Баҳона ва оғози ҷанг. Ба ғайр аз он ки чи ғалаба ё шикасти шуравӣ ва босмачигарии шимоли Тоҷикистон аз ғалаба ва ё шикасти Ҳокимияти Шуравӣ дар Русияю Туркистон вобаста буд, боз хусусиятҳои худро зери таъсири омилҳои беруна (Тошканду Қӯқанд) буданаш ва дер – аввали соли 1918 таъсис ёфтани дастаҳои босмачигарӣ, ташкил медод. Вале ҳамин ҳолат ҳам бе баҳона набуд. Аввалан, баъди шикаст хӯрдани мухторияти Қӯқанд саркардаҳои онҳо – Мадаминбек, Кӯри Шермат ва Эргаш ба ҳудуди уезди Хуҷанд гурехта дар Қистакуз, Бешкир қароргоҳ гирифта, аз ҳисоби аҳолии ин минтақаҳо дастаҳои худро ҳам пур карданд ва ҳам дастаҳои босмачигарии маҳаллиро (Мамадсолӣ, Қурбон ва Исмат) таъсис ва зери назорат гирифтанд. Дар ҳамин давра «Шурои исломия» ва «Уламо» як дастаи калони тарғиботчиёни тарафдории мухториятхоҳонро таъсис дод. Дар тамоми минтақаҳои уезд ташвиқоти зиддишуравӣ, асосан, дар атрофи масъалаи барҳам додани давлати худтаъсиси Мухторияти Қӯқанд, ки гӯё барҳам задани он барҳамзании демократия, озодӣ, ваъдаҳои ҳизби болшевикӣ ва Ҳукумати Шуравӣ ва худмухтории миллӣ аст, сар шуд. Фатво доданд, ки касе демократия, озодӣ, ваъдаҳои ҳизби болшевикӣ ва Ҳукумати Шуравӣ ва худмухтории миллиро тарафдорӣ накунад, тарафдори Ҳукумати Шуравист – яъне кофир аст. Хусусияти дигари ҷанги шаҳрвандии шимоли Тоҷикистон ин шаҳру шаҳракҳои коргарнишинро фаро нагирифтани он буд.
Вале баҳонаи асосии сар задани амалиётҳои зиддишуравӣ ва ҷанг, дар оғози кишти баҳории соли 1918 Ҳокимияти Шуравӣ амалӣ сохтани қарорҳои худ дар ҳалли масъалаи моликият, умуман, дар мисоли уезди Хуҷанд – замин (мусодираи заминҳои собиқ маъмурони рус) ва амалҳои баъзе мансабдорони Шуравӣ буд. Масалан, дар волостҳои Уротеппа раиси Кумитаи Иҷроия Сеславин, комиссар Балаба ва раиси Шуро Исо Алимбоев, дар Мастчоҳ раиси кумитаи инқилобии волост Султонбек ва дар волости Боқса Исфона раиси Шуро Саид Аҳмад Хоҷа, ҳам ташвиқоти зиддишуравӣ мебурданд ва ҳам аз номи Ҳокимияти Шуравӣ ба ғорати мардум (зӯран кашида гирифтани аспҳо, чорвоҳо ва ҳатто зару зевар) даст мезаданд. Ин ҳама дар ин минтақаҳо ба норозигии қишри аҳолӣ ва дар баъзе волостҳо ба муқовимати яроқнок овард. Аввалин муқовимати зиддишуравӣ 4-уми феврали соли 1918 дар Қистакӯз ба амал омада, то охири баҳор тамоми уездро фаро гирифт. Шӯриши баҳории Мастчоҳ оқибати ҳамин амалҳо буд. Яъне аз ибтидо муқовимати зиддишуравӣ ва минбаъд ҷанг меъморони ягонаи худро доштанд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1918 ва аввали 1920 дар вилояти Суғд. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ба амалҳои зиддишуравии генерал Колчак дар Сибир, генерал Дутов дар соҳили Волга, аксулинқилобчигии русӣ дар Ҳафтрӯду Фарғона, воридшавии қушунҳои Антанта (асосан, аз ҳисоби англисҳо) ба Закаспий алоқаи бевосита дошт. Яъне, ҳоло охири соли 1917 ва аввали соли 1918 Туркистони Шуравӣ ба ҳалқаи ҷабҳаҳои ҷангӣ монда буд.
Яъне аксулинқилобчигӣ бо таҷовузи байналхалқӣ даст ба даст зидди Туркистони Шуравӣ баромад.
Тобистони соли 1918 дар атрофи Хуҷанд Мамадсолӣ ва Раҳмон (баъдтар Раҳмон Қурбошӣ) дастаҳои худро таъсис дода, бо дастгирии Эргаш ба тороҷи аҳолии волостҳои Уралск ва атрофи Хуҷанд сар карданд. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти зиддишуравии раиси Шурои волости Боқса Исфона – Саид Аҳмад Хоҷа (Саид Аҳмадхоҷаев) бо ғорати амволи Шуравӣ ва аҳолии маҳаллӣ оғоз гардида буд, ки ҳам муқовимати зиддишуравиро ва ҳам ба босмачигарӣ рӯ овардани мардумро зиёд кард. Ӯ аз комиссияи ташкилёфтаи тафтиши кору кирдораш тарсида, ба Мастчоҳ ба назди Султонбек гурехт. Эргаш бошад, аз Қӯқанд омада, деҳаҳои атрофи Исфараро ғорат намуда, бисёриҳоро ба дастаи худ ҳамроҳ намуд.
Моҳи сентябри соли 1918 атаман Дутов роҳи оҳа- ни Акмолинск – Оренбургро ишғол намуда, алоқаи Туркистонро аз Русия бурид. Дар Фарғона сарварии «Артиши сафеди Туркистон»-ро Мадаминбек, ки дар гузашта милитсияи Шуравӣ буд, қабул кард. Инҳоро ба назар гирифта, 28-уми сентябри соли 1918 дар Хуҷанд намоиши эътирозии серодам баргузор гардида, барои барҳам додани аксулинқилобчиёни Ашқобод 115 ва ба Оренбург 250 нафар ҷанговар фиристод. Алоқа барқарор гардид, вале дар шимоли Тоҷикистон дастаҳои Эргаш амалиёти худро давом медод. Моҳи январи соли 1919 ба он гурӯҳи К. Осипов, ки дар гузаштаи наздик Комиссари муваққатии ҳарбии ҶМШС Туркистон буд ва моҳи январи соли 1919 дар Тошканд бо роҳбарии ӯ исён сар зада буд, ҳамроҳ шуд. Дастаи Эргаш, ки 3-5 ҳазор нафарро ташкил медод, 14 январи соли 1919 деҳаи Сомғорро тороҷ кард. Моҳи марти ҳамон сол деҳаҳои Исфона, Занбӯра, Деҳмой, Сунбулоқ ва Чимғонро ғорат кард. Худи ҳамон моҳ Эргаш ба шаҳраки Сулукта ҳуҷум кард, вале бо мадади аскарони ба ёрӣ омада шаҳрак муҳофизат карда шуд. Дар волости Уралск дастаҳои Мамадсолӣ ва Раҳмон Қурбошӣ бедодгарӣ мекарданд.
Кумитаи иҷроияи Шурои Хуҷанд барои барҳам додани дастаҳои Эргаш якчанд тадбири таъҷилӣ андешид. Дар ҷойҳои муҳимми уезд дидбонгоҳҳои низомӣ гузошта, дар тамоми гузаргоҳҳо иншооти мудофиавӣ сохтанд. 7-уми марти соли 1919 меҳнаткашони шаҳри Истаравшан (Уротеппа) қарор доданд, ки барои мубориза бар зидди Эргаш ҳамаи аҳолии шаҳрро сафарбар намоянд. Дар шаҳр Кумитаи ҳарбии инқилобӣ ташкил ёфт. Дар Истаравшан, Шӯроб барои мубориза бар зидди қувваҳои зиддишуравӣ ситодҳо ташкил намуда, дар ҳама ҷо дастаҳои нави яроқнок ташкил ёфтанд. Дар тамоми шимоли Тоҷикистон моҳи марти соли 1919 вазъи ҳарбӣ эълон гардида буд. Қувваҳои мусаллаҳи шимоли Тоҷикистон бар зидди қувваҳои зиддишуравӣ дар якҷоягӣ бо ситоди ҷангии Фарғона амал мекард. Мастчоҳ, ки ба маркази зиддишуравӣ табдил ёфта буд, баҳори соли 1919, баъди кушода шудани роҳҳои ағба, хавфи ба Мастчоҳ ворид шудани босмачиён афзуд. Шурои Истаравшан ҳамроҳи шуроҳои Хуҷанд ва Панҷакент роҳи босмачиёнро ба Мастчоҳ бастанӣ шуданд. Вале дастаҳои Эргаш ва Осипов қувваҳои онҳоро шикаст дода, аз сари нав Мастчоҳро ишғол намуданд. Осипов ба Бухоро рафта, яке аз машваратчиёни амир Олимхон гардид. Аввали апрели соли 1919 Дутов боз роҳи оҳани Акмолинск – Оренбургро ишғол намуд. Боз хатти фронтҳо тамоми сарҳадди Туркистонро печонда гирифт. 7-уми апрели соли 1919, дар ҳама марказҳои маъмурии Туркистон Шуроҳои Ҳарбӣ таъсис ёфт. Меҳнаткашони шимоли Тоҷикистон аз ҳисоби аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан боз 138 нафар ҳизбиёнро ба ҷанг фиристод. Ин дастгирӣ буд, ки дар ҳама ҷабҳаҳо аксулинқилобчиёну босмачиён шикаст хӯрданд. Ҷабҳаи Туркистон ҳам аз байн рафт. Босмачигарии муташаккил ҳам рӯ ба коҳиш ниҳод. Вале баъди дар Намангон шикаст хӯрдани Мадаминбек, ба шимоли Тоҷикистон омадани қувваҳои зиддишуравӣ афзуда, дастаҳои нави босмачиёни маҳаллӣ ташкил ёфт. Тобистони соли 1919 аҳолии аз тороҷгарии босмачиён азобдидаи уезди Хуҷанд худашон дастаҳои миллии ҷангиро таъсис дода, шаҳраку роҳҳо ва деҳаҳои атрофи шаҳрҳо ва шаҳракҳои уездро зери ҳимоя гирифтанд. Дар ин кор саҳми Додо Зокиров, Усмон Ҳайдаров, Бобо Содиқов, Болтухон Тураев, Додоҷон Холматов хеле калон аст.
Дастаҳои ихтиёрии онҳо дар ҳайати Артиши сурхи шуравӣ амал карда, аксари шаҳру деҳаҳоро ба муҳофизати худ гирифтанд. Дар аксари шаҳру шаҳракҳои коргарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва устохонаҳои онҳо, бо ташаббуси коммунистҳо, дастаҳои ҷангии коргарӣ таъсис ёфта, зидди босмачигарӣ бархостанд. Ин буд, ки аз ибтидои соли 1920 дар уезди Хуҷанд босмачигарӣ рӯ ба таназзул ниҳод ва таслимшавии дастаҳои босмачигарӣ оғоз гардид. 13-уми январи соли 1920 қароргоҳи Эргаш – қишлоқи Бечкир ишғол карда шуд. Моҳи январи соли 1920 қумондони қушунҳои деҳқонии Монастирёв, моҳи феврал – Парпӣ Қурбошӣ бо 3000 йигиташ, моҳи марти соли 1920 Мадаминбек ва ёвараш Акбаралӣ бо 2600 сарбозашон, ки 600 нафарашон бо силоҳ буданд ва сардорони машҳури дигар: Охунҷон Нурматов, Ҳамдам, Тӯйчӣ ва дигарҳо бо дастаҳои худ таслим шуданд. Баҳори соли 1920 бошад, Саид Аҳмад Хоҷа (Саид Аҳмадхоҷаев) аз дастгирии муридҳои падараш – Эшони Авлиё Хоҷа истифода бурда, дар Мастчоҳ табаддулот гузаронида, худро беки Мастчоҳ эълон ва бо Ҳокимияти Шуравӣ ҷангро сар кард. Дар рафти мубориза зидди Мадаминбек ва Эргаш, инчунин ба дастаҳои босмачиёни кӯри Шермат, Раҳмонқул, ки дар атрофи деҳаҳои Ашт, Шайдон, Маҳрам, Понғоз амал мекарданд, зарбаҳои сахт расонда шуда буд. Вале Раҳмонқул, ки худро ҳокими деҳаҳои номбурда меҳисобид, хеле пурзӯр буд. Ӯ Ҳокимияти Шуравиро фиреб додани шуда, эълон кард, ки гӯё таслим мешавад ва барои гуфтушунид ба деҳаи Ошоба намояндагони уезди Хуҷандро даъват кард. Барои гуфтушунид раиси шуъбаи уездии ВЧК Бобобек Мавлонбеков, ҷонишини ӯ Худяков ва раиси Кумитаи Инқилобии волости Уралск А. Ҳасанов ба Ошоба рафтанд. Раҳмонқул онҳоро ҳабс ва ба таҳхона партофта, як ҳафта обу нон надод ва азобу шиканҷа кард. Ҷавобан ба ин ҳукумати Хуҷанд 100 нафар бой ва эшонҳои номии уездро ҳабс ва ба дастгирии босмачигарӣ муттаҳам карда, эълон кард, ки агар коркунони шуравӣ аз дасти Раҳмонқул озод карда нашаванд, ҳамаи онҳо парронда мешаванд. Ҳабсшудагон дар ҳайати Ҳомидхонтура, Отахонтура, домулло Ҳоҷӣ Абдуллохон ва қозӣ Саид Аҳмадҷон намоянда интихоб карда, ба назди Раҳмонқул рафтанд. Раҳмонқул, ки муриди Ҳомидхонтура буд, ноилоҷ ҳабсшудагонро озод кард, вале таслим нашуд.
Баҳори соли 1920 дар ноҳияи Истаравшан дастаи қозӣ Амонқул амал мекард, ки аз тарафи дастаҳои ихтиёрии Бобо Содиқов, Ато Раҳимҷонов ва Артиши сурх 24-уми декабр дар деҳаи Урта Кургон шикаст дода, 80 босмачӣ ҳалок ва боқимонда таслим шуданд. Вале босмачигарӣ ҳоло пурқувват буд. Мастчоҳ ба маркази ҳаракати босмачигарӣ табдил ёфта буд ва ин ҷо боз солиёни дароз ҷанг давом кард.
Соли 1920 дар Хуҷанд бо сардории Аҳмадбек Мавлонбеков Комиссияи фавқулодаи мубориза зидди босмачигарӣ ташкил ёфт, ки аз ҳисоби ҳизбиён ва комсомол дастаи 200-нафараро ташкил намуд. Минтақаи аз ҳама зиёди ҳамлаҳои босмачиён истгоҳи роҳи оҳани Урсатевск, Қулуқ ва Тегирмон гардида буданд, чунки Урсатевск пойгоҳи озуқаворӣ ва лавозимоти ҷангии Аскарони сурх ва дуи дигар баромадгоҳ аз шаҳри Хуҷанд буданд. Дигар ин ки дастаи 3500-нафараи Ислом аз Фарғона омада, роҳи оҳани байни Хуҷанду Драгомироворо таркондану аҳолиро тороҷ намуданро нақша дошт, вале аз дастаҳои ихтиёрии Ҷ. Зокиров, А. Раҳимбоев, Ҳ. Усмонов шикаст хӯрда, ақиб нишаст.
Ҳамин тавр, баҳори соли 1920 дар шимоли Тоҷикистон, ба ғайр аз бекигарии Мастчоҳ, ба муқовимати зиддишуравӣ хотима дода шуда буд.
Савол ва супоришҳо:
1. Ҷанги шаҳрвандиро шарҳ диҳед.
2. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро номбар кунед.
3. «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» чӣ гуна созмон буд?
4. Хусусияти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
5. Сардорони аввалини дастаҳои зиддишуравиро номбар кунед.
6. Сабабҳои асосии аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ шудани Шуроҳо дар чист?
7. Дастаҳои босмачигарии минтақаи шимоли Тоҷикистонро номбар кунед.
8. Барои чӣ босмачиён ба шаҳрҳою шаҳракҳо ҳуҷум намекарданд?
Реклама