Азнавсозии хоҷагии қишлоқ қисми таркибии коллективонӣ. Азнавсозии сотсиалистии хоҷагии қишлоқ қисми таркибии нақшаи давлатии сохтмони сотсиализм дар мамлакат буд, ки мақсади асосии он барҳам додани моликияти хусусӣ бо роҳи таъсис додани моликияти колхозӣ – кооперативӣ-коллективӣ (ҷамъиятӣ) буд. Сабаби асосии сиёсати коллективонии хоҷагии қишлоқро пеш гирифтани Ҳукумати Шуравӣ асосан, ин буд, ки хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ қудрати бо ашёи хоми хоҷагии қишлоқ пурра таъмин кардани саноати тараққикардаистодаи шуравиро надоштанд. Ин ҳолатро дида, синфи коргар ва корхонаҳои саноатие, ки бо ашёи хоми хоҷагии қишлоқ кор мекарданд ва ё талаботи истеҳсолию истеъмолии худро қонеъ мегардониданд, хоҷагии қишлоқро ба шефӣ гирифтанд. Шаҳр деҳот ва деҳқононро бо техника ва молҳои саноатии ниёзи мардум, деҳа бошад, шаҳрҳо ва саноатро бо хӯрокворӣ ва ашёи хоми саноатӣ таъмин карданро ба уҳда гирифтанд. Аввалин чунин шартномаи тарафайн байни коргарони саноати бофандагӣ ва пахтакорон ноябри соли 1929 баста шуда буд. Баъдтар ин намуди шартномаҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқро фаро гирифт, вале бе коллективонидани деҳот ин шартҳоро иҷро кардан мумкин набуд, чунки душвориҳои зиёде вуҷуд доштанд. Дар ҷумҳурӣ яке аз ин душвориҳои коллективонӣ гуногунсоҳа будани хоҷагии қишлоқ ва дар дараҷаҳои гуногуни иҷтимоӣ қарор доштани деҳаю деҳқонон буд. Минтақаҳо ва ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ машғул буданд. Минтақаҳои шимол (вилояти Суғд) ва марказу ҷануби Тоҷикистон, асосан, ба зироаткорӣ ва баъд ба чорводорӣ, вале Помир ва минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ аввал ба чорводорӣ ва баъд ба зироаткорӣ банд буданд. Аз ин рӯ дараҷаи тайёрии ин минтақаҳо ҳам ба муттаҳидшавӣ якхела набуд. Дар шимоли ҷумҳурӣ дар рафти ислоҳоти обу замини солҳои 1925 – 1927 ба заминдории феодалӣ хотима дода шуда бошад, ин ислоҳот қисматҳои дигари ҷумҳуриро комилан фаро гирифта наметавонист ва аз ин рӯ гузаронида нашуд. Дар ин минтақаҳо то ибтидои соли 1929 ҳанӯз ҳам асоси хоҷагидориро моликияти шахсӣ ба замин ташкил медод. Дар ин минтақа хоҷагидории коллективӣ ҳамагӣ 1,5%-и хоҷагиҳоро дар бар мегирифт.
Барои тезонидани ин суръат соли 1928 дар ҷумҳурӣ 4 МПС-и дорои 41 трактор дар ноҳияҳои Арал, Шаҳритус, Шаҳринав ва Саройкамар ба кор сар карданд. Коллективонӣ ба сиёсат ва маъракаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании Давлати Шуравӣ табдил ёфта буд. Барои тезондани суръати коллективонӣ тадбирҳои сабук кардани андозҳо, қарздиҳӣ (кредит), ба заминҳои нав муҳоҷир кардан (кӯчондан)-и оилаҳои безамину камзамин, сохтмонҳои иншоотҳои обёрӣ, бо техникаи нав таъмин намудани деҳот аҳаммияти калон доштанд. Дар татбиқи амалии сиёсати коллективонӣ гузаронидани маъракаҳои мустаҳкамкунии колхозҳо (соли 1931), думоҳаи коллективонӣ (солҳои 1930 – 1931), аз сиёсати коллективонӣ ба сиёсати сохтмони колхозӣ гузаштан, қабули оинномаи намунавии РКДЗ-ҳо (соли 1932), анҷуманҳои колхозчизанони пешқадам (соли 1935) ва колхозчиён (соли 1935) ва оинномаи намунавии хоҷагии қишлоқ (соли 1936) нақши асосӣ бозида буданд.
Каҷравиҳо дар рафти муттаҳидсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ. Каҷравиҳои асосӣ аз вайрон кардани шартҳои асосии коллективонӣ – ихтиёрӣ ба колхоз дохил шудан, ихтиёрӣ интихоб кардани шакл (РКДЗ, артел, коммуна) ва муҳлати он (дар шароити Тоҷикистон ин муҳлат то миёнаи соли 1933 муқаррар шуда буд), шахсони муваққатӣ ва бегона будани мутасаддиёни гузаронидани коллективонӣ ва баъдан, ташкили мусобиқа байни ин мутасаддиён иборат буд. Хоҳиши ғалаба дар чунин мусобиқаҳо ба каҷравиҳо оварда буд.
Дар Тоҷикистон шарти асосии ихтиёрӣ маънои онро дошт, ки деҳқонон аз се шакли пешниҳодгардидаи колхозҳо, (РКДЗ, артели хоҷагии қишлоқ ва коммунаҳо) кадомашро, ки хоҳанд, ҳамонашро интихоб кунанд ва ташкил диҳанд. Ҳукумат нисбат ба ҳамин масъала диди худашро дошт: РКДЗ-ҳоро пешниҳод карда буд. Шарти сеюм муҳлати ба охир расондани сиёсати коллективонӣ буд, ки онро баҳори соли 1932 муқаррар карда буданд. Дар тамоми давраи коллективонӣ, асосан, ин се шарт вайрон карда мешуд: ба ҷойи шарти ихтиёрӣ – зӯрӣ, ба ҷойи шарти интихоби РКДЗ-ҳо артелҳои хоҷагии қишлоқу коммунаҳо пешниҳод мешуданду муҳлатҳои коллективонӣ риоя намегардиданд. Аз ин ҷост, ки эътирозҳои деҳқонӣ ва суиқасдҳо ба ҷони шахсони расмӣ, мутасаддиёни коллективонӣ, ки солҳои 1930 – 1935 дар ноҳияҳои Конибодом, Қубодиён, Хоҷамастон (ҳоло Абдурраҳмони Ҷомӣ), Шаҳринав шуда буданд, то ба дараҷаи истифода аз яроқи оташфишон оварда буданд. Натиҷааш даҳҳо қурбоншудагон буданд. Баробари ин, боз ҳазорҳо чорвои корӣ қасдан кушта шуда, садҳо анборҳои хоҷагиҳо ғорату оташ зада шуданд.
Дар раванди татбиқи сиёсати коллективонӣ саҳми мутасаддиёни ин маърака, асосан, бисту панҷ ҳазорнафариён кам набуд. Дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати умумииттифоқ 87 нафар ва садҳо инструкторони дохилии таҷрибаи кори ташкили колхозҳо дошта кор мекарданд. Ҳамаи онҳо роҳбарони муваққатӣ буда, то замони дар колхозҳо муттаҳид кардани зиёда аз 66%-и деҳқонони минтақаи фиристодашудаашон фаъолият карда, сипас, ба ҷойҳои пештараи худ бармегаштанд, яъне, баргаштанашон ба раванди коллективонӣ вобаста буд. Ин меъёре буд, ки баъди ноил гаштан ба он коллективонӣ баохиррасида ҳисобида мешуду ташкилотчиаш – ғолиб. Ин боиси мусобиқа гардид ва мусобиқагаронро ба суиистеъмол аз вазифа ҳам бурда расонд. Оқибати он марги даҳҳо чунин мутасаддиён, мисли Зайнаб- бибӣ Қурбонова аз ноҳияи Рӯдакӣ, Мирзо Ризо аз ноҳияи Шаҳринав, Р. Ҳамроҳбоев аз ноҳияи Конибодом ва Г. К. Безгин аз биступанҷҳазорнафариён гардида буд.
ЛУҒАТ:
Азнавсозӣ – азнавсозӣ дар матн ба маънои азнавсозии сотсиалистӣ омада, таъсиси хоҷагиҳои характери истеҳсолоти сотсиалистидошта.
Савол ва супоришҳо:
1. Таҳти мафҳуми азнавсозии деҳоти солҳои 30-юми асри ХХ чӣ дар назар дошта мешавад?
2. Шаклҳои колхозҳои солҳои панҷсолаҳои якум ва дуюмро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
3. Қурбоншудагони одамони маъруфи давраи сиёсати коллективониро номбар кунед.
Реклама