§ 31. ДАРСИ САНҶИШИ ТЕСТӢ

Ин дарс ба давраи ҷамъбасткунии нимсолаи аввали соли хониш рост меояд ва ташкили санҷиши тестӣ аз рӯйи барнома дар назар аст, яъне, санҷиши тестӣ ҳатмист. Бинобар ин саволномаҳои тестӣ дар охири матни китоби дарсӣ ҷой дода шудаанд.

ТЕСТҲО

1. Зарурати баъди инқилоб таъсис додани ҳукумати навро муайян намоед.

A) Бе ин амал мақсади инқилобро амалӣ кардан душвор мегардид.

B) Ҳукумати пештара пароканда шуда буд;

C) Ҳукумати пештара фирор карда буд;

D) Мақсад он буд, ки ҳукуматҳои дигар ҳукумату давлати навро эътироф кунанд.

2. Мақомоти идораи кишвари Туркистон кадомҳо буданд?

A) Генерал-губернатор (1867 – 1917), Комиссари Кумитаи иҷроияи кишварии ҳукумати муваққатӣ (март – ноябри 1917), Шурои кишварӣ, Комиссариати маҷбуриятҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои соҳавӣ;

B) Шурои губернаторҳо, Департаменти кишварӣ, Шурои Вазирон;

C) Комиссари ҳарбии кишвар, Комиссари кулли кишвар, Парламенти кишвар;

D) Шурои олии кишвар, Шурои губернаторҳо, Сенати кишвар.

3. Мақомоти идораи уезди Хуҷанд ва қитъаи Помир кадомҳо буданд?

A) Шурои уездӣ ва қитъавӣ;

B) Кумитаи иҷроияи уездӣ (1866 – 1917) ва комиссари қитъавӣ, Кумитаи иҷроияи уездии ҳукумати муваққатӣ;

C) Шурои волостҳо ва қитъавӣ;

D) Комиссари уезд ва қитъа.

4. Мақомотҳои навташкили шуравии уезди Хуҷанд ва қитъаи Помирро муайян кунед?

A) «Шурои уламо» ва «Шурои исломия»;

B) Шурои ҳунармандон ва Шурои қитъавӣ;

C) Шурои уездии коргарону аскарҳо ва Шурои аскарҳои сарҳаддӣ.

D) Мухторияти уездӣ ва қитъавӣ.

5. Эъломияҳои аввалини Ҳокимияти Шуравиро ёбед?

A) Эъломияи хуқуқи халқҳои Русия ва Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум;

B) Декрет дар бораи замин ва Декрет дар бораи судҳо;

C) Декрет дар бораи савдо ва Декрети сулҳ;

D) Конститутсияи Русияи шуравӣ ва Қонун дар бораи захираҳои табиӣ.

6. Муроҷиатномаҳои аввалини Ҳокимияти Шуравиро муайян кунед?

A) «Мурҷиатнома ба халқи афғон», «Муроҷиатнома ба халқи Украин»;

B) «Муроҷиат ба афсарон», «Муроҷиат ба афсарони подшоҳӣ»;

C) «Муроҷиатнома» «Ба ҳамаи шуроҳо», «Ба ҳамаи мусулмонони Русия ва Шарқ»;

D) Муроҷиатнома «Ба коргарони роҳи оҳан», «Ба маорифчиён».

7. «Эъломияи ҳуқуқҳои халқи заҳматкаш ва мазлум» кай қабул шуда буд?

A) 25.10.1917;

B) 27.11.1919;

C) 13.12. 1917;

D) 3.01.1918.

8. Идораю мақомотҳои марказии аморати Бухороро ҷудо созед?

A) Амир, Шурои вазирҳо, қозиюлқузот, муфтӣ;

B) Амир, бекҳо, раисҳо;

C) Амир, қушбегӣ, қозикалон;

D) Амир, қушбегӣ, Шурои дарбор.

9. Артиши сурхи Шуравӣ кай таъсис ёфта буд?

A) Декабри соли 1917;

B) Январи соли 1918;

C) Феврали соли 1918;

D) Марти соли 1918.

10. Судҳои куҳнаи Тоҷикистон кай барҳам дода шуданд?

A) Баробари Инқилоб.

B) Декабри соли 1917.

C) Марти соли 1918.

D) Мувофиқи нишондоди «Декрет дар бораи судҳо» аз 22-юми ноябри соли 1917, охири соли 1919.

11. Судҳои нави шуравӣ чӣ ном доштанд ва кай таъсис ёфта буданд?

A) Судҳои халқӣ (шуравӣ).

B) Судҳои коргарӣ.

C) Судҳои коргарию деҳқонӣ.

D) Судҳои демократӣ.

12. Милитсияи шуравӣ кай таъсис ёфта буд?

A) Ноябри соли 1917.

B) Декабри соли 1917.

C) Январи соли 1918.

D) Марти соли 1918.

13. Вазифаҳои назорати коргариро муайян кунед?

A) Назоратро аз болои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва тақсими маҳсулот ба манфиати давлат ташкил ва пурзӯр кардан.

B) Ҳимояи иқтисодии коргарон.

C) Садди роҳи ғорати корхона шудан.

D) Барои давлатӣ кардани корхона мусоидат кардан.

15. Аввалин ислоҳоти обу замини шуравӣ кадом солҳо гузаронда шуда буд?

A) 1917 – 1918.

B) 1917 – 1918.

C) 1918 – 1920.

D) 1920 – 1924.

16. Барои чӣ ислоҳоти замини солҳои 1918 – 1920 Тоҷикис- тон ислоҳоти замину об номида шуда буд?

A) Барои он ки ислоҳоти замину об буд.

B) Барои он ки замину обро дар бар мегирифт.

C) Дар «Декрет дар бораи замин» бо ҳамин ном омада буд.

D) Барои он ки дар Тоҷикистон об ҳам моликияти хусусӣ буд.

17. Нахустин ҷумҳурии шуравӣ дар Осиёи Миёна кай ташкил ёфта буд?

A) Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон, апрели соли 1918.

B) РСС Узбекистон, 14-уми октябри 1921.

C) РСС Туркманистон, 14-уми октябри соли 1922.

D) РАСС Тоҷикистон, 14-уми октябри соли 1924.

18. Кай, бо кадом мақсад ва бо роҳбарии кӣ дар Помир Кумитаи умумипомирӣ ташкил шуда буд?

A) Декабри соли 1919 бо мақсади барқарор намудани Ҳокимияти Шуравӣ бо роҳбарии Ш. Шоҳтемур.

B) Декабри соли 1919 бо мақсади барқарор намудани Ҳокимияти Шуравӣ бо роҳбарии П. Воловик.

C) Декабри соли 1919 бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ бо роҳбарии А. Элчибеков.

D) Декабри 1919 бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ бо роҳбарии А. Дяков.

19. Намудҳои асосии ҷангҳоро муайян кунед?

A) Ҷангҳои мустамликавӣ, қабилавӣ, байнидавлатӣ.

B) Ҷангҳои забткорона (таҷовузкорӣ), ҳимояткорона (аз таҷовуз), шаҳрвандӣ (гражданӣ).

C) Ҷангҳои империалистӣ, партизанӣ, баҳрӣ.

D) Ҷангҳои қитъавӣ, ҳавоӣ, ракетӣ.

20. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХро ёбед.

A) Баргардондани имтиёзҳои аз дастрафта ва тақсим карда натавонистани ҳокимият.

B) Гуногунҳизбӣ дар таъсиси ҳукумати нав.

C) Инқилоб ба ин меоварад.

D) Иҷрои хоҳиши империализми ҷаҳонӣ.

21. Ташкилоти аксулинқилобии ҳарбии Туркистон чӣ ном дошт?

A) Олаш-Орда.

B) Ташкилоти ҳарбии Туркистон.

C) Шурои исломия.

D) Мухторияти Қӯқанд.

22. Аввалин ташкилкунандаи дастаи босмачигарӣ кӣ дониста мешавад?

A) Мамадсолӣ.

B) Кӯри Шермат.

C) Мадаминбек.

D) Анварпошшо.

23. Босмачиён худро чӣ (кӣ) меномиданд?

A) Размкунанда.

B) Ҷанговар.

C) Босмачӣ.

D) Муҷоҳид.

24. Ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна ҷанг аст?

A) Ҷангест байни ду қувваи сиёсии ба ҳамдигар зид дар як мамлакат барои ҳокимияти сиёсӣ.

B) Ҷангест барои ҳокимият.

C) Ҷангест байни ду гурӯҳи қувваҳо.

D) Ҷанги байни одамон.

25. «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» чӣ гуна ташкилот буд?

A) Ташкилоти ҳарбиёни Туркистон.

B) Ташкилоти махфии зиддиинқилобӣ дар ҶМШС Туркистон.

C) Ташкилоти ҳарбии афсарони ба истеъфобаромадаи туркистонӣ.

D) Ҳизби сиёсии ҳарбиёни Туркистон.

26. Хусусияти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро муайян созед?

A) Ба чунин ҷангҳои дигар монанд буд.

B) Дар намуди ғоратгарӣ амал кард.

C) Шакли босмачигарӣ дошт.

D) Бо шиори динӣ баромад кард.

27. Сардорони аввалини дастаҳои зиддишуравии Тоҷикистонро номбар кунед.

A) Анварпошшо, Сурайё-Афандӣ, Сомӣ, Исмат-қурбошӣ.

B) Кӯри Барот, Раҳмон-додхоҳ, Тоҳирпонсад, Аъзам.

C) Холмаков, Мулло-Тош, Мулло-Шараф, Эргаш.

D) Холбутта, Иброҳимбек, Фузайлмахсум, эшони Султон.

28. Сабабҳои асосии аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ ёфтани шуроҳо дар чӣ буд?

A) Рост омадани рафтор бо гуфтори шуроҳо.

B) Тафовут дар рафтору гуфтори босмачиён.

C) Аксарият будани тарафдорони шуроҳо.

D) Кам будани босмачиҳо.

29. Сардорони дастаҳои босмачигарии минтақаи Суғдро номбар кунед.

A) Ашӯр-туқсабо, Усмонхоҷа, Исохоҷа, Ниёзбек, Барот.

B) Исмат, Эргаш, Холбутта, Ҳомид, Раҳмонқул.

C) Авлиё- қул, Остонақул, Туғайсарӣ, Раҳмон-додхоҳ, Аъзам.

D) Давлатмандбий, эшони Султон, Қайюм-парвоначӣ.

30. Турккомиссия кай ва бо кадом мақсад таъсис дода шуда буд?

A) Октябри соли 1919 бо мақсади барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ.

B) Октябри соли 1919 барои мустаҳкам намудани музаффариятҳои Инқилоб ва гузаронидани тақсимоти миллӣ – маъмурӣ.

C) Соли 1924 барои ташкили маърака зидди босмачигарӣ.

D) Соли 1917 барои ташкили шӯриши мусаллаҳона.

31. Кумитаи инқилобии Бухоро кай ва бо сардории кӣ ташкил ёфта буд?

A) 2-юми сентябри соли 1920 бо сардории Ф. Хоҷаев.

B) 14-уми сентябри соли 1920 бо сардории А. Муҳиддинов.

C) 14-уми октябри соли 1920 бо сардории В. Куйбишев.

D) 14-уми сентябри соли 1920 бо сардории А. Ҳоҷибоев.

32. Китобхонаи миллии Тоҷикистон кай кушода шуда буд ва ба номи кӣ буд?

A) Соли 1924 ба номи В.И. Ленин.

B) Соли 1929 ба номи И.В. Сталин.

C) Соли 1933 ба номи Фирдавсӣ.

D) Соли 1941 ба номи Сино.

33. Милитсияи тоҷик кай таъсис ёфта буд?

A) Соли 1924 бо таъсиси РАСС Тоҷикистон.

B) Соли 1929 бо таъсиси РСС Тоҷикистон.

C) Соли 1918 бо таъсиси ҶШС Туркистон.

D) Ноябри соли 1917 бо таъсиси Шурои Комиссариати халқии уезди Хуҷанд.

34. Барои чӣ босмачиён ба шаҳрҳою шаҳракҳо ҳуҷум намекарданд?

A) Шаҳрҳо ба муқовимат тайёр ва муташаккил буданд.

B) Шаҳрҳо посбонҳои доимӣ доштанд.

C) Босмачиён барои дар шаҳр ҷанг кардан таҷриба надоштанд.

D) Аз шаҳриҳо чизи ғорат мешудагӣ кам буд.

35. Сабаби асосии таъсиси бекигарии Мастчоҳро дар чӣ мебинед?

A) Кӯҳистон будани Мастчоҳ.

B) Суст будани Ҳокимияти маҳаллии Шуравӣ.

C) Хоҳиши мардуми Мастчоҳ.

D) Набудани қувваҳои дигар.

36. Барои чӣ бо барҳам хӯрдани бекигарии Мастчоҳ ҷанги шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ба охир расида ҳисобида мешавад?

A) Барои он ки дастаҳои босмачиён кам мешаванд.

B) Барои он ки бекигарии Мастчоҳ барҳам хӯрд.

C) Барои он ки босмачигарии минбаъда характери сиёсии худро гум карда буд.

D) Барои он ки Мастчоҳ маркази босмачигарии вилояти Суғд буд.

37. Дар ҳаракати зиддишуравии Бадахшон киҳо нақши асосиро мебозиданд?

A) Босмачиҳо, руҳониҳо, бойҳо.

B) Руҳониён, ҳарбиҳо, афғонҳо.

C) Босмачиҳо ва ҳарбиён.

D) Босмачиҳои Фарғонаю Бухоро, сафедгвардиячиёни рус ва асирони ҳарбии румину венгер (маҷор).

38. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир кай ва барои чӣ ташкил ёфта буд?

A) Сентябри соли 1921 барои тезтар барқарор кардани Ҳокимияти Шуравӣ.

B) Ноябри соли 1918 барои барпо кардани Ҳокимияти Шуравӣ.

C) Декабри соли 1919 барои ба даст гирифтани ташаббус.

D) Январи соли 1925 барои таъсиси Ҳукумати Мухтор.

39. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 20-уми асри ХХ Тоҷикис- тон ба чанд ва кадом давраҳо ҷудо мешавад?

A) Ба ду давра: солҳои 1918-1920 ва 1921 – 1924.

B) Ба се давра: солҳои 1918-1920; 1920 – 1922; 1923 – 1924.

C) Ба се давра: баҳори соли 1918 – охири соли 1920; тобистони соли 1921 – тирамоҳи соли 1922; Тирамоҳи соли 1922 – тирамоҳи соли 1923.

D) Ба як давра: солҳои 1918 – 1924.

40. Қарор «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» кай қабул шуда буд?

A) 28-уми апрели соли 1924.

B) 4-уми июни соли 1924.

C) 15-уми июни соли 1924.

D) 12-уми июни соли 1924.

41. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помирро барои чӣ «сегона» меномиданд?

A) Барои он ки дар ҳайати 3 нафар таъсис ёфта буд.

B) Барои он ки аз ҳайати 3 қисмати Помир таъсис ёфта буд.

C) Барои он ки аз ҳайати 3 ҳизб таъсис ёфта буд.

D) Номи махфии иттифоқе буд.

42. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кадом солҳо шуда буд?

A) Солҳои 1918 – 1923.

B) Солҳои 1918 – 1924.

C) Солҳои 1918 – 1922.

D) Солҳои 1918 – 1920.

43. Иброҳимбек кӣ буд?

A) Босмачӣ буд.

B) Солҳои 1921 – 1923 сардори дастаи босмачиёни ноҳияи Лақай-тоҷик ва солҳои 1924 – 1926 сардори босмачиёни Бухорои Шарқӣ.

C) Қаҳрамони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923.

D) Раиси Кумитаи инқилобии Кӯктош.

44. Анварпошшо аз куҷо буд ва барои чӣ ба Бухорои Шарқӣ омада буд?

A) Аз Эрон ва барои ёрӣ ба босмачигарӣ.

B) Аз Озарбойҷон ва барои ёрӣ ба Ҳокимияти Шуравӣ.

C) Аз Туркия ва барои сардорӣ ва вусъат бахшидан ба босмачигарӣ.

D) Аз Афғонистон ва барои ҷанг бо шуроҳо.

45. Маъракаи муборизаи зидди Анварпошшо кай гузаронида шуда буд?

A) Солҳои 1921 – 1922.

B) Солҳои 1922 – 1923.

C) Солҳои 1921 – 1924.

D) Соли 1922.

46. Анварпошшо кай ва дар кадом ноҳияи ҷумҳурӣ кушта шуда буд?

A) 4-уми августи соли 1922 дар Балҷувон.

B) 4-уми сентябри соли 1922 дар Ховалинг.

C) 4-уми августи соли 1922 дар Кӯлоб.

D) Сентябри соли 1922 дар Сангтӯдаи Данғара.

47. Салим (Сомӣ) кӣ буд?

A) Мубориз барои мустаҳкам кардани шуроҳо.

B) Гумоштаи империализми байналхалқӣ, сардори босмачигарии соли 1923 дар Бухорои Шарқӣ.

C) Қурбошии Иброҳимбек.

D) Атташеи Туркия дар Ҷумҳурии Туркистон.

48. Ҳайати иҷтимоии босмачиёнро киҳо ташкил медоданд?

A) Руҳониён ва бойҳо.

B) Бойҳои собиқ, руҳониён ва миёнаҳолон.

C) Намояндагони ҳукумати пештара ва кулли фирефташудаи бою, руҳонию, камбағал.

D) Бою кулакҳо.

49. Қаҳрамонҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 – 1923ро номбар кунед.

A) А. Раҳимбоев, А. Муҳиддинов, А. Ҳусейнбоев,

Ч. Имомов.

B) Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, М.Шогадоев, М. Эркаев.

C) С. Айнӣ, Б. Ғафуров, А. Алиев, А.Муҳиддинов.

D) Муқим Султонов, Юлдош Соҳибназаров, Абдулло Ёрмуҳаммадов, Ҳайдар Усмонов.

50. Сабабҳои асосии ғалабаи Шуроҳоро аз болои босмачигарӣ ёбед.

A) Ҳақ будани гуфтору рафтори шуроҳо ва аскарони сурх.

B) Ноҳақ будани гуфтору рафтори босмачиҳо.

C) Бартарии қувваҳои шуравӣ.

D) Суст будани ҳаракати босмачигарӣ.

51. Сабабҳои шикастхӯрии ҳаракати зиддишуравиро нишон диҳед.

A) Ҳақ будани гуфтору рафтори шуроҳо ва аскарони сурх.

B) Ноҳақ будани гуфтору рафтори босмачиҳо.

C) Бартарии қувваҳои шуравӣ.

D) Суст будани ҳаракати босмачигарӣ.

52. Оё босмачиён қаҳрамонанд: ҳа ё не барои чӣ?

A) Ҳа, барои ба ҳимояи сарзамини худ бархестанашон.

B) Ҳа, барои ҷасораташон.

C) Не, барои садди ҳарчи тезтар аз қашшоқӣ баромадани мамлакат шуданашон.

D) Не, барои бо Ҳокимияти Шуравӣ ҷангиданашон.

53. Оё босмачиён душмани халқи худ буданд: ҳа ё не, барои чӣ?

A) Не, саркардаҳои онҳо бо намояндагони халқи худ, ки Ҳокимияти Шуравиро қабул карда буданд, ҷангида буданд.

B) Не, онҳоро бо фиреб зидди халқи худ карда буданд

C) Не, дар ибтидо онҳо барои ҳокимият не, барои ҳимояи дини худ – ислом баромада буданд, вале аз маърифати пасти сиёсии онҳо истифода бурда, онҳоро зидди ҳукумати қонунӣ ангехта тавонистанд.

D) Ҳа, бо қатлу ғораташон, аз бунёдкорӣ дур кардани халқу ҳукумат.

54. Сиёсати «коммунизми ҳарбӣ» чиро дар назар дошт?

A) Ҳимояи инқилоб аз саботажу қаҳтӣ ба воситаи ҷорӣ намудани маҷбуриятҳо (разверсткA)-и озуқаворӣ.

B) Ҳимояи давлат бо роҳи ҳарбӣ.

C) Таъмини озуқа ба воситаи эълони диктатураи ҳарбӣ.

D) Ҳукуматро ба дасти ҳарбиён супоридан.

55. Сиёсати нави иқтисодӣ (СНИНЭП) чиро дар назар дошт?

A) Ҳимояи инқилоб аз саботажу қаҳтӣ ба воситаи ба ҷойи маҷбуриятҳо (разверсткA)-и озуқаворӣ ҷорӣ намудани андози озуқаворӣ ва савдои озод.

B) Бо роҳи бекор кардани коммунизми ҳарбӣ ҳимояи давлатро таъмин кардан.

C) Таъмини озуқа ба воситаи эълони андоз.

D) Ҳукуматро ба дасти ҳарбиён бозгардонидан.

56. Шиори «Кӣ киро?» чӣ маъно дошт?

A) Рақобат (бозор)-и озоди саноату хоҷагии қишлоқ.

B) Рақобат (бозор)-и озоди сотсиализму капитализм дар шарои- ти дар дасти сотсиализм қарор доштани ҳамаи воситаҳои таъсиррасонӣ.

C) «Кулак» камбағалро ё камбағал «кулак»-ро.

D) Савдогар истеҳсолчиро ё истеҳсолгар савдогарро.

57. Давраҳои ислоҳотҳои обу замини шуравиро муайян кунед.

A) 1917 – 1920, 1921 – 1924, 1924 – 1937.

B) 1917 – 1924, 1924 – 1929, 1929 – 1937.

C) 1918 – 1920, 1921 – 1923, 1926 – 1929.

D) 1917 – 1936, 1937 – 1958, 1959 – 1991.

58. Аввалин мактабҳои шуравии Тоҷикистон дар куҷо ва кай таъсис ёфтаанд?

A) Дар Душанбе соли 1923.

B) Дар Хоруғ соли 1924.

C) Дар Хуҷанд соли 1918.

D) Дар Уротеппа соли 1918.

59. Аввалин маҳфилҳои ҳаваскорони санъати Тоҷикис- тон дар куҷо ва кай кушода шудаанд?

A) Дар Исфара соли 1921.

B) Дар Исфисор, соли 1920.

C) Дар Уротеппа соли 1920.

D) Дар Хуҷанд, соли 1919.

60. Аввалин театри касбии тоҷик кадом сол ташкил ёфтааст?

A) Соли 1924 дар Хуҷанд.

B) Соли 1926 дар Уротеппа.

C) Соли 1932 дар Конибодом.

D) Соли 1929 дар Душанбе.

61. Ҷанги шаҳрвандӣ чист?

A) Ҷанг ба хотири ғасби кишвари бегона.

B) Ҷанг ба хотири ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ.

C) Муқовимати ду гурӯҳи сиёсии аҳолии як кишвар барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ.

D) Ихтилофоти байни давлатҳои ҳамсоя.

62. Мафҳуми «босмачӣ» кадоме аз ин маъноҳоро дорад?A) Фидоӣ.

B) Мубориз.

C) Муҷоҳид.

D) Ҳимоятгар.

63. Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷи- кистон кай ташкил ёфтааст?

A) 14-уми октябри соли 1924.

B) 15-уми марти соли 1923.

C) 31-уми декабри 1923.

D) 22-уми ноябри соли 1922;

64. Дар мубориза бар зидди Олмони гитлерӣ чанд нафар тоҷикистониён ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сазовор гардиданд?

A) 14 нафар.

B) 54 нафар.

C) 8 нафар.

D) 60 нафар

65. Раиси нахустини ҳукумати Тоҷикистони шуравӣ кӣ буд?

A) Абдураҳим Ҳоҷибоев.

B) Абдулқодир Муҳиддинов.

C) Шириншоҳ Шоҳтемур.

D) Нусратулло Махсум.

66. Дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара кай ва баъди кадом воқеа Ҳокимияти Шуравӣ барпо карда шуд?

A) 13-уми декабри соли 1917 баъди барҳам додани «Шурои исломия».

B) Феврали соли 1918 баъди барҳам додани «Мухторияти Қӯқанд».

C) Марти соли 1918 баъди барҳам додани «Дружинаи халқии русӣ».

D) Ноябри соли 1918 баъди барҳам додани «Уламо».

67. Дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон чанд маротиба ислоҳоти алифбо гузаронида шуд?

A) 3 маротиба (солҳои 1924, 1926, 1940).

B) 1 маротиба (соли 1928).

C) 2 маротиба (солҳои 1928, 1929, 1940).

D) 4 маротиба (солҳои 1929, 1930, 1940, 1946).

68. Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикис- тон кай ташкил ёфтааст?

A) 14-уми октябри соли 1924.

B) 15-уми марти соли 1923.

C) 31-уми декабри соли 1923.

D) 22-юми ноябри соли 1922.

69. Инқилоби сотсиалистӣ чист?

A) Навъи олӣ ва баландтарини инқилоби иҷтимоӣ мебошад.

B) Навъи баланди инқилоби буржуазӣ мебошад.

C) Навъи олии инқилоби буржуазӣ-демократӣ мебошад;

D) Инқилоби халқӣ-демократиро меноманд.

70. Аввалин НБО (ГЭC)-и Тоҷикистон дар куҷо ва кай ба кор даромад?

A) Варзоби боло, дар шимоли Душанбе соли 1937.

B) Қайроққум, дар Сирдарё соли 1958.

C) Варзоби поён, соли 1960.

D) Норак, дар дарёи Вахш соли 1972.

71. Аввалин қатора кай ба Душанбе омадааст?

A) 11-уми сентябри соли 1929.

B) 12-уми апрели соли 1927.

C) 25-уми октябри соли 1925.

D) 7-уми ноябри соли 1930. Е) 26-уми октябри соли 1993.

72. Кадом сол Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид?

A) Октябри соли 1924.

B) Декабри соли 1924.

C) Январи соли 1926.

D) Октябри соли 1929. Е) Сентябри соли 1939.

73. Санаи барпокунии Ҳокимияти Шуравиро дар Душанбе муайян кунед.

A) 24-уми феврали соли 1921.

B) 21-уми феврали соли 1921.

C) 27-уми феврали соли 1921.

D) 15-уми марти соли 1921.

74. Кадом солҳо шаҳри Душанбе номи Сталинободро дошт?

A) Солҳои 1928 – 1960.

B) Солҳои 1929 – 1962.

C) Солҳои 1929 – 1961.

D) Солҳои 1930 – 1953.

75. Отряди ихтиёрӣ таҳти сарварии кӣ Иброҳимбекро дастгир намуд?

A) Муқим Султонов.

B) Бобохон Ҳамдамов.

C) Ҷӯра Зокиров.

D) Хубоншо Кирмоншоев.

76. «Дружинаи халқии русӣ» дар кадом минтақаи кишвари Туркистон амал мекард?

A) Дар Панҷакент.

B) Дар Тошканд.

C) Дар Уротеппа.

D) Дар Самарқанд.

77. Созмони «Шурои исломия» чӣ гуна ташкилот буд?

A) Ташкилоти зиддиинқилобӣ.

B) Моҳи марти соли 1917 ташкил ёфта, ғояҳои панисломӣ ва пантуркистиро тарғиб менамуд.

C) Созмони тоторҳои Осиёи Миёна.

D) Соли 1918 ташкил ёфта, «Мухторияти Қӯқанд»-ро созмон дод.

78. Сохтмони кадом канал соли 1931 шуруъ гардид?

A) Вахш.

B) Фарғона.

C) Ҳисор.

D) Сомғор.

79. Раиси нахустини Кумитаи Инқилобии Бухороро муайян кунед.

A) Абдулқодир Муҳиддинов.

B) Файзулло Хоҷаев.

C) Чинор Имомов.

D) Нусратулло Махсум.

80. Соли 1922 барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ боз кадом мақомоти иловагии муваққатӣ таъсис дода шуда буд?

A) Комиссияи ҳарбии сегона.

B) Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ.

C) Мухторияти Қӯқанд.

D) Комиссияи муваққатӣ.

81. Ба ҳайати Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир киҳо дохил буданд?

A) Шириншоҳ Шоҳтемур, А. Ҳусейнбоев, М. Дяков.

B) Б. Тимофеев, М. Воловик, А. Холмаков.

C) А. Раҳимбоев, М. Ткачев, Ф. Колесов.

D) М. Андреев, Б. Бартолд, С. Тимофеев.

82. Бухоро кай ва дар кадом анҷуман Ҷумҳурии Халқии Шуравӣ эълон карда шуд?

A) 6 – 8-уми октябри соли 1920 дар Қурултой (Анҷуман)-и якуми умумибухороӣ.

B) 6-уми сентябри соли 1920 дар анҷумани V ҲК Бухоро.

C) 11-уми сентябри соли 1920 дар ҷаласаи Шурои нозирони халқӣ.

D) 14-уми сентябри соли 1920 дар маҷлиси Кумитаи Инқилобии умумибухороӣ.

83. Гумоштагони давлатҳои хориҷӣ, ки зидди Шуроҳо мечангиданд, киҳо буданд?

A) Иброҳимбек, Давлатмандбий.

B) Фузайлмахсум, эшони Султон.

C) Хуррамбек, Раҳмонқул.

D) Анварпошшо, Сомӣ (Салим).

84. Кадом сол Ҳокимияти Шуравӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара барпо гардида буд?

A) Соли 1917.

B) Соли 1918.

C) Соли 1919.

D) Соли 1920.

85. Ташаббускори тақсимоти миллӣ – марзии соли 1924 кӣ(ҳо) буд?

A) Файзулло Хоҷаев, А. Раҳимбоев.

B) Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукумати Шуравӣ.

C) С. Айнӣ, Б. Ғафуров.

D) Узбекистон, Туркистон.

86. Мухторияти сиёсӣ чист?

A) Ҳолатест, ки дар пайи он воҳиди сиёсии минтақаеро эътироф мекунанд.

B) Ҳолатест, ки пайи он воҳиди миллии минтақаеро эътироф мекунанд.

C) Ҳолатест, ки пайи он воҳиди ҷуғрофии минтақаеро эътироф мекунанд.

D) Ҳолатест, ки дар пайи он воҳиди сиёсӣ, миллӣ, ҷуғрофии минтақаеро эътироф мекунанд.

87. Барои тоҷикон кадом воҳидҳои мухториро (вилоят, ҷумҳурӣ) раво дониста буданд ва барои чӣ?

A) Вилояти Мухтор, чунки душмани бисёр дошт.

B) Ҷумҳурии Мухтор барои камшумор будан.

C) Ҷумҳурии Мухтор барои бетарафии мардумашон.

D) Ҷумҳурии Мухтор аз беадолатиҳои комиссияҳои тақсимот.

88. Соли 1924 кадом ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро тақсим карда буданд?

A) ҶМШС Туркистон, ҶШС Бухоро, ҶШС Хива.

B) РСФСР, РАСС Туркистон, ҶХШ Бухоро.

C) ҶХШ Бухоро, ҶХШ Хива, ҶШС Туркистон.

D) ҶШС Туркманис- тон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Узбекистон.

89. Кадом қисматҳои ҶШС Бухоро ба ҶМШС Тоҷикис- тон дохил шуда буданд?

A) Бухорои Ғарбӣ.

B) Бухорои Марказӣ.

C) Бухорои Шарқӣ.

D) Бухорои Ҷанубӣ.

90. Бухорои Шарқӣ гуфта куҷоро медонистанд ва медонанд?

A) Ғарбии ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон)-ро.

B) Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ.

C) Водиҳои Вахшу Ҳисор.

D) Қаротегину Дарвоз.

91. Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ чӣ гуна комиссия буд, барои чӣ ва кай таъсис ёфта буд?

A) Комиссияи муваққатӣ барои гузаронидани интихобот соли 1926.

B) Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ соли1922.

C) Комиссияи давлатӣ барои гузаронидани ислоҳоти замин, соли 1918.

D) Комиссияи вилоятӣ барои баргардонидани округи Хуҷанд ба ҳайати РСС Тоҷикистон соли 1929.

92. Анҷумани якуми намояндагони Бухорои Шарқӣ кай доир гашт ва кадом масъалаҳоро ҳал кард?

A) Соли 1924, масъалаи тақсимотро.

B) Соли 1926, масъалаи интихоботро.

C) Соли 1926, масъалаи ташкилии анҷумани якуми шуроҳоро.

D) Соли 1929, масъалаи таъсиси РСС Тоҷикистонро.

93. Ташкилоти ҳизбии округи Хуҷанд кай таъсис ёфта буд?

A) Марти 1917.

B) Ноябри 1917.

C) Декабри 1917.

D) Марти 1918.

94. Интихобот ба шуроҳои солҳои 1925 – 1926 кадом масъалаи асосиро ҳал карда буд?

A) Аз комитетҳои инқилобӣ ба шуроҳо гузаштанро.

B) Таъсиси ҳукуматҳои маҳаллиро.

C) Маъракаи навбатии интихоботро.

D) Аз идораҳои давлатӣ дур кардани бойҳоро.

95. Ҳуҷҷатҳои Анҷумани якуми таъсисии шуроҳои ҶМШС Тоҷикистонро номбар кунед.

A) Қонун дар бораи озодии занҳо, Муроҷиат ба халқҳои Афғонистон.

B) Эъломияҳо, қарорҳо, муроҷиатномаҳо.

C) Лоиҳаи нақшаи азнавбарқароркунии мамлакат.

D) Қонун дар бораи судҳо.

96. Декларатсияҳои қабулкардаи Анҷумани якуми шуроҳои умумитоҷикистонӣ чиро эълон карда буд?

A) Муваффақиятҳоро дар муборизаи зидди босмачигарӣ.

B) Рафти ислоҳоти обу заминро.

C) Таъсисёбии ҶМШС, артишҳои миллӣ, миллӣ гардондани захираҳои табиӣ ва ҷорӣ кардани таълими умумиро.

D) Гузаронидани ислоҳоти обу заминро.

97. Фарқи кумитаҳои инқилобӣ аз шуроҳо дар чӣ буд?

A) Дар ном.

B) Кумитаҳои инқилобиро ҳарбиён ташкил медоданду шуроҳоро ҳизбиён.

C) Ҳеҷ фарқе надоштанд.

D) Кумитаҳои инқилобиро таъин мекарданду шуроҳоро интихоб.

98. Дар солҳои 20-уми асри ХХ чӣ гуна кооперативҳо вуҷуд доштанд?

A) Кооперативҳои истеъмолӣ, харидуфурӯш, қарздиҳӣ, истеҳсолӣ.

B) Кооперативҳои саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, ҳунармандӣ.

C) Кооперативҳои давлатӣ ва хусусӣ.

D) Кооператсияҳои хизматҳои маишӣ, бонкӣ.

99. Корхонаҳои саноатии дар солҳои 1925 – 1929 дар ҷумҳурӣ сохташуда кадомҳо буданд?

A) Комбинатҳои бофандагии Душанбе ва Хуҷанд.

B) Фабрикаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд, роҳи оҳани Тирмиз – Душанбе.

C) Заводҳои арматурабарории Душанбе, агрегати Исфара.

D) ГЭС-и Варзоб, корхонаи нони Душанбе.

100. Марҳалаҳои мубориза бар зидди Иброҳимбекро муайян кунед.

A) Солҳои 1920 – 1924, 1924 – 1926,1926 – 1931.

B) солҳои 1922 – 1923, 1924 – 1926, 1929 – 1931.

C) Охири тобистону аввали тирамоҳи 1921, охири тирамоҳи соли 1921 – тирамоҳи соли 1923, солҳои 1924-1926, баҳори соли 1931.

D) 1921 – 1931.

101. Аввалин театри касбии тоҷик кай ва дар куҷо таъсис ёфта буд ва он ҳоло кадом аст?

A) 1924 дар Хуҷанд, Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ.

B) Соли 1929 дар Душанбе, Театри ба номи А. Лоҳутӣ.

C) Соли 1933, дар Душанбе, Театри ба номи С. Айнӣ.

D) Соли 1936 дар Душанбе Театри ба номи Маяковский.

102. Муассисаҳои илмии солҳои 20-уми Тоҷикистонро номбар кунед.

A) Надошт.

B) Филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС.

C) Донишкадаи илмӣ-таҳқиқотии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Ҷамъият барои омӯзиши Тоҷикистон ва эрониё- ни берун аз он.

D) Экспедитсияҳои илмии мардумшиносӣ бо роҳбарии С. Семёнов ва М. Андреев.

103. Шартҳои асосии конститутсионии таъсисёбии ҷумҳурии соҳибихтиёри шуравӣ чиҳо буданд?

A) Шумораи аҳолӣ (аз 1 млн. зиёD), ҳудуди муайяну яклухт доштан, бо ягон давлати хориҷӣ сарҳад доштан.

B) Дар давраи тақсимот фаъолу иштирокчӣ будан.

C) Дар комиссияҳои миллии тақсимот тарафдори зиёд доштан.

D) Сиёсатро ба ҳисоб гирифтан.

104. Ба муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ чиҳо дохил мешаванд?

A) Қасрҳо ва хонаҳои маданият.

B) Муассисаҳои кино ва телевизион.

C) Театрҳо, клубҳо боғҳои истироҳатӣ.

D) Театрҳо, клубҳо, қасрҳо ва хонаҳои маданият, китобхонаҳо, осорхонаҳо, боғҳо, гулгаштҳо.

105. ҶШС Тоҷикистон чандумин ҷумҳурӣ шуда, ба ҳайати ИҶШС дохил гардида буд?

A) Ҳафтумин.

B) Шашумин.

C) Панҷумин.

D) Чорумин.

106. Шарҳи беҳтари мафҳуми саноатикунониро муайян намоед.

A) Корхонаҳои саноатӣ сохтанро ифода менамояд.

B) Рушди саноатро талаб мекард.

C) Мамлакатро аз таъсири техника ва технологияи хориҷӣ ба воситаи сиёсати инкишофи босуръати хусусан саноати вазнин, инчунин саноати сабук баровардан буд.

D) Сарвати давлат ва халқро зиёд мекард.

Реклама