Барҳам додани сохторҳои куҳнаи давлатӣ. Чӣ тавре медонем, ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба ҳайати ду давлат дохил буд: вилоятҳои Суғд ва ВМКБ ба Русия ва вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба аморати Бухоро. Дар ин минтақаҳо инқилобҳои сотсиалистӣ ҳам дар ду давра: аз моҳи ноябри соли 1917 то моҳи ноябри соли 1918 дар қисмати русиягӣ ва моҳҳои феврал-майи соли 1921 дар қисмати бухороиаш ба вуқуъ омада буд. Ин ҳукуматҳои сарнагунгашта гуногунсохтор буданд. Инқилоб фақат ҳукуматҳоро аз сари ҳокимият дур карда буд. Барҳам додани сохтори ҳукумати сарнагунгашта ба мисли худи инқилоб кори фаврӣ буда наметавонист. Аз ҷиҳати дигар, то ҳукумати нав таъсис наёбад, сохторҳои идораҳои пештараи давлатиро барҳам додан (иваз кардан) мумкин нест. Инқилоб ҳукумати марказиро сарнагун сохта, Анҷумани дуюми умумирусиягии шуроҳо Ҳукумати Русияи шуравиро дар симои Шурои Комиссарони Халқ бо сардории В. И. Ленин ва Анҷумани сеюми Шурои кишвари Туркистон ҶМШС Туркистонро дар симои ШКХ бо сардории Ф. Колесов таъсис дода буданд. Вазифаи ин ҳукуматҳо барҳам додани сохтори идории куҳна дар асоси шартҳои нави инқилобӣ буд. Ҳукуматҳои шуравӣ сараввал идораҳо (органҳо)-и ваколатдори амрдиҳанда (қонунбарор)-ро бо қарорҳои худ барҳам доданд. Дар кишвари Туркистон ин органҳо КМ ҳукумати муваққатии Туркистон, комиссариатҳои соҳавӣ, комиссари ҳарбии Туркистон, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, уездӣ ва волостӣ буданд. Дар Аморати Бухоро чунин орган худи амир ва дар бекигариҳо намояндаи амир, яъне бекҳо буданд. Ҳамаи ин органҳоро инқилобҳои сотсиалистӣ ва халқӣ ба тариқи инқилобӣ аз сари ҳокимият дур карданд.
Аз рӯйи ҳамин шарт моҳи декабри соли 1917 думаҳои шаҳрии Хуҷанду Уротеппа (Истаравшан) ва сохтори оқсақолгарӣ дар натиҷаи гузаронидани интихоботҳо, судҳои ҳакамӣ ва қозигӣ то охири соли 1919 аз байн бурда шуданд.
Дар Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ аз сабаби он ки таъину сабукдӯш кардани маъмурон дар ихтиёри фармондеҳи қитъаи сарҳаддии Помир буд, бо барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ, ин ваколат ба ихтиёри Сегонаи ҳарбӣ-сиёсии Помир гузашт. Аз ин рӯ дар Помир барҳам додани сохтори куҳна баробари барҳам задани аксулинқилобчигӣ то тобистони соли 1921 давом кард.
Дар Бухорои Шарқӣ бо барпо гардидани Ҳокимияти Шуравӣ сохтори бекигарӣ то моҳи майи соли 1921 барҳам дода шуд, вале бо сабаби дер давом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ баъзе мансабҳои маҳаллӣ (раис, охунд) то соли 1923 боқӣ монда буданд.
Масъалаи органҳои қудратӣ – артиш ва милитсия чи дар қисмати туркистонӣ ва чи дар қисмати бухороии Тоҷикис- тон дар рафти инқилоб аз байн бурда шуда ва ё ба қушуну милитсияи шуравӣ табдил ёфта буданд.
Барҳам додани судҳои куҳна ва таъсиси судҳои нав. Яке аз мақомоти низомёфтаи давлатӣ судҳо буданд. Дар Туркистон ин мақомро судҳои округӣ, палатаҳои судӣ ва судҳои ҳарбӣ ташкил медоданд. Баъди инқилоб қувваҳои аксулинқилобӣ ба ташкил додани суиқасдҳои зиддишуравӣ, тайёр кардани исёнҳо, иғво ва ғоратгарӣ даст заданд. Судҳои куҳна барои ҳимояи тартиботу қонунҳои инқилобӣ қодир набуданд. Аз ин рӯ ҳанӯз 22-юми ноябри соли 1917 мувофиқи нишондоди «Декрет дар бораи судҳо» сохтори куҳнаи судӣ ва прокурорӣ бекор эълон шуда, вазифаи онҳо ба зиммаи Комиссариати халқии адлия гузошта шуда буд. Комиссариати халқии адлия, инчунин вазифадор шуда буд, ки низоми судии нави шуравиро то моҳи январи соли 1918 таъсис диҳад. Дар асоси ин нишондод 12-уми декабри соли 1917 ШКХ кишвари Туркистон қарори барҳам додани судҳои ҳавзагӣ (округӣ), палатаҳои судӣ ва судҳои ҳарбиро баровард, вале аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки ба судҳои шариатӣ (қозигӣ) эътиқоди калон доштанд ва пурзӯр будани аксулинқилобгарӣ дар давраи муқарраршуда гузаронидани интихобот ба судҳои нав муяссар нагардид. Бинобар ин муҳлати фаъолияти судҳои куҳна аз 17-уми феврали соли 1918 баъди ба ҳайати судҳо дохил кардани намояндагони шуроҳо дароз карда шуда буд. Вале аз сабаби муносибати душманона доштани судҳои куҳна нисбат ба Ҳокимияти Шуравӣ вазифаи онҳоро шуроҳо ба дасти худ гирифтанд. Ин ҳолат соли 1917 дар шуроҳои Тошканд, Чорҷӯ, Кушка ва аввали соли 1918 дар аксари шуроҳои кишвари Туркистон ба амал омада буд. Аз ҷумла дар уезди Хуҷанд ҳам судҳои куҳнаи волостҳои Нов, Ғӯлакандоз, Уралск, Унҷӣ ва шаҳри Хуҷанд масъулияти худро ба судҳои навинтихобшудаи шуравӣ супориданд. Моҳи декабри соли 1917 суди оштидиҳандаи шаҳри Уротеппа (Истаравшан) барҳам дода шуд. Ба ҷойи он суди халқӣ таъсис дода, машваратчиёни судӣ интихоб шуданд, вале аксари судҳои куҳна боқӣ монда буданд. Ин ҳамзистии муваққатӣ дер давом накард. Аз моҳи марти соли 1918 сар карда, дар назди шуроҳо трибуналҳои инқилобӣ таъсис ёфтанд, ки мақсадашон мубориза бар зидди душманони сохти шуравӣ буд.
Аз тобистони соли 1918 барҳамхӯрии муассисаҳои судии куҳна сар шуд. Аввал судҳои ҳарбӣ-округӣ моҳи июли соли 1918 ва аввали соли 1920 тамоми сохторҳои судҳои куҳнаи қозигӣ ва подшоҳӣ барҳам дода шуда буданд.
ЛУҒАТ:
Супориш:
1. Идора ва мақомоти давлатии пешинаи ҳукумати подшоҳиро дар Туркистон номбар кунед.
2. Идора ва мақомоти давлатии пешинаи аморати Бухороро номбар кунед.
Реклама