Мушаххас ва муайян гардидани вазифаҳои ҳалталаби ҳукумат ва халқ. 26-уми ноябри соли 1924 КИМ-и ҶШС Узбекистон Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳукумати муваққатии ҷумҳурӣ, дар давраи то баргузории Анҷумани муассисони шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон созмон дод. Ба ҳайати Президиуми Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум (раис), Б. Додобоев, Р. Бобоҷонов, А. Ёрмуҳаммадов, Ш. Шоҳтемур, А. М. Дяков ва дигарон дохил шуданд.
Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон 7-уми декабри соли 1924 ба меҳнаткашони Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар он муроҷиатнома кумита аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон хабар дода, вазифаҳои аввалинда раҷаи фаъолияти худро эълон дошт, барномаи барқарор кардани хоҷагии халқ, инкишофи фарҳанг, тамоман барҳам додани босмачигариро пешниҳод кард.
Аввали моҳи феврали соли 1925 Ҳукумати Тоҷикистон аз Тошканд ба Душанбе – пойтахти ҶМШС Тоҷикистон кӯчида, бо фармони худ аз 5-уми феврал ба тамоми аҳолӣ, дар бораи қатъ гардидани фаъолияти КИМ-и Бухорои Шарқӣ хабар дод. 15-уми марти соли 1925 дар гирдиҳамоии ботантанаи умумихалқии аҳолии Душанбе ва атрофи он ҳукумати Тоҷикистон эъломия (декларатсия)-и таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эълон кард.
Вазифаҳои асосии ҳукумати навтаъсиси ҶМШС Тоҷикистон аз роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкил намудани раванд- ҳои нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангие, ки онро инқилобҳои сотсиалистии солҳои 1917 – 1924 ба пеш гузош- та буданд, иборат буд. Ин равандҳо соҳаҳои зеринро дар бар мегирифтанд:
Солҳои 1924 – 1929 дар сиёсати байналмилалӣ солҳои устуворгардии ду сохт – сотсиалистӣ ва капиталистӣ, ба ҳисоб мерафт. Буҳрони сиёсие, ки ҷаҳонро фаро гирифта буд, як гурӯҳ давлатҳоро ба роҳи тараққиёти сотсиалистӣ ва гурӯҳи дигареро ба эътироф кардани ин ҳолат овард. Авҷи ҳаракатҳои инқилоби ҷаҳонӣ хомӯш гардид. Капитализм ба маҷрои худ ва сотсиализм ба маҷрои худ ворид гашт. Муборизаи яроқноки байни ин ду система ба рақобати иқтисодӣ ва ҷанги сард табдил ёфт. Ҷаҳони капиталистӣ ИҶШС-ро ба муҳосираи иқтисодӣ гирифта буд.
Ҳукумати ИҶШС бе ҳеҷ гуна гузашт ва сархамкунӣ дар пеши капитализм ба идеалҳои худ устувор монд. Шартҳои идеологӣ, синфӣ ва омиёна имконияти сарфи назари баъзе масъалаҳоро намекард, бо вуҷуди он ки доҳии ин шарт гуфта буд, ки «… ба бесаводии худ иқрор шуда, аз капитализм омӯзем». Ин идеологияро Ҳизби Коммунистӣ ва Ҳукумати ИҶШС барои сиёсати дохилию хориҷии ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС раво дониста, риояи онро талаб мекарданд, яъне, авзои сиёсию ҷамъиятии ҶМШС Тоҷикистон ба авзои ИҶШС ва Ҷумҳурии Узбекистон вобастагии ногусастанӣ дошт.
Сиёсати ҳеҷ гуна гузашт накардан ба капитализмро, ки ИҶШС пеш гирифта буд, дар ИҶШС на ҳама мепазируфтанд. Аз ин рӯ дар татбиқи ин сиёсат ақидаҳои дигар ҳам буданд, мисли бухаринчигӣ, зиновевчигӣ, тротскийчигӣ, гурӯҳи коргарӣ ва ба замми ҳамаи инҳо, дар Тоҷикистон ҷадидӣ ҳам буд. Ҳизби ҳукмрон – ҲК(б) УВКП(б) ҳамаи онҳоро душманони халқ эълон карда, муборизаи беамонро бо онҳо сар кард. Зери шиор ва маъракаҳои тозакунии сафҳои ҳизб мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва роҳбарони болаёқати хоҷагӣ аз идора кардани давлату ташкили истеҳсолот дур карда шуданд. ҲК(б)УВКП(б) органи махсуси худро – Комиссияи ревизионии худро дошт ва ин комиссия зери мафҳумҳои «суст будани ҷанбаи идеологӣ» ҳукуматҳои миллӣ, ҳизбҳои таъсисёфтаистодаи миллӣ ва бо кадрҳои сиёсӣ таъмин намудани онҳо, зиёиёни ҳизбӣ, коргарӣ ва илмии тоҷикро бо ин ё он тамғаҳо гунаҳкор карда, ба мустақилона идора кардани ҷумҳурӣ, корхона ва муассиса роҳ намедод, ки ин аксаран сабаби пастравии кор мегардид. «Душманони ИҶШС» душманони воҳид буданд ва онҳоро «меёфтанд». Дар тамоми зинаҳои ҳизбӣ, давлатӣ онҳоро «пайдо» мекарданд. Солҳои 1924 – 1929 яке аз вазифаҳои Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон аз рӯйи нишондоди боло мубориза бо душманони «чап»-у «рост», оппортунизму тротскийчигӣ ва ҷадидизм буд. Самараи ин мубориза, ҳақ донистану ҳақ шуморидани мафкураи марксизми ҷанговар, назарияи ленинизму сталинизм ва тарафдории онҳо буд. Замона ақидаи алтернативиро намепарварид. Яккаҳизбӣ, вале фақат ҳизби коммунистӣ ва сиёсати коммунистӣ ҳукмрон буд.
Ин авзои идеологӣ бо роҳбарии ҳизби ҳукмрон – Ҳизби Коммунистони болшевик идора ва амалӣ мегашт. Тоҷикис- тон бошад, чунин ҳизбро доро буд.
Мафкураи ҷамъиятӣ (идеологияи марксистӣ-ленинӣ -сталинӣ) дастгоҳи паҳнкунанда ва татбиқкунандаи худ – ҳизбро ва ҳизб бошад, давлатдории коммунистиро ба вуҷуд овард. Ин дастгоҳ бо салоҳияти худ органҳоеро таъсис дод, ки ҷомеаро идора кунанд. Ин органҳо чун диктатураи ҳизбӣ дар ҳама соҳа: дар маъмуриятҳои ҳифзи давлату ҷомеа, ташкилу идораи истеҳсолот рӯйи кор омаданд. Дар ин сис- тема бе пешбарии ҳизб на роҳбарон ва на баъзан аъзоёни қаторӣ ба вазифа намерасиданд. Ин система органҳои ҳукуматии қонунбарор – Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва Президиуми он; органи иҷроия – Шурои Комиссарони Халқӣ, вазорату кумитаҳо ва шуроҳои дигари тобеи онҳо; ташкилотҳои оммавӣ – иттифоқҳои касаба, ҷавонон, пешоҳангҳоро фаро гирифта буд.
Савол ва супориш:
1. Вазифаҳои навбатии Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ва халқҳои ин диёр аз чӣ иборат буд?
2. Ташкилотҳои ҳизбии округи Хуҷанд ва Бухорои Шарқии солҳои 1917 – 1924-ро шарҳ диҳед.
Реклама