§ 1. ТАШКИЛЁБИИ СОХТОРИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТИИ ҲОКИМИЯТИ ШУРАВӢ

Хусусиятҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон. Хусусиятҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Аввалан, тоҷикон пеш аз инқилоб ҳукуматҳои миллии худро надоштанд, онҳо дар ҳайати ҳукуматҳои бегона (арабҳову манғитҳо, паштунҳо, русҳо) қарор доштанд. Аз ин рӯ баъди инқилоб барои таъсиси давлату ҳукумати миллӣ душвориҳои зиёде пеш омада буд. Масалан, дар ҳайати ҳукумати аввалини пролетарии Туркистон ҳатто ягон намояндаи халқҳои маҳаллӣ вуҷуд надошт.

Фақат баъди дахолати Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии болшевики Русия (ҲК(б)Р) ба ҳайати Ҳукумати ҶМШС Туркистон соли 1919 Т. Рисқулов ва соли 1920 А. Раҳимбоев тавсия шуда буданд. Хусусияти дигари таъсиси ҳокимияти давлатӣ дар ҳайати чанд давлат (аморати Бухоро, Русия, Афғонистон ва чанди дигар) зиндагӣ доштани тоҷикон буд. Ба ин хусусиятҳо боз дар ду давра (баъди инқилоби октябри соли 1917-и Русия ва моҳи сентябри соли 1920-и Бухоро) ба сари ин масъала омадани тоҷикон, дар шакли интихобӣ (дар қисмати русиягӣ) ва таъинӣ (дар қисмати бухороӣ) омадани ҳокимият ҳам дохил буданд. Дар ин ду қисмат сохторҳои сиёсӣ куллан фарқ доштанд. Ҳукуматҳои русиягӣ аксаран дар асоси демократияи пролетарӣ (сотсиалистӣ) ва демократияи халқӣ ба вуҷуд омада буданд.

Таъсиси аввалин ҳукуматҳои пролетарӣ дар Тоҷикистон. Аниқ аст, ки дар Тоҷикистон давлату ҳукумати пролетарӣ зери таъсири давлату ҳукумати таъсисдодаи Инқилоби сотсиалистии октябри соли 1917-и Русия ва қонуну қарорҳои қабулкардаи Анҷумани дуюми умумирусиягии шуроҳо ва ҳукумати таъсисдодаи он сурат гирифта буд. Дар қисмати русиягии Тоҷикистон (вилоятҳои Суғд ва Кӯҳистони Бадахшон) аввалин ҳукуматҳои меҳнаткашон баъди Инқилоби сотсиалистии Октябри соли 1917-и Русия ва барпо гардидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Туркистони русӣ аз моҳи ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 дар шакли шуроҳо, дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии қабулкардаи Анҷумани дуюми умумирусиягии шуроҳо ташкил ёфта буданд.

Шуроҳо ҳамчун шакли ташкилоти ҷамъиятӣ зодаи инқилоб ё ихтирои Ленину болшевикҳо набуданд. Шуроҳо ихтирои ҷамъияти ибтидоӣ буда, ҳукуматҳои давру замон онро дар таҷрибаи зиндагӣ ва давлатдорӣ истифода мекарданд. Вале аз ҷомеаи синфӣ (ғуломдорӣ) сар карда, шуроҳо бештар ҳамчун органҳои идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии табақаҳои болоии ҳукмрон хидмат мекарданд. Аввалин шуда шуроҳоро ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии меҳнаткашон болшевикҳо дар рафти инқилоби солҳои 1905 – 1907-и рус, ҳамчун ташкилоти роҳбарикунандаи инқилоб истифода бурданд. Дар солҳои 1908 – 1917 шуроҳо худро ҳамчун муассиса (орган)-и роҳбарикунанда ва ташкилотчии хоҳишу мароми инқилобиёну меҳнаткашон собит карда буданд. Аз ин рӯ инқилоби аввалини ғалабакардаи Русия шуроҳои коргарон, аскарҳо ва деҳқонони дар Инқилоби сотсиалистии Октябри соли 1917 ҳиссаи асосӣ гузоштаро ҳамчун сохтори сиёсии ояндаи худ – шурои сотсиалистӣ, қабул кард. Аввалин ҳукумати ташкилдодаи Инқилоби сотсиалистӣ Шурои Комиссарони Халқӣ ном гирифт, ки онро В. И. Ленин сарварӣ мекард. Ин Ҳукумат дар раванди кори Анҷумани дуюми умумирусиягии шуроҳо таъсис дода шуда буд. Ин ваколатро ба анҷуман Шурои Муваққатии Инқилобӣ барои роҳбарӣ кардан ба шӯриши яроқноки 25-уми октябри соли 1917 дода буд, ки он бо ташаббуси КМ РСДРП(б) ва Шурои намояндагони коргарону аскарҳои шаҳри Петроград 19-уми октябри соли 1917 ташкил ёфта буд. Анҷумани дуюми умумирусиягии шуроҳо аз ин ваколат истифода бурда, 26-уми октябр аввалин ҳукумати коргару деҳқон – Шурои Комиссарҳои Халқиро таъсис дод, яъне шуроҳо ҳамчун асоси сиёсии давлату ҳукумати ояндаи инқилоби ғолиб эътироф ва қабул гардиданд.

Инқилоби сотсиалистӣ дар Туркистони русӣ ҳам ба таъсиси сохтору муносибату ҳукумати нав, агарчи тақлид ба Русия буд, овард. Ҳукумати навтаъсиси Туркистонро Шурои Комиссарони Халқӣ ва давлати мухтори навтаъсиси онро ҳам Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон номиданд.

Шуроҳои Туркистон зодаи Инқилоби феврали соли 1917-и рус буданд ва нисбати шуроҳои Русия хусусиятҳои худро ҳам доштанд. Ин хусусият он буд, ки шуроҳои Туркистон ҷанбаи миллӣ ҳам доштанд: шуроҳои Туркистони русӣ ва шуроҳои маҳаллӣ аз моҳи март то аввали тобистони соли 1917 ҳар кадом мустақил буданд ва мустақилона баромад мекарданд. Дар шуроҳои русӣ баъзан маҳаллиён ҳам аъзо буданд, вале дар шуроҳои маҳаллиён фақат мусалмонҳо аъзо буданд. Аз ин рӯ шуроҳои маҳаллиёнро аксаран шуроҳои коргарони мусулмон меномиданд. Аз аввали тобистон муттаҳидшавии шуроҳои русӣ бо маҳаллӣ сар шуда, бо номи шуроҳои муттаҳидаи коргарону аскарон ва деҳқонон баромад мекардагӣ шуданд. Дар арафаи инқилоб дар Туркистон баробари шуроҳои муттаҳидаи коргарону аскарҳо ва деҳқонон шуроҳои касбӣ – шуроҳои ҳунармандон ҳам мавҷуд буданд, ки дар таъсиси ҳукуматҳои маҳаллӣ мақоми худро доштанд ва иштирок ҳам карданд. Вале дар ҳама шаклу ҳолат дар асоси қарорҳои қабулкардаи Анҷумани дуюми умумирусиягии шуроҳо ва ҳукумати таъсисдодаи он, яъне Ҳокимияти Шуравӣ дар Туркистон ҳам бе замина набуд. Шуроҳои Туркис- тон ҳам органи олии худ – Анҷумани кишварии шуроҳоро доштанд, ки он ҳам ваколати таъсиси ҳукуматро доро буд. То инқилоби сотсиалистӣ шуроҳои кишварии Туркистон ду анҷумани худро (7 –15-уми апрели соли 1917 анҷумани якум, ки масъалаи асосиаш ҳамоҳангсозии муносибат бо КИМ-и Ҳукумати Муваққатӣ ва 25.10 – 27.10-и соли 1917 анҷумани дуюм, ки масъалаи асосиаш ҳокимияти сиёсӣ буд) гузаронида буданд.

Ҳукумати инқилобии Туркистонро Анҷумани сеюми кишварии Туркистон, ки 15 –27-уми ноябр дар Кохи Озодии шаҳри Тошканд баргузор гардид, таъсис дода буд. Таъсиси ҳукумати аввалини шуравии Туркистон нисбати Русия хеле тул кашид ва душвор гузашт, чунки дар кори анҷуман болшевикҳо, максималистҳо, эсерҳо, меншевикҳо, сотсиалистҳо ҳам иштирок доштанд ва ҳар кадом бо лоиҳаҳои фраксиявии ташкили ҳокимият баромад мекарданд. Дар анҷуман болшевикҳо бо максималистҳо ва эсерҳои чап, ки дар бисёр масъалаҳо бо ҳамдигар наздикӣ доштанд, якҷоя баромад карданд ва ин имкон надод, ки эсерҳои рост бартарии намояндагии худро амалӣ созанд. Анҷуман ҳукумати коалитсиониеро аз ҳисоби болшевикону максималистон – 5 нафар, эсерҳои чап – 6 нафар ва 1 котиб (болшевик) таъсис дод. Дар ҳайати ҳукумати таъсисдодаи анҷуман, чӣ тавре пештар зикр шуда буд, ягон намояндаи аҳолии маҳаллӣ набуд. Солҳои 1919 ва 1920 ба ҳайати он Т. Рисқулов (соли 1919), Н. Турақулов (соли 1919), А. Раҳимбоев (соли 1920) ворид карда шуда буданд. Дар анҷуман, махсусан, гуфта шуда буд, ки аз сабаби суст будани ташкилотҳои коргарии маҳаллиён ба ҳокимият роҳ додани намояндагони онҳо бармаҳал аст, чунки бетаҷрибагии онҳоро истифода бурда, ба сари ҳукумат намояндагони бойу аксулинқилобчӣ меоянд, яъне дар ибтидо инқилоби Туркистон ба принсипҳои инқилобии худ эътибор надод.

ЛУҒАТ:

  1. ШКХ (Шурои Комиссарони Халқӣ) – мақомоти олии иҷроияи Ҳокимияти Шуравӣ, ки 27.10.1917 таъсис дода шуда буд.
  2. Давлати Шуравӣ – аввалин давлати коргару деҳқон, ки аз 25-уми октябр (7-уми ноябр)-и соли 1917 то моҳи декабри соли 1991 вуҷуд дошт.
  3. Диктатура – мафҳуми лотинӣ буда, маънои луғавиаш ҳокимияти номаҳдуд аст.
  4. Диктатураи пролетариат – ҳокимияти номаҳдуди пролетарӣ, ки дар натиҷаи Инқилоби Октябри соли 1917 дар Русия ба вуҷуд омада, дар давраи гузариш аз капитализм ба сотсиализм амал кардааст.
  5. Назорати коргарӣ – чорабиние буд, ки онро Ҳокимияти Шуравӣ аз моҳи ноябри соли 1917 барои назорат кардан аз болои истеҳсолот, харид, фурӯш, захира ва пешгирӣ кардани корпартоӣ ҷорӣ карда буд.
  6. Фраксия – вожаи лотинӣ буда, ба маънои ҷудо ё тақсим шудан дар дохили як ҳизб бо барнома ва шартҳои худ аст. Дар ҳайати Думаи Давлатии Русия ва ҳизби сотсиал-демократии Русия фраксияҳои зиёд вуҷуд доштанд: фраксияҳои коргарӣ, болшевикӣ, меншевикӣ, сотсиал-демократӣ.

Реклама