мухталифи ҳаёти инсон, рӯйдодҳои фараҳбахш ва но матлуби рӯзгор ва хислату табиати неку бади ҳамзамонони моро бо забони содаву фасеҳ ба риштаи тасвир кашида, ба сифати яке аз шогирдони муваффақи мактаби адабии устод Айнӣ ва давомдиҳандаи фаъолияти насрнависии Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигар устодони насри му осири тоҷик шинохта шудааст. Дар ҳикояҳои «Қадри модар», «Вохӯрӣ», «Айб аз худатон, додар», «Одамшинос», «Аз мо савғо», «Деҳаро хоб мебинам» ва ғ. нависанда шахсони беирода, худхоҳу манфиатҷӯй, шуҳратпараст, ҳанноту фиребгарро сахт маҳкум ме кунад. Дар ҳикояи «Дили пурармон» бошад, масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва нақши ҷавонон дар бунёди оила ба миён гузошта шу дааст. Нависанда ба воситаи тасвири симои як гурӯҳ ҷавонони авбошу бадахлоқ мақому таъсири падару модарро дар тарбияи ахлоқиву маънавии фарзанд таъкид мекунад. Хонанда аз мазмуни ҳикоя ба хулосае меояд, ки дар авбошиву бадахлоқии фарзандо нашон пеш аз ҳама падару модар гунаҳгоранд, зеро аз оғоз фар зандони худро нодуруст тарбия намудаанд ва аз ин сабаб онҳо бо роҳи каҷ рафтаанд. Хулосаи ҳикоя байти зеринро ёдрас мекунад:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То Сурайё меравад девор каҷ.
Қиссаҳои нависанда, аз ҷумла «Ситораи умед», «Шабе дар Кабудҷар», «Дарди ишқ», «Нишони зиндагӣ» низ ба муҳимтарин масъалаҳои зиндагии ҷомеаи инсонӣ бахшида шудаанд. Мав зуи асосии «Дарди ишқ» маънавиёти инсон ва ҳолатҳои руҳиву андешаҳои одамони аз нигоҳи ахлоқу инсоф мухталиф мебошад. Дар қисса беш аз 20 персонаж ширкат меварзанд, вале симоҳои асосии асар Рустам, Ҷамила, Парвона ва калтаи Мансур ба ҳисоб мераванд. Воқеа дар Гулоб ном деҳаи дурдасти Тоҷикистон ҷараён мегирад ва адиб хонандаро ба кору зиндагии мардуми ақибгоҳ, сахтиву машаққатҳои рӯзгори айёми Ҷанги бузурги ватанӣ ошно месозад. Рустам бо вуҷуди хурдсолӣ ва камқувватӣ ба калтаи Мансури ҳаннот мубориза мебарад ва ҳатто ба ӯ даст багиребон мешавад, нокасиву дилсиёҳӣ ва ботини нопоку манфу ри ин башараи ҳарисро, то метавонад, фош мекунад ва дар ин гирудор худ обутоб меёбад…
Забони «Дарди ишқ» шевою фасеҳ ва ширину гуворо мебо шад ва таркибҳои рехта, мақолу зарбулмасалҳо забони асарро боз ҳам ҷолибтару муассиртар намудаанд: «Ман аз ҳафт маҳалли ин бадсурат безорам», «Болои сӯхта намакоб», «Бедаста дасту калбуза шох нате», «Соли саг омаду ту, раис, соҳиби гап шудӣ»… Қиссаи «Дарди ишқ» гувоҳи маҳорат ва ҳунари волои нигоранда гии Кароматуллоҳи Мирзо мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Кароматуллоҳи Мирзо кадом донишгоҳро хатм намуда аст?
2. Фаъолияти меҳнатии ӯ аз кадом вазифа оғоз шудааст?
3. Нависанда кай ба кори эҷодӣ оғоз намудааст?
4. Аввалин китоби К. Мирзо чӣ ном дорад?
5. Асарҳои баъдинаи нависандаро номбар намоед.
6. Ҳикояи «Дили пурармон»-ро мутолиа кунед.
7. Аз рӯйи кадом асарҳои адиб филмҳо ба навор гирифта шу даанд?