Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ВМКБ. Ба сар задани ҳаракати босмачигарӣ дар ВМКБ, пеш аз ҳама, пурзӯр гардидани қувваҳои иртиҷоии минтақа, ҳаракати босмачигарӣ дар водии Фарғона, муваффақиятҳои ҷангии аксулинқилобиёни Закаспий ва атаман Дутов, фаъолияти ҷосусони хориҷӣ сабаб шуда буд. Босмачиёни Фарғона роҳи алоқаи Помирро бо Туркистони Шуравӣ баста буданд, вале барои меҳнаткашони ин ҷо ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии ҶМШС Туркистон лозим буд. Аз тарафи дигар, Эсертон – консули дар Кошғар будаи Англия бо бойҳои маҳаллӣ ва руҳониёни Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ вохӯрда, онҳоро бар зидди Ҳокимияти Шуравӣ бархезонда, барои ба даст даровардани ҳокимият роҳи нест кардани Комиссияи ҳарбӣ-сиёсиро, ки охири соли 1918 бо сардории А. Холмаков ташкил ёфта буд, пеш гирифтанд. Ҳокимияти Шуравӣ бо ташаббуси А. Холмаков сафи милитсияи халқиро аз ҳисоби маҳаллиён зиёд карда, шахсони шубҳанокро аз он дур кард. Дидбонгоҳҳои сарҳаддӣ низ мустаҳкам карда шуданд, вале набудани робита бо Туркистони Шуравӣ вазъияти ҳарбии Помирро душвор менамуд.
Моҳи июли соли 1919 бо дастури ҳукуматдорони Англия дар Хоруғ чор нафар фирории ҳарбии румин, ки аз Тирмиз гурехта буданд, пайдо шуданд. Онҳо аз дудилагии аъзои ҳукумати маҳаллӣ истифода бурда, А. Холмаков ва боз ду нафари дигарро куштанд, ки ин ба Помир сар даровардани қувваҳои зиддишуравӣ, амири Бухоро ва Афғонистонро тезонид. Ба Помир дастаи полковник А. Тимофеев баргашт ва моҳи октябри соли 1919 ба Хоруғ ворид шуд. Бо ҳамин Ҳокимияти Шуравӣ дар Помир муваққатан барҳам хӯрд. Тамоми руҳониёни Бадахшон ва ҳокимони пештараи он ба тарафи Тимофеев гузаш- танд. Дар Помир сохти куҳнаи амирӣ барқарор гардид.
Руҳониёни деҳаҳои Шоҳдара ва Поршнев Саидмаҳмуду Юсуфалишоҳ ва Абдулғиёсхон ба беки Дарвоз нома фиристода хоҳиш карданд, ки ҳокимияти худро дар Помири Ғарбӣ ҳам паҳн намояд, вагарна онҳо афғонҳоро даъват мекунанд.
Ба Хоруғ намояндаи амири Бухоро рафта, барои омадани аскарони бухороӣ замина тайёр кард. Ӯ талаб кард, ки милитсияи халқӣ қалъаи Хоруғро тарк кунад. Ҷавонони инқилобии қалъа хоҳиши муқобилат кардан доштанд, вале сардори онҳо Ақназар тарафдори супоридани қалъа буд. Ҷавонон Ақназар ва тарафдорони ӯро аз вазифа дур карда, худ қалъаро тарк карданд, чунки муқобилат фоидае надошт. Ҳабскунӣ ва азобу шиканҷаи коркунони дастгоҳи шуравӣ ва хайрхоҳони Ҳокимияти Шуравӣ сар шуд. Аз ҷумла, муборизи фаъоли барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Помир А. Наврӯзбеков моҳи марти соли 1920 ҳабс карда шуд. Ба азобу шиканҷа нигоҳ накарда, ӯ рафиқони худро фош накард ва аз марг дар натиҷаи ҳуҷуми Артиши сурх раҳоӣ ёфт.
Аскарони инқилобӣ дар деҳаҳои дурдаст ва кӯҳҳо пинҳон шуданд, то ки аз сари нав муборизаи зидди аксулинқилобиёнро оғоз кунанд. Дар муддати қариб се моҳи мавҷудияти сохти амирӣ зулму истибдод ба дараҷае расонид, ки аҳолии Помири Ғарбӣ барои барҳам додани сохти амирӣ тайёриро сар карданд. Дар тайёрии шӯриши яроқнок ҷавонони руҳияи инқилобидоштаи Хоруғ ва дигар маҳалҳои Шуғнон фаъолона иштирок карданд.
Қувваҳои асосии аксулинқилоб дар қалъа буданд ва онро ишғол кардан зарур буд. Барои иҷрои ин мақсад 26уми июни соли 1920 бо иштироки 26 нафар аскарони сурх, милитсияи халқӣ ва ҷавонони руҳияи инқилобидоштаи Поршнев маҷлис барпо гардид. Дар маҷлис нақшаи ишғол намудани қалъаи Хоруғ ва ба даст даровардани анбори яроқ кашида шуд. 27-уми июн ҳуҷум ба қалъа оғоз ёфт, ки барои он отряди 20-нафара сафарбар карда шуда буд. Аксари ҷанговарони он маҳаллиён, аз ҷумла Азизбек Наврӯзбеков, Мирзобек Бодуров, Таваккал Худойбердиев, Ҳазратшо Хиромоншоев, Муборакшо Карамов, Карамхудо Элчибеков ва чанде дигарон бо сардории Хубоншо Наримоншоев буданд. Ҳамин тавр, дар Шуғнон аз сари нав Ҳокимияти Шуравӣ барқарор карда шуд. Тамоми сардорони табаддулоти зиддишуравии Помири Ғарбӣ ҳабс карда шуданд. Ба Хоруғ иштирокчиёни фаъоли барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ Мадамир Абдуллоев, Руднев ва Вичич баргаштанд. Бо ёрии онҳо сафҳои милитсия аз сари нав аз ҳисоби маҳаллиён пурра карда шуд. Ба милитсияи халқӣ Вичич ва ба корҳои барқарор намудани хоҷагӣ Руднев роҳбарӣ мекарданд.
Барои барқарор намудани робита бо Туркистон милитсияи халқӣ намояндагони худро ба Тошканд фиристод. Вазъияти бавуҷудомадаро ба ҳисоб гирифта, Ҳукумати Туркистон ба босмачиёни Фарғона зарбаи ҳалокатовар зада, робитаро бо Помир барқарор намуд.
Моҳи октябри соли 1920 барои ҳимояи сарҳадди Помири Шуравӣ, бо сардории Семикин отряди 350-нафара ва моҳи сентябри соли 1921 бошад, отряди 200-нафара бо сардории Дяков барои ҳимояи Помири Шарқӣ омаданд.
Бояд зикр кард, ки дар Помир босмачигарии маҳаллӣ набуд, вале дар ин минтақа дастаҳои босмачиёни Фарғона бо сардории Мадаминбек, Кӯри Шермат ва дигарон бедодгарӣ мекарданд. Аз ин рӯ муборизаи аҳолии Бадахшон бештар зидди аксулинқилобиёни дохилӣ дар симои гвардиячиёни сафеди рус ва руҳониёну ашрофи маҳаллӣ равона карда шуд буд.
Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва фаъолияти он. Азнавбарпокунии мақомоти Ҳокимияти Шуравӣ дар Помир то миёнаи соли 1921 давом кард. Барои ҳарчи тезтар ҷорӣ кардани ин ҳокимият, муҳофизати он аз ҳуҷуми душманон ва барои роҳбарии умумӣ ба мақомоти ҳизбию шуравии Помир моҳи сентябри соли 1921 Сегонаи ҳарбӣ-сиёсӣ (дар ҳайати Шириншоҳ Шоҳтемур – намояндаи Помири Ғарбӣ, А. Ҳусейнбоев – Помири Шарқӣ ва Т. М. Дяков – фармондеҳи отряди сарҳаддӣ) ташкил ёфт. Бо фаъолияти ин Сегонаи ҳарбӣ- сиёсӣ дар Помир мақомоти Ҳокимияти Шуравӣ дар шакли кумитаҳои инқилобӣ барқарор карда шуданд, ки то соли 1922 дар тамоми Бадахшон вуҷуд доштанд. Дар Помири Шарқӣ боқимондаи дастаҳои босмачиён (дастаҳои ҷосуси англис Мамадҷумъа ва Зинченко) муқобилият мекарданд. Дар Помир ҷанги шаҳрвандӣ дар нимаи дуюми соли 1921 ба охир расида буд. Мамлакати дар гузашта мустамлика акнун қадам ба сохтмони сотсиализм ниҳод. Бадахшон ба давраи аз нав барқарор кардани хоҷагии халқи худ сар кард, ки ин раванд низ аз соли 1921 ва ба таври умумӣ аз соли 1922 сар шуда буд.
ЛУҒАТ:
Савол ва супоришҳо:
1. Дар ҳаракати зиддишуравии Бадахшон киҳо нақши асосиро мебозиданд?
2. Воқеаи марбут ба А. Холмаков ва А. Тимофеевро нақл кунед ва шарҳ диҳед.
3. Сегонаи ҳарбӣ-сиёсиро барои чӣ «сегона» меномиданд?
4. Дар бораи таъсисёбӣ ва барҳамхӯрии бекигарии Мастчоҳ нақл кунед.
5. Давраҳои асосии ҷанги шаҳрвандиро номбар кунед.
Реклама