Сиёсати ҷамъиятигардонии саноат. Чӣ тавре аз мақсади ҷорӣ гардидани назорати коргарӣ пай бурдем, инқилоби ғалабакарда ва Ҳукумати навташкили Шуравӣ мақсади таъҷилан миллигардонии корхонаҳои саноатиро надошт. Сабабаш, аввалан, чунин таҷриба надоштан ва баъдан, ба истифодабарии онҳо тайёр набудан буд. Вале муносибати душманонаи баъзе саноатчиён (иҷро накардани фармоишҳои ҳарбии ҳукумат ва вайронкориҳои маъмурияти корхонаҳо Ҳукумати Шуравиро маҷбур карданд, ки муносибати худро нисбат ба саноат тағйир диҳад, милликунониро тезонад.
Дар сиёсати иқтисодӣ, умуман, муносибати Ҳукумати Шуравӣ нисбат ба моликият – милликунонии саноат ва замин, маънои барҳам додани сармоядории калони буржуазӣ ва заминдории феодалӣ-помешикӣ, маънои барҳам додани зербинои иқтисодии сармоядорӣ ва буржуазияро ҳамчун синф барҳам додан ва таъсиси заминаи иқтисодии ҷамъияти нав – сотсиализмро дошт. Милликунонии саноат дар рафти инкишофи инқилоб дар охири соли 1917 ва то миёнаи соли 1918 дар назар дошта шуда буд, вале ба сиёсат табдил наёфт. Баъди душвориҳои ҳарбию молиявии аввали соли 1918 бо сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва тавсияи Анҷумани якуми Шуроҳои Хоҷагии Халқ, ки охири моҳи майи соли 1918 баргузор гардида буд, 28 июни соли 1918 ШКХ декрети милликунонии саноати вазнинро қабул карда буд, ки ба сиёсат табдил ёфт.
Ба саноати вазнин корхонаҳое дохил мешуданд, ки барои корхонаҳо ва саноати коркарди маъдан таҷҳизот омода мекарданд ва Тоҷикистон онҳоро надошт.
Дар таҷрибаи собиқ шуравӣ милликунонии саноат аввал бо роҳи кашидагирии корхонаҳои хурду миёна оғоз гардида буд, ки нисбат ба ҳама гуна душманиҳои зиддишуравӣ амалӣ мегардид. Саноати Тоҷикистонро агар чунин номидан раво бошад, маҳз саноати хурду миёна ташкил медод. Дигар ин ки ҳамон корхонаҳои саноатии камшумори Тоҷикистон боз аксаран моли саноатчиёни маҳаллӣ набуданд. Ҳамин вазъи ҳуқуқии масъала кашидагирии онҳоро осон карда буд.
Милликунонии саноат дар Тоҷикистон аз корхонаҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ сар шуда, нисбат ба марказ дар муддати кӯтоҳ гузаронида шуд.
Дар асоси қарори Шурои уездии Хуҷанд аз 24-уми марти соли 1918 ҳафт корхонаи пахтатозакунии уезди Хуҷанд ва заводҳои собунпазии Хуҷанду Уротеппа, 2 корхонаи пахтатозакунии Конибодом миллӣ эълон шуданд. Умуман, дар соли 1918 ҳамаи корхонаи пахтатозакунӣ ва равғанкашии бародарон Алибоевҳо, Пинхасов, Маҳкамбоев, Потеляхов, Ашӯрбоев, Турсунов, Мирмуъминов, Имонхонов, ширкати истеҳсоли нафти «Санто», конҳои ангиштсанги Шуроб, корхонаи чарми шуъбаи хуҷандии ҷамъияти «Кавказ», «Меркурий» ва «Шарқӣ», дорухонаҳо, ҷамъиятҳои суғурта, нақлиёт, муассисаҳои пиллахушккунӣ ва хазинаи пахта миллӣ карда шуданд. Идора ва роҳбарӣ кардани корхонаҳои миллишуда ба зиммаи Шурои Олии Хоҷагии Халқ ва идораҳои он дар маҳалҳо ва шуъбаи хоҷагии халқи назди шуроҳои уездӣ гузошта шуда буд.
Ибтидои ислоҳоти обу замин. Тоҷикистон кишвари аграрӣ буд. Инқилоб мебоист масъалаи заминро ҳал мекард. Яке аз қонунҳои аввалини Ҳокимияти Шуравӣ декрет «Дар бораи замин» аст, ки дар Анҷумани дуюми Шуроҳои умумирусиягӣ қабул шуда буд. Барои татбиқи фаврии ин декрет дар Туркистони миллӣ на шароит буд ва на имкон. Аввалан, деҳқонони тоҷик ҳоло ташкилоти сиёсии худро надоштанд, сониян, роҳҳо ва усули тақсими заминро ҳам намедонистанд ва баъдан, чӣ миқдор замин ва ба кӣ тақсим кардани он ҳам маълум набуд. Аз ин рӯ Ҳокимияти Шуравӣ декрет «Дар бораи замин»-ро дар шароити Туркистон дар якчанд давра гузаронид. Давраи аввалро, ки то ибтидои ҷанги шаҳрвандӣ давом ёфт, давраи қонунэҷодкунии Ҳокимияти Шуравӣ доир ба ҳалли масъалаи замин номидан мумкин аст. Дар ин марҳала қонуну идораҳое ба вуҷуд омаданд, ки метавонистанд милликунонии замин ва тақсими онро ба ҷо оваранд. Моҳи декабри соли 1917 ШКХ Туркистон декрет «Дар бораи замин» ва дар асоси ҳамин декрет бо қарори Шурои Комиссариати халқии зироат қарор «Дар бораи тартиби гузаронидани ислоҳоти замин дар кишвар»-ро қабул намуд. Аз 27-уми январи соли 1918 дар Туркистон гузаронидани ислоҳоти замин оғоз гардид, ки он аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикис- тон фақат уезди Хуҷандро фаро гирифта буд.
Барои гузаронидани ислоҳоти замин чӣ масъалаҳоро донистани Ҳокимияти Шуравӣ лозим буд? Аввалан, категорияи моликиятдорӣ ба замин, сониян, соҳиби бевоситаи он ва баъд миқдори замини мусодира ва тақсим мешударо. Чунин нишонаҳо барои деҳаҳои руснишин кайҳо боз маълум буданд. Дар деҳаҳои руснишин замин моликияти давлат буда, вале истифодабарандагони он деҳқонон буданд. Ҳисоби замини дар ихтиёри онҳо буда маълум буд. Дар деҳаҳои миллӣ заминҳои давлатӣ, мулкҳои шахсии феодалӣ ва вақфҳо ҳам буданд, ки миқдори онҳо ба ғайр аз соҳибонашон дигар ба ҳеҷ кас маълум набуд. Аз ин рӯ дар деҳаҳои русӣ гузаронидани ислоҳот фақат ба қонун муҳтоҷ буд. Худи деҳқонон ба гузаронидани ислоҳот тайёр буданд. Барои ҳамин ҳам дар маҳалҳои руснишин барои гузаронидани ислоҳоти замин ташкилоти махсуси – Комитетҳои камбағалон, таъсис ёфтанд. Деҳа ва деҳқони тоҷик ба ин кор ҳоло тайёр набуд. Ба ҳалли масъалаи замин дар чунин вазъият фақат ҳокимият мебоист фаъолият кунад ва чунин ҳам шуд. Ҳокимияти Шуравӣ қонун ва қоидаҳои мусодиракунии заминҳои бойӣ- помешикиро қабул карда, ба таъсиси органҳои амалии ин қонунҳо ҳам сар кард, вале аз барои надонистани ҳаҷми замини мусодирашаванда лозим дониста шуда буд, ки сараввал бояд аз ба ҳисоб гирифтани заминҳои мусодирамешуда оғоз намояд. Дар Хуҷанд, Уротеппа (Истаравшан), Конибодом комиссияҳои махсус ба ҳисоб гирифтани заминҳо ё худ ба ченкунии фонди замини тақсимшаванда сар карданд.
Моҳи январи соли 1918 Шурои кишварӣ дар бораи таъсис додани кумитаҳои обу замин қарор қабул кард. Моҳи феврали соли 1918 Комиссариати зироати Туркистон ба деҳқонон муроҷиат намуда даъват кард, ки кумитаҳои обу заминро таъсис диҳанд. Ин муроҷиатро ба ҳисоб гирифта, дар тамоми волостҳои уезди Хуҷанд Кумитаҳои обу заминро таъсис доданд. 2-юми апрели соли 1918 Кумитаи обу замини Хуҷанд қарор кард, ки заминҳои киштнашудаи уезд ба деҳқонони безамину камзамин дода шавад. Сабаби асосии аз кишт мондани ин заминҳо манъ карда шудани истифодаи қувваи кории дигарон шуд. Ҳокимияти Шуравӣ истифодаи қувваи кории дигаронро дар замини бою феодалҳо манъ карда буд. Инчунин дар аввали соли 1918 Ҳокимияти Шуравӣ ба кашида гирифтани заминҳои зиёдатии феодалон сар карда буд. Моҳи апрели соли 1918 Шурои Хуҷанд қитъаҳои заминҳои дар Саритуқай, Чумчуқарал ва Даштиамин будаи заминдорони калонро кашида гирифта, ба деҳқонон тақсим карда буд. Меъёри замини тақсимшуда ҳамон қадаре буд, ки деҳқонон бе истифодаи қувваи кории шахсони дигар аз уҳдаи киштукори он баромада тавонанд. Вале на ҳамаи заминҳои мусодирашуда соҳиби худро ёфтанд. Аз ин рӯ Ҳокимияти Шуравӣ дар ин заминҳои бесоҳибмонда ҳамон соли 1918 иттиҳодияҳои кооперативии обёрӣ бо номҳои «Санҷакарал» ва «Парчаюз»-ро таъсис дод. Ба ғайр аз ин ба тоза кардани ҷӯйборҳо сар карданд. Аз ҷумла барои тоза кардани канали Янгиариқ деҳқонони деҳаи Басманда ба бою сармоядори худ даҳ ҳазор сӯм ҷарима муқаррар карданд ва онро ситонида, ба тоза кардани канали номбурда сарф намуданд. Давраи аввали ислоҳоти обу замин ҳама минтақаҳои ҷумҳуриро фаро нагирифт. Масалан, минтақаи Помирро, ки дар он ҳоло шароити гузаронидани ислоҳоти обу замин фароҳам наомада буд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Ислоҳоти обу заминро шарҳ диҳед.
2. Барои чӣ ислоҳоти замини солҳои 1918 – 1920 дар Тоҷикистон «ислоҳоти обу замин» номида шуда буд?
Реклама