§ 39. РАВАНДИ ТАШАККУЛИ МУЗДИ МЕҲНАТИ КОЛХОЗЧИЁН ДАР РАФТИ СОХТМОНИ КОЛХОЗӢ

Баробармузддиҳӣ аз рӯйи шумораи хӯрандаҳо дар хоҷагӣ (оила). Ин усули музди меҳнат дар хоҷагиҳои фермерии ИМА ҳанӯз дар асри ХIХ таҷриба шуда буд. Шаклҳои баробарҳақдиҳӣ ба аъзо (аз рӯйи шумораи хӯрандаҳо ҳақ додан, аз рӯйи шумораи аъзо ҳақ додан, аз рӯйи миқдори вақти кор дар саҳро ҳақ додан, аз рӯйи ҳаҷми кори иҷрошуда музд додан) вуҷуд дошт.

Дар солҳои 1918 – 1927 дар артелу коммунаҳо додани музди меҳнат дар асоси баробарии иҷтимоӣ – аз рӯйи шумораи хӯрандаҳо ҷорӣ буд: хонаводаҳое буданд, ки 5-6 нафар қувваи корӣ доштанду ҳамаашон дар корҳои саҳроӣ кор мекарданд ва барои ҳамон 5-6 нафар музди меҳнат мегирифтанд. Аммо хонаводае ҳам буд, ки аз 5-6 нафар иборат буду як нафарашон қобилияти корӣ дошт ва ҳамон як нафар дар корҳои саҳроӣ иштирок мекард, вале барои 5-6 нафар хӯранда аз маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ (колхоз) ҳақ мегирифт. Ин тарзи ҳақдиҳӣ ва тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда норозигиро ба миён меовард. Дар ин бора ҳазорҳо арзу шикоят ва ҳалномаҳои судие, ки дар бойгониҳо вуҷуд доранд, шаҳодат дода метавонанд. Аз ҳама бештар ин усули музддиҳӣ ҳавасмандиро аз байн мебурд.

Баробармузддиҳӣ аз рӯйи иштирок дар корҳои саҳроӣ. Солҳои 1928 – 1931 дар артелҳои хоҷагии қишлоқ (колхозҳо) музди меҳнат аз рӯйи иштироки бевоситаи деҳқонон дар корҳои саҳроӣ таҷриба шуд ва ҳавасмандии аъзои артели хоҷагии қишлоқ баланд гардид, вале камбудии дигареро ошкор кард: аъзои хоҷагӣ баробар кор кунанд ҳам, ҳаҷми кори иҷрокардаашон баробар набуд, яъне, баъзеҳо дар саҳро хуб ва босамар меҳнат мекарданду баъзеҳо фақат иштирок доштанд, вале хуб кор намекарданд. Аз ин рӯ, ин тариқи ҳақдиҳӣ ҳам камфаъолиятӣ ва ҳам танбалиро эҷод кард.

Раванди ташаккули музд (ҳаққ)-и меҳнати колхозчиён. Ҳақдиҳӣ аз рӯйи иҷрои кори амалиро ҳукумат аз соли 1932 сар кард чун воситаи асосии тақсими даромад, ба амалӣ кардан оғоз намуда буд. Ҳукумат барои иҷрои корҳои саҳроӣ номгӯй ва меъёрҳоеро тартиб дода буд, ки барои кори як рӯзи саҳроӣ пешниҳод шуда буданд ва деҳқоне, ки чанд нормаро иҷро мекард, ба номи ӯ ҳамон қадар рӯзи меҳнат мегузарониданд: як норма – як рӯзи меҳнат, се норма – се рӯзи меҳнат, яъне, норма бо рӯзи меҳнат ва рӯзи меҳнат аз рӯйи ҳаҷми кори иҷрогардида муайян карда мешуд. Иштирок дар корҳои саҳроӣ то миёнаи соли 1932 ба тариқи бригадавӣ (дастагӣ) ва минбаъд ба тариқи звеногӣ (нимдастаҳо) сурат мегирифт. Оинномаи намунавии РКДЗ-ҳо ва артелҳои кишоварзӣ ҳам таҳия шуда буд. Музддиҳӣ ба меҳнат аз рӯйи рӯзи корӣ ва ҳаҷми кори иҷрогардида муайян гардида буд. Деҳқонони колхозӣ музди меҳнаташонро, асосан, ба тариқи пешпардохт бо мол (натура) ва қисман бо пул мегирифтанд.

Колхозҳои пахтакор, агар нақшаро иҷро мекарданд, ба ҳар як рӯзи меҳнаташон аз 6 то 10 кг гандум, 1 кг шолӣ, 100-150 грамм равған, 50-60 грамм чой, 130-140 грамм қанд, 0,20-0,25 метр газвор, 5-7 сӯм пул мегирифтанд. Колхози «Пахташиркат»-и ноҳияи Шаҳринав соли 1931 ба ҳар як рӯзи меҳнат 9,1 кг гандум, 505 грамм равған, 440 грамм картошка, 7 сӯму 95 тин пул дода буд.

Реклама