Таърих хотираи халқ аст. Тоҷикон давлатҳои абарқуд- рату империя (Ҳахоманишиёну Сосониён ва Сомониён), мустақил дар иҳотаи давлатҳои абарқудрат (Тахористон, Суғд, Ғуриёну Тоҷикистони Шуравӣ) ва нимамустақил (Тоҳириён, Саффориён, Куртҳо, Сарбадорон) доштанд. Тоҷикон, инчунин шоҳони одил (Анӯшервони Одил, Исмоил), қаҳрамонҳои беҳамто (Спитамен, Муқаннаъ, Восеъ), шаҳрҳои номӣ (Балх, Ҳирот, Нишопур, Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Хуҷанд) дошта, ҳамаи ин номҳо саҳифаҳои дурахшону ҳузнангези халқи тоҷик буданд ва дониста мешаванд. Дар ин китоб хонанда боз бо як саҳифаи ба қаъри таърих рафтаи халқи тоҷик – Тоҷикистони Шуравӣ, ки пур аз тазодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсонист, шиносоӣ пайдо мекунад. Китоб, ки солҳои 1917–1945-ро дар бар мегирад, давраи бениҳоят пурмоҷаро, ҳассос, печидагиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқи тоҷикро фаро гирифтааст. Хусусиятҳои хосси ин давраи таърихи халқи тоҷикро амали назарияи пролетарии имкони сохтмони сотсиализм дар мамлакати аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ қафомонда (ба мисли Тоҷикистони ибтидои асри ХХ) ташкил медиҳад. То соли 1918 тоҷикон дар ҳайати ҳукуматҳои бегонаву ғосиб (Бухоро, Афғонистон, Русия) буданд. Сулолаҳои ҳукмрони ин давлатҳо турк (манғит) ва афғон (паштун) буданд. Ин китоб хонандаро ба равандҳои таъсисёбии давлатҳои миллии тоҷикон – ҶМШС (РАСС) Тоҷикистон, ҶШС (РСС) Тоҷикистон, Тоҷикистони солҳои 1917–1945, инчунин ба таърихи мухтасари онҳо ошно месозад. Ҳарчанд ки таърихшиносону сиёсатмадорони даврони шуравӣ барои «хидмат»-и инқилобҳои солҳои 1917 ва 1920-ро нишон додан бо овози баланд ҷор заданд, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ акнун дар даврони шуравӣ соҳибдавлат гардиданд, вале аз он ки ҳамеша забони давлатии ҳукуматҳои туркию паштунии Бухорою Қӯқанд ва Афғонис- тон тоҷикию дарӣ буд, хомӯш буданд. Қисмати дигари тоҷикони дар Эрон (Хуросон, Систон, Мозандарон) ва Чин зиндагӣ мекардагӣ, умуман, фаромӯш гардида буданд. Дар асри ХХ таърихи давлатдории тоҷиконро фақат дар ҳудудҳои Русия ва мустамликаи он – Бухоро ба назар гирифтанду халос. Аз ин рӯ дар матни ин китоб аз боби барои чӣ ин тавр ранг гирифтани масъала ҳам сухан меравад.
Мақсади асосии матни китоби дарсӣ баёни чандин масъ- алаҳои сиёсию иқтисодӣ ва мадании ҳокимияти Шуравӣ, таъсиси давлати миллии иҷтимоӣ (сотсиалистӣ)-и тоҷикон, ки бе ҳалли масъалаҳои миллӣ (тақсимоти миллӣ – марзии солҳои 20-уми асри XX), раванди иҷрои се ҳадафи ҳукумати давр – саноатикунонӣ ва коллективонии сотсиалистию инқилоби маданӣ дар доираи сиёсати иҷрои барномаи дуюми ҳизби коммунистӣ – бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ (сотсиалистӣ) ва ибтидои ҷомеаи иҷтимоӣ (сотсиализм)-и баркамол ба ҳисоб меравад. Матн таърихи солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонро ҳам дар бар мегирад, ки асосан, саҳми тоҷикистониёнро дар ғалаба дар назар дорад.
Мавзуи ҳар як дарс дар фаслу бобҳо мушаххас оварда шудааст. Ҳар як дарс бо зермавзуъ ва саволҳои пурсишу мус- таҳкамкунӣ таъмин аст. Маводди ин китоб аз камбудиҳо орӣ нест. Аз ин рӯ муаллиф фикру андеша ва пешниҳоди ҳамаи онҳоеро, ки барои беҳбудии китоб равона шудаанд, бо мамнуният қабул хоҳад кард.
Муаллиф
Реклама