Тавсифи умумии масъала. Мафҳум, мақсад ва сиёсати муттаҳидгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар солҳои 20 – 30-юми асри ХХ бо номи коллективонӣ машҳур буд, ҳамдигарро пурра мекунанд, яъне, муттаҳид кардани хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ ба хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (коллективӣ)-и истеҳсолӣ коллективонидани соҳаи кишоварзӣ номида мешавад. Ин сиёсатро Ҳокимияти Шуравӣ аввал ҳамчун назария, баъд ҳамчун амалия гузаронида буд, яъне коллективонидан се давраро аз сар гузаронидааст: солҳои 1918 – 1927, 1928 – 1932, 1933 – 1937. Давраи аввал – солҳои 1918 – 1927 давраи ибтидои коллективонӣ буда, бештар бо номи кооператсиякунонӣ маълум аст, ки ҳам ислоҳоти замин ва ҳам таҷрибаи таъсиси хоҷагидории шуравиро дар шаклҳои хоҷагиҳои шахсӣ, давлатӣ ва коллективию иҷоравӣ дар бар гирифта, барои коллективонии саросарӣ замина тайёр кард. Баъди қабул шудани декрет дар бораи замин, солҳои 1918 – 1921, 1921 – 1923 ислоҳоти обу замин гузаронида шуд ва хоҷагидории шахсию коллективӣ – РКДЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо, совхозҳо барои интихоби оянда таҷриба карда шуданд, яъне, солҳои 1918 – 1923 ин раванд бо қонуну низомномаҳо таъмин ва дар солҳои 1923 – 1927 таъсиси кооператсияҳои истеъмолӣ (асосан, кооператсияҳои обёрӣ) оғоз шуд, ки қариб 100% хоҷагиҳои деҳқониро дар бар мегирифт ва таъсиси РКДЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо ва савхозҳо давом ёфт.
Коллективонидани соҳаи кишоварзӣ яке аз рукнҳои сохт- мони сотсиализм дониста мешуд ва то сар шудани сиёсати давлатии коллективонӣ (соли 1929) дар Тоҷикистон 22 артели кишоварзӣ, 55 РКДЗ ва якчанд совхозу (хоҷагии шуравӣ аз «советское хозяйство») сотсхозҳо (хоҷагии иҷтимоӣ аз «социалистическое хозяйство») вуҷуд доштанд. Барои ҳарчи тезтар ҳал кардани масъалаи беҳбудии иқтисодӣ ва маишии деҳқонон, самаранок истифода бурдани замин, техника, агротехникаи кишоварзӣ ва ҳалли сиёсати аграрии шуравӣ коллективонидани хоҷагиҳои яккадаст ба хоҷагиҳои дастаҷамъӣ (коллективӣ) зарур дониста шуд. Аз соли 1928 Ҳукумати Тоҷикистон ба амалӣ кардани ин сиёсат сар кард.
Солҳои 1928 – 1932 сиёсати коллективонӣ сараввал зери шиори кооператсиякунонӣ давом ёфта, аз кооператсияҳои истеъмолӣ ба кооператсияҳои истеҳсолӣ бо номҳои «Пахтасоюз», «Кирмакпарварӣ», «Боғдорӣ», «Сабзавоткорӣ», «Чорводорӣ», «Ғаллакооператсия» сар шуд, ки он то соли 1929 давом ёфт. Аз соли 1929 то соли 1932 сиёсати гузариш ба Рафоқатгарди коркарди дастаҷамъонаи замин – РКДЗ-ҳо: («товаришество по общественной обработки земли) артел, совхоз, сотсхоз ва коммунаҳо пеш гирифта шуд. Ин давра бештар бо номи коллективонии соҳаи кишоварзӣ маълум аст. Солҳои 1933 – 1937 коллективонӣ зери сиёсати сохтмони колхозӣ гузаронида шуд, ки шакли асосии он барои Тоҷикистон аввал РКДЗ-ҳо ва соли 1936 артелҳои кишоварзӣ дониста шуда буд. Соли 1937 бошад, оинномаи намунавии артелҳои хоҷагии қишлоқ қабул гардид, ки тибқи он ҳама шаклҳои хоҷагии коллективӣ (РКДЗ-ҳо, артелҳо, коммунаҳо) – колхоз (коллективное хозяйство) номида шуданд. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 1937 зиёда аз 60% хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ба колхозҳо ҷалб шуда буданд. Аз ин рӯ соли 1936 коллективонӣ, умуман ва сохтмони колхозӣ, махсусан, ғалабакарда эълон шуда буд.
Шартҳои асосии коллективонии соҳаи кишоварзӣ. Барои амалӣ кардани ин сиёсат шартҳои асосии коллективонӣ: ихтиёран ба колхоз дохил шудан ва усули ихтиёрии интихоби шакли он (РКДЗ, артел, коммуна) эълон шуда буд. Барои Тоҷикистон шакли асосии коллективҳои истеҳсолии кишоварзӣ РКДЗ-ҳо тавсия дода шуда буд. Барои гузаронидани коллективонӣ шумораи калони тарғибгарону масъулони коллективонӣ сафарбар шуда буданд. Аз ҷумла, 87 нафар аз ҷониби Ҳукумати умумииттифоқӣ ва ҳазорҳо нафар аз худи Тоҷикистон ба ин кор сафарбар шуда буданд. Коллективонидан ба маъракаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табдил ёфт. Ин сиёсат хусусиятҳои умумӣ ва хосси коллективонии Тоҷикистонро муайян кард, ки инҳоанд:
Хусусиятҳои коллективонии деҳоти тоҷик. Хусусияти асосии сиёсати коллективонии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба охир нарасидани ислоҳоти замин, аксари деҳқононро ташкил додани камбағалону иҷоракорон, паст будани маънавиёти хоҷагидорию иқтисодии деҳқонон, тайёр набудани деҳоти тоҷик ба муттаҳидгардонии меҳнат ва тақсимот, суст будани таъсири «кулак»-ҳо дар деҳоти Тоҷикистон, ҳоло ҳам пурзӯр будани шарҳи динии моликият ва заминдорӣ умуман, дер сар задани сиёсати коллективонӣ ва дер давом кардани он буд. Ҳамаи ин шарҳи дурустро талаб мекунад.
ЛУҒАТ:
4. Кооператсиякунонӣ – сиёсати махсуси Давлати Шуравӣ, ки солҳои 1917 – 1937 гузаронида шуда буд. Кооператсиякунонӣ чи саноат ва чи хоҷагии қишлоқро дар бар гирифта, ду давраро аз сар гузаронидааст: солҳои 1917 – 1926 давраи истеъмолӣ, яъне, замоне, ки кооперативҳо аз давлат техника, тухмӣ, нурӣ ва дигар маводди лозимаро мегирифтанд, вале дар назди давлат уҳдадорие надоштанд; солҳои 1927 – 1937 то соли 1945 давраи истеҳсолӣ, яъне, онҳо ҳатман бояд ягон чиз истеҳсол мекарданд.
Савол ва супоришҳо:
1. Мафҳуми «коллективонӣ» чист?
2. Сиёсати коллективонии шуравиро шарҳ диҳед.
3. Шартҳои коллективониро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
4. Шаклҳои колхозҳои ибтидои давраи коллективониро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
5. Кулакҳо киҳо буданд ва чӣ тавр хоҷагии онҳоро барҳам доданд?
Реклама